Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархўрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурўтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Фурўтаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси боадаб буда, ба ҳусни ў ҳусни дигаре зам мекунад. Аз ин рў, аз чеҳари шахсоне, ки ба худ фурўтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд.
Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфта:
Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.
Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумўъ низ ба миён меояд. Аз ин хотир адаб роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Дар ингуна хонадон мудом файзу барака ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд. Зеро фарогирии адаб ба худи инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст: «Луқмони ҳакимро пурсиданд:
– Адаб аз кӣ омўхтӣ?
Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».
Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ, ҷомеа моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодод намоем. Ҳар як ҳодисотро бо тарозуи адаб баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирўз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рўз маҳв мекунад. Мисли оне ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад.
Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷўҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:
Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.
Одоб дар назари аҳли адаб худ бахту саодат, давлати ноёб, эътибору тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,
Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Мутассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рўи он амал мекунанд. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кўдакону наврасон рўз ба рўз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Ғайр аз ин вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кўчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи навину демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рўҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:
Боядат аввал адаб андўхтан,
Пас дигар касро адаб омўхтан.
Комментарии (0)