Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо олими мӯтабахҳири тоҷик Абӯалӣ ибни Снно буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри Абӯалӣ ибни Сино баъди пош хӯрдани давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табиби файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ ҳаёт ба cap бурда, чун надими хоси подшоҳону ҳокимон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.

Тарҷумаи ҳол

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо чизе маьлум нест, санаҳои зиёди ҳаёти Абӯалӣ ибни Снно аниқ маълум аст. Ӯ худ саргузашти хешро ба шогирди вафодораш Абӯубайди Фақеҳи Ҷузҷонӣ имло кардааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Абӯалӣ ибни Синоро худи Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди он рӯйдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта ба номи Рисолаи capгyзaшт маълум буда, дар асли арабӣ ба тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст.

Падари Абӯалӣ Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур (976-977) ба Бухоро омада, дар деҳаи Хармайсан (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшана бо Ситорабону хонадор шуд. 18 августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.

Соли 985 оилаи Абӯалӣ ибни Сино, вақте ки ӯ ба панҷ медаромад, аз Хармайсан ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз одамони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз 5-солагӣ то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Куръонро омӯхта, онро ҳифз намуд.

Дигар Абӯалӣ лақаби “шайх” гирифт, зеро ҳар касе, ки Куръонро аз ёд мекард, ӯро, сарфи назар аз синну солаш, шайх мегуфтанд.

Сипас Абдуллоҳ писари худ Ҳусайнро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омӯзонанд. Писарча аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни гиро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишманди соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Абӯалӣ аз Абдуллоҳи Массоҳ дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, махсусан, дар ҳисоби ҳинд моҳир шуд. Ҳамон вақтҳо Абӯалӣ дар пеши Исмоили Зоҳид ба омӯхтани тафсири Куръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад, ки ин ду сол давом мекунад. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ ибни Сино то дувоздаҳсолагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард.

Бо ҳамин гуфтан мумкин аст, ки таҳсили миёнаи Абӯалӣ ибни Сино ба охир расид. Вай ҳамеша аз беҳтарин толибилмон буд. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироз ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура у истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт.

Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Абӯалӣ ибни Сино аз пайи он шуд, ки маълумоти худро такмил диҳад. Вай ду бор омӯзгори фалсафаро иваз кард. Он солҳо ба Бухоро, ки пойтахти Сомониён буд, аз шаҳрҳои дигари мамлакат, ҳатто аз кишварҳои гуногун олимону донишмандони зиёде меомаданд, ки дар он миён муббаллиғони исмоилию қарматӣ ва ҷосусон низ буданд. Дар ин миён ба Бухоро Абуабдуллоҳи Нотилӣ омад. Падари Абӯалӣ ибни Сино ӯро дар хонаи худ ҷой дода. Абӯалиро ба вай шогирд монд.

Суханони ҳакимонаи Абуалӣ ибни Сино

Агар медонистед, ки як маҳкум ба марг ҳангоми муҷозот то чӣ ҳад орзуи бозгашт ба зиндагиро дорад онгоҳ қадри рӯзҳоеро ки бо ғам сипарӣ мекунед, медонистед.

Агар барои як иштибоҳ ҳазор далел биёваред, воқеъ ҳазору як иштибоҳ аз шумо сарзада аст.

Нишони дӯсти неку он аст, ки хатои туро бипӯшонад, туро панду андарз диҳад ва розатро ошкор насозад.

Таҷриба болотар аз илм аст.

Ҳар кӣ дунё хоҳад, дониш омӯзад ва ҳар кӣ охират хоҳад дар амал кушо бошад.

Чизе ки дониш меорояд ростӣ аст.

Ҳеҷ чизе дар дунё иттифоқӣ нест.

Касе ки ба тамринҳои бадани мепардозад ба ҳеҷ доруе ниёз надорад, дармони ӯ дар ҷунбишу ҳаракат аст.

Таассуб дар дониш ва фалсафа монанди ҳар таассуби дигар нишонаи хомӣ ва бемоягӣ аст ва ҳамеша ба зиёни ҳақиқат тамом мешавад.

Бархе чунон саргарми мероси илми гузаштаанд, ки фурсати муроҷиат ба ақли худро надоранд ва агар ҳам фурсате даст оваранд, ҳозир нестанд иштибоҳоту лағзишҳои ононро ислоҳ ва ҷуброн кунанд.

Некбахттарини мардум касе аст, ки кирдорро ба саховат биёрояд ва гуфторро ба ростӣ.

Инсон, ҳар замон аз пешомади оянда дар бораи худ андешид ва аз он, бими ҳарос дар хотираш нишонд, он хатар, зудтар ӯро таъқиб кунад.

Ҳар кас одат кунад, ки ба ҳар далел ҳар ҳарферо бовар кунад, аз сурати инсонӣ хориҷ мешавад.

0

6
Назари худро бинависед

avatar
3 Занҷираи тавзеҳ
3 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
4 Муаллифони тавзеҳҳо
Leon TJИсфандиёри СМаъмуриятMuhammad Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Muhammad
Меҳмон

Хело зур хеле пешрави шудааст, ба ман махкул шуд. Рахмат ба Шумо!

Исфандиёри С
Меҳмон
Исфандиёри С

Ба шумо хам ташакури зиёд !!!

Leon TJ
Меҳмон

Ташаккур! ба сомонаи шумо агар мешуд дар бораи Саидои Насафи маълумот мшуд хуб буд?