Аҳамияти наҳорӣ

Аз рўи тадқиқотҳои карда шуда, кўдаконе, ки хўроки наҳориро нахўрда ба мактаб мераванд, аксарият саҳаргоҳ мондаю беҳол дида мешаванд. Байни хўроки наҳорию фаъолият дар мактаб ва вазъи саломатию психологии кўдак як муносибати муҳиме ҳаст.

Барои бисёре аз волидайн, таълиму тарбияи кўдак мушкилоти муҳимтарине мебошад. Аз таъмини ашёҳои хониш сар карда то интихоби мактаби беҳтарин ва ташкили дарсҳои иловагӣ ва ташвиқ ба иҷро намудани вазифаҳои хонагӣ барин якчанд масъалаҳои ҳалталаб дар назди оила меистанд. Ба ғайр аз ҳамаи инҳо тарзи ғизогирии кўдак низ барои ҳар як оила омили муҳим мебошад. Волидайн доимо барои он ки фарзандашон дар мактаб ягон чиз харид карда хўранд, гуфта ба онҳо кисапулӣ дода ба мактаб мефиристонанд. Фақат баъзан ба хотири мо мерасад, ки агар кўдак дар хона наҳорӣ хўрда ба мактаб мерафт, хуб мешуд.

Гарчанде ки модарон ҳар пагоҳӣ хўроки наҳориро тайёр кунанд ҳам, аз сабаби шабона дер хобидани кўдак, саҳар ба ивази он ки кўдак барвақттар хеста хўрокашро хўрад, андеша мекунанд, ки бигузор каме ҳам бошад, боз хоб равад. Баъд барои дер намондан ба дарс кўдак хўроки наҳориро нахўрда ба мактаб равона мешавад ва ба ҷои хўроки наҳорӣ аз буфети мактаб ягон кулчақанд ё булочка харид карда бо ҳамин қаноат мекунад.

Кўдаке, ки аз хонааш хўроки наҳориро нахўрда ба мактаб меояд, дар дарси якум низ гурусна иштирок мекунад. Баъд дар вақти танаффус аз буфети мактаб ягон чизе гирифта бо он гушнагиашро мешиканад. Баъзе кўдакон бошанд, ин корро ҳам накарда, то хўроки нисфирўзӣ тоқат карда мегарданд.

Наҳорӣ чӣ аҳамият дорад?

Пас аз 8-12 соати гуруснагии шабона, якумин энергияеро, ки организми инсон ба он эҳтиёҷ дорад, инро хўроки наҳорӣ таъмин мекунад. Мо дар ин ҷо натиҷаи баъзе тадқиқотҳои гузаронидаи мутахассисонро дар барои хўроки наҳорӣ баён мекунем. Аз рўи ин тадқиқотҳо хонандагоне, ки саҳаргоҳон мунтазам хўрок хўрда ба мактаб мераванд, назар ба хонандагони наҳорӣ накардагӣ бештар дар хониш муваффақ мешаванд.

Наҳорӣ ба пасту баланд шудани шакари хун, дарди сар, мушкилоти диққат ҷалбкунӣ, хастагӣ, бехобӣ ва баъзе нороҳатиҳо сабаб мешавад. Дар ба танзим овардани шакари хун, дар хотир нигохдорӣ, азёдкунӣ ва дигар функсияҳои майнаи сар ғизои хуб аҳамияти калон дорад. Ҳангоми нахўрдани наҳорӣ миқдори шакари хун, ки майнаи сарро бо энергия таъмин мекунад, паст мешавад. Дар ин ҳолат организм маҷбур мешавад, ки аз ҳисоби захираи худ энергия сарф намояд, ки ин амалиёт барои гурда, ҷигар, ва қалби инсон бисёр мушкилӣ меорад.

Барои ҳушёр ва бардам шурўъ намудан ба фаъолияти ҳаррўза ва бақувват будан дар давоми рўз, дарк кардан, фаҳмидан, хулоса баровардан, самаранок ба анҷом расонидани супоришу вазифаҳо ва ғайра хўроки наҳорӣ бисёр аҳамияти калон дорад. Барои солим ва ботанзим кор кардани ҳар як шахс миқдори шакари хун бояд дар як дараҷаи муайян бошад. Мўҳлате, ки дар байни саҳар то шом мегузарад, барои ба низом даровардани миқдори шакари хун хеле ҳам муҳим аст. Таҳқиқ шудааст, ки дар давоми рўз бо қисми зиёдтари энергия таъмин кардани организми инсон ба сифати хўроки наҳорӣ вобаста мебошад. Бо хўроки хуби наҳорӣ ба дарс шурўъ кардани талаба, ба пешрафти ў дар таҳсил таъсири зиёд дорад.

Мушкилоти асосие, ки кўдакони одати саҳаргоҳон хўрок нахўрданро доранд, чунин аст: бедиққатӣ, душвориҳо дар хониш, душвориҳо дар фаҳмидан ва ҳалли масъалаҳо, беҳолӣ.

Дар яке аз штатҳои ИМА (Минеста Стейт) дар бораи аҳамияти хўроки наҳорӣ кормандон тадқиқоте гузаронидаанд ва мушоҳида кардаанд, ки хонандагони наҳорӣ карда ба мактаб омадагӣ дар дарсҳои математика ва забономўзӣ бештар фаъол мебошанд.

Аз рўи тадқиқотҳои Ассотсиатсияи Диетологҳои Амрико маълум шуд, ки давомот ва фаъолияти хонандагоне, ки саҳаргоҳон наҳорӣ хўрдаанд, бештару беҳтар буда, ғизои даркорие, ки дар давоми рўз организмашон ба он эҳтиёҷ дорад, гирифта метавонанд.

Аз натиҷаи ҳамаи тадқиқотҳои гузаронидашуда дида мешавад, ки кўдакони саҳар наҳорӣ нахўрдагӣ дар давоми рўз худро хаста ва беҳол ҳис мекунанд. Дар байни хўроки наҳорӣ ва самаранокии таҳсил дар мактаб ва ҳолати психологии талаба як муносибати ногусастанӣ мавҷуд аст.

Кўдаконе, ки Наҳорӣ мекунанд:

Дар давоми рўз бақувваттар ва ҳушёртар мебошанд.

Тафаккурашонро муддати дароз идора карда метавонанд.

Ба зудӣ хеста ва беҳол намешаванд.

Наҳорӣ бар зидди душвориҳои хониш кўдаконро тайёр мекунад.

Барои кўдаконро ба наҳорӣ хўрдан одат кунондан:

Аз хўрдӣ ба кўдак тарзи дуруст истифода кардани вақтро барои бозӣ, барои хўрок, барои хоб ва дигар машғулиятҳо ёд диҳед, то ки одат кунад. Умуман дар ҳамаи фаъолиятҳои кўдак ба ў танзими вақтро одат кунондан даркор аст. Одати пеш аз хоб ба тартиб даровардани ашёҳои хониш, дар вақти муайян хоб рафтану аз хоб бедор шудан ба кўдак барои омодагӣ фурсати бештаре медиҳад.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 2, соли 2009
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

2
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
1 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
2 Муаллифони тавзеҳҳо
МаъмуриятAkramjon Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Akramjon
Меҳмон

Ман бисёр аз ин сайт хурсанд шудам.