Андар шароити шогирд

 Агар пурсанд, ки бинои шогирд бар чӣ чиз аст?

Бигӯй: “Бар сари иродат”.

Агар пурсанд, ки иродат чист?

Бигӯй: ”Санъу тоат”.

Агар пурсанд, ки санъу тоат чист?

Бигӯй: ”Ҳарчӣ устод гӯяд, ба ҷон бишнавад ва ба дил қабул кунад ва ба тан фармон барад”.

Агар пурсанд, ки шогирдро чӣ беҳтар?

Бигӯй: ”Эътиқоди пок, ки ҳар кӣ ба мурод расид, аз рӯи эътиқод расид”.

Агар пурсанд, ки шогирд аз чӣ чиз ба матлуб расад?

Бигӯй: ”Аз хидмат”.

Агар пурсанд, ки бинои хидмат бар чист?

Бигӯй: ”Ба тарки роҳат ва кашидани меҳнат”.

Агар пурсанд, ки аркони шогирдӣ чанд аст?

Бигӯй: ”Чаҳор: аввал он, ки мардона шурӯъ кунад, ки шурӯъ накардан, беҳ аз фурӯгузошту аз роҳ баргаштан аст. Дуюм, ба сидқи тамом хизмат кардан.Сеюм дилу забонро ба ҳам рост доштан. Чаҳорум, панд пазируфтан ва ҳар чӣ аз устод шунавад, ёд гирифтан”.

Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст?

Бигӯй: ”Ҳашт: аввал, чун дарояд, ибтидо салом кунад.Дуюм, дар назди устод кам сухан гӯяд. Сеюм, сар дар пеш андозад. Чаҳорум, чашм ба ҳар ҷой накшояд. Панҷум, агар хоҳад, ки масъала пурсад, аввал дастур талабад. Шашум,чун ҷавоб гӯяд, эътироз накунад. Ҳафтум, дар пеши устод ба касе саргӯшӣ накунад. Ҳаштум, Ба хидмати тамом нишасту бархост кунад”.

Аз “Ахлоқи Мӯҳсинӣ”- и Ҳусайн Воизи Кошифӣ

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин