Ҳасанак

Дар олам Ҳасанак ном ҷавоне буд. Шаҳр ба шаҳр мегашту деҳ ба деҳ. Рӯзе Ҳасанак ба шаҳре омад. Дар он ҷо мардум камбағалона зиндагонӣ мекарданд. Бисёриҳо аз гуруснагӣ мемурданд. Бисёре аз хонаҳо холӣ буд.

Ҳасанак ба кӯҳ рафта, ҳезум ҷамъ кард. Баъд ба шаҳр оварду фурӯхт. Боз ба кӯҳ рафту ҳезум ҷамъ карду оварда фурӯхт. Бори сеюм Ҳасанак ҳезум оварда фурӯхт ва пулашро шуморида дид, ки акнун ӯ метавонад гӯшту биринҷу сабзӣ харад. Рафт ба бозору ҳар чизе, ки барои палав лозим буд харид. Баъд Ҳасанак ба як ҳавлии холӣ даромаду дар тараддуди пухтупази палав шуд.

Подшоҳи мамлакат, ки мардумро дар ҳоли табоҳе дида, мехост бидонад, ки онҳо чӣ мегӯянду чӣ фикру зикре доранд, либоси фақирона пӯшида, кӯча ба кӯча мегашт. Бегоҳии он рӯзе, ки Ҳасанак аз кӯҳ ҳезум оварда фурӯхту гӯшту равғану пиёзу сабзӣ харида, дар тараддуди пухту паз шуда буд, подшоҳ аз он кӯча гузашта дид, ки аз мӯрие дуд мебарояд.

Ба ҳавлӣ наздик омад, ки бӯи палав ба машом мерасад. Подшоҳ ба ҳавлӣ даромада, як ҷавони танҳоеро дид.

— Эй ҷавон! — гуфт подшоҳ ба ӯ. — Ман мусофирам, намедонам имшаб дар куҷо хоб кунам. Маро ба кулбаи худ иҷозат намедиҳӣ?

— Марҳамат! Меҳмон шаванд! — гуфт ҷавон. Ӯ подшоҳро ба суфа шинонд, ба назди ӯ табақи палавро гузошт ва худаш рӯ ба рӯи вай нишаст.

Бо иштиҳо хӯрданду баъд подшоҳ, пурсид:

— Дар шаҳр мардум нони хӯрдани надоранд, тап-тап афтода мурда истодаанд, ту бо чӣ poҳe пул ёфта, харид карда палав пухтӣ?

— Эй амакҷон, — гуфт Ҳасанак, — магар нашунидаед, ки гуфтаанд: ангура хуру боғаша напурс.

Ҳасанак аз хӯрҷинаш дуторчаашро бароварду торҳояшро ҷур карда, навохту сароид.

Подшоҳ фикр кард: “Ин ҷавони хушхол кист? Ин ҷавон ба ҳунарманду савдогар монанд нест. Роҳзан аст ё дузд. Оре, роҳзан, дузд ё киссабур аст. Муқаррар мекунаму ба зиндон меандозам”. Подшоҳ Ҳасанакро саволборон кард. Ҳасанак гуфт:

— Эй амакҷон! Ту мехоҳи донӣ, ки ман кистам? Ман на қосибаму на тоҷир, на дузду роҳзан. Ман як нафар инсони заҳматкаш. Саҳар кӯҳ рафтаму ҳезум овардаму фурӯхтаму ба пулаш гӯшту биринҷу сабзиву пиёз харид кардам.

Подшоҳ бовар накард ба Ҳасанак. Бо ҳамин фикр баромада рафту рӯзи дигар ба бозори ҳезум омада дид, ки дар ҳақиқат Ҳасанак ҳезум мефурушад.

Ҳамон лаҳза ба боргоҳаш баргашта, наздиконашро даъват карда, фармон дод, ки ҳезумфуруширо манъ кунанд. Чарчиҳо кӯча ба кӯчаву бозор ба бозор гашта, бонг заданд, ки:

— Подшоҳи мамлакат амр фармуданд, ки фурӯхтани ҳезум манъ аст. Ҳар ки аз фармони подшоҳамон cap бипечад, ба зиндон кашида мешавад.

Подшоҳ бегоҳии рӯзи дигар боз либос иваз карда, ба сӯи бошишгоши Ҳасанак paҳ пеш гирифт. Ин бор ҳам аз ҳавлии вайрона бӯи оши палав ба машомаш расиду аз он бӯи хуш ҳаловат бурда, ба ҳавлӣ дохил шуд.

Ҳасанак мехмонро боз ба ҳавли даъват карду ӯро боз зиёфат кард. Баъде, ки палавро хӯрданду сер шуданд, подшоҳ аз Ҳасанак пурсид:

— Эй ҷавон! Ба гӯши худ шунидам, ки подшоҳ, чарчӣ андохта, ҳезумфуруширо манъ кард. Гумон кардам, ки ту дигар ҳезум оварда, фурӯхта натавониставу музде ба даст наоварда, гуруснаву беҳол нишастаи.

— Лаънат ба подшоҳе, ки дар сараш чунин фикре омадааст! — хитоб кард Ҳасанак.

— Ман дар рӯи олам надидаам, ки ҳокиме ё подшоҳе ба фуқарои худ хариду фурӯхти чизеву молеро манъ карда бошад. Подшоҳ ҳезумфуруширо манъ карда бошад, ман алаф даравида, банд баста, оварда фурӯхтам, ки як палави нозанин шуд.

— Хайр, подшоҳ агар алаффурӯширо ҳам манъ кунад, чӣ кор мекунӣ?

— Чӣ кор мекунам? Саҳро пур аз буттаҳои ҷорӯбак, ҷорӯб мебандаму оварда мефурӯшам.

— Хайр, подшоҳ агар ҷорӯбфурӯширо манъ кунад чӣ? — боз пурсид подшоҳ.

— Он вақт боз ягон чизеро фикр мекунам, — гуфту Ҳасанак дутор навохту сароид.

Подшоҳ ранҷид ва худ ба худ гуфт: “Ман ба ин ҷавони худбовар нишон медиҳам!”

Рӯзи дигар подшоҳ ба ин ҳавлӣ чанде аз хизматгорони худро фиристода ба онҳо гуфт:

— Дар фалон ҷо, дар фалон ҳавлӣ як ҷавони мусофир зиндагӣ мекунад, рафта, пеш андохта, ба дасташ яроқ дода, ба қалъа посбон таин кунед, тамоми рӯз наҷунбида посбонӣ кунад.

Фармони подшоҳ иҷро шуд. Ҳасанак шоф дар миён то бегоҳ дар назди дарвозаи қалъаи подшоҳ посбон истод.

Подшоҳ бегоҳӣ дар дилаш хандида, ба сӯи бошишгоҳи Ҳасанак равон шуд.

Ҳасанак хурраму хушнуд палав мепухт.

Вай боз мусофирро ба сари дастархон даъват кард. Палав аз пештара ҳам хушмаззатар буд.

— Канӣ, гӯй, имрӯз харҷи ошро чӣ хел пайдо кардӣ? — пурсид подшоҳ.

— Одамони подшоҳ маро гирифта бурда, ба дастам шоф дода, посбони қалъа таъин карданд. Ба дастам шоф дода маҷбурам карданд, ки наҷунбида посбони кунам. Шофи додагиашонро фурӯхтаму шофи чӯбин харида ба ғилофаш андохта мондам. Пулаш аз хариди имрӯза ҳам зиёдатӣ кард.

Подшоҳ ҳайрон монда аз Ҳасанак пурсид:

— Агар, пагоҳ подшоҳ туро ба назди худ оваронда, ягон ҷинояткорро бо шоф зан гӯяд, чӣ кор мекунӣ дар ин бора фикр накардӣ?!

— Одам дар ҳар хусус бояд фикр кунад ва саргум назанад. Магар нашунидаед, ки бузургон гуфтаанд: “Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, мушкиле нест, ки осон нашавад”.

Подшоҳ рӯзи дигар фармон дод, ки Ҳасанакро ба қаср оранд. Ҳамчунин мардеро, ки ишкел дар пою даст буд, тела дода, низ пеши подшоҳ оварданд.

— Ин мард гуноҳи азим кардааст — гуфт подшоҳ — Мо ҳукми куш баровардем. Агар бо як шоф задан гарданашро аз тан ҷудо накунӣ, ҷаллодон сари худи туро аз танат ҷудо мекунанд.

— Хуб шудааст! — ҷавоб дод Ҳасанак. Ӯ шофро аз ғилоф бароварда, ба гардани гунаҳкор чунон зад, ки шофи чӯбӣ пора-пора шуда, ба чор тараф пош хӯрд.

— Эй подшоҳи олам, эй султони бокарам, — гуфт Ҳасанак , — дуруст гуфта будаанд, ки «агар одам бегуноҳ бошад, шофи ҷаллод чӯб мегардад». Ин мардак бегунох, будааст, шофи ман чӯб шуд.

Подшоҳ хандид. Ба кордонию зиракии Ҳасанак қоил шуд. Ӯ ҳар дуро ҷавоб дод. Ҳасанак пештара барин зиндагӣ карда гаштан гирифт. Бо меҳнат нони худро меёфту хушҳол буд.

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин