Ба кӯдакатон барои рафтори ноҷояш мукофот диҳед

Агар рафтори ноҷои кўдакатонро бинед, муносибати шумо бо вай чӣ тавр мешавад? Ё ин ки “аввал ба ў ба хубӣ мефаҳмонам, баъд танбеҳ медиҳам ва агар ба замми ҳамаи ин нафаҳмад, он гоҳ ҷазо медиҳам”, мегўед?

Фикр мекунам, ки ба кўдакон барои рафтори ноҷояшон мукофот додан, бисёриҳо нодуруст мешуморанд. Бале, одатан мо ҳама кўдаконро танҳо барои рафтори хубашон мукофот медиҳем. Дар асл ин маълумоти доштаи мо аз нуқтаи назари педагогикаи ҳозира дуруст аст, вале чун ба ояндаи педагогика назар афканем, чунин менамояд, ки ба кўдаки рафтори ноҷокарда ҷазо додан ин роҳи дурусти тарбия нест. Барои он ки ҷазо ин як усули тарбияест, ки аз тарафи дигарон тариқи фишор татбиқ карда мешавад. Кўдак бо ин усул рафтореро, ки барои ботини вай бегона аст, дар натиҷаи фишори дигарон маҷбур мешавад, ба худ қабул кунад. Ҳамин тавр он рафторе, ки бо зўрӣ ва бе хости худи кўдак ба ў маҷбуран бор карда мешавад, мумкин аст сабаби дурўя шудани кўдак шавад. Ҳар як рафтор ва кирдореро, ки мехоҳем ба кўдак фаҳмонем, аввал ў бояд ин чизро бо виҷдонаш қабул кунад. Вагарна ҳар як чизе, ки ба кўдак бо зўрӣ фаҳмонида мешавад, сабаби дурўягии ў мегардад.

Кўдак агар таҳти фишори ҷазо аз рафторҳои ноҷояш даст кашад, мумкин аст, ки баъди дур шудани фишор аз ў, вай ин рафторашро бо тарзи бадтараш боз такрор кунад. Барои ҳамин ба кўдаки гуноҳсодиркарда пеш аз ҷазо додан хуб фикр кардан даркор, чунки мумкин аст, ки мукофотонидани ў ба ҷои ҷазо натиҷаи хубтар диҳад. Биёед, ҳикояи “Кўдакони нағоранавоз”-ро хонда баъд муҳокимаамонро давом медиҳем.

Кӯдакони нағоранавоз

Гурўҳе аз кўдакон дар назди хонаи шахсе бо қуттиҳои тунукагии дар даст доштаашон нағора навохта ғавғо мекарданд. Одамони маҳалла ҳар чи кўшиш мекарданд садди ин кор шуда наметавонистанд. Рўзе ҳамон марде, ки кўдакон дар назди хонаи ў ғавғо мекарданд, аз хонааш баромада, ба назди кўдакон омаду бо онҳо ҳамсўҳбат шуда, шартнома баст. Мувофиқи ин шартнома кўдакон танҳо дар як вақти муайян омада як соат он ҷо ғавғо мекарданд ва баъд мард аз хона баромада, ба ивази ин ғавғо музди меҳнаташонро медод. Аз ин шартнома кўдакон хурсанд шуда, ҳама ба хонаҳои худ рафтанд. Рўзи дигар дар соати таъин карда, онҳо ҷамъ шуда ба ғавғою нағоранавозӣ сар каданд. Баъди чанде соҳибхона омада ба ҳамаашон музди ваъдакардаашро дод. Сипас ҳамаи кўдаконро ба хонаашон гуселонд. Кўдакон боз рўзи дигар дар ҳамон вақти таъинкарда омада ба кор шурўъ карданд. Он шахс боз аз хонааш баромада музди онҳоро дод. Вале мард рўз то рўз аз вақти таъин кардааш барои музд додан дертар меомад. Аз ин кори мард ҳамаи кўдакон хашмгин шуда ба ў фаҳмонданд, ки дигар дер накунад. Рўзи дигар ҳар чи ғавғо карданд, мард боз ҳам дертар аз хона баромад ва гуфт, ки ба онҳо музди ваъда кардаашро акнун дода наметавонад ва мехоҳад бо онҳо як шартномаи нав бандад ва аз онҳо пурсид:

— Агар ҳоло ман нисфи ҳамон муздро ба шумо диҳам, боз пагоҳ омада барои ман ғавғо мекунед?

Азбаски мард дар рўзҳои охир музди меҳнати бачаҳоро дертар медод, кӯдакон хашмгин гардида ба ин таклиф розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки «мо ҳама барои ин кор шуда, ба дигар бозиҳо машғул нашуда, ин соатро интизор шуда, вақти худро ба ин кори беҳуда сарф мекардем» ва ҳама таклифи ин мардро рад карда, дигар ба он ҷо барои ғавғо наомаданд.

Вақте ки ба ин ҳикоя бодиққат менигарем, мебинем, ки ба воситаи мукофот рафтори кўдакон дар аввал таҳти назорат гирифта шуда, бо мурури замон оҳиста-оҳиста аз байн меравад.

Барои чӣ ҷазо набояд дод?

Ба кўдакон барои бадрафторияшон то ҳадди имкон ҷазо бояд надиҳем. Чаро?

1.         Ҷазо, дар дунёи ботинии кўдак ҳисси фишорро ба вуҷуд меорад. Бо ин ҳис кўдак метавонад, рафтори бади худро давом дода, аз шахси ба ў ҷазодода қасдгирӣ кунад.

2.         Ҷазо метавонад ҳирси кўдакро нисбати рафторҳои бад зиёд карда ба рафторҳои бади навбатӣ асос гузорад.

3.         Кўдаконе, ки аз тарси ҷазо рафторашонро таѓйир медиҳанд, миёни хоҳишҳои ботинӣ ва тарси беруна ночор мемонанд. Ин метавонад сабаби дурўя шудани кўдак шавад.

4.         Эҳсоси «нафрат ва хашм» аз овони хурдӣ дар ботини кӯдак ҷой мегирад.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 1, соли 2007
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *