Бекорӣ – сабаби аслии “душвортарбия” гаштани наврасон

Дар ҳама давру замонҳо проблемаи нисбатан душвор будани тарбияи наврасон буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Феълан, бо сабаби ба тағйироти куллӣ мувоҷҷеҳ шудани ҷомеаи башарӣ ин проблема диққати олимон ва мутахассисони соҳаро боз ҳам бештар ба худ ҷалб кардааст.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро маҳз давраи наврасиро давраи душвори тарбия ва қисме аз онҳоро «навраси душвор» меноманд? Оё кӯдакон ва калонсолон аз ин доира берун мемонанд?

Маъмулан, дар адабиёти педагогӣ ва психологӣ давраи наврасиро барои ҳар ду ҷинс аз 12 то 15-солагӣ медонанд. Чаро ки тибқи қонунгузории ҶТ аслан аз синни 17-солагӣ, вале дар баъзе ҳолатҳо аз синни 16-солагӣ барои ҳар ду ҷинс хонадоршавӣ иҷозат дода шудааст. Инчунин дар синни 16-солагӣ ҳар ду ҷинс бояд шаҳодатномаи таваллудро ба шиноснома иваз намоянд.

Давраи наврасӣ табиатан давраи душвор ва пурҷӯшу хурӯш дониста шудааст. Зеро наврасон дар ин давра бо тағйироти куллии равонию ҷисмонӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва ин дар навбати худ ба худбаҳодиҳии онҳо бетаъсир нахоҳад монд. Ва маҳз ана ҳамин ҳодиса, ки як давраи нисбатан кӯтоҳро дар бар мегирад, метавонад боиси тағйир ёфтани муносибати наврас бо атрофиён гардад.

Тағйиротҳои куллии биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меоянд, дар заминаи онҳо як қатор хусусиятҳои нави психологӣ шакл мегиранд. Ин тағйиротҳои ба амал омада, ба душвортарбия шудани наврасон сабаб мешаванд.

Алалхусус, ҳангоми ташкили нодурусти тарзи ҳаёт ва нодуруст созмон додани реҷаи рӯз наврас метавонад, ки дар ин давраи ба қавле сензитивӣ (басо мусоид) ба осонӣ майл ба каҷрафторӣ кунад ва бад ин васила метавонад «душвортарбия» гардад.

Бояд гуфт, ки асоси рафтори наврасони «душвортарбия»-ро беододбӣ, гапнодароӣ, каҷрафторӣ, бераҳмӣ ва беилтифотию дағалӣ ҳангоми муносибат ва муошират ташкил мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд вазъияти низоъангез, носолим ва ҷангҷолиро ба миён оранд. Дар содир намудани амалҳои ношоиста майл зоҳир мекунанд. Инчунин онҳо ба осонӣ таъсиррасониҳои тарбиявиро қабул намекунанд ва баъзан муқобилият нишон додану пурра рад кардани онро ифода менамоянд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар адабиёти имрӯза сабабҳои асосии душвортарбиягии наврасонро пеш аз ҳама дар ташкили нодурусти кори таълиму тарбия дар мактаб ва оила, дар беназоратӣ ва таъсири бади «кӯча» мебинанд. Ҳамаи ин сабабҳо анъанавӣ ҳастанд, ки атрофашон пайваста ҳарф мезананду ҳарф мезананд, вале чораҳои мушаххас, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани сабаби душвортарбиягии бачагонро пешниҳод намекунанд. Мо ин ҷо сабабҳои дар боло зикр гаштаро инкор карданӣ нестем, балки танҳо замина ва сабаби аслии «душвортарбия» шудани наврасонро нишон доданӣ ҳастем, ки дар ин бора дар як қатор адабиёти соҳаи равоншиносӣ, аз ҷумла: «Дастури психологияи амалӣ», «Психологияи иҷтимоӣ», «Афкори равоншиносии мутафаккирони форсу тоҷик», як қатор мақолаҳо дар матбуоти даврии педагогӣ ҳамин мавзӯъро ба таври гуногун пайгирӣ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар замони кунунӣ он бояд ҳамчун сабаби асосии душвортарбиягии наврасон дониста шавад.

Бояд қайд кард, ки дар эҷодиёти аксари адибони классику муосир беҳудагардиву фориғболӣ маҳкум карда шудааст. Инчунин ин чиз аз ҷониби худи халқ низ мавриди танқиду мазамати сахт қарор гирифтааст, ки он дар зарбулмасалу мақолҳои халқӣ инъикоси равшани худро ёфтааст. Ба монанди: «Аз бекор Худо безор», «Бекорон бебароранд, аз баракат дар каноранд», «Аз зиндаи бекор, мурда беҳтар аст» ва ғайраҳо.

Лозим ба тазаккур аст, ки мақолҳои халқӣ чунон нишонрасу дақиқанд, ки онҳо дар ягон давру замон инкор нахоҳанд шуд ва эҷодиёти ҳамаи адибони классику муосир низ аз фолклор об хӯрдааст.

Бекорӣ – сабаби асосӣ ва заминаи аслии ҳамагуна дараҷаи душвортарбиягии на танҳо наврасон, балки кӯдакону калонсолон аст. Чунки маҳз бекорӣ одамонро новобаста аз синну сол ба содир намудани аъмоли баду ношоиста тела медиҳад. Ҳамчунин шахсоне, ки бекор мегарданд, онҳоро бешубҳа, дуздиву ҳаромкорӣ домангир хоҳад буд. Ба ин маънӣ ҳазрати амиралмӯъминин Алӣ (р) фармудааст: «Агар тан додан ба як шуғл мояи заҳмат бошад, бекории мудовим ба нодурустию фасод меанҷомад».

Бояд гуфт, ки одам, ба хусус наврасе, ки ҳиссиёти ахлоқиаш нав шакл гирифта истодааст, ҳангоми бекорӣ ба анҷом додани корҳое қодир аст, ки ҳатто ин ҷо гуфтани баъзе аз онҳо шояд аз доираи одоби сухангӯӣ берун бошад. Ва ана ҳамин бекорӣ метавонад дар оянда яке аз сабабҳои аслии бадбахтии инсон гардад.

Ин ҷо як чизро набояд фаромӯш кард, ки инсон табиатан фарди фаъол буда, ҳаёти ӯ бидуни фаъолият ғайриимкон аст. Чун инсон зиндаву солим аст, ӯ ҳатман дар ҳаракат мебошад, яъне амал мекунад, чунки тақозои ҳаёт ҳамин аст, вагарна психикаи ӯ рушд намеёфт. Хусусан, наврасон, ки онҳо ниҳоят чусту чолок ва серғайрат ҳастанд, ба қавле хун дар қалбашон ҷӯш мезанад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти ана ҳамин ҷиҳати масъала ба ҳар як инсон бояд шароити мусоид барои фаъолият кардан ва ё ба шуғле машғул шудан фароҳам оварда шавад. Дар сурати муҳайё нагаштани ин чиз шахс албатта, метавонад майл ба анҷом додани амалҳои ношоиста намояд.

Биёед барои исботи гуфтаҳои боло як мисоле аз ҳаёти воқеӣ меорем ва таҳлилаш мекунем. Тавре ба ҳамагон маълум аст дар ҷомеа қариб, ки ҳамарӯза аз ҷониби ашхоси номаълум ҷиноятҳо содир мегарданд ва кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо мақсади пайдо кардани шахси ҷинояткор нахуст ашхоси гумонбаршударо дастгир мекунанд. Пасон аз онҳо дар робита аз дар ҷое фаъолият доштан ва ё надоштани онҳо суол мекунанд.

Зеро муссалам аст, ки дар бештари маврид нафаре, ки ҷои кори доимӣ дорад, ё худ духтур аст, меъмор аст,… наметавонад бе ҳеҷ ваҷҳ дар содир кардани ҷиноят даст дошта бошад. Дар ин кор танҳо он нафаре, ки ӯ ба фаъолияте машғул нест ва ё ба оворагардӣ ном баровардааст, метавонад даст дошта бошад.

Бахусус бекорӣ дар пайдоишу таҳким ёфтани ҳар гуна одатҳои бад, ки новобаста аз синну сол ҳосил мегардад ва минбаъд тарк намудани онҳо амрест муҳол на танҳо метавонад мусоидат намояд, балки сарчашмаи асосии онҳо ба шумор меравад. Аз зумраи одатҳои бад метавонанд инҳо бошанд: бод кашидани бинӣ, макидани ангушт, хоридани сар ва ҳоказо, ки ҷиҳати ба таври фаҳмо ба хонанда ифода намудани онҳо шахс оҷизӣ мекашад, барои он ки онҳо бо узвҳои гуногуни бадан анҷом дода мешаванд.

Бекорӣ на танҳо ба наврасон барои анҷом додани аъмоли бад шароити мусоид фароҳам меорад, ҳатто кӯдаконро низ метавонад барои анҷом додани амалҳои нописандида ва қобили қабул набуда водор намояд. Вале азбаски мувофиқи таълимоти илмҳои педагогӣ-психологӣ фаъолияти асосии кӯдакони синни томактабӣ бозӣ маҳсуб меёбад ва ин фаъолият то андозае дар синну соли хурди мактабӣ низ ҳамчун фаъолияти пешбаранда боқӣ хоҳад монд, бинобар ин кам андар кам мавридҳое мешавад, ки кӯдакон бекор монанд. Зеро тавре ба ҳамагон маълум аст, бозӣ фаъолияти фараҳбахш буда, фишори зиёди психикиро талаб намекунад.

Аммо ба ҳар сурат кӯдаконе, ки ба кӯдакистон мераванд, онҳо ҳатман ҳамарӯза тибқи реҷаи муқарраркардаи маъмурияти кӯдакистон ба хоби маҷбурии нисфирӯзӣ водор карда мешаванд ва албатта, ҳамаи онҳо маҷбур ҳастанд, ки ба талаботҳои мураббиён итоат кунанд ва бечунучаро талаботҳои реҷаи рӯзро риоя намоянд, ҳарчанд, ки инро нахоҳанд ҳам. Ва ин ҷо бешак, гуфтан мумкин аст, ки албатта, хоби ҳамаи кӯдакон баробар намебарад. Ҳастанд кӯдаконе, ки хобашон зуд ва ё дер мебарад ва ҳастанд кӯдаконе, ки умуман хобашон намебарад ва инҳо кӯдаконеанд, ки нисбатан кам монда шудаанд, ҳамчунин аз зумраи кӯдакони камхобанд.

Ана дар ҳамин ҳангом кӯдакон низ метавонанд ба корҳои ношоиста машғул шаванд. Ин ҳам бошад аз бекорӣ. Аз ҷумлаи он корҳое, ки дар ин асно ба он вақти худро сипарӣ месозанд, инҳоянд: макидани ангушт, хоидани нохунҳои пой ва дастон, кофтани ковокии бинӣ ва ғайра, ки ҳамаи ин зери кӯрпаи болопӯшӣ сурат мегирад ва аз назари мураббия албатта, дур мемонад.

Оё ба ҳамин монанд ҳодисаҳоро чӣ дар ҳаёти кӯдакон ва чӣ дар ҳаёти наврасон назорат кардан мумкин аст, ки ҳамвора сабаби душвортарбиягии наврасонро аз беназорат мондани онҳо медонем. Бояд зикр кард, ки мо ин ҷо бо овардани танҳо як мисоли воқеӣ иктифо кардем. Ин дар ҳолест, ки аз ҳаёти кӯдакону наврасон садҳо ин гуна мисолҳо овардан мумкин аст.

Маҳз ана ҳамин бекорӣ аст, ки наврасон рӯ ба кӯча меоранд ва бештари вақти пурқиммати худро бо кӯчагардиву беҳудагардӣ мегузаронанд ва бад ин васила ба таъсири бади кӯча дода мешаванду даст ба фисқу фасод, авбошӣ, тамокукашӣ, майнӯшӣ, нашъамандӣ, дуздиҳои майда, ҳатто ҷинояткорӣ умуман, корҳои ғайриинсонӣ мезананд.

Мавриди тазаккур аст, ки аъмоли номбаргаштаро, на танҳо наврасон, (ки онҳо дар давраи бӯҳрони синнусолӣ қарор доранд, бар замми ин дар онҳо ҳисси «худшиносӣ» шакл гирифта истодааст ва дар ботини онҳо ғурури калонсолӣ пайдо шудааст), балки худи калонсолон низ (ки ҳамаи онҳо бешубҳа аллакай соҳиби маълумоти пурраи асосӣ, лоақал соҳиби маълумоти нопурраи асосӣ ҳастанд, ҳатто баъзеи онҳо маълумоти олиро доро ҳастанд) метавонанд содир намоянд ва ҳатто касб намоянд.

Бояд гуфт, ки азбаски фаъолияти таълимӣ дар давраи наврасӣ ҳамчун фаъолияти асосӣ қарор мегираду басо мураккаб ва сафарбар намудани нерӯи зиёди равониву асабиро тақозо мекунад, на ҳар наврас хоҳиши пурра ба он машғул шуданро дорад. Ҳамчунин фаъолияти меҳнатӣ низ иловатан нерӯи зиёди ҷисмониро талаб мекунад.

Аз ин рӯ, аксари наврасон бидуни маҷбуркунии дигарон (муаллимон, волидайн) ба он машғул шудан намехоҳанд. Чун ба он машғул нашуданд, албатта бекор хоҳанд монд.

Аз ин лиҳоз, дар ин давра наврасонро мебояд бо дарки он, ки ҳамакнун давраи кӯдакиро паси сар намудаанд, пайваста ба ҳар роҳе, ки набошад дониш омӯзанд ва дар роҳи омӯхтани илму ҳунар камари ҳаммат банданд, то ки лаҳзае бекор намонанд.

Ба ин мазмун яке аз шоирони адабиёти тоҷику форс Низомии Ганҷавӣ ҳанӯз дар замони худ хеле хуб фармудааст:

Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Акнун, ки ба ҷаҳордаҳ расидӣ
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин на вақти бозист,
Вақти хунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Биёед як назар афканем ба зиндагии аз сар гузаронидаи яке аз нобиғаҳо, фарзанди фарзонаи тоҷик, қаҳрамони миллат устод Садриддин Айнӣ. Тавре аз зиндагиномаи эшон бар меояд, ӯ бо амри тақдир аснои давраи наврасӣ, аниқтараш дар синни 13-солагӣ аз падару модари худ маҳрум гаштааст ва комилан ятим мондааст.

Магар дар он замону маконе, ки ӯ наврасии хешро сипарӣ кардааст, ӯро касе назорат мекард? Магар дар он замоне, ки сохти феодалӣ ҳукмрон буд, сағерахона ва ё ятимхонае вуҷуд дошт, ки мебоист ӯро бо таълиму тарбия фаро мегирифт ва пайваста назораташ мекард? Магар дар он давра таҳсилоти асосии ҳатмӣ вуҷуд дошт? На, албатта!

Танҳо бо машғул шудан ба фаъолияти меҳнатии хеле вазнин ба хотири пайдо сохтани қутти лоямуте ва бо мақсади ба ҷо овардани насиҳати падар ва дидани ояндаи дурахшони худ дар хондану омӯзиш устод С. Айнӣ тавонист, ки дар давраи наврасӣ худро аз бекорӣ раҳо созад ва ба туфайли ин аз содир намудани корҳои ношоиста эмин монад. Ба ҳамин монанд метавон давраи наврасии сардафтари адабиёти рус А. М. Горкийро мисол овард.

Ҳамчунин басо табиист, ки шахси бекор дар аксари ҳолатҳо метавонад миёни аҳли ҷомеа ва нафарони ӯро иҳота карда, ҳатто дар байни аъзоёни оила ҳамчун шахси бад, танбал, ноӯҳдабаро ва беодобу каҷрафтор муаррифӣ шавад. Ҳарчанд, ки ӯ ин гуна хислатҳоро доро набошад. Дар баробари ин, метавонад рӯз аз рӯз нисбати ӯ аз ҷониби афроди наздик зоҳиршавии ҳисси нафрату бадбинӣ бештар гардад. Барои тақвияти ин суханон гуфтаи халқро мисол овардан мумкин аст: «Аз бекор ҳама безор»

Ва ё худ устод С. Айнӣ дар як шеъри хеле машҳури хеш, ки тариқи он ба насли наврас муроҷиат кардааст, воқеан хуб фармудааст:

Биёед, эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем.
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Алъон дар ҷумҳурии мо шумораи наврасони оворагарду ба кавле «душвортарбия» нисбат ба замони шӯравӣ, ки тӯли ҳафтод сол ҷумҳурии мо дар ҳайъати он қарор дошт, хеле афзудааст. Ин албатта, бесабаб нест. Зеро дар даврони шӯравӣ тавре насли калонсоли мо ёд доранд, қариб дар тамоми макотиби миёна маҳфилҳои фанниву клубҳо амал мекарданд, инчунин пайваста чорабиниҳои гуногуни тарбиявию шабнишиниҳо роҳандозӣ мегаштанд ва ба онҳо наврасону хонандагон ба таври ройгон ҷалб карда мешуданд. Ва ҳамаи ин, албатта бо дарк намудани маҳз ана ҳамин тарафи масъала ва ба хотири он ки хонандагон, алхусус наврасон баъд аз дарс бекор намонанду даст ба корҳои ношоиста назананд, ба роҳ монда шуда буданд.

Вале мутаассифона, имрӯзҳо мо дар бораи ин гуна чорабиниҳо танҳо дар авроқи китобҳои илмиву оммавӣ мебинему халос, зеро дар ягон макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, ҳатто дар ҳудуди пойтахт аз ташкили ин гуна чорабиниҳо ҳатто нишоне намодааст (ба истиснои баъзе мактабҳои типи нав). Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд сол қабл таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба таври пулакӣ сурат мегирифт.

Алъон, вақте ки аз кормандони вазорату идораҳои маорифи кишвар дар хусуси сабабҳои асосии имрӯзҳо афзудани миқдори наврасони «душвортарбия» пурсон мешавед, онҳо дар ҷавоб гуноҳи асосиро ба гардани падару модарони дар асл бегуноҳ бор карда, сабаби инро дар беназорат мондани наврасон аз тарафи волидайн медонанд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳар яки онҳоро мебояд пеш аз он, ки чунин хулоса бароранд, сари як масъала андеша намоянд, ки оё ташкил ва гузаронидани чунин чорабиниҳое, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ амал мекарданд ва наврасонро пайваста ба таълиму тарбия фаро мегирифтанд, вазифаи падару модарон аст? Баланд бардоштани сифати корҳои таълимию тарбиявӣ дар мактаб, ки инро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб мекунад, магар масъулияти падару модарон аст?

Ин ҳам дар ҳолест, ки қисми зиёди мардони кишвар, ки онҳо падар ҳастанд ва тарбияи дурусти фарзандон дар оила аз онҳо вобастагӣ дорад, новобаста аз шароити сангини муҳоҷират ба хотири таъмини оилаи хеш аз ҷиҳати иқтисодӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Илова бар ин, кадом падар ва ё модар мехоҳад, ки фарзанди ӯ дар оянда душвортарбияву каҷрафтор гардад?

Ба ғайр аз ин, дар даврони шӯравӣ ҳангоми таътили тобистона қариб, ки тамоми муҳасилини макотиби миёна ба  истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешуданд, то ки тӯли ин муддат онҳо беҳудагардӣ накунанд. Аммо имрӯзҳо бошад, акси ҳолро мебинем, ки танҳо миқдори ночизи хонандагони кишвар ба фароғатгоҳҳо фаро гирифта мешаванду халос.

Ин ҷо гуфтан лозим аст, ки албатта ҳамаи он чизҳое, ки дар замони шӯравӣ буданд, баргардондан ғайриимкон аст. Чунки сохти ҷамъиятӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст ва ин ҳолат дар  ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар низоми маориф низ ворид намудани навгониҳоро тақозо дорад. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ волидайнро мебояд бо дарки масъулият ба ҳар василае, ки набошад фарзандони навраси хешро ба хотири он ки бекор намонанд, ба ҳар гуна курсҳои омӯзишӣ, ба монанди курсҳои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, курсҳои компютерӣ, курсҳои омӯзиши хатти ниёгон (форсӣ), инчунин дар навоҳиву рустоҳо фарзандони хешро ба омӯхтани ҳар гуна ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили заргариву оҳангарӣ, зардӯзиву гулдӯзӣ, кандакорию бофандагӣ… ҷалб кунанд, агар онҳо таъмин намудани ояндаи дурахшони фарзандон ва миллату давлати хешро хоҳанд. Ҳамчунин бояд фарзандони хешро барои машғул шудан  дар риштаҳои мухталифи варзиш низ сафарбар намоянд. Зеро варзиш кафили асосии сиҳативу бардамӣ ва инкишофи мӯътадили наврасон буда, инчунин метавонад онҳоро аз бекор мондан, таъсири бади кӯчаву ва бад ин васила даст ба аъмоли ношоиста задан эмин нигоҳ дорад.

Дар охир наметавон як чизи дигарро нодида гирифт, зеро ки ҳамарӯза мову шумо ба он эътиқод дорем. Ин ҷо басо рамзист ёдорвар шудан аз шариат ва дини мубини ислом. Чун мо ҳамагӣ мусулмон ҳастем, аз ин рӯ тавре ба ҳар кадоми мо аён аст, дини ислом хондани панҷ вақт намозро фарз гардондааст ва он яке аз аркони  дини ислом ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки дини ислом яке аз охирин динҳои ҷаҳонӣ аст ва пайравони он низ дар миқёси ҷаҳон рӯз аз рӯз дар ҳоли афзоиш аст.

Агар ин ҷо ба моҳияти фарз гардонида шудани панҷ вақт хондани намоз дар дини мубини ислом дақиқкорона назар афканем, он гоҳ хоҳем фаҳмид, ки он ҳам бешубҳа ба хотири аз бекорӣ раҳоӣ бахшидани одамон фарз гардонда шудааст. Мавриди қайд аст, ки хондани панҷ вақт намоз дар дини ислом маҳз аз ибтидои давраи наврасӣ (барои духтарон аз 9 ва барои писарон аз 12-солагӣ) то охири умр фарз гардонида шудааст. Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки каҷрафториҳои ҷиддӣ аз аввоили давраи наврасӣ оғоз ёфта, новобаста аз ҷинс ва синну сол дар давоми умр маҳз ҳангоми бекорӣ метавонанд хуруҷ намоянд.

Дар баробари ин, хондани панҷ вақт намоз одамонро на фақат аз бекорӣ, ки сабаби сабабҳои даст задан ба ҳамагуна аъмоли зишт мебошад, раҳоӣ мебахшад, балки онҳоро ҷисману рӯҳан солим нигоҳ медорад.

Лозим ба таъкид аст, ки моро мебояд бо дарназардошти ҳамаи ин гуфтаҳо дар содир гаштани фисқу фасод ва зишткориҳо бекориро ҳамчун сабаби сабабҳо донем ва бинобар ин кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки пеш аз ҳама дар ҷамъият ана ҳамин омили асосиро аз байн бубарем. Ин ба мисли онест, ки моро лозим меояд ботлоқро решакан намоем, агар хоҳем, ки аз пашшаҳои фараҷа дар амон бошем, вагарна тамоми зиндагии мо дар роҳи куштани онҳо сарф хоҳад гашт.

Дар фароварди сухан ҳаминро зикр карданӣ ҳастем, ки ҳамаи он далелу тафсилоте, ки ин ҷо оварда шуданд, ҳама аз таҷрибаву мушоҳидаҳои ҳаётӣ буданд ва ин ҷо танҳо ба хотири то ҷое исбот гаштани он, ки бекорӣ сабаби аслии ҳамагуна дараҷаҳои душвортарбиягии наврасон дониста шавад, зикр гаштанд. Зеро танҳо бо кор фармудани тафаккури солим ва хулосаи дуруст баровардан аз мушоҳидаву таҷрибаи зиндагӣ инсон метавонад сабабҳои ҳақиқии ин ё он ҳодисаҳоро ба таври саҳеҳ ошкор созад ва минбаъд барои пешгирӣ кардани онҳо чораҳои мушаххас андешад.

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Ва ё ба таври дигар:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад он чашм, ки андар ӯ нигарӣ…
(Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ)

Боқӣ, қазоват аз шумост.

Умед Ҳамидов – аспиранти соли сеюми кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

0

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
Дилшод Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Дилшод
Меҳмон

Ақидаи ман модарон бештар бо тарбияи фарзанд аҳмият диҳанд наинки бо кор раванд, бузургон гуфтанд Занонро бувад бас хамин як хунар,Ки шинанду зоянд шерони нар.