Бо кӯдакон муноқиша накунед

Агар кўдак бо падару модар якҷоя кор карданро рад кунад, серҳаракат бошад, падару модар бояд оромиро аз даст надиҳанд. Бо кўдак муноқиша сар кардани волидайн сабаби зиёд шудани мушкилиҳо мешавад. Агар падару модар назоратро аз даст диҳанд, кўдак бемасъулият шуда, рафторҳои манфии худро давом додан мегирад.

Падару модар дар муқобили рафторҳои ноҷои кўдак хомўш ва ором бошанд, кўдак худидоракуниро тезтар аз худ мекунад. Кўдак мебинад, ки бо ин рафтори ноҷояш ба ҳадаф намерасад (чизи хостаашро ба даст оварда наметавонад) аз ин рафтор даст мекашад. Баъдан кўдак барои тағйир додани қарори волидайни худ ба амалҳои номақбул даст мезанад, вале агар падару модар сукунати худро аз даст надода қарори худро тағйир надиҳанд, дар кўдак оҳиста-оҳиста ҳисси худидоракунӣ пайдо мешавад. Баъд аз ором шудани кўдак ба ў фаҳмондан даркор, ки ин ҳаракатҳои ў қобили қабул нест ва ў бо ин рафтори ноҷояш чизеро ба даст оварда наметавонад. Ғайр аз ин ба кўдак фаҳмонидан даркор, ки чизи хостаашро чӣ гуна талаб намояд. Ба ў фаҳмонидан лозим аст, ки ба ҷо овардани ҳамаи эҳтиёҷҳои (талабҳои) ў дарҳол номумкин аст. Баъзе талабҳо номақбул (нодуруст) буданаш мумкин, баъзан имкониятҳои дар даст буда нокофӣ шуданаш мумкин.

Баъзан бо вуҷуди кўшишҳои беохири падару модар кўдак рафторҳои ноҷои худро давом медиҳад. Косаи сабри падару модар лабрез мешавад ва онҳо оромии худро аз даст медиҳанд. Дар ин ҳолат беҳтарин амал аз назди кўдак дур шудан мебошад.

Вақте ки кўдак рафтори ношоистаи худро давом медиҳад, дарҳол ягон чора андешидан лозим аст. Баъзан беҳтарин ҳаракат беҳаракат (хомўш) истодан аст. Кўдаке, ки аз доираи адаб берун рафтор карда истодааст, панду насиҳат кардан фоида надорад, чунки калимаҳо аз як гўшаш даромада аз гўши дигараш баромада меравад. Лату кўб, тарсу азоб ба сари кўдак овардан сабабҳои аввалини аз доираи адаб берун рафтор кардан мебошад. (Аслан барои калонсолон низ ҳамин тавр мебошад). Аз ин лиҳоз ҳис ҳама вақт аз мантиқ боло меистад. “Ягон ҳаракат накардан” (“хомуш истодан”) кўдакро аз маркази таваҷҷўҳ берун мекунад. Нисбати амали кардааш, ки ягон аксуламал надид, худ аз худ аз ин амалаш даст мекашад. Агар рафтори кўдак барои падар, модар, ё ин ки барои дигар фарзандон хатарнок бошад, бояд ягон чора андешид. Фарзандони дигарро падар (модар) бояд ба оромӣ аз ҳуҷра берун намоянд. Падару модар ба кўдак бояд наздик нашаванд, ором дар як масофаи муайян истанд. Кўдак агар ба волидайн ҳуҷум кунад, барои боз ҳам бадтар накардани вазъият ҷавоб додан лозим нест. Оромона аз кўдак дур истода бо чашми худ кўдакро назорат кунанд, то ки кўдак фаҳмад, ки волидайн ўро назорат карда истодаанд. Агар ин мумкин набошад, кўдакро ба оғўш гирифта имкон надиҳанд, ки ў дасту пояшро истифода намояд. Ин ҳам барои бехатарии кўдак ва ҳам барои бехатарии волидайн зарур мебошад.

Рафторҳои ношоиста ба монанди ҳуҷум кардан, дод задан, сухани қабеҳ гуфтан рафторҳое мебошанд, ки падару модарро бештар хафа менамоянд. Чунин рафторҳои ношоистаи кўдак боиси ўро дўстдорӣ накардан, қадр накардан, фикрашро ба эътибор нагирифтан ва бештар мавриди азоб, ҷанҷол ва ё тарс қарор гирифтани кўдак шуда метавонад. Вақте ки кўдак ором мешавад, падару модар ўро мисли ҳарвақта дўстдорӣ кунанд, ва сабабҳои нороҳат, асабӣ ва тарс додани кўдакро муайян намоянд. Агар барои кўдак ягон чора андешиданӣ шаванд, оқибатҳои онро андеша бояд кунанд.

Аслан волидайн рафтори худро нисбати фарзанд дигар карда метавонанд.

Вазъият чӣ гунае ки набошад, таҳлили ҳодиса бояд дар ҷойи ҳам барои кўдак ва ҳам барои падару модар бехатар гузаронида шавад. Ҳамин тавр сабаби чунин рафтор кардани кўдакро низ муайян карда чора андешидан зарур аст.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 2, соли 2009
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *