Дар куҷо файлҳоро набояд сабт кунем, ё чӣ тавр компютерро ба танзим дарорем?

Аввалин чизеро, ки ҳангоми ба компютер нишастан навомӯз бояд донад, ин дар куҷо иттилооти компютериро ҳифз кардан аст.

Агар аз аввал қоидаҳои оддиро наомӯзед, пас дар оянда метавонед дучори як қатор мушкилӣ гардед (ҷустуҷӯи файлҳои гумшуда, барқарорсозии файлҳои гумшуда, пеш омадани мушкилӣ ҳангоми барқарорсозии система ва ғ.). Вале метавонед пеши роҳи ин проблемаҳоро гиред, агар саривақт аз ба танзим даровардани онҳо огаҳ бошед.
Дар ин дарс мо ба шумо тарзи бехатару дилпурона нигоҳ даштани иттилоотро меомӯзем.
Инак, чӣ тавр мебояд тартибу танзим ва тозагиро рия кард?
Бештари истифодабарандагони компютер иттилоотро (файлу папкаҳои худро) дар ҳар куҷое мехоҳанд нигоҳ медоранд: дар мизи корӣ, дар папкаи “Мои документы”, дар дохили диски «C:\»… Дар сурати кам будани файлҳо мушкилӣ начандон аён аст, вале бо мурури вақт файлҳо беҳад зиёд мешаванд: ҳуҷҷатҳо, мактубҳо, расмҳо, мусиқиву филмҳо… ана онгоҳ ба фикр фурӯъ меравед: “куҷо бошад он файл?”  

Чӣ гуна ба ҳамагон маълум аст, ба тозагӣ бояд риоя кард. Чунки агар аз аввал тозакор набошем “баъд ҳал мекунам гӯем”, оянда дер хоҳад шуд.

Дар хотир бояд дошт, ки танзиму тартибот дар диски сахт (HDD) барои бехатар нигоҳдории иттилоот таъсирбахш аст.
Имрӯз шумо метавонед ҳаёти худро дар олами компютер боз ба як қадам пеш гузоред. 
Ин 4 қоидаро дар ёд доред, ки дар оянда барои ба тартиб даровардани компютер ва сарфа кардани вақти шумо лозим хоҳанд шуд:
Қоидаи №1: Диск C: на барои ҳуҷҷатҳост!

Ҳеҷ гоҳ файлҳои худро дар диски системӣ (диске C:\) нигоҳ надоред.

Ҳоло аз дарси сеюм мо фаҳмидем, ки ҳамаи барномаву иттилоот дар диски сахт нигоҳ дошта мешавад. Барои қуллай ва бехатар будан ҳамаи фазои иттилоотии диски сахт ба ду ва ё зиёда аз он тақсим карда мешавад, ки онҳоро «логические диски»  ном мебаранд ва бо ҳарфҳои зерин «C», «D», «E» ва ғайра номгузорӣ мешаванд. Дар диски «C:» системи омил (масалан Windows) ва барномаҳо насб карда мешаванд, дигар қисми боқимондаи он бошад, барои нигоҳдории иттиллот пешбинӣ шудааст. 

Диск C: барои ҳуҷҷатҳо нест!

Ин ба мисли хонаест, ки ҳуҷраҳои дигар тақсим шудааст. Масалан Шумо дар ошхона пойафзол ва дар ҳуҷраи хобатон яхдонро нигоҳ намедоред, дуруст?! Ҳар як чиз ҷои худро дорад. Ҳамин тавр бояд файлҳои системӣ аз файлҳои истифодабаранда ҷудо бошад. Дар ин мавзӯъ дарси алоҳида хоҳад буд.

Дар ёд гиред:

Диск «C:\» ТАНҲО барои системи омил ва барномаҳост!

Ҳама ҳуҷҷатҳои худро, аз ҷумла: расму мусиқӣ ва филмҳоро дар диски «D:\» нигоҳ доред.

Агар дар компютери шумо танҳо диски C: бошад, пас ҳатман диски сахтро бояд ба ду қисм тақсим кард. Вале дар ин бора дар дарси алоҳида хоҳем ҳарф зад.

Метавонад, баъзан вақт бо ҳарфи D: таҷҳизоти оптикӣ (CD ё DVD) номгузорӣ шуда бошад ва қисми дуюми диски сахт бо ҳарфи E: Он гоҳ шумо метавонед, ҷойи онҳоро тағйир диҳед ё чӣ хеле ҳаст ҳамон хел гузоред, аммо беҳтараш тағйир додан аст.

Қоидаи №2: «Мои документы» дар диски D:

Пӯшаи «Мои документы»-ро ба диски D: интиқол диҳед.

Қаблан «Мои документы» дар диски С ҷойгир шудааст, ва он ба қоидаи №1-и мо мухолифат мекунад ва гум шудани ҳаммаи он файлҳои шахсии шумо аз эҳтимол дур нест (дар ҳолати вайроншавӣ, паҳнгардидани вирусҳо, аз нав шинонидани виндовс ва ғайра). Бештари истифодабарандагон аз оқибати ин кор бехабаранд  ва ҳуҷҷатҳои худро дар ин пӯша нигоҳ медоранд. Аммо инро метавон ислоҳ кард.

Пӯшаи «Мои документы»-ро ба диски D: интиқол диҳед.

Дар диски D: пӯшаи нав бо номи «Мои документы» созед ва ба он пӯшаи пештараро аз диски C: (на ба таври оддии нусхабардории он, балки ба таври бояду шояд, ки он дар банди хусусияти ин пӯша ҳаст) кӯчонед. Ба диски С дароед, \Пользователи\ Имя\ мушакро ба “Мои документы” баред ва тугмаи рости онро пахш кунед ва аз он банди “Свойства” \ Расположение\ интихоб карда ба куҷо кӯчонидани онро нишон диҳед. Барори кор!

Қоилаи №3: Мизи корӣ барои фалҳо нест!

Ҳеҷ гоҳ файлу пӯшаҳои худро дар мизи корӣ нигоҳ надоред!

Гап сари он аст, ки мизи корӣ худ дар диски C: ҷойгир шудааст, ва дар вақти аз нав шинонидани системи омил ҳама он чизи дошта метавонад аз он гум шавад.

Албатта, файлҳоро дар “зери даст” нигоҳ доштанаш қуллай аст ва номгузорӣ шудани худи мизи корӣ ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки мо бояд дур нарафта, дар он файлҳоямонро нигоҳ дорем. Лекин дар ҳақиқат ин як доми фиреб асту халос.

Файлу пӯшаҳои худро дар мизи корӣ ногоҳ надоред!

Ҳамаи файлҳоро дар пӯшаи зарурӣ дар диски D: нигоҳ доред ҳуҷҷатҳоро дар пӯшаи «Мои документы», филмҳоро дар пӯшаи «Видео» ва ғайра… Дар мизи корӣ танҳо суроғаи (ярлык) онҳоро гузоред!

Қоидаи №4: Пӯшаи муваққатӣ

Файлҳои муваққатиро дар пӯшаи муваққатӣ нигоҳ доред, масалан, C:\Temp

Доимо дар диски сахт муваққатан сабт кардани ҳуҷҷат зарур мешавад (фаровир карда кушода дидани кадом як ҳуҷҷат аз Интернет, санҷидани сифати сабти DVD-диск ва ғайра). Набояд ин чизҳоро ба мизи корӣ “ҳавола” диҳем. Барои ин кор як пӯшаи муваққатӣ кушоед ва давра ба давра онро тоза карда истед.

Ин пӯшаро ба мисли «сабад» шуморед.

Пӯшаи муваққатии Temp

Чаро маҳз «C:\Temp» ?

  1. Дар вақти аз нав шинонидани Windows аз гум шудани он зиқ нахоҳед шуд.
  2. Ҷои шуморо дар (Диски D:) банд намекунад.
  3. Дар ёд гирифтани он осон аст;
  4. Дастрасии осон ба он (андаруни пӯшаҳо кофтукоб накардан).

Вақте ки аз пӯшаи муваққатӣ истифода мекунед, пас шояд пай баред, ки гап сари чӣ меравад ва куллай будани онро низ баҳогузорӣ хоҳед кард. 

Хулоса

Инак, қадами аввал ба сӯи танзиму тартиб дар компютер – бо дар ёд гирифтан ва амал кардан аз рӯи ин чаҳор қоида:

  • №1: ДискиC: на барои ҳуҷҷатҳост, ҳама чиз ба диски D:
  • №2: Интиқол додани «Мои документы» ба диски D:
  • №3: Мизи корӣ барои файлҳо нест, танҳо барои суроғаҳост
  • №4: Пӯшаи муваққатии «Temp» барои файлҳои муваққатист

(Маводи мазкурро маъмури Интернет-портали “maktab.tj” барои шумо хонандагони азиз аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кард)

  1. Асалом алейкум ман мехостам дар бораи компютер аз шумо як чиз пурсам дар компютер Windows 7 установка кардам барномаи Avast-ро установка намекунад барои чи хамин хел аст илтимос ба хамин савол чавоб медодед

    • Салом, Нуруло. Сабаби установка нашуданаш ба мо маълум нест, вале шумо метавонед ба ҷои Avast дигар барномаи зиддивирусиро установка кунед.

  2. Нуруло:

    Авалан бахшиши зиёд акачон неки як чизи дигар пурсам нек берун аз доираи ин аст кадом антивирус хубтар аст ба фигри шумо

    • Нуруло, ман наметавонам кадом яке аз барномаҳои зиддивирусиро беҳтару хубтар бигӯям, чунки ҳар каодме онро исифодабаранда худ интихоб мекунад (яъне вобаста ба майлу хоҳиши худ), бинобар ин сараввал бояд ба талаботи системӣ ва баъдан ба киссаатон (вазъи иқтисодӣ) назар карда, пас аз он якеро интихоб кунед.

  3. Нуруло:

    Рости нав компютер гирифтам он кадар намедонам дар бораи компютер барой хамин пурсидам

    • Амонуллохон:

      Ассалом алейкум. Ман ба шумо маслихат медиҳам, ки аз барномаи зиддивирусии esetnod32 истифодабаред

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *