Интернет манбаи илм ё майдони мина?

Комил хонандаи синфи 5-ум мебошад. Падараш ба ў як сол пеш компютер гирифта буд. Имсол аз аввали соли хониш ба шабакаи интернет пайваст шудааст. Пайваст шудан бо интернет ба тайёр кардани вазифаҳои хонагии Комил ёрӣ мерасонад, аммо Комил интернетро на фақат барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ истифода мебарад. Дар ҳуҷрааш, ба воситаи интернет ба сайтҳои (website) бегонае, ки пур аз фаҳшу бадахлоқиҳост, даромада, соатҳо андармон мешавад. Модараш Зубайдахон бошад, хурсанд аст, ки писараш акнун аз ҳуҷрааш набаромада, соатҳо паси компютер нишаста, дарс тайёр мекунад. Падараш Абдурасул ва Зубайдахон аз сабаби он ки дар бораи интернет заррае маълумот надоранд, намедонанд, ки писарашон соатҳои дарози вақти худро ба чӣ сарф мекунад. Комил ҳар дафъае, ки волидайнаш дохили ҳуҷрааш мешаванд, аз экрани компютер саҳифаҳои ноҷоро нест мекунад, то падару модараш набинанд. Волидайн бошанд, аз он бехабар ҳастанд, ки Комил ба кадом сайтҳо сарукор дорад.

Яке аз шахсоне, ки мехост ба писараш Даврон дар дарстайёркунӣ ёрӣ расонад, Исматулло-ака аст, ки ба шабакаи интернет пайваст шуд. Аммо ду моҳ аз байн нагузашта, алоқаи интернетро қатъ гардонид. Вай рўзе аз кор барвақт омада, ба сари мизи компютер нишаста ба интернет медарояд. Ва ба якчанд сайте, ки писараш даромада буд, мароқ зоҳир намуд. Аммо аз даромадан ба он сайтҳо пушаймон шуд. “Ин худаш чӣ гап” гўён ба хашм омада, фаҳмид, ки чӣ қадар сайтҳои фаҳшу бадахлоқона бисёр будааст. Бо мақсади он ки расмҳои фаҳшу бешармона ақли писарашро беҷо гардонда, ба рўҳи маънавии ў зарар нарасонад, пагоҳаш алоқаи интернетро бурид. Даврон бошад то ҳол фикр мекунад, ки қатъи интернет бо сабабҳои молиявист.

Сафи кўдаконе, ки интернетро истифода мебаранд, торафт зиёд гашта истодааст. Айни ҳол мактаббачагони синфҳои ибтидоӣ низ дастрасӣ ба интернетро пайдо намудаанд, ки паёмадҳои нохуш дорад. Дар аксари оилаҳо манбаи мушкилиҳо маҳз интернет аст. Ва кўдакро дар танҳоӣ бо дунёи интернет мондан таъсири манфии худро ҳатман мерасонад. Онҳо метавонанд ба ҳар гуна сайтҳои пур аз фаҳш ба осонӣ дароянд, ки ин ба рўҳияи маънавии онҳо осеб ва зарарҳои зиёд дорад.

Бемории дигаре, ки аз интернет ба мо сироят мегардад, ин “чат”, яъне ки сўҳбат дар олами интернет аст. Ва инро як амали хеле муфид нишон дода, ҷавонони нав ба балоғат расидаро аз ҷиҳати ҷинсӣ таҳрик мекунанд. Ҷавондухтарон бошанд шабҳоро дар паси компютер бо чаткунӣ саҳар мегардонанд.
Ҳангоми ҷустуҷўи ҷавоб ба ҳар гуна супоришҳо ва вазифаҳои хонагӣ ғайриихтиёр кўдакро ба кушодани саҳифаи дигари ҳар гуна фисқу фасод водор мекунанд.

Дар интернет диққати ҷавонон бештар бо қимор, фаҳш (порно), спам (spam), ба воситаи почтаи электронӣ (e-mail) равона карда мешавад ва ё ба воситаи троян (trojan) ба худ ҷалб мекунанд.

Мувофиқи маълумоти Асотсиатсияи Байналмилалии Таҳқиқоти Криминалӣ (ICAA) маълум гашт, ки 27% кўдакон бе назорати калонсолон дар сайтҳои интернет ворид мешаванд.

Хадамоти вазорати корҳои дохилии бархе аз давлатҳо аз сабаби он, ки бозиҳои интернетӣ кўдакон ва ҷавононро ба зўроварӣ ва дағалӣ водор мекунанд, 19 бозии компутерии зеринро дар интернет-кафеҳо манъ кардаанд:

COUNTER STRIKE
GTA VICE CITY
BATTLEFIELD VIETNAM
HALF LIFE
GTA SAN ANDREAS
DELTA FORCE
SWAT
CALL OF DUTY
KNIGHTONLINE
THE PUNISHER
LOUNCHER
HITMAN
COUNTER
HELL FORCES
HALO
LINE OF SIGHT VIETNAM
PARIAH
SERIOUS SAM
RETURN TO CASTLE WOLFENSTEIN

Агар шахс бе ягон сабаби зарурӣ, дигар корҳои муҳимро як тараф гузошта, соатҳои дароз дар шабакаи интернет машғул бошад, бо ақли солим нишаста, дар бораи худ дар ин хусус андеша кунад.

Шахсоне, ки дар боло зикр кардем, ҳамеша дар андешаи интернет ва ё бозиҳои компётерӣ ҳастанд ва барои аз проблемаҳои ҳаёт халос шудан худашонро ба ин бозиҳо андармон мекунанд. Ва барои ин маблағи зиёде сарф мекунанд. Шабу рӯзашон ба якдигар омехта шуда, проблемаи хоб ба миён меояд. Бо сабаби камхобӣ дар саломатии онҳо нуқсонҳо пайдо мешавад. Ба фикрпарешонӣ оварда мерасонад. Дилбастагӣ ба интернет, ба дилбастагии қимор монандиҳои зиёде дорад ва танҳо фарқи муҳимаш он аст, ки дарҳол молро аз даст намедиҳад (дар қимор даррав пул бой медиҳанд, дар интернет бошад оҳиста – оҳиста ҳам маблағ харҷ мекунанду ҳам саломатиашонро аз даст медиҳанд).Боз як ҳақиқати дигар он аст, ки дар олами Интернет қиморбозӣ ва аз даст додани молу маблағ низ вуҷуд дорад.

Боз як ҳақиқати дигар он аст, ки дар олами Интернет қиморбозӣ ва аз даст додани молу маблағ низ вуҷуд дорад.

Якчанд маслиҳат ба волидайн дар хусуси бехатар истифода бурдани компютер, бозиҳои компютерӣ ва интернет:

1 ) Волидайн ба ҷои истифодаи компютерро манъ кардану танбеҳ додани кўдакон бояд ҳолати равонии онҳоро ба инобат гирифта, оромона ва бо суханони хуш зарари аз меъёр зиёд истифода бурдани компютер ва интернетро ба онҳо фаҳмонанд.

2 ) Бо мақсади тайёр кардани дарс ё дигар корҳои зарур, истифодаи интернетро маҳдуд гардонидан хубтар аст. Бисёр зарур бошад, соатҳои муайяни рўз дар таҳти назорат аз интернет истифода бурдани фарзандон беҳтар аст.

3 ) Дар ҳолати беиҷозат истифода бурдани интернет баъзе тадбирҳо андешида шавад.

4 ) Касоне, ки ба шабакаи интернет пайваст мешаванд, бояд худро аз вирус ва спамҳо муҳофизат кунанд. Ба компютери худ ҳатман программаҳои антивирусӣ (anti-virus) ва девори амниятӣ (firewall) дохил кунанд. Зеро як вирус таъминоти программаи компютерро ва як спам метавонад, ақлу ҳуши кўдакро парешон ва зеҳни онҳоро хароб созад.

5 ) Компютерро аз ҳуҷраи кўдакон бароварда, ба ҳуҷрае, ки дар истифодаи умум аст, гузоред. Ин метавонад садди роҳи истифодаи ноҷои он шавад.

6 ) Барои назорати кўдак, падару модарон низ бояд истифодаи компютерро донанд.

7 ) Бо кўдаконатон дар хусуси спамҳои фаҳш (pornographic spams), е-майлҳои ноҷой ва дигар ҳолатҳои зараровари интернет кушоду равшан сўҳбат кунед.

8 ) Аз одатҳои ҳамеша дар хати интернет будан ва ба воситаи он мусиқӣ, филм ва бозиҳои компютерӣ фаровардан (download), ба воситаи интернет бо шахсони ношинос сўҳбат ва бозӣ кардани кўдаконатон хабардор бошед.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 1, соли 2007
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
аслидин Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
аслидин
Меҳмон
аслидин

рахмати калон ба шумо барои тавсияхоятон.ташшакури зиёд