Ҷаннат зери қудуми модарон аст!

Модар дар ҳаёти кас ҳама чиз аст: тасалло дар маълумию имдод-гарӣ, дар бадбахтӣ, қувва дар заифӣ, нур дар дили сиёҳӣ шаб. Хуло-са, вай чашмаи шафқат, саховат, муқаддимаи ҳаловату осоиш аст.

Модар! Калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Калимаест, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте, ки мо ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем – ҷаҳони меҳру шавқат, самимият, ҷаҳоне, ки дар он суру-ди «Алла» танинандоз аст. Дар дуньё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.

Модар! Бароям хуршеди анвару моҳу ахтарӣ, бароям бахту иқболи ва ёвару раҳбар низ ва ниҳоят, бароям чашмаи ҳаётӣ. Оре, ҳамаи ин зебоиву меҳрубониҳоят бароям сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт аст. Аё модар бо ин ҳама бузургӣ ман агар ман ризояти туро нагирам вориди ҷаннат мегашта бошам.

Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубононаи модарро мебинаду рўҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар, сарбаландии модар бошад. Шоире беҳуда нагуфтааст:

Ҳамефахрад ҷаҳон бо номи модар,

Тамоми одамон бо номи модар.

Ба хуни дил, ки моро парваридаст,

Дар охир пухта гардад хоми модар.

Оре, модар ҳаст, ки туфайли ў дуньё ободу зебо аст. Ҷаҳон бояд бо модари ғамхору солору мо, бо суруди «Ал-ла»-и ў ки саршор аз меҳру муҳаббат аст, фахр кунад ва ҳамагон ўро, ки гули хушкнашавандаи ҳаёт аст, ҳурмату эҳтиром кунанд.

Дареғо, ки мо баъзан вақт ҳурмату эҳтироми модарро ба ҷо намеорем, нисбаташ беҳурматӣ мекунем. Дареғо, ки дар ҳаққи ў суханҳои қабеҳ мегўем. Дареғо, ки қарзи фарзандиамонро ба ҷо намеорем.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, лаҳзае, ки маро сахт мутаасир карда буд. Ду бача байни худ хархаша доштанд, яке мо-дари дигареро бо алфози қабеҳ ҳақорат мекард. Дуюмӣ низ бо чунин суханҳо ҷавоб мегардонид. Ман бениҳоят мута-асир шудам ва ба онҳо гуфтам:

– Эй бачаҳо, магар ранҷу заҳматҳои модарро намедонед? Охир модар, ки моро бо ноз мепарвараду роҳ рафта-ну сухан гуфтан меомўзонад дар хаққи ў ҳақорат кардан гуноҳест азим ва набахшиданӣ. Вале онҳо ба ин эътиборе намедоданд.

– Эй азизон! Афсўс, ки хато кардед. Чӣ ҳоҷат аст алфози қабеҳ нисбат ба модар, ки моро ба дуньё меораду ба зиндагӣ раҳнамун месозад, меарзад сухане, ки мегўйӣ?. Албатта, на! Чуноне, ки Балзак мегўяд: «Монанди мо-дар касе роздон нест. Модару кўдакро риштаҳои пурасрор мепайванданд, ки туфайли он ҳар як ларзаи дили кўдак дар дили ў ҳарфе бештар меомўзад ва ҳар як пайкари кўдак ҳамчун ҳодисаи сурурбахши ҳаёташ эҳсос мешавад».

Мо бояд модари худро ҳурмату эҳтиром кунем ва ҳар панду андарзи ўро, ки болотару волотар аз симу зар аст, бигирем:

Ҳар кӣ бошад соҳиби ақлу тамиз,

Модарашро доимо дорад азиз.

Модар барои мо ҳама чиз аст, ҳам нури басар, ҳам ҷону ҷигар, ҳам маънии рўзгор, ҳам равнақу барор, ҳам субҳи замон, ҳам ҳусни чаман ва тоҷи сар.

Хайру саховати замин аз саховати модарон, назокати дуньё аз назокати модарон аст. Барои ин барои ҳифзу ҳимояи модар тану ҷонро метавон фидо кард ва сари таъзим фуруд овард ва гуфт:

Модар бо қадамҳои ту сар мемонам,

Ҳар ҳарфи туро дуру гуҳар медонам.

Дар роҳи ҳаёт мушкиле пеш ояд,

Ман панди туро мушкилкушо медонам.

57+

2
Назари худро бинависед

Добавить комментарий

  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
shorukh )))
Меҳмон

рахмат барои инхо

22+
Юсуфхон
Меҳмон

Раҳмат барои заҳматҳоятон

1+