Кӯдак

Чӣ тавре ки барои калон шуда ҳосили хуб додани як дарахт тухми он аҳамият дорад, барои давомёбии насли инсон кўдак ҳамон қадар аҳамият дорад. Миллатҳое, ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ аҳамияти зарурӣ намедиҳанд, ба ақибмонӣ маҳкуманд.

Дар ҳар 25-30 сол қисми аз ҳама фаъол ва муҳими насли як миллатро кўдакон ташкил мекунанд. Кўдакони имрўзаро хурду ночиз шуморидан, яке аз ҷиҳатҳои муҳимро дар ҳаёти миллат ба инобат нагирифтан аст.

Ҳар миллате, ки ғами ояндаи худро хўрданӣ бошад, бояд вақт ва нерўи худро ба таълиму тарбияи кўдакон сарф намояд, то ки фардо онҳо инсонҳои бузург шаванд. Аксарияти маблағҳое, ки ба дигар соҳаҳо сарф мешаванд, дар бисёр мавридҳо барбод мераванд, аммо он чизе, ки ба тарбияи дурусти шахсиятҳои арзанда сарф шудааст, бо гузашти айём ба манбаи хушкнашавандаи даромад табдил меёбад.

Ҳамаи онҳое, ки имрўзҳо бо айёшу ишрат, нашъамандӣ, майзадагӣ рўз мебаранд ва анархисту нокас, хулоса доғҳои сиёҳи чеҳраи миллат ҳастанд, инҳо кўдакони дирўзае мебошанд, ки ба тарбияи онҳо диққати зарурӣ дода нашуда буд. Оё мо медонем, ки фардо аз сабаби саҳву хатоҳои имрўзаамон чӣ хел насл кўчаҳоро пур мекунад?

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 1, соли 2007
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *