Компютер, барнома, барномасозӣ

Дар замони мо ҳар як толибилм шунидааст, дидааст ва метавонад, ки ба Шумо чӣ будани компютерро фаҳмонад. Мо каму беш бошад, ҳам бояд муайян намудани якчанд мафҳумро, ки байни худ, пайвандии қавӣ доранд, фаҳмонида диҳем.

Аз компютер оғоз менамоем.

Компютер – ин таҷҳизотест, ки барои куллан тағйир додани иттилоот мебошад, ки аз ҷониби касе пешакӣ нисбати пайдарпаии омилҳо таълиф шудааст.
Компютери фардӣ – ин компютерест, ки метавонад дар истифодабарии шахсӣ қарор дошта бошад (чӣ тавре дар хона, ҳамоно дар коргоҳ).

Оё ба Шумо ҳамааш фаҳмост? Шояд на он қадар, чунки барои муайянкунии компютер мо истилоҳҳоеро истифода бурдем, ки онҳо худ баҳри фаҳмонидан ниёз доранд (иттилоот, пайдарпаии омилҳо).

Иттилоот – ин ахборест, ки таълиф меёбад ва ҳамчун сигналҳо ва рамзҳо (символҳо) нигоҳ дошта мешавад.

Акнун рӯ ба дигар истилоҳе меорем, ки баҳри муайянкунии компютер истифода мешавад – пайдарпаии омилҳо.

Пайдарпаии омилҳо – ин пайдарпаии ба тартиб даровардашудаи фармонҳо (ё дастурамалҳо), ки ҳар яки он бо худ амали на он қадар мураккабро пешкаш менамояд – масалан, ҷамъкунии ду адад, баробаркунии ду адад ва ғайра.

Пайдарпаии омилҳо, ки онро компютер иҷро мекунад, барои ба даст овардани мақсади муайян пешбинӣ шудааст ва одатан онро барнома меноманд.

Мафҳуми дигар низ ҳаст, бо маънии барнома барои компютер. Ин худ амали компютерӣ нест, балки танҳо шарҳи ин амал, нақшаи он аст. Маҳз чунин мафҳум, истилоҳи барнома – ро дар оянда мо ба назар мегирем.

Аксарият намефаҳманд, ки компютер бе барномаҳои дар дохилаш боркардашуда, ҳеҷ кор карда наметавонад. Компютер бе барнома ба автомобиле, ки як қатра ҳам сӯзишворӣ надорад шабоҳат дорад. Бо чунин автомобил дур наметавон рафт. Муқоисаи дигар: компютер бе барнома ба магнитофоне, ки кассета надорад, монанд аст.

Барномаҳои ба компютер воридшуда, дониши онро ташкил медиҳанд, бидуни онҳо он ҳеҷ аст. Шарҳи дониши компютер – нақшаҳо, ки бо онҳо он кор мекунад, – бояд ба забони муайян пешкаш шавад, ки онро забони барномасозӣ меноманд.

Дар ҳама замонҳо забон ҳамчун воситаи гуфтугӯи байни одамон маҳсуб меёфт. Дар замони мо зарурияти муҳайёкунии воситаи гуфтугӯи байни инсон ва компютер ба роҳ монда шудааст. (То ҳатто байни компютерҳо, бе иштироки инсоният!)

Забони барномасозӣ лоиқи чунин воситаи гуфтугӯист.

Акнун фаҳмишаш хело ҳам содда шуд, барномасозӣ чист ва барномасоз кист.

Барномасозӣ – ин таълифи барномаҳо дар забони барномасозист, воридкунии ин барнома дар компютер ва инчунин ғалатгирии он ба ҳисоб меравад.
Барномасоз – ин инсонест, ки бо барномасозӣ машғул аст.

Барномасозӣ – мафҳуми бисёр васеъ ва гуногунҷабҳаро дар бар мегирад. Ҳар хел одамон, муттасил онро маънидод мекунанд ва ба ин истилоҳ фикру ақидаҳои худро зам мекунанд. Масалан, барномасозӣ муттасил, ҳамчун табақаи махсуси фаъолияти инсонӣ, касаба шинохта мешавад. Ба монанди ин касбҳо: сохтмончӣ, духтур, муаллим, ронанда.

Шумо метавонед, бипурсед: Кадом кори воқеии ба манфиати ҷамъият бударо барномасозӣ метавонад ба миён орад? Ва инак метавон одамонро бовар кунонд, ки манфиат аз барномасозӣ метавонад басо ҳам калон, на камтар аз меҳнати сохтмончӣ ё ин ки ронанда бошад. Мо кӯшиш менамоем, ки каме ҳам бошад, ба ин саволҳои Шумо равшанӣ андозем.

Давом дорад …

Маъмурият:    Дилшод Ҳамидов

0

20
Назари худро бинависед

avatar
11 Занҷираи тавзеҳ
9 Ҷавобҳо ба занҷира
1 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
13 Муаллифони тавзеҳҳо
OzodbakhtмухамадятимАлишерМуҳсинАзизҷон Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Akram
Меҳмон

давомаш дар кадом шумора аст?

Dexter
Меҳмон
Dexter

Ман мехостам фахмам ки Маъмурият кист? 1 одам, якчанд одам, дар хамин сайтро дар назар дорам…

Аминҷон Зокиров
Меҳмон

Шумо чи тавр сохтани чунин сайтҳои интернетии тоҷикиро ба мо пешниҳод мекунед?

orif
Меҳмон

чи хел ба хамин сомона худамро регистрация кунам?

юсуф
Меҳмон

видео урокхои html.css.java script. аз кучо ёфта метавонам………

Амиршоҳ
Меҳмон

Юсуф:
видео урокхои html.css.java script аз сайти tajfile.tj метавонӣ дастрас кунӣ

Азизҷон!
Меҳмон

Салом! Ман нақшаи сохтани як сомонаи хусусиро дорам! Аз шумо пурсидани ҳастам ки ин корро дар куҷо метавонам амали кунам ва барои ин кор чи қадар маблағ даркор аст!

Азизҷон
Меҳмон

Cалом! Нархаш аз 1500 сар мешавад! Масалан барои сохтани сомонаи мисли ҳамин сомона чи қадар маблағ даркор мешавад! Илова бар ин ман шуморо аз куҷо метавонам ёвам! Ман 5 сол шуд аз фанҳои таълими мавод ҷамъ кардам ва мехоҳам як сомонаи хусусии худро дошта бошам ва маводҳоро дар он ворид намоям!

Азизҷон
Меҳмон

1) Оё барои сохтани сомона аз ягон мақомоти давлатӣ иҷозат мегирем ё не?
2) Агар сомона ба кори худ шуруъ кунад дар мақомоти андоз аз қайд мегузарем ё не?
3) Агар дар мақомоти андоз аз қайд гузарем ҳар сол чи қадар маблағ месупорем?

Муҳсин
Меҳмон
Муҳсин

Салом
ман метавонам аз ин сомонаи китобхои барнома сози бо забони тоҷики гирам?

мухамадятим
Меҳмон
мухамадятим

салом ба хаматон илтимос хамин мавзухора агар дошта бошен ба ман дар почитаи ман партоен.
1.барномахои ёрирасон 21 соат даркор
2.офиси электрони
3.асосхои омузиши интернет
4.забонхои барномасози
5.графикаи кампютери
6.шабакаи компютери
7.техналогияи интернет
дар ин почита партоен; nuralizoda.muhamadyatim@mail.ru

Ozodbakht
Меҳмон
Ozodbakht

Салом. Маъмурият ба Шумо барои таҳияи чунин сомона ташаккур мегуям. Зеро ки дар ҳоли ҳозир ҳар як шахс барои ба даст овардани манфиате кор мекунад аммо Шумо бисёр маълумотҳои лозимаро дасрас мегардонед. Офарин. Ман ки худ даст ба кори сомона ҳастам медонам, ки тарҷума кардани як мавод бо забони худамом мушкилтар аз онест ки худ як-як нависи. Шахсан ман низ, баъзан вақт аз маводҳои Шумо истифода мебарам. Агар сафи чунин сомонаҳои Тоҷикиро зиёд кунем ва миқдори маълумоти иттилоотиро бештар кунем шояд ҳам аҷру савоб, ҳам ба насли оянда кумаки калон расонем, зеро на ҳама минтақаҳо забонҳои дигарро медонанд.