Кори бонизом комёбӣ оварад

Баъзе тавсияҳо ба роҳбарон, омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони мақомоти идории маориф

Мақомоти идории маориф ва муассисаҳои таълимии ҳамаи шаклу намудҳо фаъолияти мақомот ва муассисаро барои 5 сол (бо номи «Барномаи рушди… барои як сол ва 3-моҳаи…») ба нақша мегиранд. Муассисаҳои таълимӣ ба нақшаи солона сиклограмма: шўрои педагогӣ, маҷлиси назди роҳбари аввал, тайёрӣ ба соли нави таҳсил ва зимистонгузаронӣ, фароғат ва солимгардонии хонандагон дар тобистонро тартиб дода, ба он замима менамоянд. Илова ба он, дар зарурат оид ба ин ё он масъала нақшаи тадбирҳои алоҳидаро тартиб дода метавонанд. Роҳбарони синфҳо нақшаи корҳои тарбиявӣ, омўзгорон асосан нақшаи тақвимӣ ва нақша-конспекти худро тартиб медиҳанд. Онҳо бояд нақшаи инфиродӣ дошта бошанд. Шаклу намуди нақшаро худашон интихоб мекунанд.

Маълум аст, ки дар роҳи сабзиши касбӣ роҳбарон ва омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимӣ-методӣ ва мақомоти маҳаллии идораи маориф ба монеаҳои зиёд дучор мешаванд. Аввалан, роҳбарон ва омўзгороне ҳастанд, ки аз вазъияти муосир ва навигариҳо метарсанд. Ба ин, пеш аз ҳама, набудани шароит ва имконият сабаб мегардад. Дар ҳалли масъалаҳо ба таваккал роҳ медиҳанд. Баъзеҳо кўшиш мекунанд, ки аз ихтилоф гурезанд ва ба шахсияташон касе эрод нагирад. Ин тарс аз нозукӣ ва сустии онҳост. Баъзан оила, ҳамкорон ва дўстон ба шарту тавсияҳои шахсӣ, ки ин аз интизории атрофиён манша мегирад, маҳдуд мешаванд. Баъзеҳо ба қувваи худ бовар надоранд, ки ин нобоварӣ ба рушду сабзиши онҳо халал мерасонад.

Барои гузаштан аз ин ва дигар монеаҳо тартиб додани нақшаи инфиродии ҳадафнок муҳим аст. Нақша бояд аниқ тартиб дода шавад ва чунин қоидаҳоро дар ин маврид риоя бояд кард: аввал дар назди худ мақсади амиқу равшан гузоред. Муайян кунед, ки аз рўи кадом нишонаҳо ба пешравию муваффақиятҳо ноил шудан мумкин аст, кам ҳам бошад, ба дастовардҳо қаноат бояд кард. Дар назар дошта бошед, ки инкишофи худро дар навбати аввал худатон идора мекунед. Сабзиши касбии шумо мумкин аст, нороҳатии атрофиёнро ба амал оварад. Бо ин бояд муросо кард. Кўшиш кунед, ки имконияти мавҷуда аз даст наравад. Ҳама вақт омодагӣ бигиред ва онро аз дигарон ҳам омўзед. Аз бебарориҳо ва хатоиҳо сабақ гиред. Фаъолияти ташкилот ё муассисаатонро таҳқиқу таҳлил кунед; дар баҳсу мунозираҳои озод иштирок кунед. Хулоса ва нуқтаи назари худро дошта бошед. Коре кунед, ки ба ташкилотатон (муассисаатон) манфиат расад. Дар нақша мўҳлати реалӣ ва амиқ гузоред. Коре кунед, ки сухани шумо аз коратон фарқ накунад.

Барои ба нақша гирифтани вақти худ чунин қоидаҳоро бояд ба ҳисоб гирифт ва риоя кард: нақшаро фақат барои як қисмати вақти корӣ тартиб диҳед. 60 фоизи вақти кори шумо бояд ба ҳалли масъалаҳои дар нақшабуда сарф гардад. 40 фоизи боқимондаро ба ҳалли масъалаҳои номаълум ва номуайян (аз тарафи мақомоте ё аз рўи зарурат пайдо шудаанд) сарф кунед. Дар ин амал мушкилиҳоро ба ҳисоб гиред. Бояд шакл ва намудҳои фаъолият, сарфи вақт ва монеаҳоро ҳам ба ҳисоб гирифт. Нақшаи амалиётро тартиб диҳед. Тадбирҳои дар нақша пешбинишударо ба давраҳо -дарозмуддат, миёнамуддат, кўтоҳмуддат ҷудо кунед. Тадбирҳоро аниқ ба нақша гиред ва ҳаҷми вазифаҳоро ба назар гиред, чунон кунед, ки аз ўҳдаи ҳалли онҳо баромада тавонед. Бо назардошти имконият вақти аздастрафтаро барқарор кунед. Нақшаи муваққатии худро дар шакли хаттӣ тартиб диҳед, ки таснифи корҳоро пурра дар бар гирад ва амалиёти сафарбаркуниро нишон дода тавонад. Дар нақша мақсад ва натиҷаро чунон дарҷ кунед, ки ба фаъолнокӣ ва дастовардҳои мақсад равона шуда бошад.

Меъёрҳои муваққатиро муайян кунед. Барои иҷрои ҳар як супориш ҳамон қадар вақт ҷудо кунед, ки муносиби талаби он бошад. Мўҳлати амиқи иҷрои тадбирҳои нақшаро барои тамоми фаъолият дар алоҳидагӣ муайян кунед. Дар навбати аввал, афзалияти масъалаҳоро муайян намоед. Аниқ кунед, ки ба кадом вазифа (супориш) афзалият дода шавад ё дода шудааст. Кўшиш кунед, ки дар банақшагирӣ ва ҳалли масъалаҳо ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Баъзан супоришҳо фаврӣ мешаванд. Барои иҷрои онҳо вақти зиёд сарф мегардад, ки инро ҳам бояд ба ҳисоб гирифт. Дар ҳалли баъзе масъалаҳо вакил ё ваколатдор лозим мешавад. Дар нақша равшан нависед, ки кадом масъалаҳоро худатон иҷро мекунед ва кадомашро ба ваколатдоратон ё дигарон месупоред. Барои он ки шаҳрвандонро қабул кунед ва гуфтугўи телефониро таъмин намоед, вақти муайянро захира кунед. Нақшаи худро мунтазам дида, вақти холии худро ба нақша гиред ва аз он самаранок истифода баред. Барои сафарҳо, вохўриҳо ва интизориҳо, коркарди мавод, омода кардани дархосту мулоҳизаҳо, қабули шаҳрвандон, фароғату соатҳои ғайрикорӣ, корҳои нақшавӣ, омодагӣ гирифтан ба корҳои эҷодӣ, худомўзӣ ва такмили ихтисос вақт ҷудо кунед, хондани ҳисоботи омории давлатӣ, нақшаҳои семоҳа, нимсола ва солона, омўхтани вазъи кори сохторҳои тобеъ вақт ҷудо кунед ва онро ба нақша гиред. Ба фаъолияти камфоида ва бефоида вақт сарф накунед. Бештар ба масъалаҳои муҳиму зарурӣ эътибор диҳед. ҳангоми банақшагирӣ ба масъалаҳои алтернативӣ ҳам аҳамият диҳед. Аз рўи шиори «Ҳама вақт роҳи дигари хубтаре мавҷуд аст» амал намоед. Дар фаъолияти худ рангорангӣ дароред. Иҷрои масъалаҳои ҳаллашон дарозмуддату кўтоҳмўҳлатро ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам бо ҳамкорон, навбат ба навбат дида бароед. Нақшаи фаъолияти фардии худро бо нақшаҳои дигарон мувофиқ созед ва ғ.

Масъалаҳоеро, ки барои як рўз ба нақша мегиред, иҷро кунед. Ҳар рўзи корӣ (дар аввал) то 15 дақиқаи вақтатонро ба сарҷамъ кардани фикру андеша ва мулоҳизаҳоятон сарф кунед. Корро навбат ба навбат, пайдарпай иҷро намоед. Аввал, беҳтараш, масъалаҳои мушкил ва супоришҳои вазнинро ҳал кунед, чунки онҳо одатан ядрои (мағзи) асосии рўзи кориро ташкил мекунанд. Корро аз омўзиши мукотибот сар накунед, чунки шояд масъалаҳои ками таълимиро дар худ дошта бошанд. Дар навбати аввал корҳоеро иҷро кунед, ки аз рўзи гузашта ба имрўз боқӣ мондаанд. Мақсад ин аст, ки корҳо ҷамъ нагарданд. Кори иҷрошударо аз нақша гиред. Яъне, аз болояш хат кашед. Бо назардошти имконият дар нимаи якуми рўз як соат барои корҳои ба ном «дарҳои пўшида» вақт сарф карда метавонед. Дар фаъолиятатон ҷойҳои сустро пайдо карда тадбир ҷўед. Дар ин равия ба муаллимонатон ёрӣ расонед…

Давлатҳои муштаракулманофеъ, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, низоми таҳсилоти умумии муосирро тақвият дода, мақомоти идории маориф ва сохторҳои тобеи онҳоро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурӣ таъмин менамоянд.

Ин амал сабзиши касбии роҳбарон ва муаллимонро тақвият медиҳад. Он санадҳо аз инҳо иборатанд: низомномаи фаъолияти (дар мо Шўрои ҷамъбастӣ) шўрои мактаб; низомномаи пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимии умумӣ; низомномаи мактаби таҳсилоти умумӣ; низомномаи фонди ҳавасмандгардонии кормандони мактаб; низомномаи шаклҳои гирифтани маълумот дар мактаб; низомномаи шўрои педагогӣ, низомномаи дохилиидории мактаб; низомномаи шўрои методӣ; низомномаи иттиҳодияи методӣ; вазифаҳои хизматии муаллимон, қарордодҳо ва ғайра.

Ман бисёр мехостам, ки роҳбарони мақомоти маҳаллии идории маориф ва муассисаҳои таълимӣ ҳам чунин фаъолият намоянд…

Ҳабиб ИСКАНДАРОВ, корманди ДҶТИБКМ, барандаи Ҷоизаи Президенти ҶТ дар соҳаи маориф
«Омӯзгор»

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *