Мактаби технологияи иттилоотӣ

Мактаби технологияи иттилоотӣ

Мактаби информатсионӣ ва технологияи телекоммуникатсионӣ 5 сентябри соли 2000 бо пуштибонии сарпарастии Фонди кўдаконаи «Ошёни баланд» — и ба номи Мирзо Турсунзода ва ҶДММ «Вавилон-Т» таъсис дода шудааст. Мактаби мазкур таҳсилоти кўдакони қобилиятноки синни мактабии то 16 соларо дар бахшҳои зерин қабул менамояд:

Тайёрии базавии компютерӣ (Windows 2000/XP, Ms-Office)
Барномасозӣ ба забонӣ Visual Basic
Web-дизайн
Радиоэлектроника

Таҳсили мактаббачагон ройгон гузаронида мешавад.

Сифати баланди дарсдиҳӣ: Устодони мактаб муттахассисон баланддараҷа буда, дар бахши технологияи иттилоотӣ таҷрибаи бой доранд.

Таъминоти техникии мактаб: Феълан мактаби мазкур аз 4 синфхонаи компютерӣ иборат буда, ҳар яки он дорои 15 компютер мебошад. Муҷаҳҳазгардонии синфи радиоэлектронӣ ба ихтиёри Фонди кўдакон гузошта шудааст.

Шартҳои таҳсил: Мактаб ҳар сол дар асоси озмун кўдакони синни мактабии дорои дониш ва навовариҳои вобаста ба таҳсили ояндаро қабул менамояд.

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе. E-mail: info@cit.tj, URL: www.cit.tj

0