Марди ҳамеша хурсанд

Буд, набуд, як подшоҳу як вазир буд. Як рӯз подшоҳ ба вазир гуфт:

—      Хеле вақт аст, ки аз дарбор берун нашудаем, биё, сайри саҳро кунему ғубор аз диламон барорем.

Вазир гуфт:

—      Гапи маъқул мегӯед, подшоҳам, сайру гашт кунему бинем, ки дар мамлакат чӣ гапҳо ҳаст, кӣ чӣ хел зиндагӣ мекунад.

Подшоҳу вазир ба ду асп савор шуданду аз шаҳр берун рафта, сӯи саҳро асп ронданд. Рафтанд, рафтанд дар сари як замин марди ҷуфтронеро диданд. Ҷуфтрон ҳар бор ки ба канори замин мерасид, ҷуфтро нигоҳ медошту рақсу бозӣ карда, баъд говҳоро ақиб мегардонд ва боз бо шавқу шодӣ ҷуфт меронд.

Подшоҳ аспашро нигоҳ дошта, кору рафтори ҷуфтронро тамошо карду ба вазир гуфт:

—         Ин рақсу бозӣ аломати чист?

Вазир гуфт:

—         Ин деҳқон аз рӯзгораш шод аст.

Подшоҳ хост ба хонаи деҳқон рафта бубинад, ки ӯ чӣ рӯзгоре дорад. Вазир пеши ҷуфтрон рафта гуфт:

—      Подшоҳи мамлакат мегӯяд, ки ба хонаи ҳамин бародарамон рафта, як пиёла чой нӯшем.

Деҳқон ин гапро шунида гуфт:

—      Хӯш, бо ҷону дил, подшоҳи мамлакат қадам ранҷа карда, ба хонаи мо раванд, сарамон ба осмон мерасад.

Деҳқон говҳоро сар доду ҳар се ба ҳавлии ӯ рафтанд. Зани деҳқон рӯи қаторсурфаҳои канори сарҳавз қолину кӯрпача партофт, дастурхон кушод, таомҳои лазиз пухта баровард. Се кас дар сари дастурхони пур аз нозу неъмат хеле сӯҳбат карданд.

Баъд подшоҳ аз деҳқон пурсид:

—       Мебинам, ки ту як деҳқонӣ, як порча замин дорию аз он ҳосил гирифта, рӯз мегузаронӣ. Бигӯ, ки ин ҳама ҷоҳу ҷалолу неъмат аз ҳамон ҳосил аст?

—       Нисфаш аз ҳосили замин, яъне ҳосили ранҷи мо, — гуфт деҳқон, — нисфаш ҳосили ранҷи зани мост. Мо дар саҳро кишту кор дорем, алаф медаравему зан ин ҷо гӯсфандҳои моро нигоҳубин мекунад, мо якҷоя ранҷ мекашему ганҷ мегирем. Мардум бе сабаб ранҷу ганҷ ё харакату баракат нагуфтаанд.

—        Яъне ту аз занат хурсандӣ?

—         Ман аз занам хурсандам, занам аз ман, — ҷавоб дод мард.

Подшоҳ гуфт:

—        Ман аз ту ҳамин занро металабам, дар ивазаш се зани нозанини худро ба ту медиҳам.

Деҳқон гуфт:

—         Ман аз худаш пурсам, агар розӣ шавад, марҳамат зан азони шумо.

Зани деҳқон ин гапро шунида гуфт:

—        Вай подшоҳи мамлакат бошад, ман розӣ нашаваму ту маро надиҳӣ, ба ту қасддор мешаваду ягон рӯз фалокате ба сарат меоварад.

—        Дуруст мегӯӣ зан! — гуфт деҳқон ва занашро бароварда, ба аспи подшоҳ савор карду вақти хайрухуш аз подшоҳ пурсид:

—         Подшоҳам, чӣ Шуморо маҷбур кард, ки се занро ба як иваз кунед?

Подшоҳ гуфт:

—         Феълу атвори он се.

Подшоҳ ба боргоҳаш омаду он серо бо пулу моли зиёде ба хонаи деҳқон фиристод. Деҳқон занҳои подшоҳро пеши худ шинонда, аввал аз зани калонии подшоҳ пурсид:

—         Кадом хислату одати Шумо ба подшоҳ маъқул набуд?

—         Ман беандозаю бебаркаш ба ҳар кас ҳар чиз додан мегирифтам.

Деҳқон ба зани дуюм рӯй оварда, ҳамон саволро дод. Зан гуфт:

—        Маро подшоҳ сахт нағз медиду эрка карда буд, ман дар сари ноз гапи ӯро мегардонидаму хостагиашро намекардам.

Навбати зани хурдӣ расид. Зан гуфт:

—        Пеш аз он, ки подшоҳ маро гирад, ман ҷавонеро дӯст медоштам, ки ошиқи зорам буд. Ман аз он ҷавон дил канда натавониста, дар ғами ҷудоӣ месӯхтаму менолидам, ин ба подшоҳ маъқул нашуд.

Деҳқон гуфт:

—        Тарки одат — амри маҳол. Ман ба шумоён намегӯям, ки тарки одат кунед. Лекин ҳар кадоматон бояд бидонед, ки дар даргоҳи подшоҳ шуморо мехӯронданд, мепӯшонданд, ба шумо хизмат мекарданду, шумо заҳмат накашида роҳат медидед, роҳати шумо аз ҳисоби ранҷи дигарон буд. Ин ҷо дарбор не, ин ҷо хонаи касест, ки як бурда нонашро меҳнат карда меёбад. Ман дар саҳро заҳмат мекашам, зани ман дар хона. Ҳар коре, ки зани ман дар ӯҳда дошт, ҳамон корро мекунед.

—        Шумо, — гуфт деҳқон ба зани калонӣ, — ҳар чӣ, ки аз рӯзгори мо зиёдатӣ кунад, ба ҳар кас ҳар чӣ хоҳед, диҳед. Шумо, — гуфт деҳқон ба зани миёна, — аввал ғами таъмини рӯзгори моро хӯред, сипас чӣ қадар хоҳед, ноз кунед, гап гардонед, — баъд деҳқон ба зани хурдӣ рӯ оварда гуфт: — Мо барои шумо дар канори ҳавлӣ як хонаи дудара месозем, як дар аз тарафи кӯча. Ошиқатон хар гаҳ хоҳад, аз дари кӯча, яъне аз қафо биёяду аз ҳамон дар равад, мо ӯро набояд бинем.

Занҳо байни худ дурудароз гуфтугӯ карданду гуфтанд:

—        Оре, ин ҷо дарбори подшоҳ не, ки моро хӯронанду пӯшонанду ба мо хизмат кунанд. Мо ғайр аз даст ба кор задан илоҷи дигар надорем.

Занҳо, ки дар даргоҳи подшоҳ аз бекорӣ зиқ шуда, ҳар хел нағмаҳо бароварда, худро андармон мекарданд, овораи кору рӯзгор шуданду нағмаю ҳавою ҳаваси худро оҳиста-оҳиста аз ёд бароварданд.

Аз байн расо як сол гузашт. Рӯзе подшоҳ ба вазир гуфт:

—         Он деҳқони сезана чӣ ҳол дошта бошад?

—         Равем, бубинем, — таклиф кард вазир.

Аспҳоро зин заданд. Подшоҳу вазир ба сӯи саҳро асп ронда, деҳқонро дар паси ҷуфти гов диданд. Истода мушоҳида карданд: деҳқон ба сари говгард (марз) расида, ҷуфтро нигоҳ дошту чун соли гузашта рақсу бозӣ кард, баъд ҷуфтро пас гардонду дар миёни замин, пас аз он ба сари замин расида, боз рақсу бозӣ кард.

Подшоҳ гуфт:

 — Ин деҳқон он дафъа фақат як бор дар сари говгард рақсу бозӣ мекард, имрӯз се бор рақсиду бозид. Ин чи маъно дорад?

—         Маънои ин ҳамин, ки аз ҳар се зан розӣ аст, — гуфт дар ҷавоб вазир.

—         Ҳеҷ бовариам намеояд, — гуфт подшоҳ.

—         Рафта дидан даркор! — изҳор кард вазир.

Подшоҳу вазир ба хонаи деҳқон омада диданд, ки ҳавлию ҷои деҳқон аз пештара дида ободтару зеботар шудааст, занҳо андармони кори рӯзгор.

Подшоҳ ин ҳолро дида гуфт:

—         Гап дар сари занҳо набудааст. Вазир ин гапро тасдиқ кард: Оре, подшоҳам, гап дар сари худи деҳқон будааст.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *