Бадриддин Ҳилолӣ – шоири ғазалсаро

Бадриддин Ҳилолӣ аз нобиғагони назми классикии форсу тоқик маҳсуб ёфта, дар майдони суханварӣ ҳамчун подшоҳи кишвари ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Аз ин суханвари номӣ то имрӯз як девон ва се маснавӣ – “ Шоҳу Дарвеш”, “Сифотулолошиқин”, “ Лайлӣ ва Маҷнун” омада расидааст. Девони шоир фарогири 2700 байт буда, ки асоси онро ғазал ташкил медиҳад. Ғазал дар эҷодиёти шоир мақоми хоса пайдо кардааст, ки ин нуқтаро худи шоир дар байти зерин таъкид доштааст:

Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст,
Шукри беҳад, ки шеъри ман ғазал аст.

Мояи асосии ғазалиёти Ҳилолиро ишқу муҳаббат ороиш медиҳад. Савдои сари Ҳилолии ишқсаро савдои ишқ буд. Ишқи сурудаи ӯ ишқи ҳақиқӣ, ишқи инсонӣ буд. Барои шоире, ки шефтаи ишқу зебоӣ гардидааст, маъшуқа аз ҷон ҳам азизтар аст. Зеро ба қавли худи шоири ошиқпеша:

Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро,
Хоҳам аз ҷон хуштаре бошад, ки он гӯям туро.

Девони шоирро метавон дафтари ишқ номид. Шоир ишқи булҳавасона ва ноустуворро намеписандад. Дар роҳи ишқ содиқу вафодор буданро талқин намуда, бо сӯзу гудоз аз ишқи самимӣ сухан мегӯяд:

То умр бувад, дар ҳаваси рӯйи ту бошам,
Гар хок шавам хоки сари кӯи ту бошам.
Фардои қиёмат наравам ҷониби тӯйбӣ,
Дар сояи сарви қади дилҷӯйи ту бошам.

Маҳбубаи ба тасвир кашидаи шоир на ҳамеша ба ошиқ лутфу иноят тақдим медорад, вай бераҳму сангдил, ошиқкуш ва рақибпарвар аст. Вале ошиқи содиқ кай метавонад, ки ин ҳама ҷабру бефарқиро таҳаммул накунад. Қалби муҳаббатпарвари ӯ боз ҳам рӯи ниёз ба кӯи ёр дорад. Ҳоло ҳам садои ғулғулафкани суханвари ошиқ аз қаъри қарнҳо ба гӯши мо мерасад.

Носеҳо, беҳуда мегӯй, ки дил бардор аз ӯ,
Ман ба фармони дилам кай дил ба фармони ман аст?

Ишқ зебоӣ меофарад ва ишқу баҳор бо ҳам тавъам ҳастанд. Ин ду мафҳумро дар ишқномаи шоири табиатдӯст бо рангу таровати хоса метавон дид. Шоир аз манзараҳои дилфиреби фасли баҳор ҳаловат меёбад. Баҳор фасли гул аст ва ишқ ҳам ба мисоли гул атромезу фараҳбахш ба ҷилва меояд. Абёти дилангези шоир низ ба ҳамин маъно эҷод шудааст:

Омад баҳору хушдилам аз рангу бӯи гул,
Он беҳ, ки май кашам ду – се рӯза ба рӯи гул.
Гул дидам, орзуи касе дар дилам фитод,
К – аз диданаш касе накунад орзуи гул.

Дар абёти ишқии Ҳилолӣ дараҷаи ҳарорати ишқи поки инсонӣ хеле мӯҷаз ва гиротар рӯи коғаз омадааст. Ин ҳолати пургудозро шоир накӯ фаҳм кардааст:

То Ҳилолиро ба сӯзи ишқ пайдо шуд саре,
Мегудозад ҳамчун шамъ аз оҳи оташбори хеш.

Дар ғазалиёти шӯрангези Бадриддин Ҳилолӣ ишқ мазмуни тоза пайдо карда, дар зимни ин маънӣ шоир фикрҳои олии инсондӯстона ва ахлоқиро ҳам баён доштааст. Аммо саросари офаридаҳои ин шоҳуи мамлакати ишқро дарди ишқ фаро гирифтааст. Ба фармудаи худи ӯ:

Кори ман аз ҷумлаи олам ҳамин ишқ асту бас,
Оламе дорам, ки дар олам надорад ҳеҷ кас.

Омодакунанда: Раҳмонова Ширин, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 38

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *