Мавзӯи ғазалиёти Зебунисо

Нақша:
1.Маълумоти мухтасар дар бораи шоира
2.Мавзӯи ғазалиёти шоира
Хулоса

Зебунисо ҳамчун шоираи ширинсухан дар таърихи адабиёти классикии форсу тоҷик бо ғазалҳои пурмазмуни худ шӯҳрат пайдо кардааст. Зебунисо соли 1639 дар шаҳри Деҳлӣ дар хонадони шоҳ ба дунё омадааст. Падари Зебунисо Абӯзафар Муҳиддин Аврангзеб дар Ҳиндустон 48 сол подшоҳӣ кардааст. Аврангзеб дар таърих ҳамчун шоҳи золим, ҷаҳолатпараст ном баровардааст. Зебунисо дар натиҷаи таълими хусусӣ тамоми илмҳои замонашро бахусус забон ва адабиёти тоҷику форс ва арабро хеле хуб аз худ намуда, аз онҳо баҳраманд гардидааст. Дар баробари ин қонуну қоидаҳои каломи бадеъ ва илми арӯзро хуб азбар намудааст. Анвои гуногуни хатро низ медонистааст ва дар навиштани онҳо устод будааст. Аз ин хотир Зебунисо аз духтари шоҳ буданаш кибру ғурур намекард, зебу зинати шоҳонро қабул намекард ва танҳо фазилати дониш ва маърифати инсонии худро айни зебу зиннат мешуморид:

Духтари шоҳам валекин рӯ ба фарқ овардаам,
Зебу зинат бас ҳаминам номи ман Зебунисост.

Зебунисо аз хурдӣ ба шеъру адаби форсӣ шавқу ҳаваси беандоза дошт. Аз ин рӯ, ба шеъргӯйӣ хеле барвақт оғоз намудаааст. Шоираи ширинкалом бо тахаллуси адабии “Махфӣ” шӯҳрати оламгир пайдо кардааст. Шоира ошуфтагии худро аз бими падари золими худ ба муҳити носоз кушоду равшан изҳор карда наметавонист. Ҳатто ҷидду ҷаҳд намудааст, ки худро дар сухан-шеър пинҳон нигоҳ дорад:

Дар сухан пинҳон шудам чун бӯйи гул дар барги гул,
Ҳарки дорад майли дидан дар сухан бинад маро.

Тавре аз рӯйи маълумоти сарчашмахо бармеояд, Зебунисо бо вуҷуди он ки соҳиби ҳусну ҷамоли зебо ва дониши зиёде будааст, умри худро дар танҳои гузаронидааст:

Сад баҳор охир шуду ҳар гул ба фарқе ҷо гирифт,
Лолаи доғи дили мо зеби дасторе нашуд.
Ҳар матоеро харидорест дар бозори ҳусн,
Пир шуд Зебунисо ӯро харидоре нашуд.

Зебунисо ҳамчун шоираи некандеш, вале ноком ба ранҷу азобҳои рӯҳи соли 1702 дар шаҳри Деҳлӣ вафот кардааст. Осори боқимондаи шоира зиёд набошад ҳам, вале баландмазмуну ҷолиб мебошад. Аз мероси адабии Зебунисо ба мо ба ғайр аз “Зеби тафсир” ном асари тафсирии шоира, як девони ғазалиёт боқӣ мондааст, ки дорои 4000 байт мебошад.

Зебунисо дар ғазалҳояш ҳолу аҳволи худро хеле ҳақиқӣ тасвир намуда, ҳолу аҳволи бад доштан, ошуфтаю парешон будани худ, ғаму андӯҳи зиёди худро ба аҳли ситам алоқаманд медонад:

Ғунчаи дил нашкуфад мурғи диламро дар чаман,
Тан гирифтори ғами гулшан қафас бошад маро.

Ҳамин тариқ, шоира дӯстиву рафоқатро низ тарғибу ташвиқ намуда, онро барои ҳар як узви ҷомеа муқаддас ва зарурӣ мешуморад. Инсон бояд саъю кӯшиш намояд, ки аз суханони дӯст дилозурдаву ранҷидахотир нагардад:

Гар ғубори хотире аз дӯстон бинӣ маранҷ,
К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.

Омодакунанда: Рахимов Рамазон, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 38

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *