Пешвои миллати муаззами Тоҷикистониён

Эмомалии Раҳмон,
Пешвои миллатамон.
Дурахшон аз қудумаш,
Сарзамини тоҷикон.
Хурду калони миллат,
Мекунанд ӯро ҳурмат.
Чунки овард ӯ ба мо,
Ҳам сулҳу ҳам амният.

Маҳз, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллати муаззами Тоҷикистониён ин сарзамини кӯҳсор ба давлатҳои беш аз 250-и ҷаҳон муаррифӣ шудааст. Бо таҳти сарварии ӯ дар кишварамон ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ татбиқ гашта, обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол дар арсаи байналмиллалӣ баланд шуда истодааст. Бо ташаббуси ин шахси ватандӯст як силсила тадбирҳо андешида шудаанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ ва Ваҳдат мусоидат мекунанд. Мо бо камоли мамнуният зикр карда метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатамон ҳамчун сардори давлат ва сиёсатмандори варзида тавонист, ки Тоҷикистони азизро дар миқёси дунё муаррифӣ намуда, обрӯйи онро боз ҳам баланд бардорад. Тоҷикистон чун ҷузъи ҷудонопазирии ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Бо ҷонфидоию ҷонкании Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллат-Эмомалӣ Раҳмон баҳри осоиши сатҳи некӯаҳволии халқи тоҷик кишварамон ба як кишвари зебои ҷаҳон мубаддал гашт.

Бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон шуд. Мефахрем, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намудааст.

Мо халқи Тоҷикистон аз он фахр бояд кунем, ки чунин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Эмомалӣ Раҳмон аз болои кишварамон сарварӣ намуда истодааст ва барои беҳдошти зиндагии мардум ҳатто ҷонашро дареғ намедорад. Ман ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат чунин миннатдории худро баён мекунам:

Эй Пешвои миллат,
Асосгузори Ваҳдат.
Орзуи ман ҳамин аст,
Доим бошӣ саломат.
Ҳилола хонад аз дил,
Васфи роҳбари оқил.
Шукр гӯяд ҳар замон,
Ба Эмомалии Раҳмон.

Омодакунанда: Ҳилола Баротова, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи ?

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *