Масъалаи тақсимоти давраҳои синнусолӣ дар корҳои Л. С. Виготский

Ҳангоми дида баромадани масъалаҳои тарбия, таълим ва инкишофи бачаҳо баҳисобгирии тақсимоти давраҳои синнусолӣ хеле муҳим аст. Чунки он интихоб намудани роҳу усулҳои таъсиррасонӣ дар тамоми давраи бачагӣ ба шахсияти кӯдак мебошад ва дар марҳилаҳои алоҳидаи синнусолӣ тарбиятгар ба он такя менамояд.

Л. С. Виготский дар фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худ ба масъалаи тақсимоти давраҳои синнусолии кӯдакон диққати махсус додааст. Ӯ назарияҳои мавҷударо роҷеъ ба ин масъала таҳлил карда қайд мекунад, ки ҳамаи онҳо ба қонуниятҳои дохилии ин ҷараён инъикос наёфта, балки ба аломатҳои зоҳирии он асос ёфтаанд. Масалан, чунин тақсимоти давраҳои синнусолӣ, ки дар ҷомеаи мо қабул шудааст, дар сохтори маорифи халқ дида мешавад (давраи бачагии томактабӣ ва мактабӣ) ва он на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳ дода метавонад.

Дар солҳои 20 – 30 асри гузашта чунин ақида вуҷуд дошт, ки дар тақсимоти давраҳои синнусолӣ ба эътибор гирифтани яке аз меъёрҳо – ивазшавии дандонҳо (П. П. Блонский), инкишофи ҷинсӣ (К. Штратс) зарур аст.

Аз рӯи ақидаи Л. С. Виготский бошад, ҳар як аломати интихоб гардида дар давраҳои гуногуни синнусолӣ аҳамияти гуногун дорад. Ивазшавии дандонҳо, яъне афтидани дандонҳои ширӣ ва баровардани дандони асосӣ дар синнусоли томактабӣ муҳим аст, вале ин дар синни наврасӣ моҳияташро гум мекунад. Инкишофи ҷинсӣ бошад, ин дигаргуниҳои физиологӣ дар ҷисми бача аст, ки он ба рӯҳия, амалу рафторҳои ӯ таъсири калон мерасонад.

Л. С. Виготский чунин меҳисобад, ки ҳангоми тақсимоти давраҳои синнусолӣ бояд меъёрҳои психологие, ки ба қонуниятҳои дохилии инкишофи психикӣ мутаалиқанд, ба назар гирифта шаванд. Ҳар як синнусоли минбаъда бо бавуҷудоии навгониҳо аз якдигар фарқ мекунад. Инкишоф – ҷараёни номураттаб аст. Дар он давраҳои нисбатан ороми инкишоф бо давраҳои пурталотуми тағйиротҳо, дигаргуниҳои ҷисмонию равонӣ ба куллӣ иваз мешаванд. Ин тағйироту навгониҳо давраҳои бӯҳрон (кризис) ба вуҷуд меоранд, ки онҳоро аксари равоншиносон ба тақсимоти давраҳои синнусолӣ дохил намекунанд ва онҳоро ҳамчун «беморӣ» дар инкишоф меҳисобанд.

Л. С. Виготский чунин мешуморад, ки бӯҳронҳо симои дохилии инкишофро мекушоянд ва қисми ҷудонашавандаи тақсимоти давраҳои синнусолӣ маҳсуб мешаванд. Вай онҳоро «нуқтаи гардиши инкишофи бачагӣ» меномад. Бӯҳронҳо ба қавли Л. С. Виготский ду хусусиятро дороянд:

1. Онҳо ногаҳон пайдо мешаванд ва ибтидою интиҳои онҳоро муайян кардан душвор аст.

2. Кӯдаконе, ки дар давраи бӯҳронӣ қарор доранд, душвортарбияанд. Онҳо бо одамони гирду атроф ба низоъ медароянд, ки ин онҳоро ба ғаму андӯҳи ботинӣ мебарад, худро чун шахсият нишон додан мехоҳанд, фикру андешаи худро дуруст ҳисобида иҷрои талаботҳои шахсиро дар ҷои аввал мегузоранд ва ғайраҳо.

Бӯронҳо танҳо натиҷаи таъсири номусоиди муҳити атроф ҳастанд ва ё ин ки онҳоро қонуниятҳои дохилии лаҳзаи инкишоф ҳисобидан мумкин аст?

Ба андешаи Л. С. Виготский бӯҳронҳое, ки дар «мантиқи дохилии худи ҷараёни инкишоф» ба вуҷуд омадаанд ва агар синну соли бӯҳронӣ бо роҳи соф эмперикӣ кушода намешуд, пас фаҳмиши онро ба нақшаи инкишоф дар асоси таҳлили назариявӣ дохил кардан лозим мешуд.

Л. С. Виготский бӯҳронҳои зерини синнусолиро ҷудо мекунад:

– бӯҳрони давраи навзодӣ;

– бӯҳрони яксолагӣ;

– бӯҳрони ду-сесолагӣ;

– бӯҳрони шаш-ҳафтсолагӣ;

– бӯҳрони сенздаҳсолагӣ;

– бӯҳрони ҳабдаҳсолагӣ.

Л. С. Виготский қайд мекунад, ки одатан бӯҳронҳо танҳо бо ёрии аломатҳои баду манфӣ тавсиф дода мешаванд. Баъзе равоншиносон онҳоро «давраи манфӣ», «заволи синнусоли пештара» меномиданд. Ин боиси он мегардад, ки дар давраи бӯҳронҳо шаклҳои пештараи рафтор вайрон шуда, шавқу ҳавас ва вобастагиҳои пештара гум мешаванд. Л. Н. Толстой яке аз бӯҳронҳоро, ки хеле душвор, назаррас ва пурҷӯшу хурӯш мегузарад, «биёбони айёми наврасӣ» номида буд. Л. С. Виготский доир ба ҳар як давраи «бӯҳронҳо» нуқтаи назари худро кор карда баромад. Ба ақидаи вай тавсифдиҳандаи манфии бӯҳронҳо танҳо як тарафи он аст, тарафи дигараш ин ибтидои бавуҷудорӣ ва тасдиқкунии шахсияти худ ва фаъолиятҳои нави пешбаранда мебошад. Ин фаъолиятҳо дар дохили худ, яъне дар раванди худ инкишофи шахсияти бачаро таъмин менамоянд.

Л. С. Виготский бӯҳрони сесолагиро махсус тавсиф дода қайд кардааст: «Аҳамияти бӯҳрони сесолагӣ дар он аст, ки дар ин вақт сифатҳои нави шахсияти кӯдак ба вуҷуд меоянд. Муайян карда шудааст, ки агар бӯҳрон бо ягон сабаб ба вуҷуд ояд, он гоҳ вай минбаъд ба боздории ҷуқур дар инкишофи босамар ва минбаъда меорад».

Инкишоф ҷараёни пайдарҳами ивазшавии доимӣ ва бӯҳронии синнусолӣ мебошад, оғоз ва интиҳои давраҳои бӯҳронҳо вақти муайян, давраи мушаххаси синнусолиро дар бар мегирад. Тақсимоти давраҳои синнусолии пешниҳод кардаи Л. С. Виготский чунин аст:

– бӯҳрони давраи навзодӣ, синнусоли тифлӣ — аз 2 моҳагӣ то 1 солагӣ;

– бӯҳрони яксолагӣ, давраи барвақти бачагӣ — аз 1 то 3 солагӣ;

– бӯҳрони сесолагӣ, синнусоли томактабӣ — аз 3 то 7 солагӣ;

– бӯҳрони ҳафтсолагӣ, синнусоли мактабӣ — аз 8 то 12 солагӣ;

– бӯҳрони сенздаҳсолагӣ, синнусоли наврасӣ — аз 14 то 18 солагӣ.

Яке аз хизмати бузурги Л. С. Виготский дар илми педагогика ва психологияи муосир ин тавсифдиҳандаи давраҳои инкишофи синнусолии ӯ мебошад. Вай мафҳуми «сохтори синнусол»-ро ҷорӣ мекунад, ки дар зери он қонуниятҳои муайянкунандаи сохтори дохилии ҷараёни инкишофро дар ҳар як давраи синнусолӣ мефаҳмад. Ҷараёни инкишоф дар ҳар як марҳилаи синнусолӣ раванди ягонагию бутунӣ ва дорои сохти муайянро ифодакунанда мебошад. Дар ҳар як давраи синнусолӣ фаъолияти кӯдак бо мақсадҳои мувофиқ ташкил карда мешаванд, дигаргуниҳои психикӣ ва ҷисмонӣ, ки маркази он навпайдошавӣ, ба ҳисоб меравад. Дар зери навпайдошавӣ – менависад, Л. С. Виготский ҳамон шакли нави сохти шахсият ва фаъолияти ӯ, ҳамон дигаргуниҳои психикӣ ва иҷтимоеро фаҳмидан лозим аст, ки бори аввал дар ин зинаи синнусолӣ ба вуҷуд меоянд ва асоси шуурнокии кӯдак, муносибати вай бо муҳити атроф, ҳаёти дохилӣ ва зоҳирии ӯ гардида тамоми рафти инкишофи ӯро дар давраи мазкур муайян мекунад.

Марказҳои навпайдошуда ниҳоят дар охири ҳар як синнусол гузошта мешаванд ва натиҷаи ҳамаи марҳилаи тараққиёт ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин ҳангоми тавсифдиҳии ҳар кадом марҳилаи инкишофи синнусолӣ пеш аз ҳама муайян карда шавад, ки кадом навпайдошавиҳо марказӣ ба ҳисоб мераванд, онҳо бо чӣ анҷом меёбанд ва чӣ тавр ба марҳилаи ояндаи инкишоф таъсир мерасонанд. Л. С. Виготский қайд карда буд, ки навпайдошавӣ дар тифли то 3 сола ин фаҳмиши умумияти психикии вай аст, ки дар фаҳмиши «кӯдак ва калонсол, ки шартан «шумо — мо» дар онҷое, ки «ман» ва «ту» то ҳол ҷудо нашудааст, ифода мегардад. Навпайдошавии синнусоли барвақтӣ «пайдошавии фаҳмиш дар фикри шахсӣ», «фаҳмидани шахсияти худ», яъне фаҳмиши «ман» пайдо мешавад.

Он равандҳое, ки бевосита бо навпайдошавии асосӣ алоқаманданд, Л. С. Виготский онҳоро «хати марказии инкишоф» номида буд, вале он равандҳое аз навпайдошавӣ дур карда шуда буданд, номи «хати дуюмдараҷаи инкишоф»-ро гирифтанд. Ҳангоми гузариш аз як марҳила ба дигараш омезиши ин хатҳо ба амал меояд, яъне роҳҳои марказии инкишоф дуюминдараҷа мешаванд. Онҳое, ки дуюминдараҷа буданд, ба хати асосии инкишоф мубаддал мегарданд. Ин дар навбати худ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳамаи сохтори синнусолӣ аз нав сохта мешавад: навпайдошавии дигар дар марказ қарор мегирад ва ҳамаи хатҳои инкишофро муайян мекунад. Саволе ба миён меояд: Ин гуна навпайдошавӣ чӣ тавр ба амал меояд? Ҷавоб додан ба ин савол барои фаҳмиши ҷараёни инкишофи кӯдак масъалаи муҳим мебошад. Л. С. Виготский чунин меҳисобад, ки кушодани хусусиятҳои инкишофи психикӣ дар ҳар як давраи синнусол ба воситаи муносибатҳои муайяни байни шахсияти кӯдак бо муҳити иҷтимоӣ мумкин аст.

Маҳз дар натиҷаи ин робитаҳои дутарафа навпайдошавии ҳар як синнусол ба вуҷуд меояд. Л. С. Виготский муҳити иҷтимоиро ҳамчун манбаи инкишофи психикӣ дида мебарояд ва мафҳуми «вазъияти иҷтимоии инкишоф»-ро дохил мекунад. Вай менависад: «Бояд қайд кард, ки дар оғози ҳар як давраи синнусолӣ муносибати байни кӯдак ва ҳақиқати гирду атрофи вай, пеш аз ҳама вазъияти иҷтимоияш тамоман бо як хусусияти махсуси барои ҳамон синнусоли дода шуда ягонаю такрорнашаванда зам мегардад». Мо ин муносибатро вазъияти иҷтимоии инкишоф дар ҳамон синнусол меномем. Вазъияти иҷтимоии инкишоф дар худ ҳамаи тағйиротҳое, ки дар давоми ҳамон давра ба вуҷуд меоянд, дар бар мегирад. Вай яклухт ва пурра ҳамон шакл ва ҳамон роҳро муайян мекунад, ки дар он кӯдак хусусиятҳои нав ба нави шахсиятро соҳиб мегардад, чун сарчашмаи асосии инкишоф онҳоро аз ҳақиқати иҷтимоӣ дарёфта мегирад. Маҳз дар натиҷаи таъсири муҳит  ва вазъияти иҷтимоӣ ҳамон роҳе, ки ба воситаи он иҷтимоиёт фардӣ мегардад, хусусиятҳои фардиро мегирад ва ин хусусиятҳо ӯро чун шахс, фард ва индивиди алоҳида ба муносибатҳои иҷтимоӣ дохил мекунад.

Таҳқиқу таҳлили таъсири вазъияти иҷтимоии инкишоф ҳамчун сарчашмаи инкишофи психикӣ — хизмати муҳими Л. С. Виготский мебошад. Дар ҳар як давра вазъияти иҷтимоии инкишофи такрорнашаванда вуҷуд дорад ва ин самараи навпайдошавии психологие мегардад, ки махсусан ба ҳамон синнусол тааллуқ дорад. Навпайдошавӣ ҳамчун натиҷа ва ҷамъбасти инкишоф ба вуҷуд меояд, бинобар ҳамин ҳам вай на дар аввал, балки дар охири  ҳар як марҳила зоҳир мегардад ва барои сохтани марҳилаи нави синнусолӣ асос, замина ба ҳисоб меравад. Л. С. Виготский қайд мекунад, ки навпайдошавӣ инкишофи кӯдакро дар марҳилаи минбаъдаи синнусолӣ таъмин мекунад: «навпайдошавӣ ба бозсозии ҳамаи сохтори фаҳмиши кӯдак мебарад ва инчунин тамоми системаи муносибати ӯро бо ҳақиқати берунӣ ва худ ба худ, яъне нисбати худаш тағйир медиҳад. Кӯдак дар охири синнусоли мавҷуда назар ба синнусоли аввала ба куллӣ дигар мешавад».

Дар навбати худ тағйирёбии шахсияти кӯдак, ташаккулёбии фаҳмиши вай нишон медиҳад, ки вазъяти иҷтимоии кӯҳна ба талаботҳои нав, шаклҳои нави рафтор мувофиқат намекунад. Дар ин ҷо зиддиятҳои диалектикӣ низ ҳастанд, ки дар бӯҳронҳои кӯдакӣ инъикос меёбанд. Ҳамин тавр, Л. С. Виготский вазъияти иҷтимоиро ҳамчун  сарчашмаи инкишофи психикии кӯдак дида мебарояд. Бинобар ҳамин ҳам дар вақти тавсифи ҳар як давраи синнусолӣ аз нуқтаи назари Л. С. Виготский банақшагирии минбаъдаро ба таври зайл ба роҳ мондан лозим аст:

1. Дида баромади вазъияти иҷтимоии инкишофи кӯдак;

2. Муайян кардани навпайдошавии дар кӯдак ба вуҷуд омада;

3. Маълум кардани он, ки чӣ тавр ин навпайдошавӣ ба инкишофи минбаъда таъсир мерасонад ва чӣ тавр вай шакли кӯҳнаи рафтори шахсият, фаҳмиши кӯдакро тағйир медиҳад. Масалан, вазъияти иҷтимоии инкишофи тифл бо ду аломати мухолиф тавсиф дода мешавад: аз як тараф нотавонии кӯдак ва вобастагии пурраи ӯ аз калонсолон ва аз тарафи дигар набудани воситаи асосии муошират (нутқ). Тифл нотавон аст ва бе ёрии калонсолон наметавонад ба худ хизмат расонад. Ҳамаи рафтори кӯдак бо муносибатҳои иҷтимоӣ пайваст буда, талаботҳои ӯ аз ҷониби калонсолон қонеъ гардонида мешаванд. Бар зами ин ҳоло вай воситаи муҳими муошират – нутқро соҳиб нест.

Л. С. Виготский менависад: «Дар мухолифоти байни максималии иҷтимоии тифл (вазъияте, ки тифл дар он қарор дорад) ва имкониятҳои минималии муошират дар синнусоли тифлӣ дар инкишоф асос гузоштааст». Ин хел вазъияти иҷтимоӣ навпайдошавии фаҳмиши «ман» ва «ту»-ро, ки ҳоло ҷудо нашудааст, пайдо мекунад. Дар системаи Л. С. Виготский бӯҳронҳо ҳамеша нуқтаи аз ҳама баланди инкишоф ба шумор мераванд ва мухолифоти байни муҳити иҷтимоии кӯҳна, ки кайҳо дар системаи муносибат ва навпайдошавӣ гузошта шудааст, инъикос меёбад. Масалан, дар охири синнусоли барвақтӣ дар кӯдак навпайдошавӣ ба вуҷуд меояд, ки онро шартан ҳамчун «ман худам» ишорат кард. Кӯдак мустақилиятиро талаб карда, худро аз одамон ҷудо мекунад, вале тарзи муносибатҳои пештарае, ки вай бо одамон дошт, ба ғамхорию парастории доимии онҳо асос ёфтааст.  Ана ҳамин мухолифотро бӯҳрони синнусоли барвақтӣ маълум мекунад.

Л. С. Виготский барои муайян намудани тақсимоти давраҳои синнусолӣ асоси назариявиро гузошт. Вай муҳити иҷтимоиро ҳамчун сарчашмаи инкишофи психикӣ ҳисобида, мухолифоти байни вазъияти иҷтимоӣ ва навпайдошавиро ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишоф медид. Аммо нокифоя будани маводи тадқиқотӣ ба Л. С. Виготский имконият надод, ки принсипҳои тақсимоти давраҳои синнусолиро кушояд ва марҳилаи инкишофи психикии кӯдаконро пурра ва ҳаматарафа таҳлил намояд, андешаҳои худро роҷеъ ба ин масъала такмил диҳад. Пайравон ва шогирдони Л. С. Виготский тавонистанд минбаъд ақидаҳои ӯро такмил дода оид ба тақсимоти давраҳои инкишофи синнусолӣ фикру андешаи худро баён намоянд.

Д. Б. Элконин се нуқтаи назарро асоси масъалаи тақсимоти давраҳои синнусолӣ медонист: 1) нуқтаи назари таърихӣ бо ба ҳисоб гирифтани таъғйироти нақши кӯдакӣ дар таърихи ҷомеаи башарӣ; 2) нуқтаи назари синнусолӣ бо ба ҳисобгирии ин ё он давраи ҳаёти инсон; 3) нуқтаи назари диалектикӣ бо ба ҳисобгирии тасаввуроти диалектикӣ доир ба инкишоф. Ба ҳар як давраи синнусолӣ тағйир ёфтани фаъолиятҳои пешбаранда хос ҳастанд, ки ин масъала таҳлилу тадқиқи махсусро талаб менамояд. Бояд қайд кард, ки тақсимоти давраҳои инкишофи синнусолӣ ва психикии бачаҳо аз тарафи олимон Н. А. Леонтев, В. В. Давидов низ мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифтааст. Тадқиқу таҳлили минбаъдаи ин масъала имконият медиҳад, ки инкишофи кӯдак дар ҷомеаи муосир чун раванди ягона ва бо ҳам вобаста эътироф гардида кӯдак на ҷузъи алоҳида, балки чун ҷузъи таркибии ҷомеа дониста шавад. Таърихи инкишофи кӯдакро аз таърихи пешрафти ҷомеа ҷудо кардан ғайриимкон буда, ба кӯдаки имрӯза ҳамаи муносибатҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ таъсири худро мерасонанд.

Ғуломова Н. С.муаллимаи калони кафедраи тарбияи томактабӣ

Ҳамидов Умед – ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Адабиёт:

1. Выготский Л. С. Собранное сочинение, т. 1 – 6. М., 1982 – 1984.

2. Научное творчество Л. С. Выготский и современная психология. Тезисы докладов. М., 1981.

3. Недоспасова В. А. Обучение и психическое развитие. Душанбе, 1988.

4. Эльконин Д. Б. К проблеме периодизации психического развития в детском возрасте. – Вопросы психологии, 1971, № 4.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *