Машқ додани хотира

Бархе аз одамон ҳалкунии кроссворду сканворд, чайнворду филворд ва ғайраро як кори беҳуда ва вақтгузаронии бефоида меҳисобанд. Дар ҳоле, ки машғулияти мазкур имкони хуби мустаҳкамкунии хотира аст.

Чаро бо мурури замон хотираи мо заиф мешавад? Ба гуфтаи мутахассисони соҳа дар натиҷаи беморӣ ва ё стресси сахт раванди таъмини мағзи сар бо хун заиф шуда, робитаҳои нейронии он вайрон мешавад. Бинобар ин, дар хотир нигоҳ  доштани иттилоот мушкил мегардад. Хотира ду навъ мешавад:

1. Актуалӣ (фаврӣ), ки дар он маълумот то 40 дақиқа маҳфуз мемонад.

2. Дарозмуддат, ки хотира онро дурудароз ҳифз мекунад.

       Ҳангоми ҳалкунии кроссворду сканворду ва ғайра, майнаи сар ба фаъол шудан водор мегардад. Он аз “хазина”-и худ маълумоти заруриро ҷустуҷӯ намуда, робитаҳои нейрониро фаъол месозад. Агар хотираро ба як китобхона шабоҳат диҳем, пас ҳалкунии кроссворду сканворд онро ба тартиб меорад, чангҳояшро тоза мекунад, саҳифа мегардонад ва ҷо ба ҷо мегузорад. Китобхонае, ки зуд-зуд нигоҳубин мешавад, дар он китобҳо муддати тӯлонӣ босифат ва тозаву озода мемонанд. Хотираи мо низ чунин аст.

       Касоне, ки дар нақлиёт ё дар болои рахти хоб дароз кашида, ба сканворд пуркунӣ мепардозанд, ба гумон аст, ки онро махсус барои мустаҳкамсозии хотира анҷом диҳанд. Чунин шахсон танҳо шавқи пуркунии онро доранду халос. Ногуфта намонад, ки мақсади ба ин амал даст задани мо нақши муҳим мебозад. Чунки хотираи инсон хеле эмотсионалию ҳассос аст. Масалан, агар мо бо хоҳиши худ ва барои мустаҳкам намудани донишу заковати хеш ба азхудкунии шеъру ғазал ё ҳал кардани кроссворду сканворд даст занем, маълумот дар майнаамон беҳтару хубтар сабт хоҳад шуд. Вале агар бараскс дар сурати маҷбурӣ ё бо дили нохоҳам ба чунин амалҳо пардозем, фоидаи ночиз хоҳем ёфт.

       Хотира (ҳофиза)-и инсон маъниро дар хотир мегирад. Хондани хушку холӣ барои азхуд кардан кифоя нест. Бояд шахс маънии хондагиашро дарк намояд.

Яке аз роҳҳои осону исботшудаи азхудкунӣ чунин аст:

Аввал бо матни зарурӣ тавассути хондан ё шунидан бояд шинос шуд. Пас аз 40 дақиқа мӯҳлати “ҳифз”-и иттилоот ба поён мерасад. Аз ин рӯ, бори дигар онро такрор бояд кард. Бо гузаштани 12 соат боз онро такрор намудан лозим аст. Иҷрои чунин амал ҷараёни ҳифз (азхуд) карданро осон мекунад.

Омодакунанда: Раҷабова Насиба, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

2+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин