Бас аст шампуну носки! Тӯҳфаҳои беҳтарин барои 23 феврал.

Бешубҳа шумо хонумон мардҳоро дӯст медоред, вале ҳар дафъа дар рӯзи 23 феврал чӣ тӯҳфа карданатонро намедонед.

Доим интихобатон тасма – шампун – ҷӯробак (носки), бо ин тӯҳфаҳоятон худро тасаллӣ дода ба худ мегӯед, ки агар маъкул ҳам нашавад, ҳатман даркораш мешавад.

Вале мехоҳед, аз тӯҳфаатон чашмонаш бидурахшад?

Пас, мо ба хулосае омадем, ки вазифаи интихоби шуморо то андозае осон кунем ва тӯҳфаҳои беҳтаринро бароятон пешниҳод намоем, ки ҳар кадоми он метавонад барои мардҳо аз рӯи завқу ҳавасашон истифода гардаду истеъдоди онҳоро бедор кунад.

Барои кофеман — пуровер

Ин тӯҳфа барои марде, ки субҳи худро бидуни кофеи хуб тасаввур карда наметавонад. Пуровер — таҷҳизоте, ки истифодабариаш начандон мушкил аст, ва онро ҳатто дар қаҳвахонаҳои номдор истифода мебаранд, ки он таъму маззаи коферо хеле боллаззат мекунад. Метавон аз кофеҳои донагӣ истифода карда, худро ҳамчун баристаи хақиқӣ шинохт. 

Барои нафаре, ки саломатиашро дар мадди аввал мегузорад, — ирригатор

Ирригатор — таҷҳизоти нав барои нигоҳубини дандонҳост. Фазои холигии байни вораҳоро бо фишори хурди об тоза мекунад ва аз асбоби дантисти касбӣ (духтури дандон) қариб, ки ягон фарқият надорад. 

Ба касе, ки орзуи сарварии дунёро дорад, — сертификати бозии World of Tanks 

Тӯҳфаи ҳақиқӣ – сертификат бо танкҳои беҳтарин ва бо дигар бонусҳо дар бозии World of Tanks, ки дар рӯзи Зафар хеле ба маврид хоҳад буд. Яке аз бозиҳои серталаби онлайнӣ буда, бозии он хело шавқовару нотакрор аст.

Нархаш тақрибан — аз 85 то 450 сомонӣ аст ва ҳар чӣ қадаре, ки арзишаш зиёд бошад, ҳамон қадар танкаш пурқудрату тавоност. Баъд аз онлайн-пардохт дар сомонаи «Поздравь танкиста» шумо соҳиби сертификати зебои ороишдодашуда мегардед, ки онро метавонед чоп карда тантанавор ба соҳибҷашн ҳадя кунед.

Ба нафаре, ки бо варзиш машғул аст, — компьютер барои бадминтон

Компютер барои бадминтон -ро ба ракетка насб карда қувваи зарбаҳо, суръати парвози волан, шумораи колорияҳои нобудшударо метавонед ҳисоб кунед. Инчунин ба ҳайси ҳуҷумкунанда ё ҳимоятгар будани бозингар метавонад муайян шавад. Чунин чиз метавонад техникаи бозиро низ беҳтар кунад. 

Ба касе, ки, завқу ҳаваси пухтупазӣ дорад, — шашликпази электрикӣ

Шумо нафари хушбахтед, ки дӯстдоштаатон мардест, ки пухтупазро дӯст медораду меҳмононро бо хӯрокҳои лазизу нотакрораш ба ҳайрат мегузорад. Муборак бошад! Боз фараҳу шодиро (ва чизҳои бомазаро) шашликпази электрикӣ дучанд мекунад, чунки дар он метавонед гӯшту сабзавотҳоро дар фаслҳои гуногуни сол омода кунед. 

Ба нафаре, ки мошинашро хеле дӯст медорад, — органайзери автомобилӣ

Дар органайзери автомобилӣ метавонед чизҳои ба ҳар сӯ ҳаволашударо ҷамъ карда, ҷо ба ҷо гузоред. Дӯстдорони тозагӣ аз чунин тӯҳфа бисёр хурсанд хоҳанд шуд. 

Ба фанати «Звездные войны» — ришгираки Star Wars

Бале, ин ришгирак аст. Вале зоҳиран аҷиб! Ба намуди дроиди BB 8 сохта шуда, бо якчанд алмоси дигар муҷаҳаз гардонида шудааст. 

Барои меломан — системаи акустикии кисагӣ (портативӣ)

Нафари дӯстдоштаатон бидуни мусиқӣ буда наметавонад? Пас, зиёд фикр накунед. Bluetooth-колонкаи кисагӣ (портативӣ) – ба воситаи он метавон мусиқиро аз сматфон шунид ва он дорои “светомузыка” ва караоке аст, — беҳтарин гаджет. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *