Меҳмони нохонда

Раиси оила-падар ҳар бегоҳ якҷоя дидани тамоми aъзои оиларо бетоқатона интизор шуда ҳар рўз баъд аз кор давида рост ба хона меомад. Ў занги дарро мезанад… Бисёр вақт дарро фарзанди аз ҳама хурди оила мекушояд ва бо хурсандӣ худро ба оғўши падар партофта, падарашро ба дарун даъват мекард. Ин яке аз хуштарин лаҳзаҳои умри падар буд. Чӣ хел хурсанд нашавад, ки тамоми оилааш ўро бо хушнудӣ дар остонаи дар истиқбол гирифта, бо имо ба хона даъват мекунанд. Ҳар рўз, ҳар бегоҳ бо симоҳои хандон, бо чеҳраҳои пуртабассум вохўрдан ба ҳама хуш меояд.

Ин бегоҳ ҳам ў занги дарро зада бетоқатона кушода шудани дарро интизор шуд. Ҳар бегоҳ барин… Аммо дар камтар дер кушода шуд. Духтараки хурдӣ ин дафъа дар оғўши падар тамоман кам истода, даррав ба даруни хона давида рафт. Гўё ки дар даруни хона ягон каси бегона будагӣ барин… Падар ҳайрон шуда ба даруни хона даромад. Хонум “Хуш омадед” гуфта аз дасти шавҳараш костюмашро гирифт. Аммо рафтори бонуи хона ҳам каме дигар буд, чунки ба рўи шавҳараш бо табассум нигоҳ намекард… Чун ҳарвақта дигар кўдаконаш ба пешвозаш набаромаданд. Ҳайрат дар зеҳнаш зиёд шудан гирифта худ ба худ фикр мекард “Агар падару модарам дар қайди ҳаёт мебуданд, мегуфтам, ки онҳо ба хона омадаанду ҳама дар атрофи онҳо ҷамъ шудаанд ва аз ҳамин сабаб занги дарро нашунидаанд. ” Чунки вақте падару модарам ба меҳмонӣ меомаданд, ҳамаи аъзои оила дар атрофи онҳо ҷамъ шуда ҳатто баъзан занги дарро ҳам нафаҳмидем, мегуфтанд. Бо мароқ ба сўи меҳмонхона рафт, чун ҳарвақта дастархон кушода буда, ягон камбудӣ надошт (дастархон мукаммал ороста буд). Ҳама аъзои оила дар сари дастархон ҷои худро гирифта нишаста буданд.

-Ээ..э.. ин кист? Ҳайрон шуд падар. Ин кӣ аст, ки аз ҳама боло дар пешгоҳи меҳмонхона ҷой гирифтааст. Магар ин меҳмон аст, гуфта бо нигоҳаш пурсон шуд падар.

Аммо меҳмони нохонда аз ин саволи хомўшона не нороҳат мешуду, не хафа. Ў парвое, надошт ва якзайл сухан меронд. Бе ҳамин ҳам савол бе ҷавоб монда буд. Ҳеҷ кас ба якдигар нигоҳ намекард ва саволе, ки падар бо нигоҳи ҳайратомезаш пурсида буд, ҷавоби худро наёфт. Ҳама аъзои оила бодиққат меҳмони нохондаро тамошо мекарданд. Падар дар сари дастархон лаҳзае худро танҳо ҳис карда, бо ғаму андўҳ сукут ихтиёр кард.

“Дар охир ин ҷо ҳам омад, ҳатто ба сари дастархонам ҳам омад!” гуфт ў худ ба худ.

“Бе ин ҳам вай ҳамаамонро алоҳида-алоҳида ба худаш баста тавонист, ҳоло бошад ба сари дастархонамон ҳам шарик шудааст-а! Э…э… басе!” гуфт падар, боғазабона худ ба худ. Фақат ягон кас сарзанишҳои ўро дарк накард.
Аммо ин чӣ хел шуд? Чӣ тавр ин нохалаф то ба ин ҷо омада ва дар сари дастархон ҷои аз ҳама болоро гирифтааст ва аз ин кор ҳама бехабар мондааст. Гўё ҳама якҷоя хўрок мехўрем, аммо чӣ хел? Якҷоягиамон аз рў ба рў нишастан иборат аст. Бо якдигар сўҳбат накарда, ҳатто мисли бо якдигар бегона будагӣ барин ва то ба дараҷае, ки гўё бе рўҳ бошем.

“Ё Худоё, ин манзараи даҳшатнок аст”, гуфт падар худ ба худ. Он гоҳ хост чун дар филмҳо, чи хеле ки навори филмро ба қафо бармегардонанд, тамоми ин ҳодисаҳои нохушро ҳамчун як хоби бад тасаввур намояд. Даррав ягон чора андешам гуфта ба андеша рафт…

Чӣ фикр доред? Меҳмони нохонда чист?

Ҷавоб аз Шумост…

Дар дастархони Шумо ҳам меҳмони нохонда ташриф меоварад? Илтимос, агар тавонед, онро қабул накунед. Ҳоло ки аз дар надаромадаанд.

Ҳоло ҳам дер нашудааст.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 2, соли 2009
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин