Модар меҳри бузурги ту дар қалби ман

Модар! Чӣ калимаи дилпазир! Барои инсон аз модар дида шахси азизу муътабар, мунису ғамхор, мушфиқу дилсӯз набуду нест. Охир дар тифлӣ дар батни ӯ чун мушт порае аз банди ҷонаш, порае аз гӯшти ӯ будем. Дастони ӯ дар тифлиям асо буд. Ӯ маро ба оғӯши гарми худ кашида, бо меҳрубониҳои бепоёнаш калон гардонид. Акнун ман бояд ӯро асо бошам, то ки қомати ӯ хам нагардад. Ҳоло мехостам фикру андешаамро дар бобати эҳтироми модар баён созам.

Модар сарчашмаи ҳаёт аст. Ҳастии ҳаёти кӯдак аз қатраи шири ҳалоли ӯст. Он шири сафед ба роҳи сафед ҳидоят мекунад. Шоири Эрон Эраҷ Мирзо дар васфи модар гуфтааст:

Писар рав қадри модар дон, ки доим,

Кашад ранҷи писар бечора модар.

Модарро ҳар қадар иззату эҳтиром намоем ҳаётамон ҳамон қадар ширину гуворо мегардад. Пирони хирад гуфтаанд: “Ҳар касе ки модар аз ӯ розӣ бошад, Худо ҳам аз ӯ розӣ асту дарҳои биҳишт ба рӯяш боз гардад”

Агар фарзанд хоҳад, ки модараш аз ӯ ҳамеша хурсанду миннатдор бошад, бояд ҳамеша модарро ҳурмат кунад. На ҳама фарзанд фарзанд аст. Фарзандоне ҳастанд, ки дил ба дунё дода, модар ва падари худро фаромӯш месозанд.

Дар урфият мегӯянд, ки духтар то модар нашавад, қадри модарро намедонад, писар то падар нашавад қадри падарро намедонад. Албатта, барои васфи модар суханҳо оҷизӣ мекунанд. Дар охири суханҳои худ гуфтаниям модарони худро бояд ғанимат дорем. Хизмати онҳоро бо ҷону дил иҷро карда ба дуои некашон сазовор бошем.

4+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин