Модарҷон

Модар бемор шавад, тамоми муҳити хонавода бемор мешудааст. Як рӯз модари ман ҳам бемор буд. Чеҳрааш заъфарон, дастони лоғару ожангбастааш ларзон, мӯйҳои сафедаш парешон дар як кунҷи сандали хобида ба зӯр нафас мекашид. Ҳар рӯз барои дидорбинии модар хешу табор, ҳамсояҳо меомаданд. Хона пур аз меҳмон буд. Мо фарзандон дар гирди сандалӣ нишаста модари ғаниматамонро нигоҳ мекардему орзуи як табассум, як ҳарфаки ширинаш будем. Касе ба неъмати дастархон даст дароз намекард, чунки модар бемор буд. Ин ҳолатро дида замони кӯдакиям ба хотирам омад. Аз мактаб меомадаму модарро ҷустуҷӯ мекардам модарро, ки медидам хотирам ҷам мешуд. Аввал савол медодам: Модарҷон хӯрок чӣ? Агар хӯрок шӯрбо бошад, модар гушти хӯрокашро ба ман медод. Ман он вақт фикр мекардам, ки модарам бомазза будани гуштро намедонад. Аммо фарзанддор шудам фаҳмидам, ки агар фарзанд хӯрад, хӯрок бомаззатар мешудаст. Шабонгаҳ як ҷойи хоби дароз меандохт модар. Болиштҳоямонро гузошта қатор шуда мехобидем. Ҳар кас ҷои худро дошт. Фарзанди хӯрдӣ дар пеши модар, ман, ки аз ҳама фарзанди калонӣ будам дар назди дар мехобидам. Баъзан аламам карда, баҳс мекардам, ки маро дӯст намедоред. Модар дилбардорӣ мекард. Ту аз ҳама калонӣ ҳастӣ, боақливу нотарсӣ. Як шаб табам баланд шуд. Тарсида аз хоб хестам, ки модар дар даст пиёла об ва дору дар болои сарам нишаста аст. Ина хӯр бачам сиҳат мешавӣ. Субҳ бедор шудам модарам дар наздам буд. Хурсанд шудаму пурсидам: Модарҷон, магар имшаб дар назди ман хобидед? Модар бошад, маро оғӯш гирифту гиря кард. Он шаб то саҳар дар сари болинам нишаста будааст. Ман ҳамон вақт нағз фаҳмидам, ки модар новобаста аз синну сол ҳамаро баробар дӯст медоштааст.

Дар назди модар нишастам дар як даст об дар дигар даст дору дорам. Модарҷон, ҳамина хӯред гуфта муроҷиат кардам, модар чашмашро базӯр нимроғ мекунаду боз мепӯшад. Модарам бемор аст, Йо Аллоҳ ҳадяи ҷонаш бифирист, ба модарам шифои комилу оҷил аз хазонаи ғайбият иноят фармо. Модарҷонам ба ман даркор аст.

Омодакунанда: Набиева Шахло, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин