Нақши фарҳанги техникӣ дар ташаккули тафаккур

Азбаски асри ХХI давраи босуръат пешравии илму техника ва технология мебошад, ҷомеаро бе инкишофи бемайлони илму маориф тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Дар ҷаҳони муосир илму маориф ҳамчун сарчашмаи бунёди пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ карда мешавад. Бинобар ин, мо аҳли маорифро лозим аст, ки шогирдони худро дар руҳияи ҳифзи асолату ҳуввияти миллӣ тарбия намоем, то ки мақому мартабаи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, насли наврасро, ки созандаи ҷомеаи навинанд, чун ҳамқадами замон парвариш диҳем. Аз ин рӯ, онҳоро аз донишҳои техникӣ ва технологияи навин бархурдор намудан лозим аст. Саъю кӯшиш намоем, ки насли наврасу ҷавонро ба донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар сафарбар намоем. Бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки дарсҳо ба ҳаёти имрӯза ва кашфиётҳои навини илму техника сахт марбут бошанд, то ки манфиатбахш буда, хонандагонро ба ҳаёт омода сохта тавонанд. Чунки ҷаҳонро имрӯз равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму технологияи нав фарогир аст.

Дар замони муосир татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи навин ба яке аз омилҳои муҳими дар амал татбиқшавандаи донишҳои нав, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешравиҳои илму техникаро тақозо менамояд. Компютеркунонии таълим яке аз масъалаҳои муҳими дидактика ба шумор рафта, фаъолияти дарккунии хонандагонро баланд мебардорад.

Рушд ва пешравии ҷаҳони муосир бо ду ҷанбаи асосӣ, ки яке ба илму техника ва технология, дигаре маънавиёт, ахлоқ ва пос доштани анъанаҳои ниёгон мебошанд, сахт марбут аст. Рушди техника ва технология бе маънавиёт амалӣ нахоҳад шуд. Бинобар ин мо бояд дар баробари ташаккули тафаккури техникӣ маънавиёти насли наврасро баланд бардошта, аз анъанаҳои неки миллии ниёгони худ онҳоро бархурдор намуда ва ба арзишҳои волои инсонӣ арҷ гузорем. Ин падда моро водор менамояд, ки вобаста ба талаботи замон аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, роҳҳои самарабахши истифодаи дастовардҳои илму техникаро ҷустуҷӯ намоем.

Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба омӯхтани илму технологияи муосир раҳнамун созем, то ки шахси соҳибилм ва озодандешро тарбия намоем.

Ташаккули тафаккури фарҳанги техникии насли наврас ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ аз айёми кӯдакӣ ва наврасӣ яъне аз боғчаи кӯдакон, мактаби миёна оғоз гардида, дар таълимгоҳҳои олӣ рушд меёбад. Ин амал тақозо менамояд, ки шогирдон бояд дар мактаб аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дониши хуб гиранд, ки он ба ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурсӣ хизмат мекунад. Шароити мусоиди кор ва мавҷуд будани кабинетҳои фаннӣ, устохонаҳои таълимӣ дар мактабҳои миёна ба раванди касбомӯзӣ тақвият мебахшад. Зеро онҳо омили муҳими интихоби бошууронаи касбу ҳунар ва равияҳои касбӣ ба шумор мераванд. Аз ин лиҳоз ба мо омӯзгорон лозим аст, ки шогирдонамонро бо донишҳои нав ба нав мусаллаҳ намуда, онҳоро ба интихоби бошууронаи касб ҷалб намоем.

Яке аз корҳои самарабахши таълимию методӣ ин бо технологияи ҳозиразамон, яъне компютерҳо, воситаҳои сабти овоз, аудио – видео, телевизорҳо ва дастгоҳҳои аккосию барномасозӣ муҷаҳҳаз гардонидани раванди таълим мебошад. Ин роҳ имконият медиҳад, ки аз тамоми нозукиҳои технологияи навин огоҳ гашта, ҳамчун сарчашмаи таълим аз он ғизои маънавӣ гиранд ва фарҳанги истифодаи технологияи муосирро дуруст дарк намоянд. Бояд ҳар як шахси комилҳуқуқи давлати соҳибистиқлол кӯшиш намояд, ки дар раванди рушди техника саҳмгузор бошад.

Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони болаёқатро дар соҳаи технология пайдо намуда, фаъолгардонии раванди таълимро бо истифодаи технологияи замонавӣ ба роҳ монем. Дар шароити ҳозра омӯхтани технологияи навин, ки асоси касбомӯзии насли ҷавон мебошад, низ ба ҳамин мақсад равона карда шудааст. Касбомӯзии талабагон дар асоси пурзӯр кардани омӯзиши самтҳои техника ва технологяи муосир ба амал бароварда мешавад.

Таълими техника ва технология дар шароити ҳозира онро талаб менамояд, ки бояд хонандагонро бо қонунҳои табиат, ҷамъият ва бо талаботи умумии илми ҳозиразамон шинос намуда, афкори илмию техники онҳоро инкишоф дода, донишу маҳорати эҷодкории эшонро баланд бардорем ва бо малакаҳои истифодаи донишҳои амалӣ пайваст намоем.

Хонандагонро барои меҳнат кардан дар истеҳсолот тайёр карда, шавқу ҳаваси онҳоро нисбат ба касб зиёд намоем. Ин роҳ дар заминаи донишу маҳорати андӯхташуда аз тарафи шогирдон гирфтани маълумоти касбиро низ таъмин мекунад. Донишҳое, ки талабагон оид ба асосҳои илмии технологияи ҳозиразамон ҳосил мекунанд, қисми таркибии фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мебошанд. Зеро толибилмон дар мактаб оид ба таълими фанҳои мазкур маълумоти умумиро омӯхта, оид ба қонуниятҳои табиат, ҷамъият ва истеҳсолоти ҳозиразамон, ҳосил кардани сарватҳои табиат, дар бораи ашёи хом ва бойигариҳо ва манбаъҳои энергетикӣ дониш мегиранд.

Ҳамин тариқ дониши андӯхтаи мактаббачагон ба фаъолияти амалӣ, ба меҳнати фоиданоки сермаҳсули ҷамъиятӣ ва барои пурра зоҳир гардидани қобилиятҳои эҷодии онҳо мусоидат мекунад. Ин на танҳо ба сифати баланд бардоштани кори таълиму тарбия дар мактаб кӯмак мекунад, балки барои дар хонандагон ташаккул додани сифатҳои маънавии шахсият низ ёрӣ мерасонад, то ки онҳо меҳнатдӯстиро яке аз омилҳои муҳимтарини ҳаёти хеш ҳисобанд. Табиист, ки чунин меҳнат омили асосии тарбияи меҳнатии ҷавонон шуда метавонад. Хонандагон дар рафти таълим бо донишҳои техникӣ ва технологияи муосир ҳарҷониба шинос шуда, дар интихоби бошууронаи касб малакаю маҳорат пайдо мекунанд. Муҳим ва мураккаб будани тарбияи насли ҷавон дар шароити ҳозира дар назди омӯзгорон талаботи калон мегузорад, ки дар баробари дониши назариявӣ, маҳорату малакаи техникӣ ва технологияи муосирро дастрас намудан, бояд дар амал татбиқ намудани онро низ омӯзанд ва қобилияти озодандешию эҷодкории наврасону ҷавононро такмил диҳад. Бо ин восита дар шуури наврасон ва ҷавонон дар ҳиссиёту хулқу одоби онҳо асосҳои муносибат ба меҳнат ва одамони меҳнаткаш пайдо мегардад. Бинобар он, ҳаминро ба эътибор гирифтан лозим аст, ки ҷомеаи навтаъсиси мо пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи меҳнатдӯстии ҷавонону наврасон диққати ҷиддӣ медиҳад ва аз ҳар як омӯзгор тақозо менамояд, ки нисбат ба тарбияи меҳнатии шогирдон аҳамияти бештар зоҳир намоянд, ки онҳо дар пешрафт ва тараққиёти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Маҳз тавассути меҳнат ташаккул додани сифатҳои хоси инсонӣ ва ҳамчун шахсияти баркамол ба воя расонидани насли наврас яке аз вазифаҳои асосии мактаби муосир ба шумор меравад.

Бибивахӣ Мирбобоева

 

0

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
Начибулло Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Начибулло
Меҳмон
Начибулло

Муаллимаи азиз хуб мешуд, ки дар бораи насли наврас маколае менавистед…