Нақши ашколи беруназсинфии кор дар густаришёбии шуури ҳуқуқии наврасони хурдсол (хонандагони синфҳои V ва VI)

Гузаштан ба шакли нави муносиботи ҷамъиятӣ, бо суръати баланд ҷорӣ гардидани низоми иқтисоди бозоргонӣ, интихоб намудани роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамин замина ворид гаштан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ беш аз пеш баланд бардоштани сатҳи маданияту маънавиёти кулли мардуми кишвар, аз он ҷумла насли наврасро, ки ояндаи давлату ҷомеа маҳз дар дасти онҳост, аз ҳар ҷиҳат тақозо мекунад. Шарти ягонаи мавриди амал татбиқ кардани ҳамаи ҳадафҳои боло аз таъмини рушди ҳарҷонибаи наврасон вобастагии амиқ дошта, дар ин миён густариш додани дониш ва шуури ҳуқуқии онҳо бо истифода аз роҳу усулҳои гуногуни тарбияи ҳуқуқӣ мавқеи хосаро соҳиб аст. Чунки бидуни баланд бардоштани сатҳи дониш ва шуури ҳуқуқии наврасон, на танҳо дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ба як қатор мушкилот мувоҷҷеҳ хоҳӣ гашт, балки наметавон ҷиҳати таъмини комили амнияту суботи давлат ва ҳамзамон таъмину таҳкими волоияти қонун дар байни мардум, ки ин ҳама, бешак кафили асосии пешрафти ҷамъият маҳсуб меёбад, ба комёбиҳо ноил шуд.

Аз ҷониби дигар, дар ҳоле, ки қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ ба қонунгузории ҷиноятии дигар давлатҳои дуру наздики ҳамсоя, аз ҷумла Федератсияи Русия барои вайрон кардани як қатор талаботҳои он ҷавобгарии ҷиноятиро ҳанӯз аз оғози расидан ба давраи мукаллафият, яъне аз синни 14-солагӣ муқаррар кардааст (дар қиёс бо калонсолон, албатта бо якчанд сабукиҳо), бинобар ин зарурати таъмини рушди тафаккури ҳуқуқии наврасон қабл аз расидан ба ин давраи синну сол пеш меояд. Дигар хел карда гӯем, бояд ҷавобгарӣ дар назди қонун баробари тайёр намудани наврасон ба риояи он оғоз гардад. Илова бар ин, амалӣ сохтани ин кор на танҳо содир гаштани амалиёти ҷиноятиро аз сӯи ноболиғон то як андоза пешгирӣ менамояд, балки тавваҷӯҳи хоса зоҳир кардани институтҳои иҷтимоӣ ба он баҳри пешгирӣ кардани қонуншикании хурдсолон низ амали судманд хоҳад буд.

Тавре аз таҷрибаи амалии кормандони инспексия оид ба корҳои ноболиғон бар меояд, кӯдакон қодир ҳастанд дар сурати ғайриқаноатбахш ҷараён гирифтани раванди иҷтимоишавии онҳо бо баробари расидан ба синни хурди наврасӣ, яъне аз синни 11-солагӣ, аллакай як қатор аъмоли зиддиқонунии хусусияти ҷиноятӣ дошта содир намоянд. Маҳз бо дар назардошти ҳамин нуқтаи муҳим шурӯъ аз охирҳои таҳсили хонандагон дар синфҳои ибтидоӣ ва қадам гузоштани онҳо ба синфҳои миёнаи мактабӣ раванди тарбияи ҳуқуқии наврасон мутаносибан мураккаб мегардад. Зоҳиршавии ин ҳодиса аслан дар баробари дигар намудҳои тарбия бо мақсади ҳарчӣ бештар мусоидат намудан ба пешрафти дараҷаи шуури ҳуқуқии наврасон, ҳосил кардани эътиқоди ҳуқуқӣ дар онҳо ва таҳким бахшидани ҳисси эҳтироми мактабиён нисбат ба талаботи қонунгузориҳо мушоҳида мегардад. Ин ҷо ёдовар шудан басо ба маврид аст, ки аз худ кардани донишҳои ҳуқуқӣ ҳангоми инкишофи шахс дар давраи онтогенез ҳанӯз аз давраи барвақти бачагӣ, яъне аз он замоне, ки муносибат кардан бо ашёҳои олами иҳотакарда ҳамчун фаъолияти пешбаранда қарор мегирад, оғоз ёфта тадриҷан бо гузашти сол доираи ин донишҳо фарохтар шудан мегирад. Вале ин донишҳо дар ибтидо дар шакли меъёрҳои ахлоқӣ (хуб ва бад) аз тарафи кӯдак қабул гардида, баъдан ба худ табиати ҳуқуқиро (қонунӣ ва ғайриқонунӣ) мегиранд ва дар ҳамин шакл қабул мешаванд. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки тарбияи ҳуқуқӣ на дертар аз дигар намудҳои тарбия: ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва эстетикӣ шурӯъ гардида, ҳамзамон дар ҳамонҳангии зич бо онҳо бурда мешавад. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки тарбияи ҳуқуқӣ аз байни ҳамаи намудҳои номбурдаи тарбия бо тарбияи ахлоқӣ алоқаи ногусастанӣ дошта, аз худ кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар як вақт ҳамчун аз бар намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Аз як тараф ин суханҳо иллюзия (дарки нодуруст)-ро бобати як пиндоштани ҳар ду ин намуди тарбия аз ҷониби бархе аз нафарон ба вуҷуд меорад, ки ҳаргиз чунин фикр кардан нашояд. Аммо бар хилофи ин бархе аз нафарон ҳанӯз чанд сол муқаддам бар он назар буданд, ки гӯё рушди ахлоқии шахсият дар пайомади худ рафтори ахлоқиро худ аз худ таъмин мекарда бошад ва аз ин лиҳоз дар ҷодаи тарбияи ҳуқуқии наврасон кӯшиш ба харҷ додан амали зиёдатист.

Бояд хуб фаҳмид, ки донистани як худи меъёрҳои ҳуқуқӣ бидуни мавҷудияти эътиқоди ахлоқӣ наметавонад риоя гаштани талаботи қонунгузориҳоро аз ҷониби шахс кафолат диҳад. Бинобар ин, баланд бардоштани шуури ҳуқуқии наврасон бояд дар як радиф бо устувор кардани эътиқоди ахлоқиву ҳуқуқии онҳо бурда шавад.

Шуури ҳуқукӣ – ин дар шуури шахс инъикос ёфтани ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти ҳуқуқӣ, муносибат ба онҳо ва талабот нисбати рафтори ҳуқуқӣ мебошад.

Тавре болотар ишора гардид шахс дар давоми тамоми ҳаёти хеш тарбия (аз ҷумла тарбияи ҳуқуқӣ) мегирад ва ҳарчанд ки гуфтаи педагоги сабардаст А.С.Макаренко дар хусуси он, ки 90 дар сади тарбия то синни 5-солагӣ ба кӯдак дода мешавад, аз сӯи олимони дирӯзу имрӯзи соҳа ҳамаҷониба пазируфта шудааст, вале новобаста ба ин, бо такя ба далелҳои илмӣ давраи басо мусоид ҷиҳати ба таври амиқ аз бар намудани донишҳои ҳуқуқӣ ва дар ин самт ҳосил кардани тасаввуроти зарурӣ синни калони наврасӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин ин нуқтаро олимон Мицкевич А.В. ва Обухов В.М. дар китоби хеш, ки он ҳам ба ҳалли ҳамин проблема бахшида шудааст, то ҷое асоснок кардаанд. Аммо муаллиф дар пайравӣ ба мақоли халқии «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ», ё худ «Оби рехтаро бардошта намешавад» чунин меҳисобад, ки чун синни хурди наврасӣ оғози мантиқии айёми наврасӣ ба шумор мераваду аз сӯи дигар хусусиятҳои он аз хусусиятҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ комилан тафовут дошта, фаъолии наврасон ҳам дар ин давра ба маротиб меафзояд, аз ин рӯ дар самти баланд бардоштани дараҷаи шуури ҳуқуқии наврасон, аллакай дар ҳамин зинаи синну сол таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудани институтҳои асосии иҷтимоӣ амри воқеӣ хоҳад буд.

Ғайр аз ин, қариб ҳамаи он шаклу усулҳои корҳои беруназсинфие, ки ҳангоми ташкили тарбияи ҳуқуқии наврасони калон дар мактаб истифода мегарданд, мавриди ташкили тарбияи ҳуқуқии наврасони хурдсол низ комилан мувофиқат мекунанд ва ҷиҳати ҳарчӣ пештар таъмин намудани рушди ҳуқуқии онҳо мусоидат менамоянд. Аҳамияти суханони боло боз аз он ҷиҳат бараъло эҳсос мегардад, ки танҳо иқдом варзидан дар самти густариш додани шуури ҳуқуқии наврасон ҳамчун яке аз роҳҳои хуби ҷилавгирӣ намудан аз ҷинояткории на танҳо наврасони калон, балки наврасони хурдсол баромад мекунад.

Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё наврасон метавонанд ҳангоми таҳсил дар синфҳои V ва VI ҳамаи паҳлӯҳои қонунгузориҳоро дониста бошанд? На, албатта ва барои ҳамаи онҳоро донистан ҳам зарурате нест. Донистани ҳамаи моддаву бобҳои қонунгузориҳо танҳо баҳри мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ шарт ва зарур аст. Барои наврасони хурдсол бошад, танҳо доштани тасаввурот атрофи баъзе меъёрҳои ҷудогонаи қонунгузориҳои соҳаҳои мухталиф, ба монанди: Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ, санадҳои ҳуқуқи маъмурӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ кифоя аст. Чунки наврасони хурдсол дар тӯли зиндагӣ хоҳу нохоҳ дар ин ҷабҳаҳои номбурдаи қонунгузориҳо бо соири муносибатҳои ҳуқуқӣ дучор мешаванд ва умуман перомуни ҳамаи онҳо тасавуроти кофӣ доштан ба ҳар нафаре, ки ҷиҳати дар рафти зиндагӣ ба қадами мустақилона гузоштан омодагӣ гирифта истодааст, ногузир мебошад.

Бояд изҳор дошт, ки ҳуқуқ худ падидаи иҷтимоӣ буда, вазифаи асосии он барои ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, рафти аз худ гаштани меъёрҳои онро аз ҷониби шахс берун аз таъсири муҳити иҷтимоӣ тасаввур кардан мумкин нест. Дар ҷодаи ташаккулдиҳии шуури ҳуқуқии наврасон асосан ду институти асосии иҷтимоӣ – мактаб ва оила нақши бузург ва қариб, ки якхела доранд. Дар ин замина, тибқи нишондоди дастуроти илмӣ бо изҳори боварӣ метавон гуфт, ки мактаб дар ин самт саҳми муассиртар дошта, вале бо вуҷуди ин мавқеи оила ҳам назаррас боқӣ мемонад. Чаро, ки агар наврас дар мактаб ба ҳисоби миёна дар як рӯз сарфи назар аз рӯзҳои истироҳатӣ ҳамагӣ 5-6 соат таълиму тарбия гирад, боқимонда тӯли тамоми рӯз дар назди падару модар қарор мегирад. Айнан ҳамин нуқта борҳо дар суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба масоили рушди соҳаи таълиму тарбия дар ҷумҳурӣ садо дода буд. Аз ин рӯ, бо дарки амиқи ин суханон волидайнро низ мебояд дар баробари кормандони макотиби таҳсилоти умумӣ дар роҳи ташаккулдиҳии шуури ҳуқуқии фарзандони навраси хеш масъулияти дучанд эҳсос намоянд. Ҳамчунин ифшои андешаҳои мазкур аз банди дуюми моддаи 34-и Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ бар меояд, ки дар он омадааст: «Падару модар барои тарбияи фарзандон … масъуланд».

Дар навбати худ мавқеи нисбатан сазовори мактаб дар он дида мешавад, ки шуури ҳуқуқии наврасон дар ҷараёни бурдани корҳои системаноку мақсадноки таълиму тарбиявӣ зимни ташкилу гузаронидани соири чорабиниҳои синфию беруназсинфӣ инкишоф дода мешавад. Албатта фаъолияти дарсии хонандагон баҳри афзун гардонидани ҳаҷми донишҳои ҳуқуқии онҳо мусоидати фаъол менамояд, чунки мӯҳтавои аксарияти фанҳои гуманитарӣ аз ғояҳои ахлоқӣ-ҳуқуқӣ хеле бой буда, ҳамзамон маҳаки асосии аз худ гаштани донишҳои илмии ҳуқуқӣ аз тарафи муҳасилин мебошанд, ки шарҳи муфассали ин паҳлӯи масъала мавзӯи дигари баҳсро талаб мекунад. Аммо ташкили корҳои беруназсинфии наврасон дар мактаб идомаи мантиқии фаъолияти таълимии онҳо буда, ҳадафи асосии он баҳри татбиқи амалии худро пайдо кардани принсипи ҳамоҳангии назария бо амалия равона гардидааст, чунки қисми бештари шаклҳои ташкили он хусусияти амалӣ доранд.

Набояд фаромӯш кард, ки раванди таълим фақат, он гоҳ самараи дилхоҳ медиҳад, ки агар донишҳои дар ин ҷараён аз сӯи хонандагон аз бар гардида, зимни ташкили як қатор корҳои беруназтаълимии хонандагон ва таъмини ширкати фаъолонаи эшон дар ин раванд таҳким бахшида шавад. Ҳамчунин ин кор бояд рафти ҳосил гардидани маҳорату малакаи толибилмонро ташкил кунад.

Ҳамин тариқ, таҳти мафҳуми корҳои беруназсинфӣ, ки онро инчунин дар баъзе адабиёти илмӣ-методӣ фаъолияти беруназдарсӣ, ё худ беруназтаълимӣ ном мебаранд, воситаи муҳими тарбияи дохилимактабӣ, лекин дар лаҳзаҳои фориғ аз дарсҳо бо мақсади муайян ташкилшавандаи мактабиён фаҳмида мешавад.

Ҳамин тавр, ба ҷумлаи шаклҳои корҳои беруназдарсие, ки фарогири тарбияи ҳуқуқии наврасони хурдсол, хонандагони синфҳои V ва VI мебошанд, инҳо дохил мешаванд: сӯҳбат, мубоҳиса (диспут, дискуссия), вохӯрӣ, саёҳат, муҳокима, мусобиқа (озмун), викторина, соатҳои саволу ҷавоб, бозиҳои нақшофарӣ, идҳо, маҷаллаҳои шифоҳӣ, ташкили намоишгоҳҳо, рӯзномаи деворӣ, конференсияи мактабӣ, маҳфилҳо, соати тарбиявӣ, дастаҳои ҷавони ёрдамчиёни милитсия, дастаҳои ҷавони инспексия оид ба назорати ҳаракат дар роҳ, лексияи мактабӣ (брифинг) ва ғайра.

Таҳлили афкори илмии бархе аз донишмандони соҳа нишон дод, ки ҳамаи чорабиниҳои муташаккилонаи тарбиявӣ ба хотири мавриди интихоби намуди ҷудогонаи он мувофиқи мақсад амал намудан ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд. Дар бастагӣ ба ин гуфтаҳо, агар ба дастури илмӣ-методии Т.Н. Калечиц ва З.А.Кейлина «Внеклассная и внешкольная работа с учащимися», – М.: Просвещение, 1980 мушаххасан назар намоем, он гоҳ тақсимоти онро аз лиҳози шумораи ҳайати иштирокчиёни чорабинии тарбиявӣ ба гурӯҳҳо пай бурдан мумкин аст: 1) чорабиниҳои фардӣ; 2) чорабиниҳои гурӯҳӣ; 3) чорабиниҳои оммавӣ, ки ин тарзи гуруҳбандӣ яке аз тарзҳои паҳншудаи он дониста мешавад. Ҳамин аст, ки маҳз айнан ҳамин тарзи гурӯҳбандиро, инчунин олими соҳа Н.И.Болдирев дар китоби хеш «Методика воспитательной работы в школе», – М.: Просвещение, 1974. ёдовар шудааст. Аммо гузашта аз ин, Николай Болдирев дар навбати худ маҷмӯи чорабиниҳои тарбиявиро аз лиҳози методикаи таъсиррасонии тарбиявӣ низ ба гурӯҳҳо ҷудо кардааст. Тибқи ин гуна гурӯҳбандӣ чунин гурӯҳҳои ашколи ғайридарсии корро ном бурдан мумкин аст: 1) шаклҳои шифоҳӣ (лексия, конфронси мактабӣ, мубоҳиса, вохӯрӣ, маҷаллаҳои шифоҳӣ ва ғ.); 2) шаклҳои амалӣ (саёҳат, озмуну мусобиқот, маҳфилҳо ва ҳ.); 3) шаклҳои аёнӣ (рӯзномаи деворӣ, ташкили намоишгоҳ ва ғ.). Албатта чунин гурӯҳбандӣ ниҳоӣ ва фарогири тамоми шаклҳои беруназтаълимии кор набуда, балки рӯз аз рӯз беҳтар шудани сатҳи ҳаёти иҷтимоӣ ва махсусан ворид гаштани таҳаввулот дар низоми кори мактабу маориф, бидуни муҳобот дар пайомади худ шаклҳои нав ба нави фаъолияти ғайридарсии талабагонро тавлид хоҳанд кард.

Ҳамчунин лозим ба таъкид аст, ки аксари чорабиниҳои беруназсинфӣ метавонанд ба таври мустақил ва ё дар дохили якдигар амал намоянд. Барои мисол як худи маҳфил метавонад дар доираи хеш чандин чорабиниҳои тарбиявиро (аз ҷумла шаклҳои гурӯҳии (коллективона) кор: вохӯрӣ, муҳокима, саёҳат, соатҳои саволу ҷавоб ва шаклҳои фардии кор: баровардани рӯзномаи деворӣ, тайёр кардани маърӯза ва ғайра) фарогир бошад. Ин гуна хусусият хоси дигар чорабиниҳои тарбиявӣ: маҷаллаҳои шифоҳӣ, соати тарбиявӣ, саёҳат … низ мебошад.

Ниҳоят, набояд фаромӯш сохт, ки фаъолияти беруназсинфӣ дорои махсусиятҳо мебошад ва маҳз бо ҳамин аз фаъолияти таълимӣ тафовут пайдо мекунад. Махсусияти асосӣ ҳини ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ ин аст, ки ҷалби толибилмон дар ҷараёни он бояд на маҷбуран, балки тибқи хоҳиш сурат бигирад, яъне онҳо машғулияти дилписандашонро дар асоси шавқу ҳавас ва майлу рағбат интихоб кунанд. Махсусияти дуввум ин аст, ки чорабиниҳои тарбиявӣ дар доираи талаботи ҳатмии барномавӣ маҳдуд нашуда, мазмуну мундариҷа ва интихоби шаклҳои он бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷудаи мактаб ва хоҳиши талабагон амалӣ карда мешавад. Махсусияти сеюм бошад, дар он зоҳир мегардад, ки раванди фаъолияти ғайридарсӣ дар ҳайати худ талабагонро аз доираи синну соли гуногун муттаҳид месозад, ки ин ҳолат ҷиҳати устувор гаштани равобити дӯстӣ миёни коллективи умумимактабии хонандагон басо муфид дониста мешавад.

Хусусияти чаҳоруми ташкили чорабиниҳои тарбиявӣ дар он дида мешавад, ки ҳини роҳандозии раванди мазкур бештар амалиёти фардии мактабиён бартарии нисбӣ пайдо мекунад. Чунин ҳолат асосан дар ҷараёни кори маҳфил ва дигар шаклҳои инфиродии фаъолияти ғайритаълимӣ ба мушоҳида мерасад, ки дар рушди қобилияти мустақилона паи иҷрои супориш шудан ва ташаббусуории наврасон аҳамияти беназирро молик аст. Ва ниҳоят сершумории шаклу усулҳои ташкили ҷараёни корҳои беруназсинфӣ ифодакунандаи хусусияти охирини ин раванд ба шумор меравад.

Умуман, чорабиниҳои тарбиявӣ дар мактаб танҳо туфайли ҳамин махсусиятҳои хеш назар ба дигар шаклҳои таълиму тарбия (дарс, тарбияи оилавӣ …) барои мактабиён хоса баҳри наврасон шавқовар боқӣ мемонанд ва ҳамчун омили ягона ҷиҳати ҳарчӣ бештар ҷалб сохтани хонандагони наврас ба омӯзиши донишҳои ҳуқуқӣ баромад мекунанд. Ёдовар мешавем, ки аснои ба роҳ мондани корҳои беруназсинфӣ донистану аз ҳар ҷиҳат ба эътибор гирифтани ин махсусиятҳо шарти асосии дар сатҳи зарурӣ ҷараён гирифтани кор дар ин самт маҳсуб меёбад.

Дар кори мактаб ташкил ва гузаронидани ҳамаи ашколи номбурдаи корҳои беруназсинфӣ дар самти густариш бахшидани шуури ҳуқуқии наврасон аз ҳар ҷиҳат манфиатовар буда, ба даст овардани муваффақияти боз ҳам бештар дар ҷодаи мазкур аз бисёр ҷиҳат ба қобилияти эҷодии муаллим вобаста аст. Зеро нозукиҳои объективие, ки вобаста аз шароитҳои давру замон ҳангоми татбиқи амалии фаъолияти беруназтаълимии хонандагон падид меоянд (табиист, ки ифшои ҳамаи онҳо ин ҷо ғайриимкон аст), аз омӯзгор муносибти эҷодӣ намуданро дар ин раванд талаб мекунанд.

Ҳамчунин ба омӯзгорон, пеш аз ҳама ба роҳбарони синф маслиҳат медиҳем, ки ба комёбии бештар дар ин самт танҳо дар мавриди истифодаи на як ё ду шакл, балки ҳангоми татбиқи шумораи ҳарчӣ бештари онҳо ноил шудан мумкин аст. Чунки ҳар яке аз ин шаклҳо пурракунандаи натиҷаи якдигар буда, дар сурати мутобиқ ба талабот ташкил карда шудани онҳо натиҷаи дилхоҳро соҳиб гаштан мумкин аст.

Умуман, агар ҳадафи асосӣ аз доир кардани шаклҳои фаъолияти ғайридарсии толибилмон аз як тараф ба такмил бахшидани дараҷаи маърифати ҳуқуқии наврасон ва ҳамзамон ба рушди ҳамаҷонибаи онҳо равона шуда бошад, аз сӯи дигар он ба оқилона созмон додани вақти холии муҳасилин нигаронида шудааст, ки ин ҳадаф худ омили асосии коҳиш додани теъдоди ҷинояткорӣ дар байни наврасон ба шумор меравад.

Умед ҳаст, ки бо назардошти ҳамаи ин паҳлӯҳои судманди кор дар самти ташкили тарбияи ҳуқуқии наврасон омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ минбаъд бо ба инобат гирифтани шароиту имкониятҳои мавҷудаи соҳаи мактабу маориф аз шаклҳои сершумори корҳои беруназсинфии хонандагон оид ба тарбияи ҳуқуии онҳо ба таври амиқу самарабахш истифода мебаранд.

Умед Ҳамидов – аспиранти соли сеюми кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин