Нақши фарҳанги ҳуқуқӣ дар рушди инсони комил

Гузаштан ба шакли нави муносиботи ҷамъиятӣ, бо суръати баланд ҷорӣ гардидани низоми иқтисоди бозоргонӣ, интихоб намудани роҳи эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дар ҳамин замина ворид гаштан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ беш аз пеш баланд бардоштани сатҳи маданияту маънавиёти кулли мардуми кишвар, аз он ҷумла насли наврасро, ки ояндаи давлату ҷомеа маҳз дар дасти онҳост, аз ҳар ҷиҳат тақозо мекунад. Шарти ягонаи мавриди амал татбиқ кардани ҳамаи ҳадафҳои боло аз таъмини рушди ҳарҷонибаи одамон вобастагии амиқ дошта, дар ин миён густариш додани дониш ва шуури ҳуқуқии онҳо бо истифода аз роҳу усулҳои гуногуни тарбияи ҳуқуқӣ мавқеи хосаро соҳиб аст. Чунки бидуни баланд бардоштани сатҳи дониш ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ, на танҳо дар ҷодаи расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ба як қатор мушкилот мувоҷҷеҳ хоҳӣ гашт, балки наметавон ҷиҳати таъмини комили амнияту суботи давлат ва ҳамзамон таъмину таҳкими волоияти қонун дар байни мардум, ки ин ҳама, бешак кафили асосии пешрафти ҷамъият маҳсуб меёбад, ба комёбиҳо ноил шуд.

Фарҳанг, ё худ маданияти ҳуқуқӣ истилоҳи гуногунҷанба буда, дараҷаи аз ҳама олии камолоти ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Мутаносибан мебояд дарк сохт, ки густаришбахшии ин дараҷаи камолоти ҳуқуқӣ дар одамон кори мураккаб ва басо заҳматталаб мебошад. Аз ҷумла С.С.Алексеев маданияти ҳуқуқиро бо вазъи огаҳии ҳуқуқии аҳли ҷомеа, дараҷаи устувории қонунияту қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа, сатҳи татбиқёбии меъёрҳои ҳуқуқӣ дар фаъолияти амалии сохторҳои ҳомии ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ тавсиф медиҳад.[1]

Аммо тафсири ин истилоҳ дар китоби таълифнамудаи А.Р.Ратинов ва Г.Х.Ефремова мушаххасан чунин ифода шудааст: Таҳти фарҳанги (маданияти) ҳуқуқӣ низоми таърихан бавуҷудомадаи ҳодисоти олӣ ва таҷассумёфта дар соҳаи амалкарди ҳуқуқ фаҳмида мешавад, ки он дар шуур ва рафтори одамон инъикос меёбад.

Аз нигоҳи шахсии мо фарҳанги (маданияти) ҳуқуқӣ чун падидаи олиташкил ва фарохдомани иҷтимоӣ дар доираи хеш зерсохторҳои камолоти ҳуқуқиро, ки дар ҷараёни иҷтимоишавии (сотсиализатсия) ҳуқуқии шахс пайиҳам тавлиду ривоҷ меёбанд, муттаҳид мекунад. Ба ин зерсохторҳо пеш аз ҳама зинаи аввали камолоти ҳуқуқӣ: дониш, фаҳмиш ва тасаввурот, ки дар зинаи дуувум ба: маърифату тафаккури ҳуқуқӣ бадал меёбанд ва сипас: шууру психология ва эътиқоди ҳуқуқӣ дохил мешаванд. Илова бар ин, чун дар таърифи фарҳанги ҳуқуқӣ ишора гардид, ки ин падида на фақат дар шуури одамон, балки зоҳирёбии он дар рафтори ашхос низ мушоҳида мегардад, бинобар ин фарҳанги ҳуқуқӣ фарогири зинаҳои нисбатан олитари камолоти ҳуқуқӣ: муносибат, маҳорату малака ва одати ҳуқуқӣ ҳам мебошад. Зимнан, ба хотири таъмини дарки мантиқан саҳеҳи ин сохтор бори дигар ёдовар мешавем, ки зинаи ниҳоии камолоти ҳуқуқиро худи фарҳанги ҳуқуқӣ ташкил дода, шуури ҳуқуқӣ бошад, унсури асосии он маҳсуб меёбад.

Он соҳаи шуури фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъиятиро, ки инъикосгари ҳақиқати ҳуқуқӣ ва идоракунандаи рафтори инсонӣ дар вазъиятҳои муҳими ҳуқуқӣ мебошад, метавон шуури ҳуқуқӣ унвон кард.[2]

Басо мавриди гуфтанист, ки мутаносибан ба сабаби он, ки сотсиализатсияи ҳуқуқии ҳар нафар хусусияти ба худ хоси суратпазириро дорост, на ҳама касон метавонанд, ки аз як зина ба зинаи дигар чобукона қадам ниҳанд. Аксарият ҳанӯз дар зинаҳои аввали ин сохтор бинобар рӯ ба рӯ шудан бо ҷумлаи шароити номусоиди иҷтимоӣ андармон мешаванд, ки ин ҳолат то ҷое нигаронкунанда ва яке аз сабабҳои ҳамоно зиёд будани теъдоди ҷинояткорӣ миёни одамон маҳсуб меёбад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз бар кардани донишҳои ҳуқуқӣ, ҳосил кардани огаҳии муайян атрофи талаботи меъёрҳои қонун, баҳо дода тавонистан ба вазъиятҳои аҳамиятноки ҳуқуқӣ, дастёб гаштан ба тавони зоҳирсозии муносиботи дуруст нисбати ҳодисоти ҳуқуқӣ, ҳосил кардани маҳорату малакаи саҳеҳи рафтор аз нигоҳи талаботи қонун ва билохира ташаккулёбии фарҳанги ҳуқуқӣ, одатан зимни суратпазирии сотсиализатсияи ҳуқуқии шахс асли воқеӣ пайдо мекунанд. Сотсиализатсияи ҳуқуқӣ — ин қисме аз ҷараёни умумии иҷтимоишавӣ буда, он дар марҳилаҳои гуногуни ҳаёт гоҳ ба таври стихиявӣ ва гоҳ дар раванди таъсиррасониҳои мақсадноки тарбиявӣ сурат мегирад. Ногуфта намонад, ки ин ҷараён дар тӯли тамоми ҳаёти шахс идома ёфта, дар бастагӣ аз тадриҷан васеъшавии доираи муошират ва мураккабшавии намуди фаъолият он низ дар зинаҳои баландтар воқеъ мешавад.

Мусаллам аст, ки аз худ кардани донишҳои ҳуқуқӣ ҳангоми инкишофи шахс дар давраи онтогенез[3] ҳанӯз аз давраи барвақти бачагӣ, яъне аз он замоне, ки муносибат кардан бо ашёҳои олами иҳотакарда ҳамчун фаъолияти пешбаранда қарор мегирад, оғоз ёфта тадриҷан бо гузашти сол доираи ин донишҳо фарохтар шудан мегирад. Кӯдак мавриди шунидани афсонаҳои мухталиф ба тасаввуроти оддии ҳуқуқӣ соҳиб мегардад ва ҳамзамон аснои машғул шудан ба бозиҳои ролнок вазифаҳои ҳуқуқу мазмуни фаъолияти намояндагони сохторҳои қудратиро дониста мегирад. Вале ин донишҳо дар ибтидо дар шакли меъёрҳои ахлоқӣ (хуб ва бад) аз тарафи кӯдак қабул гардида, баъдан ба худ табиати ҳуқуқиро (қонунӣ ва ғайриқонунӣ) мегиранд ва дар ҳамин шакл қабул мешаванд. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки тарбияи ҳуқуқӣ на дертар аз дигар намудҳои тарбия: ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ ва эстетикӣ шурӯъ гардида,[4] ҳамзамон дар ҳамонҳангии зич бо онҳо бурда мешавад. Дар ин робита бояд гуфт, ки тарбияи ҳуқуқӣ аз байни ҳамаи намудҳои номбурдаи тарбия бо тарбияи ахлоқӣ алоқаи ногусастанӣ дорад.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ривоҷи бошиддату бӯҳронии сотсиализатсияи умумӣ, махсусан сотсиализатсияи ҳуқуқии шахс ба синни аз 14 то 18 солагӣ рост меояд.[5] Зеро дар ин айём аз ҷониби наврасон талоши рӯзафзун  ба худшиносӣ ва собитсозии хеш ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа зоҳир шуда, ин ҳолат аз ҳар ҷиҳат имкон фароҳам меорад, ки рушди фарҳанги ҳуқуқии онҳо бо суръати ниҳоят баланд сурат пазирад. Бинобар ин, ба назари мо шояд маҳз аз ҳамин лиҳоз бошад, ки аксари олимон давраи калони наврасиро аз дигар давраҳои он дида ба сифати марҳилаи басо созгор ҷиҳати мусоидат дар таъмини рушди ҳуқуқии шахсият донистаанд.

Аз сӯи дигар, шахс баробари расидан ба синни 18 марҳилаи асосии сотсиализатсияи ҳуқуқиро сипарӣ намуда, аз ин рӯ ҳамчун шахси дараҷаи пурраи мукалафиятро соҳибгашта эътироф мегардад ва минбаъд барои ҳар амали ғайриқонуниро содир намуданаш ҷавобгар дониста мешавад.

Ин ҷо лозим ба ёдоварист, ки асоси идорашавандагии рафтори шахсро на як худи шуури ҳуқуқӣ, балки зуҳуроти дигар шаклҳои шуур: ахлоқӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ, эстетикӣ ва ғайра ташкил мекунанд. Ва ин ҳама шаклҳои шуур аз ҳам вобастагии зич дошта, якдигарро комил мегардонанд[6] ва танҳо дар муттаҳидӣ метавонанд рафтори солими касро кафолат бахшанд, ки он ҳам бошад, ҳангоми ба дараҷаи кофӣ рушд ёфтанашон.

Аммо гузашта аз ин, месазад донист, ки дар зоҳирёбии ҳар гуна рафтор ва қисмати бештари ваҷҳиёти он нақши шуури ахлоқӣ нисбатан бештар мебошад.

Зеро камолоти ахлоқӣ асоси ҳамагуна рафтори шоиста буда, метавонад дар ҷодаи таъмини тарбияи ҳуқуқӣ низ нақши ҳалкунанда дошта бошад,

Бо дарки маънии боло суоле ба миён меояд, ки то кадом андоза кирдори шахс дар зинаи ақл танзим меёбад? Мутаносибан, тавре аз мӯҳтавои адабиёти психологӣ роҷеъ ба ин масъала бар меояд, кирдору фаъолият бар пояи талаботи табиии шахс асос ёфта, ҳамзамон асоси ҳастии ӯро ташкил мекунад. Дар ин росто, агар бо баэътиборгирии афкори илмиву фалсафӣ ва диниву ахлоқии кулли донишмандону уламои чӣ замони бостон ва чӣ даврони имрӯза назар афканем, хоҳем фаҳмид, ки мазмуни аслии фаъолияти одамиро ҷанбаи мусоидаткунандагии он ба пешрафти ҷомеаи башарӣ ташкил мекунад. Ва маҳз ҳамин хусусият фарқкунандаи асосии фаъолияти инсон аз фаъолияти ҳайвон хоҳад буд. Яъне хос будани равияи иҷтимоӣ танҳо дар фаъолияти инсон мушоҳида мегардад, ки ҳамин равия хусусияти шууронагиро соҳиб аст. Илова бар ин, тибқи назарияи психологӣ ҳар фаъолият дорои ташкилаҳои зоҳириву ботинӣ буда, агар ташкилаҳои аввал фарогири ҳаракоту амалҳои таркибии фаъолият бошанд, пас ташкилаҳои дуюмӣ ифодакунандаи марому мақсадҳои гузошташаванда ва нақшаву барномаҳои дар шакли равонӣ тарҳрезишаванда мебошанд.[7] Бовуҷуди он ки ташкилаҳои дохилии номбурда, одатан таҳти назорати шуур амалӣ мешаванд, вале боз дар ин доира ҳастанд ҷузъиёти ба қавле бешууронаи фаъолияти психикӣ, ба монанди: баъзе ангезаҳо, майлу рағбат, табъу рӯҳия, ҳолатҳои алоҳидаи эмотсионалӣ ва дигар амалиёти равонӣ, ки онҳо хеле кам ба назорати шуур дода мешаванд. Аз сӯи дигар, ба назари мо ин ҳама «ҷузъиёти бешуурона» ба намуди рафторҳои импулсивӣ (беихтиёр) шомиланд. Зеро рафтори импулсивӣ — амалҳои на он қадар фаҳмидашудае ҳастанд, ки онҳо зери таъсири ҳиссиёти ангезандаҳои зӯр ва аксар вақт ногаҳонӣ иҷро карда мешаванд.[8]

Бояд гуфт, ки рафторҳо маъмулан ба чаҳор намуд тақсим мешаванд: рефлекторӣ, ғаризавӣ (инстинктивӣ), импулсивӣ (беихтиёр) ва иродавӣ, ки танҳо охиринаш аз ҷониби шуур асосан ва аз ҳама бештар назорат меёбад. Лекин бовуҷуди таҳти назорати доимии шуур қарор доштани рафтори иродавӣ он низ метавонад вобаста аз воқеъшавии зинаҳои сохтории хеш нисбатан бештар ва ё камтар ба ин ҷараён дода шавад. Ба зинаҳои сохтории рафтор – ҳаракат, амал, амалиёт (оператсия) ва фаъолият дохил мешаванд, ки одатан зинаи нахустини рафтор бешуурона сурат гирифта, бо гузаштан ба зинаҳои баъдӣ хусусияти шууронагии рафтор торафт зиёд шудан мегирад. Ҳаракат ҳам дар навбати худ бо қисми таркибии амалу амалиётро ташкил карданаш метавонад ба мақсади умумии фаъолият, ки шуурона гузошта шудааст, тобеият пайдо кунад.

Умуман, бояд донист, ки дар ҳама зинаҳои рафтор нақши барандагии шууру ирода зоҳир гардида, зинаи ниҳоии он – фаъолият бошад, ба шакли такмилёфтаи рафтори шууронаи инсон дохил мешавад.[9]

Дар боби аҳамияти тарбияи ҳуқуқӣ, ё худ муайянсозии соири вазифаҳои ин намуди тарбия афкори олими соҳа Г.П.Давидов ва фикрҳои тозаи Ш.Қ.Ҳасанов қобили таваҷҷӯҳ ҳастанд. Зеро онҳо тавонистаанд дар пайи як таҳқиқоти илмии худ ҳар кадом дар алоҳидагӣ вазифаҳо ва аҳамияти зиёди тарбияи ҳуқуқиро ошкор сохта бошанд. Ҳамзамон дар ҳалли ин масъала саҳми олимон-педагогон: М.Н.Аплетаев, Т.А.Шингирей ва Л.Н.Мисоваро, ки дар охири қарни ХХ таҳқиқот анҷом додаанд, нодида гирифтан нашояд.

Аз ҷумла Г.П. Давидов дар доираи пажӯҳиши илмии хеш бо гирифтани эроди қатъӣ аз баъзе олимон, ки онҳо дар кори худ зарурияти тарбияи ҳуқуқиро танҳо дар пешгирии ҷинояткорӣ арзёбӣ кардаанд, қатъиян изҳор доштааст, ки набояд мақсади ташкили тарбияи ҳуқуқиро дар иҷрои фақат як вазифа донист.[10] Аз ин рӯ, ӯ ғайр аз баёни вазифаи ниҳоии ин раванд, яъне пешгирӣ аз содиршавии дараҷаҳои мухталифи ҷинояткориву қонуншиканиҳо ва ё ҳолатҳои такрорёбии онҳо боз аҳамияти зиёди кори тарбияи ҳуқуқиро мутобиқ ба шароити замони худ дарёфтааст.

Аммо бовуҷуди ин, шояд шароити замон имкон надода, ки Г.П.Давидов натавонистааст, то бархе дигар ҷиҳатҳои судбахши намуди номбурдаи тарбияро, ки дар шароити феълӣ хеле равшан ба чашм мехӯранд, саривақт муайян намояд.

Аз сӯи дигар, олими тоҷик Ш.Қ.Ҳасанов бошад, дар як таҳқиқи мавридӣ низоми вазифаҳои асосии тарбияи ҳуқуқиро нисбатан камтар, ҳудуди ҳафт вазифа нишон додаст[11], ин ҳам дар ҳолест, ки ҷиҳатҳои муфиди ин раванд, ки аз тарафи мо ошкор шудаанд, якҷо бо дарёфти Г.П.Давидов дар ин самт бештар аз 15 вазифаро ташкил мекунанд. Аз ин лиҳоз, ба назари мо, агар аз нигоҳи танқид назар афканем, месазад, ки корҳои анҷомдодаи Ш.Қ.Ҳасановро низ дар ҷодаи мазкур нокифоя хонд, ҳарчанд, ки онҳо қобили дастгирӣ ҳастанд.

Ҳамин тариқ, агар якҷо бо натиҷагирӣ аз таҳлилҳои олимони болотар номбурда ба маҷмӯи аҳамияти тарбияи ҳуқуқӣ назар андозем, чунин вазифаҳои мушаххаси ин равандро метавон пайхас намуд:

— ташаккулёбии шуури ҳуқуқӣ ва ё таъмин гаштани азбаркунии донишҳои аввалини ҳуқуқӣ;

— такмилёбии рушди ахлоқӣ ва сифатҳои иродавии шахсият;

— бартарафёбии нуқсонҳои мавҷуда дар шуури шахс атрофи моҳияти қонунгузориҳо;

— бедоршавии ҳисси эҳтиром нисбати меъёрҳои ҳуқуқу қонунгузориҳо, сохторҳо (мақомот) ва ашхоси муҳофизи тартиботи ҳуқуқӣ;

— пайдо шудани шавқу ҳавас ва хоҳиши фаъолият дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот;

— тавлид ёфтани муносибати оштинопазир нисбати ҳар гуна зуҳуроти зиддииҷтимоӣ (ва ё дағалона вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ);

— мусоидат дар созгоршавии раванди қабули дигар намудҳои тарбия;

— фарохкунандаи доираи ҷаҳонбинӣ;

— то ҳадде боисшаванда дар таъмини рушди ҳамаҷонибаи шахсият;

— фаъолкунандаи шаҳрвандон баҳри иштирок дар идоракунии давлат;

— таъмингари мавқеи фаъоли шахс дар ҷомеа;

— ба вуҷудоварандаи имкони дуруст баҳогузорӣ карда тавонистан ба ҳолатҳои аҳамиятноки ҳуқуқӣ ва ба амали одамон дар ин гуна ҳолатҳо;

— ҳосилкунандаи маҳорати дуруст интихоб карда тавонистани роҳу воситаҳои ҳимояи ҳуқуқу манофеи шахсии худ;

— тавлидсозандаи ҳисси бо хоҳиши худ риоя намудан ва ҳангоми фаъолият берун аз ҳадди муқарарроти қонунҳо амал накардан;

— пешгирикунанда аз аъмоли худкушӣ ва ё раво дидани сӯи қасд ба ҷони худ дар ҳолатҳои «комилан ноумед» шудан;

— то андозае таъминкунандаи пешгирӣ аз ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳои шахс…

Албатта бо овардани ин ҳама вазифаҳо мо гуфта наметавонем, ки кулли аҳамияти тарбияи ҳуқуқӣ ҳамин асту бас, чунки ба андешаи мо теъдоди вазифаҳои ин раванд пайваста дар ҳоли афзоиш буда, он дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди ҷомеаи демократӣ метавонад аз ин ҳам бештар гардад.

Дар навбати худ А.И.Долгова мефармояд, ки: «Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъективии шаҳрвандон бо ҳам робитаи муттақобила дошта, … муборизаи як шахс барои талаби ҳуқуқҳояш дар як вақт ҳамчун мубориза алайҳи иҷро гаштани ӯҳдадориҳо аз ҷониби шахси дигар баромад мекунад. Муборизаи шаҳрванд ҷиҳати амалишавии ҳуқуқҳояш воқеан ҳам аҳамияти муҳими ҷамъиятиро дорост. Инсоне, ки ҳуқуқҳояшро намедонад ва эҳтиром намекунад, … нисбати ӯҳдадориҳо низ назари густохона хоҳад дошт».[12]

Зимнан, парвариши донишҳои ҳуқуқӣ дар афроди гуногунсин, на танҳо аз сӯи олимону коршиносон тақозо мегардад, балки худи шаҳрвандон низ хостори донистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои хеш дар марҳилаи кунунии ҷомеа ҳастанд.

Хуллас, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бештар аз ҳама ба афроди итоаткунанда нисбат ба талаботи қонун, қобилу омодабуда баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат ва дорои ҳисси масъулиятшиносии баланд ниёз дорад, ин ҳолат танҳо туфайли таъмини тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ имконпазир хоҳад гашт.

Инак, мегузарем ба таърифи ибораи «тарбияи ҳуқуқӣ», ки дарки аслии мазмуни ин ибора дар ташкилу роҳандозии сифатан беҳтари он ҳиссаи бориз дошта, ягона омили асосиест ҷиҳати таъмини ҳарҷонибаи камолоти ҳуқуқии наврасон. Муқаддам аз ҳама бояд донист, ки зери ибораи мазкур чиро дар назар доранд, яъне тарбияи ҳуқуқӣ –  раванди таъсиррасонии муттасилу ҳадафманд ва созмонёфтаву тӯлониест нисбати шахсият, ки ба таъмини рушди донишу маҳорат, одату эътиқод, шууру ҷаҳонбинӣ ва маҷмӯан фарҳанги ҳуқуқии насли наврас нигаронида шудааст.

Бояд изҳор дошт, ки ҳуқуқ худ падидаи иҷтимоӣ буда, вазифаи асосии он барои ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, рафти аз худ гаштани меъёрҳои онро аз ҷониби шахс берун аз таъсири муҳити иҷтимоӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Ташаккул ёфтани шуури ҳуқуқӣ, агар зимни тарбияи ахлоқӣ пеш аз ҳама аз оила сарчашма гирад, минбаъд он ҳангоми таҳсили хонанда дар мактаб дар ҷараёни тарбияи ҳуқуқӣ бо як низоми муайян идома меёбад.

Дар ҷодаи таъмини тарбияи ҳуқуқии насли наврас истифодакунии босамар аз маҷмӯи усулҳо (методҳо)-и ин раванд дар роҳи мазкур кӯмакрасон хоҳад буд. Агар бо ин мақсад ба адабиёти илмии матраҳкунандаи ин мавзӯъ бо диққат назар афканем мебинем, ки дар онҳо аз ҷониби муаллифони гуногун шумораи начандон зиёди усулҳо пешниҳод шудаанд. Аслан бояд гуфт, ки дар адабиёти педагогӣ дар умум шумораи усулҳои тарбия хеле зиёд ҳастанд, аммо теъдоди мушаххаси усулҳое, ки дар ҷараёни тарбияи ҳуқуқӣ корбаст мешаванд, на он қадар бисёранд. Маҷмӯи усулҳои тарбияи ҳуқуқӣ, ки мо онҳоро дар фарқият аз дигар муаллифон (ки эшон аз ин усулҳо бидуни гурӯҳбандӣ ёдовар шудаанд) шартан ба ду гурӯҳ аз рӯи сифати асаркуниашон ба ҳолати равонии инсон (наврасон) тақсим намудем, аз инҳо иборат мебошанд:

 

гурӯҳи аввал

гурӯҳи дуюм
1. боварӣ; 1. маҷбуркунӣ (водорнамоӣ);
2. ҳавасмандкунӣ; 2. сарзаниш (мазаммат, ҷазо);
3. намунаи ибрат 3. назоратбарӣ.
4. машқкунӣ;  
5. ташкили вазъияти тарбиявӣ;  
6. пешгирӣ.  

 

Ҳамчунин «риояи конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, супоридани андозҳо ва пардохтҳо ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи ҷамъиятии ӯро устувор мегардонанд».[13]

Набояд фаромӯш кард, ки асри XXI асри рушди компютер, интернет, видео ва аудио… аст.

Дар ин бастагӣ, ҷиҳати татбиқи амалии суханони боло дар давраҳои гуногуни синнусол метавон аз роҳу воситаҳои мухталифи баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ истифода кард. Яке аз чунин роҳҳои дар ин самт ниҳоят муфиду арзишманд ва хеле самарабахш ин ҷоннок кардану вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни оммаи васеъи мардум ва махсусан наврасон ба шумор меравад. Бисёр хуб мешуд, агар ин кор на танҳо тариқи китобу дастурҳои илмӣ, балки таввасути воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ сурат мегирифт. Чунки  воситаҳои ахбори омма пеш аз ҳама телевизион ва шабакаи ҷаҳонии Интернет дар баробари он, ки бо хусусияти услуби публисистиро доро буданашон ҳамчун воситаҳои хуби тарғибгари донишҳои ҳуқуқӣ дар байни дигар васоити бо ин ҳадаф истифодашаванда мавқеи нисбатан устуворро ишғол мекунанд, ҳамзамон ба сифати воситаи созгори аёнӣ ҷиҳати боз ҳам баландтар бардоштани шуури ҳуқуқии аҳолӣ баромад мекунанд.

Воқеан ҳам имрӯзҳо васоити ахбори омма дар ҳаёти аҳли ҷомеа аҳамияти ниҳоят калон доранд. Умуман, ҳаёти кунунии одамонро бидуни васеъ истифода кардан аз воситаҳои коммуникатсияи оммавӣ ва сару кор гирифтан бо онҳо тасаввур кардан нашояд. Зеро васоити коммуникатсияи оммавӣ, ки ба онҳо садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи ҷаҳонии Интернет дохил мешаванд, моро баробари он, ки ҳар соату ҳар лаҳза бо иттилооти наву тоза чӣ аз дохили кишвар ва чӣ аз хориҷи он шинос менамоянд, ҳамзамон тарбия низ мекунанд. Чунки ҳангоми дидану шунидану хондани онҳо мо аз ҳар ҷиҳат тарбия ёфта, доираи ҷаҳонбинии худро васеъ намуда, дараҷаи донишу маърифати хешро афзун менамоем.

Дар ҳамин замина нақши воситаҳои ахбори оммаро дар тарбияи ҳуқуқӣ ва боло рафтани дараҷаи дониши ҳуқуқии одамон махсус бояд таъкид намуд. Агар бобати як худи намоишномаҳои телевизионӣ сухан ронем мебинем, ки қариб ҳамарӯза аз тариқи шабакаҳои мухталифи ватаниву хориҷӣ барномаву филмҳои ҳуҷҷатӣ ва ҳунарии зиёд намоиш дода мешаванд, ки дорои мазмуну мундариҷаи ҳуқуқиву криминалӣ ҳастанд.

Аз ин лиҳоз, мутахассисону масъулини соҳаи телекоммуникатсияи кишварро низ зарур аст, ки ҷиҳати мусоидат кардан ба суръат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо коршиносони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва педагогон барномаҳои телевизиониро дар шакли жанрҳои гуногуни он, ба мисоли: шоу-барномаҳо, филмҳои ҳуҷҷатӣ, роликҳои таблиғотӣ ва ғайра, ки дар онҳо вазъиятҳои мушаххаси ҳуқуқӣ баррасӣ мегарданд, бештар таҳия ва пахш намоянд. Ҳамчунин аз сӯи дигар корро дар самти созмон додани сомонаҳои интернетӣ, ки дорои мазмуну мӯҳтавои баррасикунандаи вазъиятҳои ҳуқуқӣ ҳастанд, мебояд тақвият бахшид.

Хуллас, фаромӯш кардан нашояд, ки васоити ахбори умум дар қиёс ба дигар воситаҳои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии мардум бо дарназардошти он, ки вазъиятҳои гуногуни ҳуқуқиро ба таври хеле возеҳу равшан ва соддаву оммафаҳм баён мекунанд, беҳтарин ва хубтарин восита ба шумор мераванд.

Иловатан, роҷеъ ба ҳалли ин масъала дар дохили ҳар як мактаб ва коргоҳ фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ, яъне муҳите, ки дар он меъёрҳои ҳуқуқӣ пайваста аз ҷониби бошандагонаш риоя гардаду орӣ аз зуҳуроти ҳар гуна қонуншиканӣ бошад ва умуман поймол гаштани ҳуқуқҳои як шахс аз ҷониби шахси дигар ба назар нарасад, зарур аст. Ҷиҳати хуби ин кор қабл аз ҳама дар он аст, ки фароҳам овардани ин гуна муҳит дар тамоми давраи кору таҳсили одамон дар муассисот сабаби дар онҳо ба вуҷуд омадани одати ҳамвора ва бидуни маҷбурнамоӣ риоя кардани меъёрҳои ҳуқуқӣ мегардад.

Ниҳоят, дар қаламрави маҳалҳои аҳолинишин роҳандозӣ намудани «телефони боварии ройгон» ҳам, ҷиҳати расонидани имдоди ҳуқуқӣ ба кулли кӯдакону наврасон ва дигар нафарони ниёзманд, як навъ воситаи мусоидат баҳри болобурди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.

Ҳаргиз набояд фаромӯш кард, ки танҳо бо вусъат бахшидани сатҳи донишҳои ҳуқуқии наврасон ва аҳолӣ таъминоти ҳолати дар ҷаҳорчӯби қонун амалкунии онҳо ғайриимкон аст. Дар заминаи такмилдиҳии фаҳмиши ҳуқуқӣ, инчунин дар одамон бояд маҳорати аз лиҳози ҳуқуқӣ дуруст рафтор карда тавонистан ҳосил карда шавад. Чаро ки тавре аз мушоҳидаҳои мо низ маълум гардид, кам нестанд ҳолатҳои бо вуҷуди воқиф будан аз мазмуни умумии баъзе меъёрҳои ҳуқуқӣ дар лаҳзаҳои зарурӣ тарзи саҳеҳи рафторро интихоб карда натавонистани бархе аз нафарон.

Ҳамчунин хуб мешуд, агар ҳанӯз дар овони наврасӣ, ки зинаи басо созгори ҳаёт дониста мешвад, дар шуури наврасон туфайли таъмини тарбияи ҳуқуқии муҳасилин пеш аз ҳама эътиқоди ҳуқуқӣ падид оварда шавад ва дар пояи он дар ниҳоди эшон ҳисси эҳтиром нисбати қонунҳо ва риояи бечунучарои онҳо, хоҳиши пайваста баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва таблиғи ин донишҳо, майли фаъолона ширкат варзидан дар раванди нигоҳдошт ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ бедор карда шавад.[14]

«Дар корхонаву муассисаҳо, донишкадаву мактабҳои миёна, хулоса дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа омӯхтани Конститутсияи Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии давлат бояд боиси тарбияи инсони наве гардад, ки аз ҳуқуқу озодиҳои хеш дифоъ карда метавонад. Зеро маҳз чунин инсон қодир аст, ки бо дарки моҳият ва аз худ намудани қонунҳои амалкунанда ҳуқуқ ва манфиатҳои худро пуштибонӣ намояд ва ин ҳолат хоси давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд мебошад».[15]

Умуман, барои раҳоӣ ёфтан аз ҳар гуна бадбахтиҳо ва ҳамзамон баҳри ноил гаштан ба комёбиву муваффақиятҳо  дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ дар ҳар давру замон новобаста аз синну сол баланд бардоштани дараҷаи маърифатнокӣ, хоса дар айёми наврасӣ ногузир ба ҳисоб меравад.

Дар охир як нуқтаи хеле муҳимро махсус мебояд қайд кард, ки солҳои охир аз сӯи олимон бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти муайян кардани роҳу усулҳои нави баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, ба вижа наврасону хонандагон дар давоми таҳсили онҳо дар мактаб қариб, ки умуман ба чашм намерасад. Дар ҳамин робита бояд донист, ки масъалаи мазкур қазияи басо фарроху густурдадоман буда, бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотиро на ин, ки дар доираи як илм, балки аз ҷониби олимони дигар илмҳо низ тақозо менамояд. Аз ҷумлаи чунин илмҳое, ки перомуни ҳамин масъала метавонанд тадқиқотҳои нав ба навро муҳаққиқони онҳо анҷом диҳанд ин: педагогика, ҳуқуқшиносӣ, психология, криминология, сотсиология ва ҳоказо мебошанд. Бояд гуфт, ки танҳо дар сурати бо ин ҳадаф барқарор намудани робитаи наздики илмҳои номбурда ва таъмин гаштани ҳамоҳангии амиқи онҳо метавон дар ин ҷода муваффақиятҳои беназирро ба даст овард.

Умед ҳаст, ки дар шароити воқеан мавриди амал татбиқ гаштани роҳу воситаҳои то ин дам пешниҳод гардидаи ташкили тарбияи ҳуқуқӣ ва амиқан дарк сохтани ногузирии корбарӣ дар ин самт аз тарафи масъулин, сатҳу сифати фарҳанги ҳуқуқии аҳоливу мактабиён хеле боло ва ба қуллаи баланди хеш расида, боиси таъминшавии «рушди комил»-и одамон дар замони демократия мегардад.

Адабиёти истифодашуда:

1. Алексеев С.С. Механизм парвового регулирования в социалистическом государстве. – М., 1966.

2. Давыдов Г.П. Основы правового воспитания учащихся общеобразовательной школы. Автореф. дис. докт. пед. наук. – М., 1984.

3. Долгова А.И. Знать и исполнят закон. – М.: Юрид. лит., 1987.

4. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006. – Душанбе, 2006.

5. Кудрявцев В.Н. Закон, поступок, ответственность. – М.: Наука, 1986.

6. Кузнецов Г.А. Взаимодействие нравственного и правового воспитания в формировании личности старшего подростка. Автореф. дис. канд. пед. наук. – М., 1979.

7. Обухов В.М., Берман В.В. Изучение Советской Конституции в системе воспитательной работы школы, — М.: Педагогика, 1980.

8. Правонарушения несовершеннолетних и их предупреждение. / Захаров Н.С. и др. – Казан, изд-во Казан. ун-та, 1983.

9. Психология. Зери таҳрири В.А.Крутетский. (тарҷ. аз забони рус.) – Душанбе: Маориф, 1977.

10. Психология: китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ. / Зери таҳрири Давлатов М. – Душанбе: Собириён, 2010.

11. Ратинов А.Р., Ефремова Г.Х. Правовая психология и преступное поведение. Красноярск: изд-во Краснояр. ун-та, 1988.

12. Раҳмонов Э.Ш. «Волоияти қонун рисолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷомеа аст» // Рӯзномаи «Садои мардум» № 158, аз 28.12.04.

13. Хасанов Ш.К. Правовое воспитание как средство преодоления деформации правосознания осужденных: общетеоретический аспект. Автореф. дис. канд. пед. наук. – Душанбе, 2009.

Аннотация

(Хамидов Умед – Роль правовой культуры в развитии подрастающего человека)

Переход к новым формам общественных отношений и возрастающие потребности современного общества ставит перед людьми все новые и новые требования. Взрослеющему человеку необходимо приспособится к этим требованиям, так как ему суждено строить новое будущее. Наиболее важным требованием является повышение уровня знаний и культуры.

Автор данной статьи, изучив высказывания ученых и специалистов в сфере правового воспитания сделал свои выводы и указывает на то, что повышение правовой культуры человека может привести к высоким достижениям.

Abstract

(Hamidov Umed — The role of legal culture in the development of young people)

The transition to new forms of social relations and the growing needs of modern society puts in front of people and more new requirements. Maturing person must adapt to these requirements, since he is destined to build a new future. The most important requirement is to increase the level of knowledge and culture.

The author of this article studied the statements of scientists and experts in the field of legal education has made its findings and indicates that raising the legal culture of a person can lead to high achievement.

Ҳамидов Умед – ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи синфҳои ибтидоии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Copyright © 2011 Umed Hаmidov. All rights reserved.


[1] Алексеев С.С. Механизм парвового регулирования в социалистическом государстве. – М., 1966, с. 175-186.

[2] Ратинов А.Р., Ефремова Г.Х. Правовая психология и преступное поведение. Красноярск: изд-во Краснояр. ун-та, 1988, с.56 ва 62.

[3] Онтогенез – камолёбии фард дар давоми ҳаёти хеш (инкишофёбии фардӣ).

[4] Обухов В.М., Берман В.В. Изучение Советской Конституции в системе воспитательной работы школы, — М.: Педагогика, 1980, с. 9.

[5] Правонарушения несовершеннолетних и их предупреждение. / Захаров Н.С. и др. – Казан, изд-во Казан. ун-та, 1983, с. 67.

[6] Ратинов А.Р., Ефремова Г.Х. Правовая психология и преступное поведение. Красноярск: изд-во Краснояр. ун-та, 1988, с.57.

[7] Психология: китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ. / Зери таҳрири Давлатов М. – Душанбе, Собириён, 2010, с. 169.

[8] Психология. Зери таҳрири В.А.Крутетский. (тарҷ. аз забони рус.) – Душанбе, Маориф, 1977, с. 59.

[9] Кудрявцев В.Н. Закон, поступок, ответственность. – М., Наука, 1986, с. 144-146. .

[10] Давыдов Г.П.Основы правового воспитания учащихся общеобразовательной школы. Автореф. дис. докт. пед. наук. – М., 1984.

[11] Хасанов Ш.К. Правовое воспитание как средство преодоления деформации правосознания осужденных: общетеоретический аспект. Автореф. дис. канд. пед. наук. – Душанбе, 2009, с 16.

[12] Долгова А.И. Знать и исполнят закон. – М., Юрид. лит., 1987, с. 76-77.

[13] Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006. – Душанбе, 2006. с. 14.

[14] Кузнецов Г.А. Взаимодействие нравственного и правового воспитания в формировании личности старшего подростка. Автореф. дис. канд. пед. наук. – М., 1979.

[15] Раҳмонов Э.Ш. «Волоияти қонун рисолати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷомеа аст» // Рӯзномаи «Садои мардум» № 158, аз 28.12.04.

 

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *