Нашамандӣ дар раҳми модар

Рӯзе дар яке аз қанотҳои моҳвора барномае ба номи “Ғамхорӣ бар нашъамандон” шурӯъ шуд. Вақте номи барномаро фаҳмидам ба худ гуфтам, ки дар ин барнома ҳатман чизҳои муфиде ба даст биорам, то барои дар ҷомеаи худамон тавонам кӯмаке барои пешгирӣ аз ин вабои аср-нашъамандӣ, саҳме дошта бошам. Ин барномаро то охир тамошо кардам ва хеле таассуроте аз он гирифтам. Дар барнома чанд духтур ва чанд ҷавоне, ки нашъаманд буданд, иштирок доштанд. Аз онҳо суол мекарданд, ки аз кай шумо нашъаманд шудед? Чӣ сабаб шуд, ки шумо нашъаманд шудед? Ҳар кадоме аз онҳо ҷавобҳои мухталифе медоданд. Яке мегуфт, ки маро яке аз рафиқонам ба ин вабо дучор кард. Дигаре мегуфт, ки ман худам ба ихтиёри худ ин маводди мухаддиро истифода бурдам, чунки падару модар пули зиёде дар ихтиёрам гузошта буданд ва аслан намепурсиданд, ки ман бо кӣ рафиқам ва ин пулҳоро дар куҷо сарф мекунам. Яке аз онҳо ҷавоби аҷибе дод, ки ман ҳам мехоҳам сари ҳамин мавзӯъ матлаберо барои шумо хонандаи гиромӣ пешкаш кунам: Яке аз он ҷавонони нашъаманд гуфт: ман аслан аз шиками модар муътод ва нашъаманд ба дунё омадаам. Аз ӯ пурсиданд, ки чӣ тавр ин хел шуданаш мумкин аст? Гуфт: падару модари ман ҳарду нашъаманд будаанд ва ҳангоме ки дар раҳми модарам будам, модарам ба ҳоли ман раҳм накарда, боз ҳам аз маводди мухаддир парҳез накардааст. Билохира ин кирдори бади онҳо ва таъсири маводди мухаддир бар ман дар раҳми модар таъсир кардааст. Вақте ба дунё омада, бузург шудам, медидам, ки падару модарам маводди мухаддир истифода мебаранд. Фикр мекардам, ки ин чизи хубест, ки онҳо истифода мебаранд. Аз ин рӯ, кам-кам муҳаббати сигору мухаддарот дар дили ман зиёдтар мешуд. Вақте бузург шудам, падарам ба ман пул медод, ки рафта барояш сигору нашъа бихарам ва ман тамоми ҷойҳои нашъа фурӯшонро медонистам. Баъди чанд муддате хостам, ки барои имтиҳон якбор аз он истифода барам, аммо бо мурури замон нашъаманд шудам. Ман сабабгор ва гунаҳгор падару модарамро медонам.

Бале, хонандаи гиромӣ ҳамин хел ҳам ҳаст, ки вақте фарзанд дар раҳми модар аст, ҳар эҳсос ва нияте, ки модар дошта бошад бар фарзанд таъсир мекунад. Пас модарон бояд кӯшиш кунанд, ки дар вақти ҳомиладорӣ ниятҳои хуб дошта бошанд ва аз хашмгинӣ парҳез кунанд. Аз падарон низ тарбият вобастагии хеле муҳим дорад. Мутаассифона, дар ҳамин кишвари худамон низ ман як кореро мушоҳида кардам, ки падарони мӯҳтарам бар ин корашон он қадар аҳамият намедиҳанд ва он сабаб мешавад, ки фарзанди худро ба дасти худ ба тарафи нашъамандӣ ва истифодаи сигору маводҳои зараровар тела диҳанд: Масалан, падаронеро дидаам, ки ба писарашон пул медиҳанд, ки писарҷон ин 5-сомонро гиру рафта барои падарҷонат як сигор харида биёр ва ё писарҷон барои ман рафта нос биёр ё аз он хона рафта сигори маро бо гӯгирд биёр, то ман сигор бикашам. Ин падарони мӯҳтарам фикр намекунанд, ки ин кори онҳо барои фарзанд нуқсону зиён аст. Вақте фарзанд мебинад, ки падар бо ин бузургӣ ва бо ин ҳама ақлу хирад боз ҳам аз ин маводҳо истифода мекунад, фикр мекунад, ки ин маводҳо шояд чизи фоидаоваре дар таркиб доранд. Писар мехоҳад, ки аз ин маводҳо истифода бубарад. Бо мурури замон шояд боз рафиқони бад ҳам барояш кӯмак кунанд, ки ба маводҳои сахттаъсиртар даст занад. Пас бубинед, ки ошноӣ бо маводҳои зараровар аз куҷо шурӯъ шуд ва ин писар аввалин бор дар даст аз куҷо ин маводро гирифта буд. Падарони мӯҳтарам, вақте худ ба ин одати бад мубтало шудаед, пас фарзандони худро дар ин беморӣ бо худ шарик накунед. Шумо хонандаи гиромӣ, дар ин ҷо киро муқассир ва гунаҳкор медонед, худ қазоват кунед.

“Рисолат” Фирдавси Раҷабалӣ

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин