Некбину накӯкор бошед

Некӣ кардан ва накӯкор будан яке аз сифатҳои беҳтарин одамӣ мебошад. Падару бобоёни мо некию накӯкориро писандидаанду дар васфи он бисёр суханони нек гуфтаанд. Чӣ хеле ки шоире гуфтааст:

Пушаймон нагардад кас аз кори нек,

Накӯтар зи некӣ чӣ чиз аст нек?

Дар бобати ҳамин мавзӯъ мехостам фикру андешаи худро баён созам. Дар зиндагӣ аз некӣ ва накӯкорӣ дида, дигар илтифоти беҳтаре нест. Фикр мекунам, ки амали нек ин ба ёру дӯстон ва рафиқону бародарон кӯмак ва дастгирӣ намудан аст, ғамхору мададгори падару модар будан, эҳтироми устоду калонсолонро ба ҷо овардан аст. Аслан инсон ба корҳои нек офарида шудааст. Одам, ки табиатан накӯкор аст, ба корҳои нек одат карданаш осонтар аст. Дар ҳадисе омадааст:

-Ба беморон ғамхорӣ кардан, ташнаро об додан, ба калонсолон хизмат кардан, ҳурмати падару модарро ба ҷо овардан, ба ятимон дилсӯзу меҳрубон будан кори неку савоб аст.

Он ки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дар бастаро.

Одами накӯкор чун дарахти мевадор ҳамеша азизи ҳамагон аст. Касе, ки некию накӯкориро пешаи кори худ мекунад, вай беҳтарин инсон буда, гули сари сабади ҷамъият мегардад. Ӯро ҳама дӯст медоранду эҳтиромаш мекунанд. Ҳамнишини накӯкор мисли аттор аст, ки агарчӣ аз атраш ба ту чизе надиҳад аз бӯи хушаш туро баҳра бирасонад.

Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кӯҳна нашавад?

Гуфт : -Номи нек.

Гуфтанд: -Аз зиндагӣ кадом соат зоеътар аст?

Гуфт : -Он соат, ки накӯӣ дар ҳаққи касе тавонад кард, вале накунад. Дар ҳақиқат накӯкорӣ беҳтарин хислати инсонӣ аст. Ифодаи ахлоқи поки инсонӣ дар некӣ кардан аст. Бинобар ин ҳамеша нафърасони одамон бошем. Чунон ки гуфтаанд:

Рав некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,

Ӯ некиро зи некӯвон настонад.

Мол аз ҳама монду аз ту ҳам хоҳад монд,

Он беҳ, ки ба ҷои мол некӣ монад.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадам, ки ростгӯӣ, ироданокӣ, хайрхоҳӣ, одилӣ, боодобӣ, забони хуш – ҳамаи инҳо одати нек ва ҳусни инсонанд. Ман ба ҳамсолони худ муроҷиат карда мегӯям, ки ҷавонтро ғанимат дониста, бештар некӣ кунанд, зеро танҳо номи неку кори нек аз инсон боқӣ хоҳад монд.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин