Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон – созандагони ватан»

ЭЪЛОН!!!!

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод Озмуни навбатии ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро, таҳти шиори «Ҷавонон – созандагони ватан» баргузор менамояд.

Мақсади асосии баргузор намудани Озмун, ин дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷўён, унвонҷўён, ҳамчунин дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманди дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ ва ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат дошта мебошад.

Иштирокчиён ва ғолибони Озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки лоиҳаҳои ҷойҳои намоёнро ишғолнамуда ва муҳим дар сомонаи Интернет-портали миллии инноватсионӣ www.innovation.tj ва дигар сомонаҳои дахлдор, ҷиҳати муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои дар амал татбиқ намудани он ҷойгир карда мешаванд.

Дар баробари ин, маълумоти мазкур бевосита ба шарикони рушд ва бахши хусусӣ (корхона ва ширкатҳои истеҳсолию хизматрасон) муаррифӣ карда мешаванд.

Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

– синну соли иштирокчӣ аз 14 то 30 сола;

– нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ё шиноснома;

– тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ;

– маълумот оид ба лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (дар якҷоягӣ бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар маводҳо дар шакли матн).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз санаи 01 апрел то 29 июни соли 2018 муқаррар карда шудааст.

Телефонҳо барои тамос: 2222153, 918227709, 935321002.

Почтаи электронӣ: boyzoda16@gmail.com; fazliddin.m94@mail.ru

 

ОБЪЯВЛЕНИЕ!!!!

Государственное учреждение «Национальный патентно-информационный центр» Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан проводит Очередной республиканский конкурс «Молодые и юные новаторы и изобретатели» под лозунгом «Молодёжь – созидатели отечества».

Основная цель проведения конкурса – поиск молодых талантов, пропаганда и агитация в области интеллектуальной собственности между учащимися, студентами, аспирантами, а также поддержка и стимулирование способных, творчески одаренных и интересующихся изобретательской деятельностью молодых новаторов и изобретателей.

Участники и победители Конкурса будут награждены грамотами, памятными подарками и премиями.

В то же время отмечаем, что проекты, занявшие первые места, будут представлены на сайте Национального интернет-портала www.innovation.tj и на других сайтах для представления обществу и нахождения инвесторов для их внедрения. Также данная информация будет непосредственно представлена партнерам по развитию и частному сектору (производственные и сервисные предприятия и компании).

Условия для участия в конкурсе и подаваемые документы:

– возраст участников от 14 до 30 лет;

– копия свидетельства о рождении или паспорта участника;

– биография участника;

– информация о представляемом проекте, имеющем инновационную или изобретательскую специфику (вместе с фото, схемами и другими материалами в форме текста).

Сроки приема документов участников: с 01 апреля до 29 июня 2018 года.

Контактные телефоны: 2222153, 918-22-77-09, 93-532-10-02.

Электронная почта: boyzoda16@gmail.com; fazliddin.m94@mail.ru

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *