Омили комёбӣ

Аз рўи тадқиқотҳо исбот шудааст, ки тарбия дар оила дар муваффақияти таҳсил омили бисёр ҳам муҳим аст. 30 фоизи сустхонон дар оила ба ҷангу ҷазоҳои ҷисмонӣ дучор шудаанд. Дар гурўҳи аълочиён бошад, ин таносуб 16 фоиз камтар дида мешавад. Аз рўи ҳамин нишондодҳо гуфтан мумкин аст, ки меҳру муҳаббат дар оила ин яке аз омилҳои муҳим дар муваффақияти кўдак дар таҳсил мебошад. Мушоҳида мегардад, ки бачагони гурўҳи сустхон шикоят аз он мекунанд, ки дар оила ба онҳо мисли бародаронашон муомила намекунанд ва бародаронашонро падару модаронашон бештар дўст медоранд, ҳол он ки бачагони аълочӣ изҳор мекунанд, ки падару модаронашон ба онҳо як хел рафтор мекунанд. Мобайни фарзандони оила ва муваффақият дар мактаб бисёр фарқи калон дида мешавад. Аз рўи ин тадқиқот гуфтан мумкин аст, ки савияи муваффақияти кўдаконе, ки шумораи аъзоҳои оилаашон бисёр аст, назар ба кўдаконе, ки аъзоҳои оилаашон камтар мебошад, пасттар аст.

Агар ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ назар афканем, дида мешавад, ки баҳои кўдаконе, ки дар сатҳҳои гуногуни ин соҳаҳо ҷойгир ҳастанд аз поён ба боло зиёд шудааст. Бўҳрони фарҳангии падару модарон ва маълумоти пурра надоштани онҳо дар бораи чӣ тавр ба фарзандонашон таълиму тарбия додан, яке аз сабабҳои манфӣ дар муваффақияти хонанда мебошад. Агар сатҳи дониши падару модар баланд бошад, пас сатҳи дониши фарзандашон низ баланд мешавад. Падару модароне, ки таълими нағз гирифтаанд ба фарзандонашон муносибати хуб карда, қобилияти муваффақиятнокии онҳоро баланд мебардоранд. Паст будани сатҳи дониши волидайн муҳити оиларо аз ҷиҳати таълим номусоид гардонида, ба инкишофи зеҳнии кўдак монеа мешавад. Дар зиёд шудани муваффақияти хонанда чӣ қадар ки қобилияти зеҳнии ў муҳим бошад, ҳамон қадар имконияти иштироки ў дар чорабиниҳои фарҳангӣ, ҳаёти иҷтимоии ў, ҳаматарафа будани донишу қобилиятҳои ў ва рафтори волидайн нисбати ў низ муҳим аст.

Кам будани даромади оила кўдаконро маҷбур мекунад, ки дар ягон ҷо ба кор дароянд ва аз ин сабаб проблемаҳо аз ҳама зиёд дар байни ҳамин гуна хонандагон дида мешавад. Онҳо барои дарсхонӣ вақт наёфта, мувофиқи меъёри муайяни имконияти истироҳат карданро надоранд ва ин сабабҳои мушкили молиявӣ рўҳан, зеҳнан ва ҷисман ба инкишофашон таъсири манфӣ мерасонад.

Тарафҳои шахсии ҳар як инсонро хосият, қобилият, мафкура барин хусусиятҳо ташкил мекунанд, ки онҳо бо фикру мулоҳизаҳо ба диди назари худи инсон инкишоф меёбанд. Бо дараҷаи ҳурмату эҳтиром ва қадршиносии волидайн нисбати фарзандашон ин худшиносии инсон пайдо мешавад. Мусбат ва ё манфӣ инкишоф ёфтани ҳисси худшиносии кўдак аз муносибати падару модар вабаста аст. Баланд ва ё паст будани ҳисси худшиносӣ ба дараҷаи ташаккулёбии кўдак вобаста аст. Дараҷаи пасти ҳисси худшиносӣ ба иштироки фаъолонаи кўдак дар машғулиятҳои таълимӣ монеа мегардад ва дар натиҷа боиси суст шудани ғайрати кўдак мешавад. Муносибати манфии волидайн ба кунд шудани зеҳни кўдак роҳ мекушоянд ва дар айни замон кўдак бовариашро ба худ гум мекунад. Ҳисси боварӣ, баҳодиҳии кўдак ба худаш, то чӣ дараҷа қобилиятнок, муваффақ ва бо қадру қимат буданашро дар назари худаш нишон медиҳад.

Агар кўдак ба қобилияти худ боварӣ дошта бошад, дар таҳсил ва дигар машғулиятҳо фаъолона иштирок мекунад. Агар ба худаш боварӣ надошта бошад, кори карда метавонистагиашро то дараҷае камтар иҷро мекунад. Волидайн барои кўдакон идеали аввалин мебошанд, ки аз онҳо ибрат мегирад. Сатҳи дониш ва статуси сиёсии падару модар ва бародарони кўдак дар таълим ва интихоби касби ў омили бисёр ҳам муҳим мебошад. Иҷро кардани хоҳишҳои кўдак дар фаъолиятҳои таълимӣ, пурра ҷавоб додан ба саволҳое, ки дар майнаи ў пайдо мешаванд, ба сатҳи дониши падару модар вобаста аст. Оилаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодиашон паст, аз сабаби паст будани сатҳи дониш ва кам будани таваҷҷўҳашон ба таълим на ба ҳамаи эҳтиёҷҳои кўдакон ҷавоб дода метавонад. Хусусан чӣ қадар сатҳи дониши модар баланд бошад, ҳамон қадар пешрави хонанда дида мешавад. Падару модароне, ки сатҳи иҷтимоию иқтисодиашон паст мебошад, аз фарзандонашон итоату интизоми сахт талаб мекунанд, ки ин талаботи волидайн ба озодии кўдак, боварии ў ба худ, пешравии қобилият, шавқу ҳавас, суханронӣ ва ғайра монеъ мешаванд. Агар вазъи иҷтимоию иқтисодии волидайн миёна ва ё баланд бошад талабот дар самти пешравии ҳисси худшиносии кўдак бештар мешавад. Дар оилаҳое, ки вазъи иҷтимоию иқтисодӣ паст аст, дар муносибати байни падару модар ва кўдак, аксаран ҳокимияти падар ҳукмрон буда, дар тарбияи кўдак бештар ба ҷазоҳои ҷисмонӣ ва ҷангу дашном барин методҳои манфӣ роҳ дода мешавад. Ин намуди тарбия ба ҳиссиёти худшиносии кўдак таъсири манфӣ расонида, боиси пастшавии рушди ў дар мактаб мегардад.

Дар оилаҳое, ки байни падару модарон нофаҳмиҳо ҷой доранд, дағалӣ ва ҳатто зулму истисмори кўдакон дида мешавад. Кўдак барои баён кардани норозигии худ нисбати падару модар, барои рад кардани нуфузу эътибори онҳо дидаю дониста дарсҳояшро тайёр намекунад, дар таҳсил муваффақ намешавад ва гўё бо ҳамин роҳ аз падару модараш интиқом мегирад. На ҳама вақт рафтори волидайн нисбати кўдак на мисли оне мешавад, ки волидайн мехоҳанд.

Касалшавии яке аз аъзои оила, ва ё вафоти ў, ҷудошавии падару модар ва ё таваллудшавии кўдаки нав дар оила ба муваффақияти кўдак таъсир карда метавонад. Аз нисф зиёди кўдакони номуваффақ онҳое мебошанд, ки падарашон барои онҳо вақт ҷудо намекунад, нисфи дигарашон бошанд, онҳое мебошанд, ки муносибатҳои байни падару модаронашон он қадар хуб нест. Ин муҳити манфии оила на фақат дар муваффақ будани кўдак таъсир мекунад, балки дар инкишофи эҳсосоти ў мушкилиҳо пайдо мекунонад. Тақрибан дар нисфи кўдакони номуваффақ бедиққатӣ, бепарвоӣ ва дар 3/1 қисми онҳо нохушиҳо бо рафиқон, беҳурматӣ нисбати калонсолон, дурўғгўӣ, хойдани нохунҳо барин рафторҳои проблемавӣ дида мешаванд. Агар дар баробари поён рафтани сатҳи таҳсил, рафтори кўдак низ бад шудан гирад, пас яке аз сабабҳои он дар муносибати падару модар мебошад.

Волидайне, ки сабаби номуваффақ шудани кўдакро дар худ мебинанд, то он вақте ки худро гунаҳгор ҳисоб накунанд бар зидди номуваффақатиҳои кўдак дуруст рафтор карда наметавонанд. Барои ҳал кардани ин мушкилот, пеш аз аз ҳама бояд аз ин ҳиссиёт раҳоӣ ёфт. Чунки сабабгор танҳо онҳо нестанд, балки ҳаёти мактаб, тарзи таҳсилу санҷишҳо ва рафтори муаллимонро низ ба назар гирифтан лозим аст. Аз тарафи дигар танҳо мактабу муаллимонро гунаҳгор дониста, камбудиҳои оила ва нофаҳмиҳои байни падару модарро ба эътибор нагирифтан низ нодуруст мебошад. Яке аз омилҳои муҳимтарин барои муваффақ ва комёб шудани кўдак ин дарк кардани ҳисси масъулият ва одати ба охир расонидани кори оғоз кардаи ў мебошад. Ин як ҳолест, ки зуд ба вуҷуд намеояд. Ин як ҷараёнест, ки аз давраи кўдакӣ сар шуда, бо ёрии падару модар бояд инкишоф ёбад. Агар падару модар барои инкишофи ин гуна хислатҳо тайёр набошанду дар вақти саршавии мактаб аз кўдакашон пайдо кардани ҳисси масъулиятро талаб намоянд, ба мушкилот гирифтор мешаванд.

Маҷаллаи “Гулшан” нашри № 2, соли 2009
Муассис: Мудирияти кулли литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии ҷамъияти таълимии “Шалола”

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *