Панду андарзҳои Нӯшервони одил

1. То рӯзу шаб оянда асту раванда, аз гардиши ҳолҳо шигифт мадор.

2. Мардумон чаро аз коре пушаймонӣ хуранд, ки аз он кор дигарон пушаймонӣ хурда бошанд?

3. Чаро зинда шумурад касе худро, ки зиндагонии ӯ на бар муроди ӯ бувад?

4. Ҳар кӣ туро зишт гӯяд, маъзуртар аз он ки он зишт ба ту расонад.

5. Агар хоҳӣ, ки ҷавонмадтарини мардумон бошӣ, вафодор бош.

6.Аз Худованд зиёни бисёре он касро зиёнмандтар дон, ки вайро дидори чашм зиёнманд бувад.

7. Ҳар бандае, ки ӯро бихаранду бифурӯшанд, озодтар аз он кас дон, ки ӯ бандаи гулӯ бувад.

8. Ҳарчанд касе доно бувад, ки бо дониш вайро хирад нест, он дониш бар вай вубол бувад.

9. Ҳар ки рӯзгор ӯро доно накунад, дар омӯзиши ӯ ҳеҷ касро ранҷ набояд бурд, ки ранҷи ӯ зоеъ бошад.

10. Ҳама чиз аз нодон нигоҳ доштан осонтар аз он бувад, ки аз тани хеш нодонро.

11. Агар хоҳӣ, ки мардумон туро накӯгӯй бошанд, накӯгӯи мардумон бош.

12. Агар хоҳӣ, ки ранҷи ту зоеъ набошад ба ҷои мардумон, ранҷи мардумон ба ҷои хеш зоеъ макун.

13. Агар хоҳӣ, ки камдӯст набошӣ, кина мадор.

14. Агар хоҳӣ, ки беандоза андӯҳгин набошӣ, ҳасуд мабош.

15. Агар хоҳӣ, ки аз ранҷидагӣ дур бошӣ, он чӣ наравад, марон.

16. Агар хоҳӣ, ки зиндагонӣ ба осонӣ гузорӣ, равиши худро ба рӯи кор дор.

17. Агар хоҳӣ, ки туро девонасор нашумуранд, он чӣ ноёфтанӣ бувад, маҷӯй.

18. Агар хоҳӣ, ки боозарм бибошӣ ва бообрӯй, озори кас маҷӯй.

19. Агар хоҳӣ, ки фирефта набошӣ, кори накардаро карда мапиндор.

20. Агар хоҳӣ, ки пардаи ту дарида нашавад, пардаи кас мадар.

21. Агар хоҳӣ, ки бар қафои ту наханданд, зер дастонро пок дор.

22. Агар хоҳӣ, ки аз пушаймонии дароз эмин гардӣ, ба ҳавои дил кор макун.

23. Агар хоҳӣ, ки зирак бошӣ, рӯи хеш дар оинаи касон бин.

24. Агар хоҳӣ, ки бебим бошӣ, беозор бош.

25. Агар хоҳӣ, ки қадри ту бар ҷой бошад, қадри мардумон бишинос.

26. Агар хоҳӣ, ки ба қавли ту кор кунанд, ба қавли худ кор кун.

27. Агар хоҳӣ,ки писандидаи мардумон бошӣ, бар он кас, ки хирад аз ӯ ниҳон бошад, рози хеш ошкор макун.

28. Агар хоҳӣ, ки бартар аз мардумон бошӣ, фарохнону намак бош.

29. Чаро душман нахонӣ касеро, ки ҷавонмардии хеш дар озори мардумон донад?

30. Чаро дӯст хонӣ касеро, ки душмани дӯстони ту бувад?

31. Бо мардуми беҳунар дӯстӣ макун, ки мардуми беҳунар на дӯстиро шояд ва на душманиро.

32. Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно шумурад.

33. Дод аз худ бидеҳ, то аз довар мустағнӣ бошӣ.

34.Агарчи ҳақ талх бошад,бибояд шунид.

35.Агар хоҳӣ, ки рози ту душман надонад, бо дӯст магуй.

36. Хурднигариши бузургиён мабош.

37. Беқадр мардумро зинда машумор.

38.  Агар хоҳӣ, ки бе ганҷ тавонгар бошӣ, писандкор бош.

39. Ба газоф(беҳуда) махар, то ба газоф набояд фурӯхт.

40. Марг беҳ аз он, ки ниёз ба ҳамчун худӣ бароштан.

41. Аз гуруснагӣ мурдан беҳ аз он, ки аз нони сифла сер шудан.

42. Ба ҳар тахайюле, ки туро сурат бандад, бар номуътамадон эътимод макун ва аз муътаадон эътимод мабар.

43. Ба кам зи худӣ мӯҳтоҷ будан азим мусибате бошад, агарчи хуш бувад, ки андар об мурдан беҳ, ки аз ҳақир зинҳор хостан.

44. Фосиқи мутавозеи инҷаҳонҷӯи беҳтар азобиди мутаккабири он ҷаҳонҷӯй.

45. Нодонтар аз он мардум набошад, ки яке аз кеҳтарӣ ба меҳтарӣ бирасида бошад, ҳамчунон ба сӯи ӯ ба чашми кеҳтарӣ нигаранд.

46. Шарме набувад бузургтар аз он, ки ба чизе даъво кунад, ки надонад ва он гоҳ дуруғгӯй бошад.

47. Фирефтатар аз он кас набувад, ки ёфта ба ноёфта бидиҳад.

48. Фурӯмоятар аз он касе набошад, ки касе бад-ӯ ҳоҷате бошад ва тавонад, ки раво кунад ва накунад.

49. Агар хоҳӣ, ки аз шумори  додгарон бошӣ, зердастони удро ба тоқати хеш накӯ дор.

50. Агар хоҳӣ, ки аз шумори озодон бошӣ, тамаъро ба худ роҳ мадеҳ ва дар дил ҷой мадеҳ.

51. Агар хоҳӣ, ки аз накӯҳиши ом дур бошӣ, асарҳои эшонро ситоянда бош.

52. Агар хоҳӣ, ки дар дилҳо маҳбуб бошӣ ва мардумон аз ту нуфур набошанд, сухан бар муроди мардумон гуй.

53. Агар хоҳӣ, ки накӯтарину писандидатарини мардумон бошӣ, он чӣ ба худ написандӣ, ба кас маписанд.

54. Агар хоҳӣ, ки бар дилат ҷароҳат нарасад, ки ҳеҷ марҳам напазирад, бо ҳеҷ нодон мунозара макун.

55. Агар хоҳӣ, ки беҳтарини халқ бошӣ, аз халқ чизе дареғ мадор.

56. Агар хоҳӣ, ки забонат дароз бошад, кӯтоҳдаст бош.

     Ин аст суханҳо ва пандҳои Нӯшервони одил. Чун бихонӣ, эй писар, ин лафзҳоро хор мадор, ки аз ин суханҳо ҳам бӯи  ҳикмат ояд ва ҳам бӯи маликӣ. Зеро ки ҳам сухани ҳукамост ва ҳам сухани подшоҳон. Ҷумла ҳама маълуми хеш гардон ва акнун омӯз, ки ҷавонӣ, чун пир гаштӣ, худ ба шунидан напардозӣ, ки пирон чизҳо донанд, ки ҷавонон надонанд.

Аз “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус.

Омодакунанда: Раҷабова Насиба, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи тиббӣ, гурӯҳи 25

5+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин