Ҷавобҳои саволҳои имтиҳонӣ аз фанни ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК қисми I аз 1 то 15 саволнома

БА ХОТИРИ САР ШУДАНИ ИМТИҲОНОТ ДАР МАКОТИБИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ МО ИН САВОЛНОМАҲОРО АЗ ХАТОГИҲОИ ГРАМАТИКӢ ИСЛОҲ НАКАРДА БАРОИ ШУМО ПЕШКАШ МЕКУНЕМ:

САВОЛНОМАИ 1

1)Даврабандии асри санг.
Асри санг давраи дарозтарини таърихи инсоният ба шумор меравад. Метавон гуфт, ки инсони имрӯза 99 фоизи умри худро дар асри санг сипарй кардааст. Асри санг пеш аз ҷудо шудани одаммаймун аз ҳайвонмаймун сар шуда, то ҳазораҳои 9-7-уми пеш аз милод, то пайдо шудани маъдан идома меёбад. Барои он асри санг мегӯянд, ки дар он давра ҳамаи асбобу олатҳо аз санг сохта шудаанд. Асри санг ба се давра: палеолит, мезолит ва неолит чудо мешавад. Палеолит – асри санги қадим дар навбати худ ба се давра тақсим мешавад: қадим, миёна ва нав.

2)Шуриши соли 806 ва ахамияти он.
Баъд аз Осиёи Марказиро забт намудаии арабҳо шӯришхои халкӣ пай дар пай сар металинҷ. Солн 806 бо сардории Рофеь ибни Лайс дар Самарканд шӯриши иав ба амал омад. Худи Рофеъ лашкаркаши араб буд. Рофеъ ибни Лайс нагз медонист. Ки ахолии махаллӣ аз зулму бедодгариҳои арабхо ба дод омадааст ва аз ии хеле моҳирона истфода бурд. У ба кӯшишу харакати мардуми маҳаллӣ. хусусан ҷавонон такя намуда, ба кушки ҳокими Самарқанд ҳуҷум кард ва ҳокимро ба қатл расоида. Шахрро ба даст даровард. Шӯриш ба зудй Самаркапд. Бухоро, Хучанд. Исгаравшан, Хаглон, Хоразм, Фаргона, Балх, Тахорисгон, Насаф ва дигар шаҳру нохияҳоро фаро гирифг. Рофеъ биродарашро хокими Бухоро таьйин кард.

3)Сабабхои чанги Руссия бо давлатхои Осиёи Маркази.
Аз аввали солҳои 60-уми асри Х1Х ба мулкҳои Осиёи Марказй ҳуҷуми васеи Кӯшунҳои Русияи подшоҳй огоз ёфт ва он сабабҳои зерин дошт: Якум, подшоҳони Русия (аз замони Пётри I) ният доштанд, ки Осиёи Марказиро ба зери тасарруфи худ дароранд. Зеро, онҳо барои абадқудратии империяи Русия, аз ҷануб ба воситаи баҳри Арал ба уқёнуси Ҳинд, яъне ба роҳи мунтазами обӣ баромаданро зарур меҳисобиданд. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳанӯз соли 1717 Пётри I ба муқобили хонигарии Хева нахустин ҳуҷуми ҳарбӣ, вале бебарор ташкил карда буд. Минбаъд Русия то нимаи дуюми асри XIX аз сабаби хуб набудани муносибаташ бо мамлакатҳои Ғарб, имконияти гасби Осиёи Марказиро надошт. Дуюм, дар Русия бо бекор карда шудани ҳуқуқи крепост- ноӣ (19 феврали соли 1861) барои инкишофи муносибатҳои капиталистӣ имконияти васеъ фароҳам омад. Махсусан, саноати бофандагӣ тараққӣ кард, ки он вобастаи ашёи хом- пахтаи америкоӣ буд. Вале аз сабаби ҷангҳои гражданӣ дарИМА (солҳои 1861-1865) барои Русия аз ин кишвар овардани пахта мураккаб гардид. Дар натиҷа қисме аз фабрикаҳои бофандагии Русия аз набудани пахта кори худро боздоштанд. Аз ин рӯ, ҳукуматдорони Русия барои ба вуҷуд овардани вазъияти мӯътадил мехостанд Осиёи Марказиро ба зери таъсири худ дароварда, онро ба макони ашёи хом, яъне пахта табдил диҳанд; Сеюм, барои саноатчиёни Русия бозори нави молфурӯшӣ зарур буд. Ин гуна бозорро онҳо дар Аврупои Ғарбй ба даст дароварда наметавонистанд. Зеро, маҳсулоти саноатии Русия дар бозори мамлакатҳои Ғарб рақобат карда наметавонист. Аз ин рӯ, ҳомиёни саноати бофандагӣ ният доштанд, ки ҳарчй зудтар Осиёи Марказиро ба бозори фурӯши молҳои худ табдил диҳанд; Чаҳорум, ҳукумати подшоҳии Русия дар ҷанги Қрим (солҳои 1853-1856) шармандавор шикаст хӯрд ва сулҳи Париж (соли 1856) ба зарари он буд. Барои бекор кардани шартҳои вазнини он (аз ҷумла назорати соҳилҳои шимолии баҳри Сиёҳ), намояндагии дипломатияи рус ҳарчанд ҷонбозиҳо (азбаски кувваи Русия дар Ғарб хеле заиф буд) он кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд. Бинобар ин, ҳукуматдорони Русия (бо тавсияи ҳарбиён)мехостанд, ки ба Шарқ, дар сарҳади Ҳиндустон қувваҳои зиёди ҳарбии худро ҷамъ намуда, бо ин яке аз аъзоёни асосии иттиҳодияи зиддирусӣ, аниқтараш сарвари он – Англияро барои бекор кардани шартҳои вазнини сулҳи Париж моил гардонанд.

САВОЛНОМАИ 2

1)Накши мехнат дар ташаккули инсон.
Давраи аз шакли маймун ба инсон гузаштан як чахиши бузурге буд , ки он чандин миллион солро фаро гирифта-аст . Инсон аз хайвон пеш аз хама бо он фарк мекунад ки вай на танхо истеъмол , балки истехсол хам мекунад. Дигар фаркияти одами маймуншакл аз маймуни одди он буд , ки у бо ду пой рост истода рох мерафт ва дастхои озоди худро барои ичрои кори фоидабахш истифода мекард. Одами маймуншакл тадричан шакли худро иваз намуда ба сурати кунуни даромад . Одами нав аз маймуни одди бо он фарк мукард ки у комати рост рохгарди ва кобилияти хуби рохгарди дошт.Одам дар шакли хозирааш якбора нагузаштааст , дар тули 2,5 млн сол хангоми мехнати бардавому вазнин аз насл ба насл тагйир ёфтааст. Инсон барои сохтани олоти хубтару бурротар вакти зиёд сарф мекард.

2)Сулолаи Тохириён кай ба сари хокимият омад ва нисбат ба халифахои араб чи гунна сиёсат пеш гирифта буд. Давлати Тохириёи дар асрн IX дар Хуросон таъсисёфтаасг. Асосгузори ин сулола Тохир ибни Қусайн аз ашрофзодагони точикн шахри кадими Пушанги Хирот мебошад. Ин давлат бо вуҷуди муддати кӯто.чи таърихП (821-873) вучуд доштан, дар сарнавишти таърихии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр барон аз зулму бедодгариҳои аҷнабиён озод шудани он ва таъсис намуданн давлати мустакли маҳаллӣ хидмати бузург кардааст. Бераҳмихои дар ҳакки хонадони Бармакиҳо кардаи Аббоснён ҳам пешн роҳи мардумп маҳаллиро гирифта натавонист. Намояндаи Тохириён Тохлр ибни Ҳусайн яке аз музофотхои Хнротро илора мекард. Вай ҳамчун лашкаркашн боистеъдод ва еиёсагмадори моҳир дар дарбори халифаи араб – Маъмун соҳиби обрӯву шӯхрат мешавад.

3)Амалиётхои чанги дар солхои 1864-1866.
Диққати Черняевро махсусан, Тошкент ба худ ҷалб карда оуд. Аз руи баъзе маълумотҳо ҳукумати марказии Русия ба вай ҳуқуқи забти Тошкентро надода буданд. Яъне онҳо умед мекарданд, ки ин шаҳр ихтиёран ба ҳайати Русия дохил мешавад. Аммо таъкид шуда буд, ки агар хавфи аз тарафи қӯшунҳои Бухоро забт намудани Тошкент ба вуҷуд ояд, он гоҳ ӯ ба сӯи ин шаҳр лашкар кашад. Ҳадафи асосии тохтутозҳои амири Бухоро – Музаффархон дар он солҳо Қӯқанд буд. Ин воқеа барои Черняев кифоя буд, ки ихтиёран ба сӯи Тошкент ҳуҷум кунад. 1 октябри соли 1864 қӯшунҳои рус бо сарварии Черняев ба Тошкент аввалин бор ҳуҷум кард, вале бебарор ба Чимкент баргаштанд. Ин бебарорӣ ҳарбиёни русро водор сохт, ки барои фатҳи Тошкент ҷиддитар омода гарданд. мерафт. Дар Бухоро воқеаи аз тарафи қӯшунҳои рус забт гардидани Тошкент мардумро ба ҳаракат оварда буд. Баъзе гурӯҳҳо амирро барои дар ҷангҳои муқобили Русия иштирок накарданаш на танҳо сарзаниши сахт, балки қасди ҷонашро карданд. Аз ҳамин сабаб ӯ маҷбур шуд, ки ба ҷанги муқобили Русия омодагӣ бинад. Hulosa dar solhoi 1864-1865 kushunhoi rus beshtari davlathoi Osiyoi markazirao zabt namudand ki onho Hujand,Uroteppa,Jizzah,Buhoro,Toshkand va gayraho budant.

САВОЛНОМАИ 3

1)Кишвархои офаридаи Ахура Маздо барои инсонхо.
Аз адабиёти авастои ба хуби бармеояд, ки дар қадим дар бораи офариниши дунё, аз чумла кишварҳо, кӯҳҳо, баҳрҳо, дарёҳо, уқёнусҳо ва ғайра ки гобе мавҷуд буд, ки то рӯзгори мо нарасидааст. Порчаҳо ё гуфторҳое аз он дар китобҳои Бундаҳишн. Вандидод, ва Яшгҳо боқӣ мондаанд. Дар боби дуюми Вандидод сухан аз офариниш 17 кишвари офаридаи Аҳуромаздо меравад, ки бештари онхо дар с1рзамини то чи к он мебошанд. Аввалин замине, ки худованд офаридааст, Ориён Вайҷ буд, дуюмин – Гава Суғда (гӯё худованд Гомардро дар ин чо офарида буд), сеюмин Маргуш (Марв), чорумин~ Хоразм, панчумин – Бохтар, шашум – Ҳирот, хафтумин – Дахӣ Деҳистон), хаштумин – Ҳорагон (Гургон) нӯхумин – Рог, дахумин – Хайтуман.(Систон) ва гайра.

2)Яъкуб ибни Лайс кадом шахру музофотхоро гасб намуд Гозиён дар Хуросон ба қувваи тавоно табдил ёфтанд. Дар байни онхо бародарон Яъқуб ибни Лайс ва Амр ибни Лайс бо корнамоиҳои худ дар ноҳияву шаҳрхои гирду атроф машҳур гаштанд. Асосгузори ин сулола Яъқуб ибни Лайс буд. Бародарон дастахои сершумори роҳзанон ташкил намуданд. Шумораи чангозаронашон рӯз аз рӯз меафзуд. Яъкуб ин кувваро истифода бурда. соли 861 ҳокими Снистонро сарнагун намуд ва маркази он шаҳри Заранҷро гирифт. Дар даҳсолаи оянда В0дихои Кобул ва Синд. Кирмон ва Форсро тасарруф кард.

3)К.П.Кауфман аввалин генерал-губернатори туркистон
14 июли соли 1867 аввалин гене рал-губернатори Туркистон генерал- адъютант, барон фон К.П.Кауфман таъин гардид. Подшоҳи Русия Алексан- дри II дар асоси «Ярлиқи заррин»-и худ ба Кауфман ҳуқуқи васеъ дода буд, ки мувофиқи он ӯ мустақилона бо давлатҳои ҳамсоя масъалаҳои сиёсй, тиҷоратӣ, сарҳадӣ, ташкили сафоратҳо, имзои шартномаҳо ва ғайраҳоро ҳал менамуд. Кауфман дар асоси он ҳуҷҷат минбаъд ваколат дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя, аз он ҷумла аморати Бухоро, хонигариҳои Хеваю Қӯқанд ва ғайра мустақилона ҷанг эълон кунад ва ё бо онҳо сулҳ имзо намояд. Ӯ маҳз тавассути чунин ҳуқуқҳои номаҳдудаш, дар байни халқ ҳамчун «нимподшоҳ» ном баровард. Кауфман эҳсос намуд, ки хони Қӯқанд-Худоёрхон дигар қудрати ҷанг кардан надорад, аммо амири Бухоро – Музаффархон ҳанӯз ҳам тавоност. У боварии комил дошт, ки Бухорою Қӯқанд дигар муташаккилона ба муқобили қӯшунҳои рус баромада наметавонанд. Зеро, баробари ба ихтиёри Русия гузаштани Хуҷанду Ӯротеппа ва Ҷиззах амиру хон аз робитаи байниякдигарй маҳрум гардидаанд. Бинобар ин Кауфман соли 1868 бо Худоёрхон шартномаи барои Русия мувофиқро имзо кард.

САВОЛНОМАИ 4

1)Гузариш аз модаршоӽи ба падаршоӽӣ.
Асри биринчи дар зиндагии мардум дигаргунихои зиёдеро ворид гардонид.Дар ин аср одамон аз маъдани биринч бисёр намудхои олотхоро рузгорро сохтанд , инчунин дар он замон сохахои чорводори ва кишоварзи пеш рафтанд , ки сохахои асоситарин ба хисоб мерафтанд.Дар он аср инчунин куллолиро хам омухтанд , аммо дар он замон сифати махсулоти онон паст буд.Одамони онвакта аз мадани биринчи аслиха барои чанговарон хам тайёр менамуданд.Чомеа ба табакахо таксим мешуд ва занхои давлатмандро бо сару либоси кимматбахо мегурониданд.

2)Васеъ шудани худуди давлати Сомониён.
Исмоил баъди дар дохили давлати худ нисбатан баркарор намудани тинҷиву оромй, мебоист онро аз хучумҳои ачнабиён, қабилаҳои бодиянишин мухофизат намояд. У соли 893 ба мукобили бодиянишинон, ки мардуми Бухоро аз дасти онҳо ба дод омада буданд, лашкар кашида, галабаи комил ба даст даровард ва хони бодиянишинонро бо даҳ хазор аскар асир гирифт. Баъди ин галаба бодиянншинон ба Мовароуннаҳр солхои дароз дигар тохту тоз накарданд. Баъд аз ин Исмоили Сомонй ба водии Талас лашкар кашида, онро бо конхои бойи Шелчӣ ба даст даровард. Ин конхо барои пешравии иқтисодиёти мамлакат аҳамияти бузург доштанд. Хамон соли 893 Исмоил ба музофоти Истаравшин, ки мустакил буд ва яке аз музофотҳои пурқувват хисоб меёфт хуҷум карда онро ба тасарруфи худ даровард. Овозаи Исмоил ва давлати пуркуввати ӯ беруи аз Мовароуннахр пахш гашт ва ин боиси изтироби хилофати араб шуд.

3)Муӽорибаи Чупонато ва забти Самарқанд.
1 майи соли 1868 дар баландии Чӯпонато (наздикии Самарқанд) муҳорибаи сахттарини байни қӯшунҳои рус ва сарбозони амир, ки дар якҷоягӣ бо ихтиёриён амал мекарданд, ба вуқӯъ омад. Дар ин муҳориба ҳокими Ҳисор Раҳмонқулбӣ парвоначии мангит низ бо отряди худ иштирок дошт ва таърихшинос Мирзо Азими Сомӣ воқеанигори ӯ буд. Бухориён ҳарчанд аз ҷиҳати шумора нисбат ба аскарони подшоҳӣ, ки ба онҳо бевосита худи К.П.Кауфман сарварӣ мекард, бартарӣ дошта бошанд ҳам (аз рӯи баъзе маълумотҳо шумораи онҳо ба 100 ҳазор нафар мерасид), аммо аз ҷиҳати таҷрибаи ҳарбй ва таъмини силоҳ хеле заиф буданд. Дар натиҷа ин муҳориба ҳам боиси мағлубият ва талафоти бузурги бухороиён, аз он ҷумла сарбозони амир гардид. Мағлубият дар муҳорибаи Чӯпонато тақдири Самарқандро низ ҳал намуд. Зеро сарварони ин шаҳри бостони муқобилияти минбаъдаро нисбат ба қӯшунҳои истилогари Русияи подшоҳй бефоида ва ба зарари шаҳру шаҳриён (яъне боиси талафоти бе-
шумор ва инчунин вайрониҳои зиёд) ҳисобида, бе муқобилият дарвозаи шаҳрро ба қӯшунҳои рус кушоданд.

САВОЛНОМАИ 5

1)Нахустшаӽрӽо.
Шахрхои марказии кадима аз ду кисм – дижи ва шахристон иборат буданд.Дар шахрхои кадим масо- хат ахамият надошт.Шахрхое буданд ки масохати онхо вз 5 га зиёд набуд.Нишонаи асосии шахр ин кас- бу кори шахрвандон ,яъне маркази истехсоли,фарханги,таълими,хунарманди,куввахои низоми ва дини хисоб мешуд.Шахр бояд аз 5-10 хаз бештар дошт. Дар хазораи сеюм ва дуюм дар Ориёнои Шарки даххо шахрхо ба монанди Гонур , Олтинтуппа ,Того- лок дар Маргуш , Чаркутан , Сапалитеппа , Дашли дар Бохтар , Дилварзин дар Фаргона , Саразм дар Сугд ва шахри Сухта дар Сиистон , Теппаи Хисор дар Гургони Хуросон пайдо мешаванд.

2)Шаклхои заминдории феодалӣ.
Дар асри XVI асоси хоҷагии кишлок деҳқонй буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон ё султон ба касе, ки мехост заминро инъом мекард. Калонтарин заминдоронн мулк аъзоени сершумори хонадони салтанати буданд .Мулкхои калони инъомшударо суйургол меномиданд. Соҳибонн суйургол дар навбати худ як қисми давлатии мулкашонро ба зумраҳон нисбатан хурди аъёну ашроф тақсим карда метавонистанд. Дигар намуди истифодабарй аз замин мулки феодалӣ буд. ки қисми воридоти он ба фоидаи давлат ва қисми дигараш ба нафъи сохибн замин истифода мешуд/ Намуди саввуми замин “замини ҳурри холис” ном дошт. Соҳибони ин мулк аз андози дазлатй озод буданд. Ин намуд заминхо дар асри XVI хеле кам буд.Намудн чаҳоруми замин — заминҳои вақф. яъне замини хайрия буд. Аз маҳсули он масчиду мадрасаву хонақоҳҳо нстифода мебурданд. Ё худ аз ҳисоби даромади замини вакф пулу роҳхо сохта ё таъмир карда мешуданд. Замини вакф тақсимнопазир ва умуман дастнорас дониста мешуд. Намуди панҷуми замин — мулкҳои деҳқоион буд. ки худи онхо кор карда хироч мегирифтанд. Вазъияти дехконони сохибмулк назар ба деҳконони иҷоранишин беҳтар буд. Инчунин онҳо назар ба кисмати боқимондаи корандагони замин як дараҷа имтиёзҳо доштанд. Масалан. ба давлат камтар хироч месупориданд. Ба гайр аз заминхои номбурда дар Осиён Миёна заминхои ҷимоавӣ (общинагй) ханӯз вучуд дошт.

3)Мухорибаи Зирабулок.Шартномаи 23-июни соли 1968.
2 июни соли 1868 дар наздикии Зирабулоқ муҳорибаи сахттарин ва охирини байни Русияю Бухоро ба вуқӯъ омад. Вале мағлубият боз насиби сарбозони амир гардид. Онҳо 1500 нафарро талаф доданд. 23 июни соли 1868 шартномаи байни Русия ва Бухоро имзо гардид, ки мувофиқи он амир вазифадор шуд: аз заминҳои забтнамудаи қӯшунхои рус дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҷиззах, Самарқанд ва Каттақӯрғон ба фоидаи Русия даст кашад; ба хазинаи ҳукумати подшоҳӣ чун товони ҷанг 125 ҳазор тилло (500 ҳазор сӯми русй) фиристад; аз хоки Бухоро хати телеграф гузаронад; ба тоҷирони Русия имконияти дар сарзамини аморат озодона амал карданро диҳад; дар дарёи Аму ба рафтуомади киштиҳои Русия мамоният накунад; ғуломдориро манъ намояд ва ғайраҳо. Мувофиқи ин шартномаамир аз ҳуқуқи муносибати мустақилона бо дигар давлатҳои ҳамсоя маҳрум мегардид. Яъне, дар асоси ин банди шартнома аморати Бухоро дар ҳақиқат аз ҷиҳати ҳуқуқӣ (юридикӣ) бояд тобеи Русия мегардид.

САВОЛНОМАИ 6

1)Асоси дини Зардуштиро чи ташкил медод?
Зардушт Аҳуромаздоро барои ҳамаи пайрвонаш худои ягона эълон кард ва асоси ин дин бошад яктопарасти буд.

2)Таркиби этники (нажоди)-и халки точик.
Дар сарзамини Мовароуннахру Хуросон аз давраи кадим халқҳои ориёиажод: бохтариҳо, хоразмиём. тахориён, фаргонисн. хиёниси ва сакоиҳо умр ба сар мебурданд.Халки точик тадриҷан аз ҳамин халқҳои знкршуда ташаккул ёфтааст, ки онҳодар водим Зарафшон. Истаравшан, Кашкадарё, Фаргона ҷануби Тоҷикистону Узбекистони имрӯза, ҳавзаи Мургоб ва дигар водию ноҳияхо зиндагй мекарданд. Ҳар кадоми ин ноҳияхо лаҳҷаи алоҳидаи худро доштанд. Онҳо ба туфайлн робитахои гуногун бо тарзи зиндагиву фарҳанги ҳамдигар хелс наздик буданд ва аз онҳо баҳравар мегардиданд. Халкҳои ноҳияҳои зикршуда асосаи аз мардумн мукимй ва бодиянишин таркиб ёфта. Тоифахои ҳамзабон, ҳамфарханш Эрони Шаркиро дар бар мегрифтанд.

3)Чаро Бухорои Шаркӣ мегуянд?
Аз нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ Қаламравй имрузаи Тоҷикистони Маркази ва Ҷануби, яъне водиҳои Ҳисору Вахш, мулкҳои Кӯлобу Балҷувон ва Қаротегину Дарвоз ба ҳайати аморати Бухоро дохил мешуданд. Бо сабаби дар қисми шимолу шарқии Бухоро ҷойгир будани мулкҳои номбурда, онҳоро дар қатори мулкҳои Қаршӣ, Шаҳрисабз, Ғузор, Китоб, Шеробод, Бойсун ва Деҳнав, дар адабиёти илмӣ ба таври умумй Бухорои Шарқй меноманд. Баъзеҳо Бухорои Шарқӣ гуфта танҳо водии Ҳисору Вахш, мулкҳои Кӯлобу Балҷувон ва Қаротегину Дарвозро дар назар доранд. Ин мулкҳо дар ҳайати давлатдории Бухоро на танҳо то сарнагун шудани тартиботи амирӣ, балки дар ҳайати Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ҳам монданд. Онҳо танҳо дар натиҷаи тақсимоти ҳудуди миллии соли 1924 аз ҳайати давлатдории Бухоро баромада, ба қисми таркибии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дохил шуданд.

САВОЛНОМАИ 7

1)Давлати Митан.
Дар асри XVI дар қисми шимолу ғарбии Байнаннаҳрайн дар ҷои шохигариҳои хурди Кумиҳо, Алшон ва Ямхад д а в л а ти пуриқтидоре бо номи Митан ташкил меёбад. Маркази он шаҳри Вашуканкй то ҳол аз ҷониби бостоншиносон пайдо карда нашудааст. Мувофиқи гуфтаи бостоншиносон, аҳолии асосии давлати Митан ҳурроиҳо буданд, ки бо семихо омезиш ёфтаанд. Ҳурриҳо ба нажоди ҳинду урупой нисбат доштанд ва дар асрҳои ХУ11-ХУ1 п.м. бо ориёиҳо бархӯрда, аввалин хешовандии забонии байни ҳурриҳо ва ҳиндуориёҳо ба вуҷуд меояд. Ин вохӯрӣ дар ноҳияҳои дарёи Урмияи Эронӣ кунунй ба амал омада буд. Мо аз кати баҳои хазинаи Ошуриҳо , Хетхо ва Фиръавнхо огоҳй меёбем. ки дар дижи шоҳони Митан даҳҳо толор , ибодгтгох. Ва дигар хонаҳои истиқоматй, маъмурй ва хочагй вуҷуд доштаанд. ‘Хочагии шоҳй аз рамаву галаи говон, асион, хукҳо ва чорвой хурд, богот , заминхои кишт иборат буд. Дар х о ҷ а г и и шоҳон садҳо ғуломон , муздурону ҳунарманд он кор мекарданд . Дар шоҳии Митан ҷамоатҳоинохиявй , деҳотй ва оилавй нақши муҳим доштанд . Ҳар як ҷомеа ягон соҳаи хоҷагироривоҷ медод. Маслаан, ҷамоаи савдогарон дар сохаи савдои хоричивудохилй, Хунармандон дар касбу кори гуногун , зироаткорон яке дар истеҳсоли гандум, дигаре ҷав, сеюм лӯбию, ҷаҳорум мошу биринҷ, панҷум сабзавот кор мекарданд. Албатта , зироату богдорй ба иклим ва хоку оби нохияхо вобаста аст.Ҷомеа аз табақаҳо иборат буд ва т абақаҳои поён аз ҷониби.

2)Сабабхои таназзули давлати Сомониён.
Аз давраи салтанати Нӯҳ ифто Наср (943-954) сар карда нишонахои сустшавии давлати Сомониён хар чй бештар аён шудан гирифт. Ин заифӣ, хусусан. дар сохаи молия бисёртар ҳис карда мешуд. Барои хотима додан ба чунин вазъият амир Нӯҳ ибни Наср дар як сол аз захматкашон ду маротиба андоз ситонд, вале ин ҳам натиҷаи дилхох набахшид. Ҳатто сарбозон баъди вафоти Насри II ибни Аҳмад маош нагирифта буданд ва чунин ахвол каҳру газаби горди туркро ба миён овард. Онхо бо сарварони рӯҳониён ва ашрофн дарбор забон як карда, роҳи сӯикасдро пеш гирифтанд. Амир Нӯҳ ибни Наср барои пеши роҳи ин вазъияти муташанниҷро гирифтан вазирашро сабабгори хамаи ин бадбахтиҳо дониста, ӯро ба катл расонд, вале натичаи дилхоҳ хосил нашуд ва пояи давлат беш аз пеш бекувват гардцд. Дар як мулдати кӯтоҳ (аз соли 954 то 959) вазифаи ҳоҷиби бузург чор бор аз як кас ба каси дигар гузашт, ки ин нишонаи заифшавпн давлати Сомонисн буд. Ниҳоят. ин мартабаи баланд, яъне хочиби бузург, ба дасти Абӯалин БалъамП (пнсари Абулфазли Балъамй) расид Абӯалии БалъамЛ дар аввал дӯсти наздики Алптегин буд ы ҳар дуяшон ахду паймон карданд. ки тамомн корҳои давлатирс бо маслихати ҳамдигар ба субут мерасонанд. Аммо баъдп чанде дар байнапюн нохушӣ ба миён омад. Абӯалии Балъамӣ то охири умр — солл 974 пн мартабаи баландро ба зимма дошт. Мамлакатро бссарусомонй фаро гирифта буд ва шӯрпшҳон мардуми захматкаш гох дар ин музофот ва гох дар музофоти дигар сар мезаданд. Ҳатто дар пойтахти давлаn – шаҳри Ьухоро чунин шӯриш ба вуқӯъ пайваста буд. Шӯришчнён касри амнрро оташ заданд ва горат карданд. Ҳангоми аз салтанат ронда шудани писари Нӯх- Абдумалики 1 (954 961) горди турк хеле кувват гирифта, тадричан кариб тамоми корҳои давлатдорй ба дасти он гузашт. Нуфузи сардори ин горд ва давлатмаиди калон Алптегин беш аз пеш меафзуд ва кор ба дарачае раснда буд. ки худи амир ҳам бе рухсати ӯ касрро аз вазифа гирифтан ва ба вазифа таъйнн кардан наметавонист. Абдумалики 1 аз афзудаии иуфузи Алгггегин ба ташвиш афтода. роҳи аз пой гахт дур кардани ӯро псш шрифт. Соли 961 ҳокимии Хуросонро ба вай сунурд. Худи ҳамон сол Мансур ибни Нӯҳ (961- 976) соҳиби тахт шуду ӯро аз вазифаи ҳокимй озод кард. Алптегин аз ин сар кашид ва соли 962 ба Балх ҳуҷум оварда. лашкари амирро шикаст дод. Сипас ба тарафи Афгонистон равон шуда. шаҳрн Ғазна, инчунин якчанд вилоятҳои Афгонистон ва шимолу гарбии Ҳипаустонро ба даст даровард ва соли 962 ҳокимиягашро баркарор намуд. Танхо баъди вафоташ (963) Амир Мансур ибни Нӯх гавонист шаҳрн 1’азнаро боз ба итоати худ дарорад. Абӯиброхими Мунтасир аз байни хонадони Сомониёи ягона марди шуҷоъ буд, ки барои аз нав барқарор намудани давлати Сомониён дубора муборизаи пуршиддат бурдааст.

3)Тобеи аморати Бухоро шудани Бухорои Шаркӣ.
Дар муддати солҳои 1866-1878 мулкҳои ниммустакили Бухорои Шарқи (ба гайр аз мулкҳои кӯҳии Бадахшон) тобеи ҳукумати амирии Бухоро гардид. Барои осон Идора намудани мулкҳои Бухорои Шарқи он ба бекигариҳои зерин:Балҷувон,Боисун, Дарвоз го еьшуда Деҳнав, Кӯлоб, Шеробод, Юрчӣ, Ҳисор, Қаротегин, Қубодиён ва Қургонтеппа таксим карда шуд. Ҳар кадоми ин бекигариҳо аз ҷумлаи шахсони ба амир наздик ва содиқ ҳокими худро дошт.

САВОЛНОМАИ 8

1)Ислохоти Дориюши Кабир.
Давлати Ҳахоманишиён аввалин империяи ҷаҳонӣ буд, ки 70 халқу қабилаи дорои забону дини гуногунро дар бар мегирифт. Шӯришҳое, ки баъди вафоти Куруши Каблр дар империя ба вуҷуд омаданд, нишон доданд, ки халқҳои ҳайати империя мустақилият мехоҳанд. Шӯришҳои солҳои 522-518 п.м. Дориюшро водор сохтанд, ки барои мустахкамии идшерия ислоҳоги ҷиддӣ гузаронад, то ки идораи он осон ва бардавом бошад.
1) ИСЛОҲОТ ДАР СОХТОРИ ДАВЛАТ.
2) ИСЛОҲОТИ РОҲ ВА АЛОҚА.
3) И С Л О Ҳ О Т И Ҳ А Р БИ
4) ИСЛОҲОТИ МОЛИ ВА ПУЛИ

2)Инкишофи адабиёт ва мусикӣ дар давраи Сомониён.
Асрхои IX-X барои пешравии адабиёти китобии тоҷик, ки аз эҷодиёти даҳанакии халк бахра мегирифт, шароити хеле мусоид муҳайё карл. Давлати Сомониёи давраи тавлиди адабиёти форс-точик не, балки давраи нашъунамои он ҳисоб меёбад. То замони Сомониён ҳам ба шбони форсй-точикӣ адабиётн бадей вучуд дошт ва шоирону олимон дар асрҳои 1Х-Х ба забони форсй- тоҷикй асарҳо офарида буданд. Абӯабдуллохи Рӯдакй, Абулкосими Фирдавсй, Абулхасани Балхй. Абӯалй ибнн Сино, Абулҳусайни Бухорой. Аббоси Самаркандй. Шокири Бухорой ва даҳҳо дигарон аз чумлаи онҳояид. Он даврае буд. кн ба ҷуз адабиёти ба забонн точикн эҷодшуда, боз бисёр шоирону олнмони Мовароуннаҳр, хусусан онхос, ки ба дарбор наздик буданд, ба забони арабй низ асарҳо таьлиф менамуданд.

3)Сабаб ва бахонаи шуриши солхои 1873-1876.
Барои ба вуҷуд омадани ин шӯриш як қатор омилҳо мавҷуд буданд. Пеш аз ҳама, як қисми мардуми Қӯқанд аз имзои шартнома бо Русия (13 феврали соли 1868) норозӣ буданд. Зеро, мувофиқи он на танҳо аз даст рафтани мулкҳои забт намудаи қӯшунҳои Русия эътироф карда мешуд, балки хонигарии Қӯқанд ҳам ба мустамликаи Русия табдил ёфт. Бинобар ин аз шартнома онҳое, ки истиқлолияти хонигарии Қӯқандро мехостанд, норозй буданд. Аз шартномаи мазкур тоҷирони қӯқандӣ ҳам норозй буданд. Онҳо минбаъд дар тиҷорати байни Русияю Қӯканд аз қаламрави генерал-губернатории Туркистон берун фа-ъолият карда наметавонистанд. Омили дигар ва асосӣ он аст, ки дар натиҷаи ҷангҳои мансабхоҳии Худоёрхону Маллахон ва ҷангҳо бо Русия хазинаи хонӣ холӣ гардид. Дар натиҷаи аз ихтиёри хонигарии Қӯқанд баромадани кисми зиёди сарзамини он, ки ба генерал- губернатории Туркистон тобеъ шуданд, даромади хазина хеле махдуд гардид. Минбаъд даромади хазина хароҷотро пӯшонида наметавонист. Ьинобар ин дар хонигарӣ ҳаҷм ва намуди андозҳо нисбатан афзуд. Илова ба ҳамаи ин ҳангоми муайян намудани ҳаҷми андоз ва ситонидани он амалдорони маҳаллй ба худсариҳои зиёд роҳ медоданд. Ҳамаи ин хашму ғазаби халқи меҳнаткашро зиёд намуд. Баҳонаи асосии шӯриш бошад аз чорво зиёд ситонидани андоз-закот ба ҳисоб меравад.

САВОЛНОМАИ 9

1)Мухорибаи Куркат (Курукада).
Искандар баъди горату тороҷи панч шахр бо газаби даҳчанд сӯи Қуркат мешптобад. Дар ин ҷо аз гирду атроф ба миқдори 18 хазор мардон ва зшнону кӯдакон гирд омада буданд. Девори муҳофизатии шаҳр ниссбат ба дигар шаҳрҳо устувортар буд, бинобар ин душман дар гирди деворҳо мошинаҳои деворшиканро гузошта, онро зери борони тир меггирад, аммо ба муваффақият намерасад. Искандар мебинад, ки бепитари муҳофизон дар химояи он ҷойҳое истодаанд. Ки макдуниҳсо зери оташи манҷаниқ гирифтаанд. Вай бо як даста аз обмӯрии хушнси рӯд ба осонй вориди шаҳр шуда, дарвозаро мекушояд. Ариан менависад, ки бошандагони қалъа аз кушодани дарвоза ва даромадани душман наҳаросида, зану мард мардонавор меҷангиданду халок мепгуданд. Дар ҳарбу зарби шадид на танхо ҳимоягарон, балки аз лашкарони мақдуниҳо одамони зиёде кушта шуданд. Искандар дар сар ва дасту гардан. Кратер ва дигар сарлашкарон низ захм бардошгтанд. Шумораи шаҳидони ориёй ба 8 ҳазор мерасад. Бокимонда ба диж даромаданд, аммо азбаски дар миёни онҳо захмиён ва згаиону кӯдакон зиёд буданд, аз ташнагй баъди як рӯзи дигар таслим пгуданд. Мардои кушта ва заиоиу кӯдакон ба гуломӣ табдил дода мешаванд. Ҳангоми дар Ҳуҷанд будани Искандар хабар расмд, ки Самарканд аз тарафи Спитамон муҳосира шудааст, ва дастаҳои дар Самарқанд мондаи юнону макдуниҳо дар зери хатар афтодаанд. Искандар бол ашк ари худ барои наҷоти онҳо ба Самарқанд мешитобад. Спитамон шаҳристони Самарқандро гирифта. юнониёни дар диж бударо муҳосира мекунад, аммо аз кувва 2500-нафараи дастаи пешгарди Искандар огохӣ ёфта, шаҳрро монда, ба сӯи поёноби дарёи Суғд меравад. Лашкари юнону макдунй дар таъқиби ӯ то бшёбоне (ҳоло чӯли Малик) рафта, бо Спитамон вомехӯрад. Спитахяон аз турҳо ёрй ме гирад ва ба чанг медарояд. Инамалиёти гурезачангонаи Сиитамон махсус буд, то душманро аз қув;вахои асоси дур бурда. маҳв созад. Дар ин ақибнишинӣ дастаҳои ориёӣ борҳ б а р г аш т а , ба душман з а р б а мезаданд. Вақте душман тактикаи Сиитамонро фаҳмид, дер шуда буд. Бинобар ии, б а сӯи рӯди Сугд рафт, ки дар ин ҷо пардизи шохони Сугд чой дошт. Ин пардиз (боғи шикорй) имрӯза ҷазираи Миёнкол ном дорад. Душман умед дошт. ки дар ин чангал Спитаменихор дунболгирй намекунад. Аммо Сшгамон а:з шикасти душман мохирона истифода бурда, аз чапу рос’ зарба зада, қири душмаиро мебарорад. Ии галабаи ориёиҳо бо (арвари сарлашкари моҳир Спитамон ба рӯҳияи маглубнашавандги лашкари Иекандар зарбаи сахте зад. Маҳви як дастаи бузург барои сипоҳиёни юонону мақдунӣ ҳодисаи гайричашмдошт шуд, зеро лашкари онҳо ҳеҷ гоҳ чунин талафот надода буд. Искандар ҳар чанд мехост лашкари Спитамонро муҳосира ва нобуд созад вале ин кор ба ӯ муаяссар намешуд. Спитамои гайб мезад ва ногахон пайдо шуда, ба душман зарба мезад. Искандар дар самтҳои ҳуҷми Спитамон тамоми деҳаю шаҳрҳо ва одамонро нобуд месохт, водии Суғд аз одам холӣ гардид.

2)Хукмронии сулолаи Карахониён.
Ин давлат дар солҳои 90-уми асри X дар ҳудуди Туркистони Шаркӣ, Хафтрӯд таъсис ёфта буд. Асосгузори сулолаи Қарахониёи Абдулкарим Буфохони мугулнажоди туркзабон буд. Давлати Қарахониёнро асосан ду кабилаи турк – ягмо ва чигнлиҳо барпо кардаанд. Хонадони чигилй ба худ лакаби Арслонхон – шер ва хонадони ягмо лакаби Буфохон — шучурро гирифга буд. Онхо ҳангомн ба давлати Сомониён ҳучум овардан ва забт намудани он накши асосиро бозиданд. Хар ду кабила дар ихтиёри худ қувваи ҳарбй ва бойгарии зиёде доштанд. Давлати Қарахониёнро гох яке ва гоҳ дигаре аз ин кабилаҳо идора менамуданд. Ҳангоми забти давлати Сомониён сардорони нн ду кабила Алй ва Буфохон накши асосй бозиданд ва онхо дар байни Қарахониён обрӯи зиёде доштанд. Дар таърих бо номи хонадони «Алиён» ва хонадони «Ҳасаниён» машҳуранд. Қарахониён соли 1005 ба лашкари охирин намояндаи Сомониён Абӯиброҳйми Мунтасир зарба зада, ба ҳукмронни ин сулола хотима доданд.

3)Забти мулкхои туркманнишин аз тарафи хукумати подшохии Руссия.
1 январи соли 1884 дар воҳаи Марв барои маслиҳат кӯҳансолони қабилаҳои дигари туркман: вакил, сичмаз, бек ва боҳй ҷамъ шуданд. Дар ин ҷамъомад онҳо такдири минбаъдаи мулки худро муҳокима карданд. Ниҳоят моҳи марти ҳамон сол қабилаҳои забтнашудаи туркман дар назди кувваҳои ҳарбии ҳукумати подшоҳй маҷбур шуданд, ки ба ҳайати Русия дохил шудани мулки худро эътироф кунанд. Вале, яке аз нуқтаҳои баҳснок – ин воҳаи туркманнишини Пандин (Панҷдех) буд, ки ба он чй афғонҳо (бо ташвиқи англисхо) ва чй русҳо даъво доштанд. Худи ҳамон сол бо дастгирии англисҳо отряди афғонҳо ноҳияи Кушка ва Пандинро ишгол карданд.

САВОЛНОМАИ 10

1)Сохти сиёсӣ , иқтисодӣ ва мадании давлати Юнонии Бохтар
Олимон тахмин дорад, ки тарзи идоравии он ба монанди селивкиҳ буд. Шоҳ худро ҳокими мутлақ ҳисобид, дар идораи давлат зану фарзандонаш ба вай ёрй медоданд. Яке аз с арчашмаҳо хабар медиҳад, ки дар бахши Ҳиндустонии давлати Юнону Бохтар подшоҳ 6 нафар ёвар дошт: сарлашкар , сарвазир , сарқозй, сархазинадор , чатрбардор ва шамшербардор, яъне дар идораи давлати усули ориёӣ вучуд дошт. Шаҳрҳо ва деҳаҳо хокимони худро доштанд ва шоҳ худро ҳокими 1000 шаҳри Бохтар меҳисобид. Ин унвон пеш аз истилои юнониён дар Бохтар вучуд дошт ва юнониён онро кабул кардаанд. Шаҳрҳо ба тарзи худмухтор идора мешуданд. Шумораи шаҳрҳо далели он аст, ки дар ин давра миқдори онҳо зиёд будааст. Ба ҳар ҳол дар замони Юнону Бохтар, яьне асрҳо 111-11 п.м. дар води Ҳисори қунунй даҳҳо шахри хурду калон вуҷуд доштанд.Дар замони ҳукмронии юнониҳо шаҳрҳо – полисҳо, яъне шахҳои худмухтор бо усули юнонй арзи вучуд менамоянд. Шаҳрҳо маркази савдо ва ҳунармандй, аз ҷумла кулолгарй, заргарй, оҳану мисгарй, чармгарй, камонсозӣ, бофандагй ва гайра буданд. Дар ин давра санъати меьморй. аз ҷумла биноҳои боҳашамати сангй, сутун ва сарсутуну зерсутунҳои сабки гононӣ иайдо мешаванд. Балх яке аз шаҳрҳои калонтарин ва устувортарини замон будааст. Ғафсии девори ҳимоявии он 31 метр паҳно дошт.

2)Чангхои Султон Махмуди Газнавӣ.
Ҳаёти Султон Маҳмуд қариб дар чангҳои горатгарона мегузашт. Аз ҳисоби заминхои гасбнамудааш худуди давлаташро васеъ мекард. Вай дар давоми 32 соли давлатдориаш ба давлатҳои дуру наздик бисёр лашкар кашида, чандин мамлакатҳои ободро хароб ва ҳазорҳо оилахоро бехонумон кардааст Баъди забти қисми бузурги заминҳои Сомониён танҳо ба як Ҳиндустон зиёда аз 15 маротиба лашкар кашидааст. У истилогариҳои худро дар зери пардаи «газавот» (ҷанги мукаддас барои дин) давом медод. Халифаи араб ӯро барои чунин амалиёташ дастгирӣ менамуд.Солхои 1010 – 1011 ба давлати точикон, ки дар вилояти кӯҳии Ғур (қисми гарбин Афгонистон имрӯза) воқеъ гашта буд, лашкар кашид ва ба талафоти зиёд нигох накарда, як қисми онро гасб намуд. Соли 1017 давлати Хоразмро барҳам дода, заминашро ба даст даровард. Ҷангҳо барои Султон Махмуд манбаи бойшавй буданд. Масалан, дар яке аз ин чангхо соли 1019 дар Ҳиндустон сарвати зисде ба даст даровард ва аз он ҷо бо 57 ҳазор гулом ва 350 фил ба Ғазна баргашт. Соли 1024 ба Балх омада. аз дарём Аму гузашта Чагониён, Қубодиён ва Хатлонро тасарруф кард. Султон Махмуд лашкарм боммтмюм ва барои хамон замон таълимгирифтаи хубе дошт.

3)Вазъи мулкхои Бадахшон дар арафаи таксимот.
Маълум аст, ки дар миёнаи асри XIX мулкҳои Бадахшон низ пароканда ва то андозае мустақил бу-данд.Вале ба ин мулкҳо аз як тараф, амири Афгонистон (баъд бо кӯмаки Англия), аз тарафи дигар амири Бухоро (баъд бо кӯмаки Русия) таҳдид мекарданд. Аз соли 1850 амирони афгон Дӯстмуҳаммадхон ва Шералихон, баъди забти Балх, Тошкӯргон ва Қундуз борҳо ба сарзамини Бадахшон хуҷум карданд. Ҳокими Бадахшон Ҷаҳонгиршох баҳри нигоҳ доштани оромӣ ва мустақилият, барои ба ҳукумати Афгонистон супоридани андоз розӣ шуд. Амири Афғонистон Шералихон (соли 1868 ба тахт нишаст) духтари худро ба Ҷаҳонгирптох. дода, бо ҳамин рох ин мулкро пурра ба ихтиёри худ кашиданӣ шуд. Ҷаҳонгиршоҳ ҳушёриро аз даст надода, то андозае мустақилиро нигоҳ дошта бошад ҳам, вале аз соли 1869 сар карда Бадахшон амалан ба доираи таъсири Кобул кашида шуд. Соли 1883 аз тарафи Абдураҳ -монхон (соли 1880 амири Афғонистон эълон карда шуд ) мулкҳои Бадахшони Ғарбй-Вахон, Шуғнон ва Рӯшон забт гардид. Дар як вақт қӯшунҳои Хитой низ ба Бадахшони Шаркӣ наздик шуда, дар ин маҳал мавқеи худро мустаҳкам карданд.

САВОЛНОМАИ 11

1)Ташаккули давлати Кушониён.
Аз катибаи “Работак” маълум мешавад, ки Канишкаи Кабир зиёда аз 30 сол дар ибтидои асри якуми милод ҳукмронӣ кардааст. Дар катибаи ” Работак Пукунзук ” ,Каралранг ном одам зикр мешавад, ки вай дар катибаи Сурхкӯтал унвони Каралрангро надошт. Нукузук дар соли 31-уми шоҳии Канишка бо фармони ӯ дар таъмир ва обод намудани маъбади оташи оилавии Кушониён дар Сурхкӯтал иштирок менамояд. Ҳамин тавр, Канишкаи Кабир зиёда аз 30 сол подшоҳӣ намуда, замони вай замони ба авҷи бузургй расидани давлати Кушониён мебошад. Олимони маънои номи Канишкаро “чавонтарин” маънидод кардаанд; ки ба забони имрӯзаи тоҷик маънои “кенҷа”-ро дорад. Канишкаи Кабир дар ноҳияи Ҳиндустон се шоҳидгарии дигар: Сакет. Кавсанбӣ ва Паталипутр ва Сари Ҷампаро гирифта, тамоми Ҳиндустонро итоатгар будааст. Шоҳ Канишкаи Кабир дар ин ноҳия якчанд кбодатгох обод менамояд.

2)Ибтидои истилои Темур
Дар аввал Чингизхон барои забти Хуҷанд қариб 5 ҳазор сарбоз фиристода буд, вале онхо аз тарафи мудофиачиён торумор гардиданд. Бинобар ин ӯ баъди гасби Самарканд барои ба даст даровардани Хучанд 20 ҳазор сарбоз ва 50 ҳазор мардуми маҳаллии асиргирифтаро фиристод. Чингизиён дар сари рохи Хучанд мардуми шаҳри Банокатро катлиом карданд. шаҳрро горат намуда, ба харобзор табдил доданд ва баъд оташ заданд.Ба мугулоии бароп тасарруфи Хуҷанл фиристода писари калоиии Чингизхои – Чагатой, ки дар ҷохилӣ ва вахшоният ном бароварда буд, рохбарй мекард. Хуҷандиён бо сарварии фарзанди далеру шуҷои худ – Темурмалик дар соҳили рости дарси Сир ба душман рӯ ба рӯ шуданд ва нагузоштанд. ки вай аз дарё гузашта, қалъаи кадима ва шахрро забт кунад. Аммо хучуми дуюми мугулхо барор гирифт. Савдогарои – ҷосусони Чингизхон хамрохи гурӯҳи хиёнаткори ашрофи махаллӣ забон як карда, шабона дарвозаи шаҳрро ба рӯи душман кушоданд. Барои ба даст даровардани қалъа ва маркази шахр ҷангҳои шадиди кӯчагӣ огоз ёфтанд ва истилогарон бо кувваи чандкарата зиёд дастболо шуданд. Мудофиачиёни шахр ба чазирае. ки дар дарёи Сир вокеъ гардида буд (зохиран як километр поинтар аз шахр), рафта истеҳком гирифтанд ва аз он чо муборизаи худро бар зидди истилогарон давом доданд.

3)Халли “Масъалаи Помир” дар байни Руссия ва Англия.
Баҳори соли 1895 комиссияи сарҳадии англису русӣ охирин қитъаи баҳсталаби сарзамини Осиёи Марказиро ба таври «мушаххас» муайян намуданд. Ниҳоят, моҳи сентябри ҳамон сол шартномаи махсуси муайянкунии сарҳади нуфузи байни Русияю Англия дар Бадахшон имзо карда шуд. Моҳи январи соли 1896 подшоҳи Русия Николаи II хатти сарҳадии империяи Русияю Англияро дар Бадахшон тасдиқ кард. Дар асоси ин шартнома дар Бадахшон сарҳади нуфузи байни Русия ва Англия аз Зоркӯл то канори шарқии Бадахшон – дарёи Панҷ қарор гирифт. Мувофиқи он соҳилҳои чапи дарё, пеш аз ҳама заминҳои дар ин канор доштаи Дарвози Бухоро ба зери нуфузи Англия, ба ҳисоби Афғонистон гузашт. Соҳилхои рости дарё, яъне мулкҳои Вахон, Шуғнон ва Рӯшон ба зери нуфузи Русия даромад. Вале ҳукумати подшоҳии рус ин мулкҳоро ба амири Бухоро, ба ивази мулкҳои дар ин минтақа аз даст додааш (яъне заминҳои дар соҳилҳои чапи дарё доштаи Дарвози Бухоро) бахшид. Бадахшони (Помири) Шарқӣ бошад ба ҳайати вилояти Фарғонаи генерал-ғубернатории Туркистон ҳамроҳ гардид. Қисми шарқии водии Вахон, ки дар байни мулкҳои Русия ва Ҳиндустон вазифаи минтақаи озод ва бетарафро иҷро мекард, низ ба ҳисоби Афғонистон ғузашт. Ҳамин тавр «масъалаи Помир» асосан дар байни Русия ва Англия «ҳал» гардид ва гӯё бо ин рақобати байни ду давлати абарқудрати давр оид ба як гӯшаи кӯҳии дунё ба охир расид.

САВОЛНОМАИ 12

1)Шуриши Абруй.
Аз ин ҷост, ки дар баъзе нохияхо шӯришхои заҳматкашон ба мукобили худотҳо сар мезаданд. Яке аз калонтарин исёнҳон камбизоатон шӯриши Абрӯй буд. Мувофнки рнвояти Наршахй. дехконони бузурги Бухоро, аз ҷумла бухорхудот Хамук ба мардум ситам карданд ва молу мулки онхоро гирифтанд ва онхоро ба хизматгори худ таблил доданд. Мардум бо сарварии Абрӯн шӯрнданд ва деҳконони бузургро ронданд ва Абрӯйро подшох намуданд. аммо ӯ муддатс ҳукмронй кард ва ба беадолати даст зад.Мардум ба дод омаданд ва ба дехконони пешинаи худ мактуб навншта. онҳоро даъват карданд, ки боз оянд. чунки ситами Абрӯй аз ҳад гузашт. Мардум нн дафъа 6а мукобили Абрӯй бархостанд ва ӯро сарнагун карданд. Дехконони пешин бармегарданду боз замнну об ва кадевар ва хизматгорони худро соҳиб мешаванд. Ҳамин тавр мардуми бечорахол боз бз асорати сохибони пешини худ меафтанд.

2)Империяи Темур ва вахшиёнати онхо.

3)Окибатхои мусбат ва манфии забткорихои Руссия.
Оқибатҳои мусбат гуфта он чиҳатҳоро дар назар дорем, ки онҳо ба пешрафти ҷамъият ва осоиштагии мардум то андозае имконият муҳайё намудаанд. Чунин ҳолатро дар омилҳои зерин дида метавонем. 1) Умуман, иқтисодиёти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳод. Осиёи Марказӣ охиста-оҳиста на танҳо ба бозори умумирусиягӣ, балки ба воситаи он бо бозори умумиҷаҳонӣ муносибат пайдо кард. 2) Ҷангҳои байниҳамдигарии давлатҳои мустақил ва ниммустақили кишвар, махсусан, байни аморати Бухорою хонии Қӯқанд, ки боиси хонахаробиҳои зиёд ва қашшоқии мардум мегардид, барҳам дода шу Хомӯш гардидани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бошад барои инкишофи иқтисодиёт ва тиҷорати байни ноҳияҳо ва вилоятҳои Осиёи Марказй шароити мусоид ба вуҷуд овард.
3)Боқимондаҳои муносибатҳои гуломдорй (махсусан, хариду фурӯши гуломон) манъ карда шуд (дар аморати Бухоро он аслан боз чанде давом дошт). 4) Имконияти шиносшавӣ бо маданияти якдигар ва ганй гардидани он ба вуқӯъ омад. Оқибатҳои манфӣ гуфта он ҷиҳатҳоро дар назар дорем, ки онҳо боиси махдудиятҳои сиеси, афзу- дани зулму истибдод, парокандагии миллй ва гайра гардидаанд. Ин гуна ҳолатҳоро дар нуқтаҳои зерин мебинем:
1)Мустакилияти давлатдории халқҳои ин сарзамин аз байн рафт.Кишвари Туркистон қисми таркибии империяи Русия гардид. Аморати Бухоро ва хонигарии Хева низ пурра ба доираи сиёсати ҳукумати подшоҳии рус даромаданд. Онҳо ба ғайр аз Русия, бо дигар давлатҳо муносибат карда наметавонистанд 2) Дар сарзамини генерал-губернатории Туркистон тартиботи сахти мустамликавй ҷорй гардид. Минбаъд ҳукуматдорони амирию хонй дар зери сояи қувваи ҳарбии Русияи подшоҳй нисбат ба мардуми бечораи худ зулмро боз ҳам зиёдтар раво дониста, онҳоро бераҳмона истисмор мекарданд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мардум ба истисмори боз ҳам сахттар гирифтор шуданд. 3) Шартномаи байни Русияю Англия дарёи Панҷро сарҳади нуфуз қарор дода, халқи тоҷикро, ки ҳазорҳо сол боз дар тарафи чап ва рости он зиндагӣ карда, бо ҳам рафту омад ва хешу таборй доштанд, аз ҳам ҷудо кард. Ҳангоми муайян намудани марзи давлатй, манфиати халқи тоҷик умуман ба эътибор гирифта нашуд. Зеро, ҳамон давр такдири халқи тоҷик аз сиёсати забткоронаи Русияю Англия сахт вобастагй дошт.

САВОЛНОМАИ 13

1)Ташкилёбии иттифоки зидди арабхо .Мудофиаи Самарканд.
Соли 728 амири нави Хуросон Ашрас бо лашкари бузург барон пахши шӯриши сугдиён ба Самарқднд меояд. У дар Сугд эьлон мекунад, ки хар ки исломро напазируфтаасту мепазирад аз андози чизя озод аст. Мардуми захматкаш ҳама худро мусулмон эълон мекунанд ва арабхо аз ҳеҷ кас хироҷ ҷамъ карда наметавонанд. Аз ин сабаб, шохи Сугд ба амири Хуросон арз менамояд. кн акнун дар Сугд хама исломро кабул карданд ва одами хирочдиханда намонд. Амир аз ваъдаи худ бармегардад ва фармон медихад, ки аз хамаи мардуми гайриараб хироч сито- нанд. Ин фармон сабаби норозиги ва аз мусулмонӣ рӯй гардондани точикон мегардад. Мардум силох ба даст мегиранд ва боз ба мукобили арабхо ба чанг медароянд. Танхо дар рустохои Самарқанд 7 хазор одамон шӯрида буданд. Ба нн исён баъзе арабхо низ хамрох мешаванд. Амири Хуросон бо лашкари 80-хазора ба Омул омада дар он ҷо се мох тайёрӣ мебинад ва 10 хазор сипохиёнро аз Ому гузаронида, ба сӯн Бухоро мефиристад. Аммо онҳо дар рох ба туркон вохӯрда меҷанганд ва талафоти зиёд медиханл. Аз ин ходиса арабхои дар Омул буда огохӣ меёбанд ва ба ёрии онхо сипохи асосй бо сарварии амир ба чанг мсояд ва точикону туркон ақиб менишинанд. Амир Ашрас бо лашкараш дар наздикии шахри Пайканд чой мегирад. Точикон рохи обро мебанданд ва душман аз ташнаги азоб мекашил. Рӯзи дигар онхо ба лишкари араб ҳуҷум оварда. зиёда аз 1000 нафари онхоро мекушанд. Рӯзи сеюм лашкари тоҷикони Сугд, Насаф, Чоч, Истаравшан ва Фаргона ба ҳучуми катьӣ гузашта. арабҳоро маҷбур мекунанд. ки дар кальаи дастнораси Камарҷо паноҳ баранд. Муҳосираи қадьаи Камарҷо 2 мох давом меёбад ва муттаҳидии аз сабаби бо дили нохоҳам ҷангидан галабаро аз даст медиҳанд. Барои марги Бозгарй асирони араб бо сарварии Ҳаҷҷоч Нодири кушта мешаванд. Арабхо низ асиронн тоҷику туркро, ки бешгар аз занону кӯдакон нборат буданд, ба катл мерасонанд. Мувофики ривояти Табарӣ дар дасти арабҳо шоҳи Сугд Ғурак асир буд ва дастахои Сугд бо сарварии нисари ӯ Мухтор намечангиданд ва дигаронро низ аз мухосира нигох медоштанд. Яке аз сабабхои калъаро бо ҳучум нагирифтани тоҷикон ин буд. ки дар ин чо Ғурак ва Занону кӯдакони сугдиён чун гаравгон нигох дошта мсшуданд. Муҳосира 58 рӯз давом кард ва ннҳоят иттифокчнён рози шуданл. ки аз ихотаи қальа даст кашанл ва арабҳо баромада раванд. Ривоят мекунанд ки дар ин ҷанг амири Хуросон Ашрас бо ҳадокат мерасад. Ҳамин тавр арабхо шарти тоҷиконро пазируфта. Гуракро озод карданд ва худ аз калъа баромада рафтанд. Онхо барои Гураки пир на чанд зану фарзанди ашроф шуда ба лашкари араб ичозат доданд ки ба Самарканд омада, бо қуввахои дигар хамроҳ шавад ва минбаьд ба мукобили точикон биҷангад ва хизорхо нафарро бикушад.

2)Андоз ва намудхои он дар асри 15.

САВОЛНОМАИ 14

1)Таназзули империяи Кушониён.
Баъди Канишкаи Кабир писари Ҳувишка ба тахт нишаста, зиёда аз 30 сол подшохӣ намудааст. Агар ӯ то солҳои 35-40 хукумат ронда бошад,баъди вай писараш то солхои 70-уми асри I милод подшоҳӣ мекунад. Баъди Ҳувишка писараш Канишкаи II ба сари қудрат меояд.Махсусан дар давраи шоханшоҳии Васудева ва Кушонзамин комилан иктидори худро нигоҳ медошт дар охирҳои асри III м.Аз сарчашмахои хаттӣ бармеояд,ки Кидоршохи диловар ба панҷ мулки дар он тарафи Ҳимолой буда ҳуҷум оварда онхоро тобеъи худ сохтанд. Аз ин ризоят маълум мешавад. ки дар охирҳои асри III м. давлати Кушониён суст шуда.Шоҳигарихои водии Синд аз итаоти ҳукумати марказӣ баромада буданд ва Кидоршоҳ онҳоро аз нав ба давлати худ ҳамроҳ менамояд. Таърихи Кушониёнро ба се давра тақсим кардан лозим аст.Давраи якум то подшоҳи Куҷула Кадфиз. Давраи дуюм аз Кучула Кадфиз то Васудева. Ин давраи ҳукмронии Кушониён бузург буд. Давраи сеюм давраи Кидориён ё Кушониён кӯчак номида мешавад ва онхо аз нимаи асри III то асри IV ҳукм рондаанд. Дар нимаи дуюми асри IV м. ба сари қудрати сиёсй Ҳайтолиён меоянд.

2)Ислохоти пулии Улугбек ва Хусравшох.

3)Ба кишвари Туркистон омадани мухочирони рус.
Ҳукумати подшоҳӣ Осиёи Марказиро ба мустамликаи худ табдил дода барои босамар истифода бурдани он шурӯъ карда бошад ҳам, нисбати худ ба садоқати мардуми таҳҷоии ин кишвар боварӣ надошт. Аз ҳамин сабаб ҳам ҳукумати подшоҳӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани такягоҳи боварибахш аз губернияҳои сераҳолии маркази Русия қисми деҳқонони русро ба ноҳияҳои гуногуни кишвари Туркистон кӯчонид. Ҳукумати подшоҳӣ бо чунин чорабинй, бо як тир ду нишонро заданй буд. Яъне, вай аз як тараф қисми деҳқонони русро аз губернияҳои сераҳолии марказ кӯчонида, дар он маҳалҳо барои зиёд намудани миқдори замини деҳқонони боқимонда мушарраф гардиданӣ буд ва бо ҳамин мехост пеши роҳи норозигии он деҳқононро гирад.Аз тарафи дигар, ҳукумати подшоҳӣ мехост деҳқонони кӯчо-
нидашудаи русро дар ин ё он маҳали кишвари Туркистон ҷойгир намуда, нисбатан замини зиёдро дода, аз ҳисоби онҳо ба худ такягоҳи боварибахш тайёр намояд. Зеро чунин такягоҳ ҳангоми болоравии норозигии мардуми маҳаллй ба муқобили сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳӣ хеле зарур ҳисо-
бида мешуд.

  1. Иброхим:

    Барои синфи чанд?

  2. мехроч:

    Ин саволхо барои синфи чанд аст

  3. ФАКАТ МЕГУФТЕД КИ ИН САВОЛНОМАХО БАРОИ СИНФИ ЧАНД ТААЛУК ДОРАД?

  4. Ислоҳоти пулии Улугбек ва Хусравшох нест, барои чи?

  5. Юсуф:

    Ассалом, ҷавобҳои саволномаҳои таърих (шифоҳӣ) барои синфи 9 надоред?

  6. чаро саволномаи таърихи синфи9 нест

  7. рахмат ЗУР!!!илтимос саволномахои таърихи синфи 9 ро дохил кунед!!!!дар соли́ 2017!!!¡

  8. Farzona:

    Yagon kas namedona nakli hatti ai zaboni tojiki sinfi 9 ai kujo ebem?

  9. Юсуф:

    http://file.tj/download.php?file=625merge_from_ofoct.pdf
    Чавобхои таърих шифохи 2017 барои синфи 9

  10. baha:

    юсуф амира ай файлтичи нев ай sharebox тичи кати парто бародар бад чиба ика бисёрай и

  11. Дилья Бобоева:

    илтимос саволи мада чавоб тиен: Кадимтарин бошишгоххо дар Точикистон дар кучо пайдо шудаанд?

  12. Магамед:

    Чавобхои слволи тхт синфи 9кай мепартоен илтимос зудтар партоен хеле зарур аст.

  13. Нурчон:

    Ин ислоҳоти пулли улугбек ва хусравшох ҷавобаш кани дустам

  14. умар:

    саволхои синфи 9 нест

  15. саволхои синфи 7 нест

  16. Усмон:

    Илтимос ба Саволи ман човоб дихед:шуриш дар солхои 806 ва ахмияти он

  17. Саиджон:

    и хамаш дуругай

  18. Муминов Муминджон:

    Барои синфи 7-бисёр лозим !
    Имконият бошад,дохил кунед.

  19. Илтимос чавобхои Таърихи синфи 9-ро (соли 2018) партоед.

  20. Мадина:

    И да синфи чанай

  21. Muhammadjon:

    Синфи 7
    хайми

  22. Саволномаҳо синфи 9 ра ҳаимсол ара партоед илтимос 2018

  23. Шерзод:

    эй илтимос чавобои саволномахои имтиҳон аз фанни таърихи халки точикбарои синфи 7 рои кн

  24. мезиолит чй гунна давр аст

  25. Далер:

    Ба тартиб партоед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *