Сенарияи Конфронси илмӣ–адабӣ бахшида ба рӯзи забони тоҷикӣ

1.Барандаи I

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст , бисёр аст ӯ.

Бозор  Собир

2.Барандаи II

Сухан аз арши барин омадааст,

Баҳри покон ба замин омадааст.

Абдуращмони Ҷомӣ

3.Барандаи I

Салому дуруди бепоён ба ҳаводорони забони ширини тоҷикӣ! Баҳамнишинон ва устодони меҳрубону гиромӣ!

Лутфан иҷозат диҳед, конфронси имрӯзаамонро бахшида ба рӯзи забони тоҷикӣ кушода эълон намоем.

4.Барандаи II

Олитарин  зуҳурот ва нишони мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллат ҳама шукуҳи шаҳомат, урфу анъана, маърифату фарҳанг, аҳлоку биниш ва ғайраро дар забони зиндаи ҳуд аксандозӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки забони ҳалкро надониста, ӯро шиноҳтан душвор аст.

Донистани ҳар як забон барои инсон дорулфунунест, ки ҳамто надорад .

5.Барандаи I

Муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст ва касоне, ки забонро пушти по мезананд ва ба он ҳурмату эҳтиром надоранд ва наомӯхтаанд, ба ҳалку Ватан эҳтироми бардуруғ доранду бас…

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шакар аст,

Лек гуфтори дари ширинтар аст.

Ҳоло навбат ба ҳонандагони синифҳои 8 ва 9 дода мешавад.

6.Барандаи II

Биё, меҳмони ман шав эй бародар,

Гулистон кун даме кошонаи ман.

Биё, ҳар гоҳ дасти холӣ, аммо

Дили холӣ наё бар хонаи ман.

Лоик  Шералӣ

Ҳоло барои болидахотирии Шумоён азизон, суруд дар иҷрои хонандаи синфи10 Каюмов Каримҷон бароятон пешкаш мегардад!

7.Барандаи I

Забон  неъмати  Парвардигор аст,  ки  баҳри инсон ато шудааст. Он муҳимтарин воситаи робитаи одамон буда, олами дураҳшони рушди камоли ҷомеа маҳсуб меёбад.

22 – июли  соли  1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин «Конуни забон»–ро қабул кард, ки барои мардуми мо рӯзи муборак ва таърихи гардид.

Ҳоло суханони Призиденти кишвар ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои ҳонандагони синфи  8 бароятон пешкаш мегардад.

8.Барандаи II

Призиденти  кишвар  соли  2008 – ро  Соли  бузургдошти забон эълон  намуд, ки  аз ҷониби мардуми кишварамон якдилона пазируфта шуд. Он солҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб 150 давлати ҷаҳон ба расмият шинохт. Имрӯз бошад зиёда аз сесад давлати  ҷаҳон мешиносанд. Аввалин шуда, Федератсияи Русия.

Ҳоло саҳначаеро аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар он солҳо бинобар надонистани забони русӣ ва дар ҳоли ногувор афтоданашонро пешкаши ҳамагон мегардонем.

Саҳнача «Забон донӣ–ҷаҳон донӣ» ном дорад ва дар иҷрои ҳонандагони синфи 8 иҷро мегардад.

9.Барандаи I

Тавоно  бувад,  ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Абулқосим Фирдавсӣ

Ҳоло саволу ҷавоби ҳонандагони сифи 8–ро шунавед .

10.Барандаи II

Ба вақти рақси мавзунат,

Ба чашмони пурафсунат

Оҳу дар саҳро, моҳӣ дар дарё

Гашта мафтунам.

Ҳоло рақс дар иҷрои ҳонандаи синфи 8 Раҷабов Ёдгор.

11.Барандаи I

Ҳамчун номи тоҷик забони тоҷик ҳам таърихи ғанӣ ва рангин дорад ва барои муҳофизати қаламрави ҳастии  ҳуд бо забонҳои бегона ҳамеша дар набард будааст.

                                                                            Эмомалӣ  Раҳмон

Ҳоло навбат ба маърӯзаҳо! Дар иҷрои ҳонандагони синфи  9 “А”

12.Барандаи II

Ҳунар омӯз, к–аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

                                   Носири  Ҳусрав

Ҳоло навбат ба саҳнаҷа, ки «Таъми забон» ном дорад, дар иҷрои ҳонандагони синфи 9 пешкаш мегардад.

13.Барандаи I

Руйи  хушу овози хуш дорад, ҳар як лаззате,

Бингар, ки лаззат чун бувад маҳбуби хушовозро.

                                                              Саъдии Шерозӣ

Ҳоло навбат ба латифагуӣ. Бароятон латифаҳои завковарро ҳонандагони синфи  9 ”А” Фаридун Юсуфи ва Муҳибулло  пешкаш менамоянд.

14.Барандаи II

Мутриби  ҳушнаво бигӯ, тоза ба тоза нав ба нав,

Бодаи дилкушо биҷӯ, тоза ба тоза нав ба нав.

                                               Ҳофизи Шерозӣ

Ҳоло навбат ба суруд. Марҳамат Муҳаммадҷон!

15.Барандаи I

Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта–рафта чарх оламгир кард.

Ҳоло навбат ба сарвари гимназияамон мӯҳтарам “——“.

Марҳамат устоди азиз!

16.Барандаи II

Бо  ҳамин барномаи имрӯзаи мо бахшида ба рӯзизабони  тоҷикӣ  ба  поён  расид. Барои диққататон ташаккур!  Шоду хуррам бошед!

Омодакунанда:  Мафтуна Хайруллоева, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи НТҶ, гурӯҳи 3

8+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин