Шағоли хабаркаш

Рӯзе шоҳи ҳайвонҳо­ – шер бемор шуд. Зуком шуда буд. Зуд­­-зуд атса мезад ва аз ин хеле асабӣ шуда буд. Ҳамаи ҳайвонҳо ба аёдаташ омада буданд, ба ғайр аз рӯбоҳ. Шоҳ, ки дар ин рӯзҳо ба ғайр аз бинии худ чизеро намедид, шояд наомадани рӯбоҳро ҳам пай намебурд, аммо шағол ба гӯшаш гуфт:

     -Шоҳам, ҳамаи ҳайвонҳо ба аёдати шумо омадаанд, то ҳар гаҳе шумои азиз атса мезанед, “саломат бошед” гӯянд, аммо рӯбоҳ ин ҷо нест.

    Шер ба ғазаб омад ва амр кард, ки рӯбоҳро ба наздаш оранд. Хабар ба гӯши рӯбоҳ расид ва ӯ зуд ба дарбор омад.

-Зарди лаънатӣ! – ғурид шер. –  Ҳамаи ҳайвонҳо ба аёдати ман омаданд, ту чаро наомадӣ?

-Асабӣ нашавед, шоҳам, – ҷавоб дод рӯбоҳ.

-Ман ҳам аз бемории шумо огоҳ будам, аммо нахостам, ки дасти холӣ ба диданатон оям. Хостам доруе барои бемории шумо пайдо кунам.

     -Ҳаа, ин тавр гӯй …-ором шуд шер. – Хуб чӣ пайдо кардӣ?

Беҳтарин дору барои зуком ин гӯшти панҷаи пойи шағол будааст, – гуфт рӯбоҳ.

  -Наход, – ба ҳайрат афтод шер.

 – Агар доруят шифобахш набошад, пӯстатро меканам.

  Рӯбоҳ бо таъзим тасдиқ кард. Медонист, ки зуком бемории зудгузар аст, бо ҳар чизе онро табобат кунӣ, баъд аз чанд рӯз худ аз худ мегузарад.

Баъд аз чанд рӯз рӯбоҳ дар беша мегашт, ки аз пешаш шағол баромад.

Шағоли сепо! Рӯбоҳ ба ӯ гуфт:   -Дӯстам, хабаркаш ба мисли касест, ки ба осмон туф мекунад ва баъд тааҷҷуб мекунад, ки чаро рӯяш тар шудааст.

Омодакунанда: Ғаффоров Сайҳун, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи стоматология, гурӯҳи 3

4+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин