Шатранҷи тоҷик

Инак, китоби нави устоди шатранҷи ҷумҳурӣ Тошпӯлод ҲАМИДОВ  зери унвони «Шатранҷи тоҷик» дар ҳаҷми 114 саҳифа бо маблағгузорӣ ва дастгирии бевоситаи роҳбари гурӯҳи эҷодии «F1[iMDOD]-IT SERVICES» (хизматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ) мунташир шуд.

Китоб асосан ба муносибати 75 солагии муаллифи он интишор ёфтааст. Дар он аз ҳаёту фаъолияти баъзе аз собиқадорони шатранҷи тоҷик, ки аз ҷумлаи дӯстони наздики муаллиф мебошанд, нақл карда мешавад. Илова бар ин, китоб боз маводи дигари ҷолиб аз қабили таърихи шоҳмот, афсона, шоҳбайту гуфтаҳои бузургонро перомуни шатранҷу шатранҷбозӣ ва ғайра дар бар дорад.

Барои дӯстдорони шоҳмот ва доираи васеи хонандагон пешниҳод шудааст.

Китоб дорои сифати хубу нархи дастрас буда, фарогири мундариҷаи зайл аст:

Муқаддима

БОБИ I. Дилбохтагони шатранҷ
«Нобиға»-и аввалини шоҳмот — Зикриё Исоев
Ошёни меҳр — Нуриддин Ҷалолов
Муждаи хуршедӣ — Мирзо Сабуров
Камоли зиндагонӣ — Самеъҷон Юсуфов
Нобиға — Усмон Ҳусейнов
Эй ҷон, шод бош, дер зиҳ — Файзалӣ Нуралиев
Ҳариси шоҳмот — Тошпӯлод Ҳамидов

БОБИ II. Таърихи шатранҷ
Аз таърихи шатранҷ
Қарнҳои ҳиндуӣ
Ташаккули усули арабӣ
Шоҳмот дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ
Пайдоиши шоҳмот дар Русия
Гузаштан ба Аврупо
Калисои насрониён муқобили шоҳмот
Инкишофи назарияи шоҳмот
Табдилёбии шоҳмот ба намуди варзиши байналхалқӣ
Вазъи шоҳмот дар асри XX
Ҳолатҳои ҳозиразамон ва минбаъда
Мӯъҷизаи асри XVIII
Ихтирои шатранҷ

БОБИ III. Нақлҳо андар боби шатранҷ
Моти дилором
Қиссаи чор лаъл

БОБИ IV. Гуфтаҳо перомуни шатранҷ
Васфи олами шатранҷ дар ашъори адибон
Иқтибосҳо аз гуфтаҳои шоҳмотбозони маъруфи ҷаҳон

Ба ҷои охирсухан

Хоҳишмандон ва ихлосмандони шатранҷ метавонанд, китобро тариқи ройгон аз интернет портали «maktab.tj» дастрас намоянд: Фаровир кардан

  1. Китоби Точикони Бобочон Гафуров хаст?

  2. Китоби электронии «Шатранчи точик» -ро аз кадом сомона дастрас кардан мумкин?

  3. Начибулло:

    Салом ба сомонаи http://maktab.tj/ хохишмандам чи кадаре, ки китоби чопи дорен фиристен.

  4. шухрат:

    Салом аз шумо хохиш дорам китоби шатранчи точик ва коидаи харакат дар рохро ба ман ирсол менамудед аз шумо бисер миннатдорем!!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *