Чӣ тавр ҳуруфи тоҷикиро дар барномаи Microsoft Word гузорем?

Аҷоиб, ба кадом корҳо даст заданатро дар соҳаи Web намедонӣ, қариб ҳамавақт таасуроте маро фаро мегирад, ки гӯё ба terra incognita шомил шуда бошам.

Дар ин мақола ҳаракат кардам, ба саволи «Чӣ тавр ҳуруфи тоҷикиро дар барномаи Microsoft Word гузорем?» посух гӯям.

Умедворам, ки ин мақола як рӯзи ҳаёти касеро сарфа мекунад. 🙂

Ҳуруфи тоҷикии компютер ғолибан барои муҳассилини мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ва умуман ҳамаи истифодабарони тоҷикзабон лозим аст.

Инак, фарз кардем Шумо дар компютер мақолаеро ҳуруфчинӣ карданиед ва мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст, яъне иборат аз ҳуруфи тоҷикист: Ӯӯ, Ққ, Ғғ, Ҳҳ, Ҷҷ ва Ӣӣ.

Чун ба мо маълум аст, то ҳол саҳфаи калиди низоммеъёр нест, ки дар он ҳарфҳои “думча”-ву “хатча”-дори алифбои тоҷикӣ тасвир ёфта бошад, аммо дар компютерҳо ҳудуди 20 намуди ҳуруфи тоҷикӣ мавриди истифода қарор дорад.

Аз диди ногоҳи ман, аз ҳама роҳи содда ва созгор ин истифода бурдани ҳуруфи Microsoft Sans Serif ё Palatino Linotype аст, чунки ин ҳуруфҳо ба таври низоммеъёр дар системи омили Microsoft Windows 2000/XP/Vista/7 гузошта шудаанд, яъне моро зарур намеояд, ки ҳуруфи тоҷикиро аз куҷои дигар (Интернет) дастрас намоем. Моро танҳо лозим меояд, ки онро ба таври ба мо қулай ба танзим дарорем ва истифода барем. Ногуфта намонад, ки дар системи омили Windows Vista ва Windows 7 ҳуруфи тоҷикӣ дар бахши «Забон ва низоммеъёрҳои минтақавӣ»-и он ба таври низоммеъёр ҷойгир карда шудааст.

Хуб, барномаи«Microsoft Word»-ро мекушоем:

1. Менюи «Вставка»-ро интихоб кардем.
2. Аз тарафи рости равзана зерменюи «Символ»-ро меёбем.
3. Аз панҷараи кушодашуда «Другие символы»-ро низ интихоб мекунем.

(Нигаред ба расми 1.)


4. Дар равзанаи пайдошуда ҳуруфи ба мо лозимаро пайдо мекунем, дар ин маврид ҳуруфи ба мо лозима ин «Palatino Linotype» аст.
5. «Palatino Linotype»-ро интихоб мекукнем.
6. Ақрабаки боло-поёнкунандаро андаке боло мебарем, то ҳарфҳои ба мо лозима, яъне ҳуруфи тоҷикиро пайдо кунем.
7. Фарз кардем ҳарфи «Ҳ»-и калонро ёфта онро интихоб мекунем.
8. Пас аз он тугмачаи «Сочетание клавиш» – ро пахш менамоем.

(Нигаред ба расми 2.)

9. Дар равзанаи пайдошудаи навбатӣ моро лозим меояд, тугмаҳоро бо ҳарфи тоҷикӣ вобаста кунем. Мисол барои кашидани думча ба харфи «Х»-и калон аз тугмаҳои зайл истифода мебарем: Ctrl + Shift + {
10. Пас аз он тугмаи дар равзана будаи «Назначить»-ро пахш бояд кард.
11. Барои давом додани вобастакунии ҳуруфи боқимондаи тоҷикӣ (ҳ Ӯӯ, Ққ, Ғғ, Ҷҷ, Ӣӣ) тугмаи «Закрыть»-ро пахш намуда ба равзанаи асосӣ бояд бар гардем.

(Нигаред ба расми 3.)

12. Ин навбат ҳарфи «ҳ»-и хурдро интихоб мекунем.
13. Тугмачаи «Сочетание клавиш» – ро пахш менамоем.

(Нигаред ба расми 4.)

14. Дар равзанаи пайдошудаи навбатӣ моро мебояд, тугмаҳоро бо ҳарфи тоҷикӣ вобаста кунем. Мисол барои кашидани думча ба харфи «х»-и хурд аз тугмаҳои зайл истифода мебарем: Ctrl + [
15. Пас аз он тугмаи дар равзана будаи «Назначить»-ро пахш бояд кард.
16. Барои давом додани вобастакунии ҳуруфи боқимондаи тоҷикӣ (Ӯӯ, Ққ, Ғғ, Ҷҷ, Ӣӣ) тугмаи «Закрыть»-ро пахш намуда ба равзанаи асосӣ бояд бар гардем.

(Нигаред ба расми 5.)

Ҳамин тариқ, баъди иҷрои амалҳои вобастакунии ҳуруфи тоҷикӣ мо метавонем озодона мақолаамонро бо забони тоҷикӣ дар компютер ҳуруфчинӣ кунем:

(Нигаред ба расми 6.)


Маъмурият:    Дилшод Ҳамидов

0

13
Назари худро бинависед

avatar
8 Занҷираи тавзеҳ
5 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
9 Муаллифони тавзеҳҳо
Асоев МусомухамадятимАзизҷон!Азизмуҳаммади АлиҷонАбдул-Хусейн Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Як_бача
Меҳмон
Як_бача

Дар сомона чи гуна харфхои точикиро истифода барем илтимос чавоб гуед

rahimov
Меҳмон

Хуб мешуд ба ҷои роҳи кӯҳнашуда дар бораи “низоммеъёр ҷойгир карда” шудани он нависед.

SHOKIR
Меҳмон
SHOKIR

Мо чигуна метавонем ана ҳамон видеои “Душанбе-шаҳри сулҳ”-ро ба худ сабт намуда гирем?

SHOKIR
Меҳмон
SHOKIR

А фаҳмо. РАҲМАТ!!!

Абдул-Хусейн
Меҳмон
Абдул-Хусейн

Мехохам сайти фардиро (шахсиро) кушоям. Чи тарз вайро кушодан мумкин?

Азизмуҳаммади Алиҷон
Меҳмон

Бародари гироми барои мо ба ин гуна тарзу усулҳо дигар ҳоҷат намондааст, бисёр хуб мешуд, ки дар охири ҳамин мавзуъ менавиштед, ки аз барномаи times new roman tj истифода барем аз ҳама осон ва қулай мебошад!

Азизҷон!
Меҳмон

Салом! Ягон ҳуруфи тоҷикӣ надорен дар сомонаатон!

мухамадятим
Меҳмон
мухамадятим

салом праграмаи хастай ки ба дахон чумларо бихони худаш бинависад агар донед дар почитаи ман партоен??? nuralizoda.muhamadyatim@mail.eu