Шояд, ки хайр бошад?

Ҳикоят мекунанд подшоҳе буд, вазире дошт. Ин вазир дар ҳар мусибату хурсандие, ки ба подшоҳ мерасид мегуфт: – Шояд хайр бошад.

Рӯзе подшоҳ шамшери худро тез мекард, ногаҳон дасти подшоҳ лағжиду ангушти хурди подшоҳро бурида калта кард. Вазир, ки дар назди подшоҳ буд гуфт: – Шояд, ки хайр бошад. Подшоҳ дар ғазаб шуд ва гуфт: Ман ангушти худро буридам ва ту мегӯи хайр аст? Подшоҳ амр кард то вазирро зиндон кунанд. Ҳангоме, ки вазирро ба зиндон мебурданд вазир гуфт: – Шояд ки хайр бошад!

Рӯзе подшоҳ ҳамроҳи чанд нафар аз дарбориёнаш ба шикор баромаданд. Подшоҳ оҳуеро дид ва аз пушти оҳу асп давонд. Як вақт худро дохили ҷангал яккаву танҳо дид, оҳу нопадид шуда буд ва ёронашро низ гум карда буд. Дар дохили ҷангал роҳгумзада шуд як вақте худро дар мухосираи одамони ҷангалӣ дид. Одамони ҷангалӣ дасту пои подшоҳро баста ба назди сардорашон оварданд. Аз тақдири бади подшоҳ фардо рӯзи ҷашни қабилавии онҳо будааст ва дар рӯзи ҷашн бояд як нафарро қурбонӣ мекарданд. Подшоҳро фардо субҳ бо дасту пои баста ба курбонгоҳ бурданд. Мардум ҳама чамъ омада буданд ва мунтазири он буданд, ки подшоҳро дар назди бутти худ қурбонӣ кунанд. Сардори қабилаи одамони ҷангалӣ гуфт: – Бигузоред то бубинам ин қурбонӣ ягон ноқисӣ ва камбудӣ надошта бошад?
Вақте ҷисми подшоҳро аз назар гузаронд дид, ки нисфи ангушти дасти подшоҳ нест ва гуфт: – Ин мардро озод кунед, чунки аъзои баданаш ноқис аст ва қурбонии мо қабул намешавад. Подшоҳро озод
намуданд ва ӯ баъд аз машақати зиёд ба қасри худ расид ва аввалин фармоне, ки дод гуфт: – Вазирро аз зиндон озод кунед.

Вақте ки вазирро ба назди подшоҳ оварданд подшоҳ гуфт: – Ҷаноби вазир ман аз шумо узр мехоҳам вақте ки ангушти худро буридам шумо гуфтед хайр аст, вале ман ҳикмати ин сухани шуморо дарк накарда дар ғазаб шуда шуморо зиндонӣ кардам, вале ин кор (буридани ангуштам) дар ҳақиқат барои ман хайре буд, чунки ман ба сабаби ин ангушти буридаам аз марг наҷот ёфтам.

Акнун бигӯ, ки вақте туро амри ба зиндон кардам, гуфтӣ хайр аст. Зиндон барои ту чӣ хайре овард?

Вазир гуфт: – Ҷаноби подшоҳ дар зиндон будани ман ҳам хайре барои ман буд, чунки агар ман дар зиндон намебудам ҳатман дар сафар бо шумо ҳамроҳӣ мекардам ва ба дасти одамони ҷангалӣ меафтодем ва медиданд, ки ангушти дасти шумо бурида аст шуморо раҳо мекарданду маро қурбонӣ.

Омодакунанда: Алимов Хаитназар, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

3+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин