Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи  самтҳои хоҷагии халқ буда, бо мақсади тараққӣ додани соҳаи  сайёҳӣ муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар элон шудани соли 2018-“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хеле бамаврид  аст. Мехоҳам доир ба ин мавзӯъ фикри худро баён созам.

   Тоҷикистон сарзамини биҳиштосову доимбаҳор аст ва табиату иқлими он барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи воқеан ҳам  сарзамини биҳиштосо осоишта ва афсонавӣ буда, эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бозгӯи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.    Аз ин рӯ мо ҷавононро мебояд, ин сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар инкишофи расму оину анъанаҳои миллӣ, муаррифии онҳо ва ҷаҳониён саҳмгузор бошем.

Омодакунанда: Рустамов Ёсин, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

1+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин