Сулҳ асоси зиндагӣ

Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба туфайли он одамон бо хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин аст. Бале мехостам дар бобати ин мавзӯъ фикру андешаҳоямро баён намоям. Сулҳ ва ҳаёт аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро агар сулҳу амонӣ бошад, он гоҳ шукуфоии дарахтон, болафшонии кабӯтарон, тулӯи офтоби зарринбол, нигоҳи гарми модарону хандаи беғаши кӯдакон ба назари кас таровиши зебое пайдо мекунанд. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, амалишавии орзуву ормони одамон ҳама аз сулҳу амонӣ бар меояд. Дар ситоиши сулҳ Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода менависанд:

Сулҳ дар гул-гул шукуфтанҳои ҷонон кишвар аст,
Дар шуои офтоби толеи баҳру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумҳои хуррам кӯдакон.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бо сулҳофарии худ шуҳратёр гардид. Маҳз бо кӯшишу эҳтимоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо сулҳу ваҳдат пойдор гардид. Эмомалӣ Раҳмон меъмори ваҳдат, сулҳ ва зиндагии осудаҳолона гардид. Президенти ҷавон гурезаҳоро ба Ватан ба манзилҳояшон
баргардонд, зиндагияшонро обод гардонд, ватан ва халқи тоҷикро аз фитнаю хунрезиҳо наҷот бахшид, миллати тоҷикро аз хоби ғафлат бедор карда ба роҳи рост ҳидоят кард. Ду гурӯҳи мухолифро тавонист дар муддати кӯтоҳ ошти диҳад. Ду тан, ки бо ҳам омад, ғазаб аз байн рафту миёни онҳо дарахти сулҳ реша ронд. Аз ин рӯ барои миллати тоҷик санаи 27-уми июн санаи муқаддас – Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст.

Беҳуда нест, ки гузаштагони мо гуфтаанд: ”Сулҳ бо душман вақти ҳоҷат зарур аст“

Аз ин хотир сулҳ муҳофизаткунанда ва ҷанг маҳвкунандаи аст. Сулҳ –ин лабони пурхандаи модарон. Ҷанг – ин ашки сӯзони нолаи ҷонгудози модарон аст. Сулҳ ин сохтан, бунёд кардан, обод кардан. Ҷанг –ин сӯхтан шикастан хароб кардан аст. Меваи сулҳ ширин асту меваи ҷанг талх. Аз сулҳ боғ мемонаду аз ҷанг доғ. Шоире гуфтааст :

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,
Равнақу шодию барор оварад.

Аз гуфтаҳои боло ба хулоса меоям, ки сулҳ асоси зиндагии мост. Бинобар ин мо ҷавонон бояд баҳри пурзӯр шудани дарахти сулҳу амонӣ саҳмгузор бошем. Ҳамеша баҳри оштию ҳамдилӣ кӯшиш намоем. Ватани худро ободу зебо гардонем, бикӯшем, ки барои наслҳои оянда макони зебову дилнишинро боқӣ гузорем. Нагузорем, ки ашк аз чашмони модарон бирезад, хандаҳои кӯдакон ба гиряҳо мубаддал шавад. Бигзор зери осмони софу мусаффо халқҳои рӯйи олам зиндагии осуда дошта бошанд.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *