Таҳлили грамматикӣ чӣ гуна бошад?

Вақтҳои охир оид ба таҳлили грамматикӣ андешаҳои гуногун баён мешаванд. Гурўҳе таҳлили грамматикиро чандон муҳим намеҳисобад ва гўё он барои забондон гаштани хонанда чандон мусоидат намекарда бошад. Иддаи дигар даркору нодаркор дар дарсҳои забон ба ташкил ва гузаронидани таҳлили грамматикӣ саргарм шуда, нуктаҳои муҳими дигари ҳадафҳои дарси забонро сарфи назар мекунанд.

Воқеан, агар таҳлил рўякию бемақсаду беҳадаф ва танҳо барои гузаронидани вақт сурат гирад, он дилбазан гашта, шавқи хонандаро ба дарси забон мекоҳонад.

Таҳлили грамматикӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ мавқеи басо муҳим дорад ва як ҷузъи дарси забон маҳсуб мегардад. Таҳти таҳлили грамматикӣ чунин навъи машқ дар назар дошта мешавад, ки хонандагон ҳангоми иҷрои он падидаи грамматикии муайянро аниқ месозанд ва тавсиф менамоянд. Агар таҳлили грамматикӣ дурусту бамавқеъ ва ба мақсад гузаронида шавад, он тамоми паҳлуҳои кор дар дарси забон, инкишофи нутқ, имло, аломатҳои китобат, меъёри забон ва ғайраҳоро фаро мегирад.

Ҳамин тариқ, таҳлили грамматикӣ яке аз усулҳои арзишманди таълим буда, моҳияти онро ба таври умумӣ ва мухтасар метавон чунин тавзеҳ бахшид:

• Таҳлили грамматикӣ барои аниқ сохтану хуб дарк кардани маводи грамматикии дар айни замон ва қаблан омўхта ба хонандагон ёрӣ мерасонад. Бадеҳист, ки ба воситаи таҳлили грамматикӣ хонандагон оид ба сохтори нутқу забон тасаввуроти лозима пайдо мекунанд;
• Ба туфайли таҳлили грамматикӣ хонандагон маводи назарии аз забон омўхтаашонро дар амал татбиқ менамоянд;
• Таҳлили грамматикӣ барои рушди қобилияти таҳлилгарии хонандагон, малакаи фарқ кардани падидаҳои гуногуни забонӣ, шинохти шаклҳои гуногуни калима, сохтори қолабҳои наҳвии нутқ ва ғайраҳо мусоидат менамояд;
• Рушду фаъолнокӣ ва тафаккури мустақилонаи хонандагонро таъмин месозад;
• Воситаи хубест барои таҳкими дониши хонандагон, зеро он барои такрор кардани маводи омўхта шароит муҳайё месозад.

Моҳияти педагогӣ ва методии таҳлили грамматикӣ чун усули таълим он аст, ки:

-малакаи хонандагонро дар аниқ донистану шинохти падидаи грамматикӣ такмил дода, вақтро сарфа мекунад;
-навъҳои гуногуни машқро пешниҳод менамояд, ки имкони аз якрангии кор даст кашиданро муҳайё месозад;
-муносибати тафриқавиро бо синф ва гурўҳҳои ҷудогона таъмин месозад;
– вобаста ба омодагии хонандагон барои онон имкони супоришҳои инфиродӣ пешниҳод мегардад;
-муаллим метавонад ҳамзамон бо якчанд гурўҳ кор кунад;
-имконияти васеъ барои мустақилона кор кардани хонандагон муҳайё мегардад.

Барои он ки таҳлили грамматикӣ муассир шавад, яъне натиҷаи дилхоҳ диҳад, бояд чун ҷузъи таркибии дарси забон ба ҳисоб гирифта шавад. Таҳлили грамматикӣ навъҳои гуногун дорад ва муаллим метавонад онро дар лаҳзаҳои гуногун: дар оғози дарс ба мақсади робита бо маводи гузашта, ҳангоми шарҳу баёни мавзўи нав (дар лаҳзаи мувофиқ), зимни санҷиши супориши хонагӣ ва дар дарсҳои корҳои санҷишӣ мавриди истифода қарор диҳад. Шарт нест, ки барои ин кор вақти зиёдро сарф намояд. Кофист, ки дар ин кор 5-6 дақиқа сарф шавад.

Навъҳои таҳлил гуногунанд: лексикӣ (луғавӣ), фонетикӣ (овозӣ), морфологӣ (сарфӣ), синтаксисӣ (наҳвӣ), сохти калима, таҳлили таркиби калима, таҳлили ҳиссаҳои нутқ, таҳлили ибора, таҳлили ҷумла, таҳлили ҷумлаи мураккаб ва ғайраҳо.

Мо ин ҷо танҳо дар бораи таҳлили фонетикӣ (овоӣ) маълумот медиҳем, зеро дар ин боб ҳангоми ташкилу гузаронидани озмунҳои мактаббачагон байни омўзгорон ва ҳакамон баҳсҳо ба вуҷуд омадаанд. Ба хотири рафъи баҳсҳои рухдода андешаҳоямонро дар мавриди таҳлили фонетикӣ иброз медорем.

Оид ба таҳлили фонетикӣ дар чандин адабиёти методию китоби дарсӣ сухан меравад. Азиз Каримов дар дастури методии хеш «Дарсҳои фонетикаи забони тоҷикӣ дар синфи V», ки соли 1956 ба табъ расидааст, таъкид менамояд, ки зимни таҳлили фонетикӣ нуктаҳои зайл: овоз ва ҳарф, овозҳои садонок, овозҳои ҳамсадо ва характеристикаи мухтасари онҳо, ҳамсадоҳои ҷарангдор ва беҷаранг, ҳиҷо ва зада» дар назар дошта мешавад. И.Саидов дар «Методикаи таҳлили фонетикӣ дар синфҳои V-VI» («Ирфон», Душанбе, 1966) нигоштааст: «Таҳлили фонетикӣ бо ду роҳ: даҳанакӣ ва хаттӣ гузаронида мешавад». Калимаи «пахта» аз ду ҳиҷо: пах-ҳиҷои баста ва та-ҳиҷои кушода иборат буда, ҳиҷои якуми он пах аз се овоз-як овози садоноки а ва ду ҳамсадо-п, х, ҳиҷои дуюми он аз т-и ҳамсадо ва а-и садонок иборат аст.

Ҳангоми таҳлили фонетикӣ талабагон калимаи «пахта»-ро чунин таҳлил мекунанд: «Пахта аз панҷ ҳарф ва панҷ овоз ду ҳиҷо: яке баста, дигаре кушода, ду садонок ва се ҳамсадои беҷаранг иборат аст. Зада дар ҳиҷои дуюм дар болои садоноки а меафтад».

Яъне, дар таҳлили фонетикӣ чунин масъалаҳо дар назар дошта шудаанд: овоз ва ҳарф, овозҳои садоноку ҳамсадо, ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранг, ҳиҷо ва навъҳои он, зада, ҳодисаҳои фонетикӣ.

Дар дастури методии «Масъалаҳои муҳимми таълими забони модарӣ дар синфҳои 4-8″ («Маориф», Душанбе, 1987), ки ба қалами С.Ҳоҷиев мансуб аст, зери тартиби таҳлили фонетикӣ нуктаҳои зайл дар назар дошта шудаанд: «ҷудо кардани ҳиҷои калима ва нишон додани ҳиҷои заданок; ёфтани овозҳои садонок, бо кадом ҳарф ифода шудани онҳо; овозҳои ҳамсадо: ҷарангнок ва беҷаранг, бо кадом ҳарф ифода шудани онҳо; муайян кардани миқдори овоз ва ҳарф».

Сипас, калимаҳои «ватан, таълим, ошёна» таҳлил шудаанд, ки танҳо намунаи таҳлили «ошёна»-ро зикр мекунем.

Таҳлили хаттӣ
о- {о} -садонок, бо ҳарфи «о» ифода шудааст.
ш- {ше} -ҳамсадо, бо ҳарфи «ше» ифода шудааст.
ё- {йо} -садонок ду овоз дорад.
н- {эн} -ҳамсадои ҷарангнок, бо ҳарфи «эн» ифода гардидааст;
а- {а} -садонок, бо ҳарфи «а» ифода гардида зада қабул мекунад.

Калимаи ошёна аз се ҳиҷо иборат буда, ҳиҷои сеюм зада қабул мекунад. Миқдори ҳарф ва овоз мувофиқат намекунад-панҷ ҳарф ва шаш овоз.

Дар китоби «Забони тоҷикӣ» (барои синфи XI) (Душанбе, 2007) навъҳои таҳлили грамматикӣ оварда шудаанд. Дар он таҳти таҳлили фонетикӣ (овоӣ) омадааст.
• Калимаро ба ҳиҷо ҷудо кунед. Қоидаи аз сатр ба сатри дигар кўчониданро ба ёд оваред.
• Ба болои садоноки ҳиҷое, ки баландтар талаффуз шудааст (зада гирифтааст), аломати хатча кашед.
• Садонокҳо устуворанд ё ноустувор (дарозу кўтоҳ талаффуз мешаванд), зада доранд ё безада?
• Миқдори овозҳои калима ба ҳарфҳо баробаранд?

Дар китоби «Забони тоҷикӣ» (барои синфи V) (Душанбе, 2008) намунаи таҳлили фонетикӣ (овозӣ-?) нишон дода шудааст ва дар он калимаҳои ҷумлаи «Тозагӣ гарави саломатист» таҳлил гаштаанд. Калимаи «гарав» чунин таҳлил шудааст: Аз ҳиҷоҳои га-рав иборат аст. Ҳиҷои якум кушода, ҳиҷои дуюм баста, ҳиҷои якум безада, ҳиҷои дуюм заданок: г-ҳамсадои ҷарангдор, ҷуфти беҷарангаш-к, паси забонӣ; а-садонок, ғайрилабӣ; р-ҳамсадои ҷарангдор, пешизабонӣ а-садонок, ғайрилабӣ; в-ҳамсадои ҷарангдор, ҷуфти беҷарангаш, ф – лабӣ.

Чунон ки мебинем, дар дастурҳои методию китобҳои дарсии зикршуда намунаҳои таҳлили фонетикӣ (ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ) дар маҷмўъ дуруст омадааст. Дар баъзе нуктаҳо гуногунандешӣ ҳаст, вале тартиби яксонро пешниҳод кардаанд. Айни чунин намунаи таҳлилҳои фонетикӣ дар дастурҳои методию китобҳои дарсии забони русӣ омадаанд.

Вале як нукта баҳсангез аст, ки баъзе муаллифони мўҳтарам байни мактаби миёнаю факултаҳои филологии мактабҳои олӣ фарқ нагузоштаанд. Ин аст, ки дар баъзе китобҳо тавсифи умумии садоноку ҳамсадоҳо пурра оварда шудаанд. Мактаб танҳо барои факултаҳои филологияи мактабҳои олӣ шогирд омода намесозад. Аз ин лиҳоз, зинаҳои таҳсилотро ба инобат гирифта, ҳудуди тамоми навъҳои таҳлили грамматикиро бояд мушаххас сохт. Ин амал, аз як тараф, имкон медиҳад, ки бо назардошти он хонандагон ба озмунҳо омода гарданд ва, аз тарафи дигар, ҳудудгузорӣ, баҳодиҳӣ ё ба истилоҳи роиҷи имрўза арзёбии дониши хонандагонро барои омўзгорон ва ҳакамон осон мегардонад. Аз ин рў, пешниҳод мекунем, ки зимни таҳлили фонетикӣ нуктаҳои зерин мадди назар дошта шаванд: калима аз чанд ҳиҷо иборат аст (ҳиҷои кушода ва баста), ҷойи зада дар калима, овозҳои садонок (дароз ва кўтоҳ) ҳамсадо (ҷарангдор ё беҷаранг), миқдори овоз ва ҳарф, дар калима зимни талаффуз ҳодисаҳои фонетикӣ мушоҳида мешаванд ё не.

Ба наздикӣ баҳс миёни омўзгорон оид ба миқдори овозу ҳарфи калимаи «барбанд» ба вуҷуд омадааст. Чун оина равшан аст, ки дар калимаи мазкур ҳафт овоз ва ҳафт ҳарф мавҷуд аст.

Намунаи таҳлили калимаи шумоён: ин калима аз се ҳиҷо (шу-мо-ён) таркиб ёфта, дорои ду ҳиҷои кушода (шу-мо) ва як ҳиҷои баста (ён) аст ва зада дар ҳиҷои охир меафтад. Садонокҳо: у ва о, ҳамсадоҳо: ш-ҳамсадои беҷаранг, м-ҳамсадои ҷарангнок; ё ҳарфи ётбарсар буда, аз ду овоз й + о) таркиб ёфтааст. Дар ин калима миқдори овоз ба ҳарф мувофиқат намекунад: ҳафт овоз ва шаш ҳарф.

Ҳамин тариқ, ҳудуди ҳамаи навъҳои таҳлили грамматикӣ бо назардошти аҳамияти амалии онҳо бояд аниқ карда шаванд.

С.АМИНОВ

«Омӯзгор»

0

1
Назари худро бинависед

avatar
1 Занҷираи тавзеҳ
0 Ҷавобҳо ба занҷира
0 Пайравон
 
Маъруфтарин тавзеҳ
Занҷираи тавзеҳи актуалӣ
1 Муаллифони тавзеҳҳо
Рамазон Муаллифони тавзеҳҳои баназдикишуда
  Қайд кунед  
навтар пештараҳо бештари овозҳо
Огоҳӣ аз ин
Рамазон
Меҳмон
Рамазон

Салом администраторони мухтарам! Сомонаи шумо ба ман хеле маъкул аст. Аз он ман китобу маводхои заруриамро ёта тавонистам ва аз ин ба шумо миннатдории хешро баён мекунам. Ба ман мавод дар бораи тахлили фонетики лозим шуд, аммо ман онро дар ин чо пайдо карда натавонистам. Аз шумо эхтиромона хохиш мекунам ки ягон мавод дастрас карда, ба ин сомона гузоред. Ва агар боз тахлили фонетикии хар як 35 харфро меёфтед хеле оли мешуд. Пешаки рахмат!
Бо эхтиром Рамазони Точикбача!!!