Вазъи маърифати ҳуқуқии наврасони хурдсол, ё худ афкоре чанд атрофи қазияи боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии наврасон

Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кӯдакону наврасон яке аз вазифаҳои муҳими оила, таълимгоҳ, васоити ахбори умум ва тамоми аҳли ҷомеа мебошад. Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки яке аз вазифаҳои муҳими тарбия ин ташаккул додани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон мебошад. Таҳлили таҷрибаи амалӣ ва тадқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки «Донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ яке аз шартҳои асосии пешгирӣ намудани қонуншиканӣ (ҷиноят) дар байни ноболиғон маҳсуб мешавад». Воқеан ҳам бохабар будани наврасон аз нуқтаҳои асосии қонунгузориҳои ҷиноятиву маъмурӣ, на танҳо содир гаштани ҷиноятро аз ҷониби онҳо пешгирӣ мекунад, балки ҳамчун шарти муҳими тарбия намудани сифатҳои шаҳрвандии шахсият баромад мекунад. Илова бар ин, шуурона дарк намудани ғояҳои асосии қонунгузориҳо ҳамчун омили муайянкунандаи ваҷҳҳои рафтору амали наврасон арзёбӣ мегардад. Зеро наврасон маҳз дар сурати амиқан дарк кардани моҳияти мушаххаси меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дар ҳамин замина дар шуури онҳо ташаккул ёфтани ҳиссиёти олии ахлоқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳатто дар мавриди гирифтор шудан ба ҳолатҳои гуногуни психикӣ, ба монанди аффект, стресс, агрессия, фрустратсия, ҳамчунин дар мавридҳои фишороварӣ аз ҷониби гурӯҳи зиддииҷтимоии ҳамсолон маҳорати боздоштани худро аз содир кардани ҳар гуна амалу рафторҳои зиддиқонунӣ пайдо мекунанд.

Дар сурати надонистану тасаввуроти кофӣ надоштан атрофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва эҳсос накардани ҷавобгарӣ нисбати вайрон кардани талаботи қонунгузориҳо наврасон қодир ҳастанд, ки дар заминаи тағйиротҳои ин давраи синнусолӣ, ҳатто зери таъсири омилҳои ночизи зиддииҷтимоӣ (ба монанди тамошои филмҳои ҳунарии тарғибгари амалҳои куштору зӯроварӣ ва ё таъсири бади ҳамсолон) ба осонӣ даст ба ҳар гуна қонуншиканӣ зананд. Ин ҷо қайд кардан хело ба маврид аст, ки тавре аз таҷрибаи кории кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот бар меояд, ҳастанд ҳодисаҳое, ки наврасон хилофи талаботҳои қонун амал карда истода, ҳатто дар ягон гӯшаи хаёли худ намеоранд, ки ин амали эшон қонуншиканӣ аст. Барои тақвияти суханони боло овардани натиҷаи санҷиши тестие, ки миёни хонандагони синфҳои 5-ум ва 6-уми ду мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ҳамчунин дар ду мактаби таҳсилоти умумии вилояти Суғд аз тарафи муаллиф ба наздикӣ гузаронида

шуд, мувофиқи матлаб аст. Тавре аз натиҷаҳои санҷиш аён гардид, қариб 50 фисади хонандагони синфи 5-ум оид ба ҷиноят будани амали дуздӣ маълумот надоранд. Ҳамин миқдор хонандагон ба саволи «кадом амал ҷиноят аст?» «риоя накардани қоидаи ҳаракат  дар роҳ» ва ҳатто қисме аз онҳо «дурӯғ гуфтан»-ро ҳамчун варианти дуруст интихоб намуданд. Албатта, агарчӣ фоизи нисбатан ками хонандагони синфҳои 6-ум дар посухи суоли мазкур ба вариантҳои нодуруст ишора намуда бошанд ҳам, вале далели ҷой доштани чунин ҳолат дар байни онҳо низ ба назар расид.

Ҳамчунин далели дигари хеле ташвишовар ин надонистани боби алоҳидаи қонунгузории ҷиноятии ҶТ дар бораи содир кардани ҷиноят аст. Бо ин мақсад мо ба хонандагон саволи зайлро пешниҳод намудем: «шахс барои содир кардани ҷинояти вазнин ва ё махсусан вазнин аз кадом синну сол метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад?» Тавре аз таҳлили натиҷаҳои санҷиши тестии муҳасилини мактабҳои дар боло номбурда маълум гардид, танҳо теъдоди ниҳоят ками хонандагон (аз 3 то 30%) синни дар ин ҳолат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданро аз 14-солагӣ донистанду халос. Аксари онҳо дар посух гуфтан ба ин суол ба синни 18 ишора намуданд, ки чунин ҳолат дар байни хонандагони синфҳои 5 ва 6 мутаносибан як хел ба назар расид. Албатта, маҳз надонистани он, ки шахс аз кадом синну сол метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад, аксар вақт боиси содир гаштани ҷинояту қонуншиканиҳо аз ҷониби наврасон мегардад.

Лозим ба тазаккур аст, ки чунин ҳолат ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз дар замони собиқ Иттиҳоди шӯравӣ олимони соҳа зимни гузаронидани як қатор корҳои тадқиқотиву озмоишӣ фаҳмиши нодурусти қисми зиёди наврасонро дар бобати он, ки гӯё шахс танҳо пас аз дараҷаи пурраи мукаллафиятро соҳиб гардидан (яъне 18-солагӣ), аз замони ба балоғат расидан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуда бошад, муайян намудаанд. Ҳамчунин олимони шӯравӣ зимни тадқиқотҳои илмии хеш муайян намуда буданд, ки аз 2000 хонанда наздики 90 дар сади онҳо бар он боваранд, ки дар содир гаштани авбошӣ аз тарафи ноболиғон на худи онҳо, балки падару модари эшон бояд ҷавобгар бошанд.

Ин ҳама албатта бесабаб нест, чунки зимни санҷищи гузаронидаи мо ҳам 71%-и наврасони пойтахт ва 36,5%-и наврасони ноҳия аз чӣ бошад, ки фаро расидани давраи пурраи мукаллафиятро аз 20 солагӣ донистанд. Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар бартараф кардани он пеш аз ҳама аз падару модарон ва омӯзгорон бурдани як қатор корҳои амалӣ дар ин самт тақозо мегардад, то бад-ин васила ҷинояткорӣ дар байни наврасон то андозае пешгирӣ карда шавад.

Ҳамчунин дар ин замина ба наврасон доир ба мавҷудияти намудҳои гуногуни татбиқи ҷазои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон дар мавридҳои вайрон кардани талаботҳои қонунгузории ҷиноятӣ бо овардани далелу тафсилоти бештар аз Кодекси ҷиноятии ҶТ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар ҷараёни бурдани тарбияи ҳуқуқӣ дар мактаб аз ҳамин давраи синну сол маълумот додан ногузир аст. Донистани оқибати содир кардани амали ҷиноят наврасонро пеш аз даст задан ба ҳар гуна амали зиддиқонунӣ ба андеша намудан водор месозад. Аз ҷониби дигар ин ҳолат ба наврасон имкони бештар фароҳам меорад, то ин ки онҳо ҳар лаҳза натиҷаҳои амали зиддиқонунии хешро қаблан таҳлил ва баррасӣ намоянду аз содир кардани он худдорӣ кунанд.

Зарурияти татбиқи амалии гуфтаҳои боло боз аз он ҷиҳат равшан эҳсос мегардад, ки наздики 72 %-и иштирокчиёни санҷиш оид ба имкони то 12 сол маҳрум сохтани ноболиғон аз озодӣ ҳангоми татбиқи ҷазои аз ҳама баланд нисбати онҳо тасаввуроти саҳеҳ надоранд. Қисми зиёди наврасон имкони татбиқи ҷазои олиро нисбати ноболиғон бархилофи нишондоди қонунгузории ҷиноятии ҶТ нисбатан сабук пиндошта, дар ин ҳолат маҳрум сохтан аз озодиро то 7 сол изҳор намуданд. Албатта, надонистан ва нисбатан сабук пиндоштани ҷазо, оқибати даст задан ба ҷинояти вазнин ва дар ин самт маълумоти комилан саҳеҳ надоштан аз ҷониби наврасон наметавонад ҷинояткориро дар байни онҳо пешгирӣ намояд. Танҳо дар сурати яқинан дарк намудани муқаррароти муайян намудаи қонунгузории ҷиноятии ҶТ дар мавриди вайрон гаштани талаботҳои он аз сӯи наврасон ва ҳамзамон ҳосил кунонидани эътиқоди дуруст дар наврасон бобати ногузирии риояи ҳатмии талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ муборизаро дар самти коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни онҳо таҳким бахшидан мумкин аст.

Умуман, аксари хонандагони наврас аз боиси дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги ҳуқуқии хеш на ин, ки аз як қатор ӯҳдадориҳои худ бехабар ҳастанд, балки аз ин боис қисми зиёди онҳо аз зоҳир гаштани ҳар гуна ҷабру зулм нисбати онҳо қудрати дар сатҳи зарурӣ ҳифз намудани тани худро надоранд. Далели ин гуфтаҳо аз 261 нафар навраси хурдсоле, ки ба санҷиши тестии мо посух гуфтанд, танҳо 47,5 фоизи  эшон ба ҷазои ҷисмонӣ додани талаба ҳақ надоштани муаллим ишора намуданду халос. Боқимонда қариб ҳамагӣ ҳуқуқи муаллимро дар шакли раво дидани ҷазои ҷисмонӣ нисбати талаба тасдиқ намуданд, бехабар аз он, ки дар замони кунунӣ ҳатто волидайн нисбати фарзанди худ тибқи моддаи 19-и Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ҳуқуқи зӯроварӣ зоҳир карданро надоранд.

Умуман, натиҷаи санҷиши тестӣ, ки дар он саволҳо дар шакли хеле содда ва ҳамзамон мутобиқ ба доираи синну соли наврасон пешниҳод шуда буданд, нишон дод, ки дараҷаи маърифати ҳуқуқии шумораи бештари наврасон дар сатҳи миёна қарор дошта, теъдоди хонандагони дараҷаи фарҳанги ҳуқуқиашон дар сатҳи баланд қарордошта ниҳоят кам аст. Ҳамчунин дар ин миён теъдоди хонандагони дараҷаи маърифати ҳуқуқиашон дар сатҳи паст қарордошта қариб, ки ба теъдоди хонандагони дараҷаи фарҳанги ҳуқуқиашон дар сатҳи баланд қарордошта баробар

буд.

Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо, яъне мавҷудияти шумораи басо ангуштшумори наврасоне, ки дараҷаи нисбатан баланди маърифати ҳуқуқиро соҳиб ҳастанд ва дар баробари ин ҳамоно вуҷуд доштани хонандагони наврасе, ки ба дарку фаҳми оддитарин масоили ҳуқуқӣ қодир нестанд, дар ҳоле, ки сол аз сол тавваҷӯҳу  ғамхории давлату ҳукумати кишвар ба масъалаи рушди соҳаи маорифи ҷумҳурӣ бештар шуда истодааст, далели возеҳи ба таври лозимӣ роҳандозӣ нашудани тарбияи ҳуқуқии хонандагон ва шаклҳои дурусти ташкили он дар қисме аз макотиби миёнаи таҳсилоти умумии кишвар мебошад. Дар робита ба ин, натиҷагирӣ аз гузаронидани пурсишнома миёни 261 нафар хонандагони мактабҳо нишон медиҳад, ки дараҷаи фарогирии онҳо бо донишҳои ҳуқуқӣ беҳбудӣ ва нигоҳи навро мехоҳад.

Барои мисол, ташкили ҳамкории хонандагон бо марказҳои маслиҳати ҳуқуқӣ, ки яке аз шаклҳои судманди тарбияи ҳуқуқӣ ҷиҳати сари вақт бартараф кардани мушкилии ҳуқуқӣ барои наврасон ба шумор меравад, мутаасифона аз ҷониби падару модарон, ки он пеш аз ҳама масъулияти эшон аст, ҳамчунин аз сӯи омӯзгорон (роҳбарони синф) низ дар ин самт ягон маротиба тадбирҳои амалӣ рӯи кор намеоянд. Махсусан барои ҳамкорӣ бо марказҳои маслиҳати ҳуқуқӣ хонандагон, волидони онҳо ва омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар шаҳри Душанбе имконияти хуб доранд, чунки чунин маслиҳатхонаҳои ҳуқуқӣ дар ҳамаи ноҳияҳои шаҳр дар ҷойҳои бонуфузу аҳолинишин арзи вуҷуд доранд. Эҳтиёҷмандон аз онҳо мувофиқи хоҳиш ва имкониятҳои худ истифода бурда метавонанд. Дар ин амал шӯъбаҳои кор бо ноболиғони назди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияҳо низ ба хоҳишмандон ҳама вақт дасти мадад дароз менамоянд.

Боиси таасуф аст, ки аз 180 нафар хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе 81,5%-и онҳо зимни посух гуфтан ба саволҳои пурсишнома изҳор доштанд, ки боре ҳам барои аз наздик шинос шудан бо кори кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ба муассисаҳои мақомоти қудратӣ нарафтаанд. Инчунин дар ҷодаи ташкили шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ бо хонандагон аз ҳама ташвишовар он аст, ки аз 180 нафар бино ба гуфти 80,5%-и муҳасилин дар кори амалии мактаб бо ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, ба монанди: 1. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак; 2. Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ; 3. Конуни ҶТ «Дар бораи маориф», Низомнома ва Оинномаи мактаби таҳсилоти умумӣ ва ҳуҷҷату санадҳои меъёрию ҳуқуқии аҳамияти аввалиндараҷа дошта ба таври реалӣ шинос карда намешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки боло гирифтани ғаризаи (инстинкт) ҷустуҷӯӣ ва дар ҳамин асос майли беандоза пайдо кардани наврасон ба дониш яке аз хусусиятҳои асосии ин давраи синнусолӣ ба шумор меравад. Маълум аст, ки наврасон дар ин зинаи синнусолӣ бо тағйир ёфтани тарзи фаъолияти тафаккур ва умуман ҳамаи протсессҳои маърифатӣ (психикӣ) басо дӯстдори дониш мегарданд ва ҳатто дар самти ҳарчӣ бештар дониста гирифтани ҷабҳаҳои мухталифи зиндагӣ, аз ҷумла ғояҳои асосии қонунгузориҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки маҳз дар синни хурди наврасӣ (яъне 10-12 солагӣ) наврасон дар натиҷаи идрок намудани талаботҳои гуногуни ахлоқиву ҳуқуқӣ қобилияти мулоҳизаронироаз рӯи принсипи «кадом амал хуб асту кадом амал бад» пайдо мекунанд ва минбаъд дар давраи калони наврасӣ, яъне 13-15 солагӣ дар онҳо эътиқод ҳосил мегардад. Ниҳоят дар айёми навҷавонӣ, яъне 18-солагӣ шахс дар натиҷаи ҳосил кардани қобилияти муҳокимаронӣ ва эътиқод дорои ҷаҳонбинии мустақил мегардад, ки пас аз ташаккул ёфтан тағйир додани он бо душвории зиёд даст медиҳад.

Шубҳае нест, ки маҳз бо дарназардошти ҳамин гуфтаҳо дар илми ҳуқуқшиносӣ фарорасии оғози давраи мукаллафиятро аз 14-солагӣ ва соҳиб гардидани дараҷаи пурраи онро аз 18-солагӣ медонанд. Аз ин рӯ, қабл аз ҳама омӯзгорон ва волидайнро зарур аст, ки ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввали ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ, бо баробари ташаккул ёфтани қобилияти мулоҳизаронӣ дар наврасон эшонро зимни бурдани шаклҳои гуногуни ташкили кор оид ба тарбияи ҳуқуқӣ бо ҳуҷҷату асноди аҳамияти амалидоштаи ҳуқуқӣ ба таври реалӣ шинос намоянд, дарки саҳеҳи моҳияти бобҳои мушаххаси онро дар шуури наврасон таъмин гардонанд ва ба ин восита барои рушди эътиқоди ахлоқиву ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии солим заминаи боэътимод муҳайё созанд.

Муҳақиқони кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур зимни гузаронидани як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотии хеш муайян намуда буданд, ки инкишофи психологии наврас ду марҳилаи паиҳам тағйирёбандаи психикӣ: манфӣ ва мусбиро дар бар мегирад. Марҳилаи аввал аз 12 то 15-солагӣ буда, ба давраи «бӯҳронӣ» рост  меояд ва онро инчунин давраи «радкунӣ» унвон кардаанд. Хусусиятҳои равонии марҳилаи мазкур пурра бо хусусиятҳои давраи «бӯҳронӣ» шарҳ дода мешавад.  Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар ҳолати мувоҷҷеҳ гаштан бо вазъиятҳои низоӣ дар оила ва мактаб дар ин давра муайянкунандаи рафтори наврасон аксар вақт гурӯҳҳои зиддииҷтимоӣ мегарданд. Ба хотири касб кардани мақоми шоиста дар байни аъзоёни ин гурӯҳҳо аксар маврид наврасон даст ба ҷиноят ва содир кардани ҳар гуна аъмоли зиддиқонунӣ мезананд, ки ин ҳолат ба давраи манфии инкишоф рост меояд.

Ҳамаи ин гуфтаҳо ва ҳамзамон хусусиятҳои давраи «бӯҳронӣ» моро ҷиддан водор месозанд, ки ҷиҳати пешгирии саривақтӣ аз қонуншикании наврасон бо роҳи баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии онҳо ҳанӯз қабл аз фаро расидани давраи манфии инкишоф, яъне шурӯъ аз ибтидои синни хурди наврасӣ як қатор тадбирҳои мушаххаси судмандро дар ҷараёни кори таълиму тарбия амалӣ гардонем.        Мавриди ёдоварист, ки ҳанӯз дар замони мавҷудияти собиқ Ҳокимияти шӯравӣ қариб дар ҳамаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии ин давлат бо мақсади васеъ гардонидани доираи тасаввуроти ҳуқуқии хонандагон аз якчанд шаклҳои ташкили тарбияи ҳуқуқии мутобиқ ба шароити давр самаранок истифода мекарданд. Аммо имрӯзҳо чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, мутаассифона аз ташкили босамари аксарияти онҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар заррае ба чашм намехӯрад, ҳарчанд ки зарурияти татбиқи амалии онҳо дар марҳилаи нави бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои ниҳоии ҳукумати мамлакат ба таври ҷиддӣ тақозо мегардад. Аз ин рӯ, кунун вақти он расидааст, ки қисме аз шаклҳои судманди ташкили тарбияи ҳуқуқии ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаро дигарбора эҳё созем ва бо мутобиқ гардонидани онҳо ба шароитҳои нисбатан нави давру замон дар ҳамоҳангӣ бо шаклҳои ҷадиди тарбияи ҳуқуқии хонандагон дар амалияи мактабҳо мавриди татбиқ қарор диҳем.

Бояд изҳор дошт, ки яке аз чунин шаклҳои тарбияи ҳуқуқӣ, ки бояд тибқи қоида камаш моҳе як маротиба миёни хонандагони наврас амалӣ гардад, – ин ташкили маҳфили ҳуқуқшиносӣ мебошад. Воқеан ҳам маҳфили ҳуқуқ, ки чанд даҳсола муқаддам дар мактабҳо амал мекард, метавонад дар ҳосил гаштани маҳорату малакаи ҳуқуқшиносии наврасон саҳми назаррас дошта бошад. Зеро хонандагони наврас дар ҷараёни ширкат варзидан дар кори он метавонанд бо як қатор қоидаву меъёрҳои барои ҳаёт ногузири ҳуқуқӣ шинос шаванд ва ҳамзамон метавонанд дар амал аз рӯи муқаррароти ҳуқуқ рафтор карданро омӯзанд.

Одатан барои иштирок дар кори ин ё он маҳфил хонандагон ба таври ихтиёрӣ вобаста ба доираи шавқу ҳавас ҷалб карда мешаванд ва шубҳае нест, ки алъон дар ҷумҳурии мо хоҳишмандони ҳосил кардани тасаввурот доир ба ин ҷабҳаи ҳаёт аз байни наврасон хеле зиёданд. Вале боиси таассуф аст, ки бар хилофи завқу шавқи беандозаи наврасон ба омӯзиши ин соҳаи фаъолият дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар, аз ҷумла дар худи пойтахт дар баъзе мактабҳо маҳфили ҳуқуқ амал намекунад, агарчӣ кунад ҳам ҷалби хонандагони наврас ба он тамоман суст ба роҳ монда шудааст. Ба ин камбуди ташкили кори таълиму тарбия дар мактабҳо худи муҳасилини синфҳои 5 ва 6-и мактабҳои шаҳри Душанбе дар гуфтори худ дар пурсишнома далолат карданд. Чаро ки аз 180 нафар хонанда 40,5 фоизашон изҳор доштанд, ки дар мактаби онҳо маҳфили ҳуқуқ амал намекунад. Гирифтани ҷавоби радкунанда ба ин суол аз ҷониби хонандагон аз сӯи дигар боз ифодагари он аст, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи аксарияти макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ на ин, ки ба масъалаи доир кардани як худи маҳфили ҳуқуқ аз тарафи маъмурияти мактабҳо диққати зарурӣ дода намешавад, балки умуман дар ташкил ва гузаронидани маҳфилҳои фаннӣ саҳлангорӣ зоҳир мегардад. Ҳол он, ки пайваста ташкилу гузаронидани маҳфили ҳуқуқшиносӣ ва дар маҷмӯъ маҳфилҳои гуногуни фаннӣ на ин, ки ба густариши фарҳангу маънавиёти ҳуқуқиву ахлоқии наврасон мусоидат мекунад, балки ҷиҳати таъмини рушди солиму ҳамаҷонибаи хонандагон нақши муассир дорад.

Ғайр аз ин, яке аз чунин усулҳои тарбияи ҳуқуқӣ – сари ҳар чанд вақт ташкил

намудани вохӯрии бевоситаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо хонандагон ва падару модари эшон мебошад. Бояд қайд кард, ки аз як тараф аҳамияти истифодаи усули мазкур дар он аст, ки зимни гузаронидани он мазмуну моҳияти паҳлӯҳои мухталифи қонунгузориҳо ба хонандагони наврас бевосита аз ҷониби худи коршиносон маънидод карда мешавад, ки ин ҳолат таъсирбахшии мӯҳтавои онҳоро дар хонандагон боз ҳам бештар мегардонад. Аз сӯи дигар, ташкили чунин вохӯриҳо робитаи хонандагони наврасро бо кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҷиҳати таъмини якҷояи мубориза алайҳи қонуншиканӣ дар ҷомеа боз ҳам қавитар месозад. Айни замон аз чӣ сабаб бошад, ки ҳамин анъанаи хеле маъмули тарбияи ҳақуқӣ дар мактабҳо ба таври бояду шояд роҳандозӣ намегардад. Чунин вазъиятро бевосита мо аз ҷавобҳои хонандагон ҳангоми гузаронидани пурсишномаи хаттӣ муайян намудем. Ба саволи «Оё дар мактаб ва ё синф бо шумо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот вохӯрӣ мегузаронанд?» 41% – «не», 53,5% – «баъзан» ва танҳо 5% – «ҳа» гуфтанд, ки ин ҳолат далели возеҳи гуфтаҳои боло аст.

Аз ин рӯ, бисёр хуб мешуд, агар чунин вохӯриҳои судбахши тарбиявӣ тибқи нишондоди адабиёти педагогӣ лоақал соле ду маротиба – пеш аз баромадан ба таътили зимистонаву тобистона бо хонандагони наврас бобати хотиррасон кардани ӯҳдадориҳои онҳо дар назди қонун  ва ҳамзамон дар алоҳидагӣ бо волидайни наврасон бо мақсади ёдовар шудан аз масъулияти эшон оид ба тарбияи фарзандони худ дар назди ҷомеа – гузаронида мешуд.

Ба хотири фарохтар гардонидани доираи фарогирии наврасон ва падару модари онҳо ва ҳамчунин дар доираи нисбатан кӯтоҳи вақт ташкил кардани чунин сӯҳбату мулоқотҳо дар марҳилаҳои болотар зикргашта масъулини мақомоти қудратӣ метавонанд аз воситаҳои таъсиррасони оммавии барои амалӣ сохтани ин ҳадаф басо созгор, яъне садову симо ба таври пурсамар истифода кунанд. Албатта сари вақт амалӣ гардонида истодани чунин тадбирҳои судманд чӣ бо роҳи бевосита ташриф овардан ба муасиссаҳои таълимӣ ва чӣ таввасути васоити ахбори омма ҷиҳати огоҳонидани наврасон аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои хеш аҳамияти ниҳоят баландро дорост.

Лозим ба таъкид аст, ки қазияи боло бурдани сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии наврасон на танҳо аз фаъолияти сермаҳсули масъулини соҳаи таълиму тарбия ва мақомоти қудратӣ дар ин ҷода вобастагӣ дорад, балки баҳри мусоидат намудан ба ҳалли қазияи мазкур худи волидайн метавонанд саҳми фаъол дошта бошанд. Бо ин мақсад волидайнро пеш аз ҳама зарур аст, ки гоҳ-гоҳ пас аз тамошои якҷояи филмҳои ҳунарӣ ва ё хондани асарҳо ба муҳокимаи муштараки мазмуну мӯҳтавои характери криминалистӣ доштаи он бо фарзанди хеш пардозанд. Зеро ба ин чиз қобилияти нисбатан баланди маърифатиро соҳиб гардидани наврасон мувофиқи нишондоди хусусиятҳои синнусолӣ имконияти бештар фароҳам меорад.

Набояд фаромӯш сохт, ки наврасон дар ин айём қобилияти ба нақшагирӣ ва

пешбинӣ намудани оқибати амалиёти хешро пайдо мекунанд. Илова бар ин, мавриди ёдоварист, ки дар ин давра бо наврасон муҳокима намудани ғояҳои криминалистии филмҳо басо қулайтар  ва ҷалб сохтани тавваҷӯҳи онҳо ба омӯзиши масоили ҳуқуқӣ нисбатан осонтар аст. Чунки наврасон дар ин айём рафти ба инкишофи ҷамъият таъсирбахшии амалиёти худ ва характери дигаргунӣ воридкунанда доштани онро бармало эҳсос мекунанд. Мусаллам аст, ки шахс дар ҳар синну сол танҳо дар ҳамин сурат, яъне бо эҳсос кардани натиҷаи таъсиррасонии худ ба ҷомеа нисбати омӯзиш мароқи зиёд зоҳир менамояд.

Инак, баъд аз шарҳи мухтасари усулҳои то ҷое маъмули ба рушди фарҳанги ҳуқуқии наврасон мусоидаткунанда, ин ҷо аз мавҷудияти усулҳои нисбатан нави он, ки истифодаи босамари онҳоро зимни ташкили таълиму тарбияи ҳуқуқии наврасон аз як тараф рушди бемайлони ҷомеаи асри ХХI талаб мекунаду ҳамзамон аз сӯи дигар имконпазирии татбиқи амалии онҳоро кафолат медиҳад, иброз доштан айни мудааост.

Дар замоне, ки низоми доду гирифти иттилоот хеле содда гардидаасту воситаҳои интиқолдиҳандаи он ба монанди: телефонҳои мобиливу почтаҳои электронӣ ва ҳоказо анқариб дастраси ҳар як пиру барно гаштааст, ҷиҳати дар наврасон ҳосил кунонидани маҳорати дар амал бо муваффақият татбиқ карда тавонистани донишҳои ҳуқуқӣ ва пеш аз ҳама мусоидат намудан ба ҳалли проблемаҳои ҳуқуқии онҳо созмон додани телефони боварии ройгон дар нуқтаҳои аҳолинишин дар доираи фаъолияти агентии босалоҳият ба мақсад басо мувофиқ аст.

Ғайр аз ин, зарур аст, ки бо мақсади мусаллаҳ гардонидани омӯзгорон – роҳбарони синфҳои миёнаи мактабӣ бо донишҳои педагогӣ бобати ташкили дурусту босамари тарбияи ҳуқуқии хонандагон бо истифода аз шаклу усулҳои ҷадиди он дар курсҳои омӯзишии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дарсҳои махсуси омӯзишӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин дар робита ба ин ба хотири ташкили чунин дарсҳои омӯзишӣ барои роҳбарони синфҳо олимони варзидаи соҳаи педагогикаро мебояд барномаи махсуси омӯзиширо, ки дар он роҳу воситаҳои комилан нави баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон мутобиқ ба талаботҳои замон нишон дода шуда бошад, бо дарназардошти имконияту шароитҳои мавҷудаи соҳаи мактабу маориф таҳия намоянд.

Агар амалӣ шудани чунин курсҳои махсуси омӯзишӣ доираи дониши омӯзгоронро атрофи ташкили тарзҳои гуногуни тарбияи ҳуқуқии хонандагон бой гардонад, пас доир кардани конфронсҳои илмӣ-оммавӣ бо иштироки бевоситаи кормандони мақомоти адлияву умури дохила бо ҷалби бештари роҳбарони синфҳо ва масъулини соҳаи таълиму тарбия муаллимонро бо сабабҳои аслии содир гаштани дараҷаҳои мухталифи ҷинояту қонуншиканиҳо аз сӯи ноболиғон ошно хоҳад сохт. Зеро мусаллам аст, ки бидуни донистани сабабҳои асосии талаботи қонунгузориҳоро вайрон кардани наврасон наметавон муборизаро алайҳи коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни онҳо таъмин намуд. Мақсади асосии баргузор кардани чунин конфронсҳои илмӣ-оммавиро бояд баррасӣ намудани самтҳои гуногуни проблемаи ҷинояткории ноболиғон ва муайян намудани роҳҳои мушаххаси мубориза алайҳи ин гуна ҳодисаҳо дар бар гирад.

Охируламр ба хотири ҳосил кардани хулосаи ниҳоӣ бори дигар бар мегардем ба нишондиҳандаи натоиҷи санҷиши бадастомадаи пурсишнома оид ба муайян намудани дараҷаи фарогирии наврасони хурдсол бо донишҳои ҳуқуқӣ. Чӣ хеле, ки аз ҷамъбасти натиҷаҳои ниҳоии санҷиш маълум гардид, аз 180 нафар хонандагони мактабҳои пойтахт 2,5% дар сатҳи паст, 76% дар сатҳи миёна ва танҳо 21% дараҷаи баландро ташкил дод, ки тақрибан айнан ҳамин нишондиҳанда аз ҷониби 98 нафар хонандагони мактабҳои ноҳия ба қайд гирифта шуд. Ҳамаи ин нишондиҳандаҳо оид ба муайян намудани дараҷаи фарогирии хонандагон бо донишҳои ҳуқуқӣ далели возеҳи дар ҳамин сатҳ қарор доштани дараҷаи фарогирии хонандагон бо донишҳои ҳуқуқӣ дар дигар макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мебошад. Аз ин рӯ, ин нишондиҳандаи оморӣ кулли роҳбарони  синфҳо ва аъзоёни раёсати макотиби таҳсилоти умумии кишварро ҷиддан водор месозад, ки дар самти ба таври эҷодкорона дар амалияи кори таълиму тарбия татбиқ намудани тарзу усулҳои қаблан изҳор гаштаи тарбияи ҳуқуқии хонандагон ва дигар роҳу воситаҳои ба талаботи замон мутобиқи ташкили он тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Умед ҳаст, ки дар шароити воқеан мавриди амал татбиқ гаштани роҳу воситаҳои пешниҳод гардидаи ташкили тарбияи ҳуқуқӣ сатҳу сифати фарҳанги ҳуқуқии наврасон хеле боло ва ба қуллаи баланди хеш хоҳад расид. Аз сӯи дигар, дар ин замина масъалаи пешгирӣ намудани хилофи талаботи қонунгузориҳо рафтор кардани наврасон ва содир гаштани ҳар гуна ҷиноят аз ҷониби  онҳо ҳалли худро то дараҷаи баланд хоҳад ёфт.

Соли 2010-ро эълон намудани соли маориф ва фарҳанги техникӣ кормандони мактаб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидон ва аҳли ҷамоатчигиро водор месозад, ки бо баробари беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани фарҳанги техникии хонандагон ба масъалаи тарбияи ҳуқуқии толибилмон диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳар як таълимгоҳ шояд пешрафти фаъолияти худро дар ин соли хотирмони маорифчиён бо кам шудани теъдоди наврасони даст ба қонуншиканӣ зада ҷамъбаст намояд. Дар паси ҳар як қонуншиканӣ талабаи мактаб, фарзанди волидон, шахси мушаххас, шаҳрванди кишвар бо тақдиру орзуҳои хеш меистад, ки мо онҳоро ояндаи кишвар меҳисобем.

Умед Ҳамидов – аспиранти соли сеюми кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

 

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин