Виҷдони пок калиди ақл

Виҷдон ин шарафу номус, ақлу дониш маданияту обрӯи ҳар як шахс аст. Агар шахс виҷдон дошта бошад, аз рафтори беҷо, кори ношоями худ шарм медорад. Виҷдонаш роҳ намедиҳад, зеро виҷдон посбони шараф ва нангу номус аст. Вай чун роҳбаладу мураббии беҳтарини ҳар як шахс намегузорад, ки ӯ ҷинояте содир кунад. Одами бовиҷдон хуб мефаҳмад, ки бад кисту бадӣ чист.

Хуб мефаҳмад, ки виҷдон чароғи ақли инсонҳост. Оиди ин мавзӯъ мехостам фикру андешаи худро баён созам. Шахси поквиҷдон гуфта киро мегӯянд? Мехостам ба ин савол посух диҳам.

Виҷдон чизи покиза ва қимматтарин буда, тавонотар аз ҳамаи қувваҳост. Виҷдони пок беҳтарин ҳимоятгару ҳамсафари доимии инсон аст. Аз ин рӯ шахсони ҳаётдида, поквиҷдонӣ – ними давлат гуфтаанду ба ҳар як шахс аз рӯи виҷдонаш баҳо доданд. Дар ҳақиқат одами бе виҷдон ба ҳар кори паст даст мезанад, вай чун хори саҳрост, ки ба кас неш мезанад. Шахси бе виҷдон метавонад ба Ватан, халқ, ҳатто ба фарзанду модари худ хиёнат кунад.

Имрӯзҳо, ки ҷомеаи мо ба даврони истиқлол қадам гузоштааст, аз ҳар вақта дида шахсони поквиҷдону дурандеш лозиманд. Албатта, он муаллиме, ки виҷдони пок дорад, бе дониши мукаммал ба синф намедарояд. Ё духтаре, ки соҳибҷамол аст аз зебогии худ намефахрад. Духтуре, ки соҳибвиҷдон аст, ба беморон дуруштӣ накарда, хуб муолиҷа мекунад. Шоир ё нависандае, ки поквиҷдон аст шеъру суруд ё асарҳое эҷод мекунад, ки он мардумро ба сулҳу дӯстӣ даъват мекунад на ба ҷудоиандозиву бародаркушӣ ва ғайра, яъне виҷдони пок ба ҳама чун обу ҳаво зарур аст. Виҷдон чароғи раҳнамои умри инсонҳост. Умре, ки бе виҷдон сарф мекунем беҳуда меравад. Виҷдон дар ҷаҳони ботинии ҳар як инсон хуршедест, ки роҳи шахсро дар зиндагӣ мунаввар месозад. Вай зебдиҳандаи пиру ҷавон аст. Виҷдони пок осоиши ҷону тан аст. Каси бевиҷдон хӯи бад дорад, бадӣ карданро дӯст медорад. Аз чунин касон ҳама дурӣ меҷӯянд. Ба Қавли шоире, ки гуфтааст:

Хӯи бад бар тан балои ҷон бувад,

Мардуми бадхӯй кай инсон бувад.

Аз ин навиштаҳо ман ба хулосае омадам, ки виҷдон барои ҳар инсон зарур аст. Шахси бе виҷдонро ҳеҷ кас дӯст намедорад. Мо бояд дили худро бо виҷдони пок нигоҳдорем. Ҳамеша бо амри виҷдон кор ва зиндагӣ кунем. Ҳар рӯзу ҳар соат барои ободӣ ва хуррамии диёри худ заҳмат кашем.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин