Якчанд маслиҳат барои имрӯзу фардои дурахшон

Саломатӣ

  1. Бисёртар об нӯшед.
  2. Субҳонаро худатон истеъмол кунед, хӯроки нисфирӯзиро бо дустатон ва хӯроки шомро ба душманатон гузоред.
  3. Аз истеъмоли барзиёди маҳсулотҳои дар завод истеҳсолгардида даст кашед.
  4. Ба бозиҳои гуногун бештар машғул шавед.
  5. Нисбатан ба соли 2018 зиёдтар китоб хонед.
  6. Ҳар рӯз, ҳадди ақал 10 дақиқа дар оромӣ нишинед.
  7. Хоб – на камтар аз 7 соат.

8.Рӯзе аз 10 то 30 дақиқа бо табъи хуш ва табассум қадам занед.

Шахсият

  1. Ҳаёти худро бо дигарон муқоиса накунед. Шумо тасаввур карда наметавонед, ки онҳо чиро тай карданд ва тамоми роҳи онҳоро ҳам надидаед.
  2. Фикру андешаҳои манфие, ки шуморо ба ақиб мебарад – дур кунед. Ба ҷои ин ҳамаи нерӯи худро ба ҷиҳатҳои мусбат ва беҳдошти имрӯзу фардои худ сарф намоед.
  3. Ҳадди худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед.
  4. Худро беҳад сахт муҳокима накунед.
  5. Нерӯи бебаҳои худро ба ғайбати беҳуда сарф накунед.
  6. Ҳангоми аз хоб бедор шудан бештар орзу кунед.
  7. Ҳасудӣ – сарфаи бефоидаи вақт аст. Шумо алакай чизҳои заруриро соҳиб гаштаед.
  8. Масъалаҳои ҳалнашудаи гузаштаро фаромӯш кунед.Ба касе аз хатогиҳои гузаштааш хотиррасон накунед.Ҳеҷ кас бегуноҳ нест.
  9. Умр хеле кӯтоҳ аст, ки онро ба бадбинию нафрат харҷ кунед. Аз нафрат ба дигарон даст кашед.
  10. Ҳеҷ кас ба ғайр аз худи шумо барои хушбахтиатон ҷавобгӯ нест.
  11. Қабул кунед, ки ҳаёт – макотиби бузургест ва шумо бояд онро хатм кунед. Проблемаҳо танҳо як қисме аз барномаи дарсӣ мебошанд, ки дер ё зуд ба охир мерасанд, вале дарси ибрате, ки аз онҳо мегиред то охири умр боқӣ мемонад.
  12. Хушҳолӣ ва табассумро бештар пешаи худ намоед.
  13. Ғолибияти ҳар баҳс муҳим нест.

Алоқа бо одамон

  1. Ба наздикони худ бештар занг занед.
  2. Ҳар рӯз як кори хайре баҳри дигарон анҷом диҳед.
  3. Ҳамаро барои тамоми гуноҳон бубахшед, зеро Худованд бахшанда аст ва бахшояндагиро дӯст дорад.
  4. Вақти бештари худро бо нафароне, ки синнашон аз 70 боло ва аз 6 хурд аст, гузаронед.
  5. Ҳадди ақал рӯзе бо се нафар аз таҳти дил хандед.
  6. Он чӣ, ки дигарон нисбати шумо фикр мекунанд, кори шумо нест.
  7. Кори шумо ҳангоми беморӣ ғамхоратон намешавад. Дӯстону наздиконатон – ҳатман. Аз ин рӯ, бештар дар алоқа бошед.

Зиндагӣ

  1. Аз ҳамаи он чизе, ки барои шумо муфид, зебо ва хушҳолкунанда нест, канораҷӯӣ намоед.
  2. Вазъият хуб бошад ё бад – гузаранда аст.
  3. Новобаста аз он, ки чӣ хел худро ҳис мекунед, аз ҷой бархоста, либосҳоятонро ба бар кунеду бароед.
  4. Беҳтарин лаҳзаҳо ҳоло дар пеш аст.
  5. Дар як кунҷи дилатон шумо ҳамеша хушҳолед. Пас ҳамеша хушҳол бимонед!
0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин