Забон аз ғайбати мардум бубанд

Волидайн ва бибию бобоёни мо таъкид мекрданд, ки ҳаргиз ба ғайбатгӯйӣ одат накунем, зеро ғайбат кардан, айби касеро аз қафояш гуфтан, айбҷӯйи намудан хислати бади инсон аст. Аттор мегӯяд:

Рав забон аз ғайбати мардум бибанд ,

То набини дасту пойи худ ба банд

Ғайбат кардан одати бад ва берун аз одоби инсонист. Одами доно ҳеҷ гоҳ ба ғайбаткунии якдигар роҳ намедиҳад. Ҳар касе ки дар наздат нишаста, шахси дигарро ғайбат мекунад, бидон, ки вай дар ҳаққи ту низ бадгӯйӣ хоҳад кард. Ҳусайн Воизи Кошифӣ мард гуфта ҳамон шахсеро меҳисобад, ки забони худро аз ғайбату бӯҳтону озор нигоҳ дорад:

Агар мардӣ, забони худ нигоҳ дор,

Зи кибру ғайбату бӯҳтону озор.

Мутаассифона дар байни мо баъзе ҳамсабақоне дучор мегарданд, ки аз паси дугонаҳояшон ғайбат мекунанд, на он ки ба онҳо ёрӣ расонида хатогиҳояшонро фаҳмонанд. Инсон набояд ба ғайбаткуниву аз паси каси дигар ба сухан гуфтан одат кунад. Шахси оқилу доно бо панду насиҳат инсонҳоро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Саъдии бузург дар бобати хабаркашиву ғайбатгӯйӣ мефармояд:

Ҳар , ки айби дигарон пеши ту оварду шумурд ,

Бе гумон айби ту пеши дигарон хоҳад бурд.

Аз гуфтаҳои боло ман ба чунин хулоса омадам, ки аз ҳам нишини бад хусусан ғайбатчиҳо бояд дурӣ ҷӯем ба сӯҳбати онҳо гӯш надиҳем. Аз ғайбатчиён бигрезему ғайбат накунем. Шоире гуфтааст:

Касе, ки пок насозад забон зи ғайбати халқ

Ҳамон калиди дари дӯзах аст, мисвокаш.

0

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *