Завқе ҷаҳон надорад бе дӯст зиндагонӣ…

Маънии дӯст рафиқи меҳрубону дилсӯз, мӯнису ғамхор, ҳамфикру ҳамроз ва шахси аз ҳама наздиктаринро ифода мекунад.

Аз қадимулайём бузургони адабиёт дар асарҳои худ дӯст ва дӯстиро ситоиш намудаанд:

Завқе ҷаҳон надорад, бе дӯст зиндагонӣ,

Бедӯст зиндагонӣ завқе ҷаҳон надорад.

Мехостам оиди ҳамин мавзӯъ фикрамро баён намоям. Дар ҳақиқат бе дӯстони ҷонӣ зиндагӣ кардан мушкил аст. Дӯсти ҷонӣ ғамро дур ва дилро шод мегардонад, аммо пайдо кардани дӯсти вафодор кори мушкил аст. Дӯсти хуб ганҷи бузург аст. Аз инҷост, ки танҳо бо одамони хубу доно дӯстию рафиқӣ, бародарию хоҳарӣ кардан лозим аст. Дӯстро дар сахтӣ ва мусибат шинохтан беҳтар аст чунки дӯсти ҷонӣ соябони сар дар мусибат ғамгузори ту хоҳад шуд. Зиндагӣ бо дӯст аст, зеро дӯстӣ ғамро аз дил мебарад.

Дӯстиро бо касе кун, ки вай дар вақти мусибат мададгори ту бошад.

Ҳамон дӯстӣ бо касе кун баланд,

Ки бошад ба сахтӣ туро ёрманд

Мо бояд дӯстони ҷонӣ ва доно пайдо кунем. Хушбахт онест, ки дӯсти зиёде дорад ва бадбахт онест ки дӯсте надорад. “Бародар хуб, лекин дӯст беҳтар” – гуфтаанд. Дӯст сарвати бебаҳост, онро аз даст надиҳем. Кӯшиш намоем, ки дӯстонамон чун дӯстони ҷонӣ ҳамеша бо мо содиқ бимонанд.

Дар урфият мегӯянд, ки дӯстон оинаи якдигаранд. Аз ин рӯ айби дӯстонро мо бояд ба рӯяшон бигӯем ва барои ислоҳашон бикӯшем. Ба дӯстон ҳамеша ҳалиму меҳрубон бошем. Дӯстони нав ҷуста, дӯстони кӯҳнаро гум накунед, чунки дӯсти санҷида дӯсти накӯ аст. Нисбат ба дӯст дурандеш ва мулоҳизакор бошем, ки мабодо дӯстро дӯшман нагардонем. Бидонем, ки дӯсти ҷонӣ ҳачанд хурд бошад ҳам дар вақти мусибат мададгори мо мешавад. Дӯстӣ зафар орад – душманӣ хатар, яъне аз дӯст вафо аз душман ҷафо. Баъзан дӯст гирёнда гап мезанад, душман хандонда, чуноне ки гуфтаанд: Дӯст мезанад табарвор, душман мезанад шакарвор.

Аз ин навиштаҳо ман ба хулоса меоям, ки он дӯсте, ки вай дар ҳамаи ғаму хурсандии мо шарик асту аз бахти мо меболад ва аз ғаму ғуссаи мо мегиряд. Бидонем, ки ӯ дӯсти вафодори мост. Барои чунин дӯст ҷонро фидо кунем:

Гар шумори дӯст касеро шумор,

К-ӯ бувад андар ғаму шодит ёр

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин