Зебогии инсон дар ботини ӯст

Зебогии инсон танҳо дар сурат нест. Одам бояд одоби хуб дошта бошад. Одоби хуби ӯ инсонро зебо мегардонад. Ҳусн зебогии одам аз рӯи одобаш маълум мегардад. Агар одам зоҳиран зебо бошаду дағалмуомилагӣ карда, бо ҳеҷ кас муросо карда натавонад, ӯ зебо нест. Мехоҳам оиди ин масъала андешаи худро баён намоям. Ба одам аз рӯи кирдору рафтори некаш баҳо додан лозим аст. Зебогӣ ду хел мешавад: зоҳирӣ ва ботинӣ. Зебогии зоҳирӣ гуфта, намуди берунии инсонро мегӯянд. Ҳусни зоҳири инсонро ҳусни худодод мегӯянд. Ба ғайр аз зебогии зоҳирӣ одам бояд ботинан зебо бошад. Намуди ботинии инсон, намуди дохилӣ, ки пинҳон аст ва ба он дохил мешавад: рафтори нек, гуфтори нек, шарму ҳаё, дониши хуб. Аз ин рӯ, рафтору гуфтору кирдори ҳама сифати ахлоқӣ мебошад. Баъзан духтаронеро дучор мешавем, ки намуди зоҳириашон хеле зебоянд, вале вақте, ки бо онҳо аз наздик шинос мешавем мефаҳмем, одоби хуб надоранд, аз зебогиашон фахр мекунанд, худро аз ҳама боло мешуморанд. Ин хел одамонро зебо номида намешавад. Ин гуна одамон бисёр вақт танҳо мемонанд, зеро аз рӯи рафтори бадашон одамон аз онҳо канораҷӯӣ мекунанд. Агар ин гуна одамон рафтору гуфтори нек дошта бошанд, дар мактаб бо баҳои хубу аъло хонанд ба фикрам аз ҳама инсонҳои хубанд.

Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар тамаддуни Шарқ Кохи бузурги панду ахлоқро ба мо ёдгор монда, дар бораи зебогии зоҳирию ботинии инсон гуфтааст:

Тани одамӣ шариф, аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост, нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Дар ҳақиқат одам бояд на за рӯи сару либоси зебо балки аз рӯи ақлу хирад, илму дониш зебо бошад. Бо чунин шоҳбайти шоир суханҳоямро хулоса намуда мегӯям:

Зебо ба илм шав, ки на зебой аст,

Он кас, ки ӯ ба дебо зебо шуд.

0

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин