Зиндагӣ бе орзу ширин набуд

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,
Зиндагиро орзу ширин намуд.

Зиндагӣ роҳи пурпечутобест, ки тай кардани он кори басо мушкил мебошад. Оқилону хирадмандон дар ин роҳ устуворона қадам мезананд ва онҳо барои мо намунаи ибратанд. Дар зиндагӣ бояд мардона зист. Умед ба ояндаи нек мардонагист. Дар зиндагӣ ноумед набояд шуд, ки ноумеди танҳо хоси шайтон аст. Орзуву умед ҳар рӯзи моро ширину рангин месозанд. Умед ба гулгун шукуфоии ватан, орзуи пайдо кардани дӯстони нав, ҳаваси таҳсил намудан, хоҳиши хидмати падару модарро кардан, таманнои комёб гаштан дар зиндагӣ вуҷуди моро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад.

Дунё барои хуфту хоб офарида нашудааст. Ҳамагонро лозим аст, ки баҳри ҷомеа ва ободии диёри хеш талош варзанд.

Бедор шав, дило, ки ҷаҳон ҷои хоб нест,
Эмин дар ин хароба нишастан савоб нест.

Шахси меҳнаткаш ва ҳалолкор умед ба фардои дурахшон дорад ва дар зиндагӣ устувор аст, бо кӯшиши худ мехоҳад комёб гардад:

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан омӯз,
Ки паридан натавонӣ ту ба боли дигарон.

Дилгармӣ ба ояндаи нек зиндагиро ширину гуворо месозад вагарна олам бароямон торикистон мегардад:

Зиндагӣ бар орзу дорад асос,
Хешро аз орзуи худ шинос.

Зиндагиро рангин сохтан аз худи мо вобаста аст. Касе хонаву дар ва ватани моро обод намесозад, ба ҷуз худи мо. Аз ин рӯ бояд ҳамеша некандеширо пеша намоем ва дар кор некбин бошем. Маҳз ҳамин омил орзуи моро қабои рангин ба бар месозад ва хаёлоти ширин ҳамеша таманнои ба бар кардани онро дорад.

Хулоса, умед ба фардои нек зиндагии моро ранги тоза мебахшад. Ноумедӣ қалби одамро мешиканад. Ба хотири пешрафту гулгуншукуфоии кишвари азиз, ба умеди сарҷамъии мардумон, пойдории сулҳу ваҳдат мо бояд устуворона ба пеш қадам гузорем. Ин аст мақсади ҳар як инсони солимфикр.

Омодакунанда: Ҷаҳварова Мавҷуда, донишҷӯи курси 1-уми ДДТТ, факултаи педиатрия, гурӯҳи 1

9+

Назари худро бинависед

avatar
  Қайд кунед  
Огоҳӣ аз ин