Роғун - ҷабҳаи номуси миллӣ


Рогун

Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғўши шарқи кӯҳан ба ахтари ҳамеша тобон хоҳад дод. 

(Эмомалӣ Раҳмон)

Тоҷикистонам чароғон мешавад,
 
Манбаи нурӣ фаровон мешавад.
 
Аз фурўғи дидаи Роғуни мо,
 
Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.

Имрўз мавзўи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рўз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷўҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мўҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд.

Нерўи зеҳнии Ҳукумати кишвар мисли Шамси тобон мунаввар гашта, фазои бедории афкори оммаро равшан намуд. Халқ зарурияти Роғунро хубохуб дарк намуда, ҳамраъйии худро нисбати Ҳукумат бо ҳамовозии аниқ нишон дод. Иштироки фаъолонаи мардуми шарифи Тоҷикистон дар харидории саҳмияҳои Роғун далелу ҳисси ифтихори миллии ҳар сокини бонангу номуси кишвар аст. Оре:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
 
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Мардуми Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагӣ дарак доданд.

Ҳазорон фидоёни роҳи дурахшони мамлакат шабурўз дар майдони кори нерўгоҳ заҳмат кашида бо ғурури Рустамона ва ҳиммати Фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кўтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир меандешанд.

Онҳо хуб медонанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад. Дарки оқилонаи масъала ба хасташавии пирони кор имкон намедиҳад. Баръакс, парчами номуси миллат фазои фароғати эшонро зиннат медиҳад.

Шиносоии бевоситаи Сарвари давлат ба рафтори корҳои сохтмон ва мулоқоти судманашон бо ҷаъи коргарон муҳим будани бунёди Роғунро бори дигар ёдрас мекунад. Расидан ба ҳадафи давлат шиори сабзи девони миллат аст:

Роғун, Роғун чароғи сабзи ватан аст,
 
Ободии мулки Тоҷикистони ман аст.
 
Бо заҳмати халқи мо шавад он бунёд,
 
Роғун ба мисоли мактаби илму фан аст.


Комментарии (1)

    Reinaldo 5 июня 2025 11:21

    You mentioned that well! meilleur casino en ligne Regards. I appreciate it. casino en ligne Many thanks. I appreciate this! casino en ligne francais Many thanks! I appreciate this! casino en ligne Thank you, Loads of information. casino en ligne Cheers! I enjoy it. casino en ligne francais Amazing content, Cheers. casino en ligne fiable Wonderful content With thanks. casino en ligne You said it very well.! casino en ligne fiable Amazing info, Thanks a lot. casino en ligne

Имя:*
E-Mail:
Введите код: *
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив